Нусхаи чопи
Сешанбе, 31 Марти 2026 17:56

Саратони аср: терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир  

Муаллиф:

 Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни геополитикӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ аст, падидаҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ ва рушди ҷомеаҳо зуҳур кардаанд. Ин падидаҳо на танҳо ҳамчун шаклҳои зӯроварӣ, балки ҳамчун воситаи сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои муайян истифода мешаванд. Терроризм ҳамчун мафҳум аз забони лотинӣ (terror – дахшат, ҳарос) гирифта шудааст ва ба маънои муосири худ дар охири асри XVIII, ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса пайдо шудааст. Дар он замон, терроризм ҳамчун сиёсати давлатӣ барои тарсонидани мухолифон истифода мешуд. Аммо дар замони муосир, терроризм навъе аз силоҳҳои абарқудратҳо гаштааст, ки тавассути он нуфузи геополитикии худро афзун мегардонанд.

Терроризм як навъи сиёсат, идеология ё амалия иборат аз таҳдид, фишороварӣ ва зӯрӣ нисбат ба шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, ҷомеаҳо, ҳокимият ва давлатҳо мебошад. Он ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва геополитикӣ равона шуда, оммаро дар тарсу ваҳми доимӣ нигоҳ медорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки "террорист ватану миллат ва дину мазҳаб надорад". Ин суханон ҳақиқати амиқи масъаларо ифода мекунанд: терроризм ба динҳо алоқа надорад, ҳарчанд муҳтавои он аз манбаъҳои диниву мазҳабӣ гирифта шуда бошад.

Экстремизм (ифротгароӣ) ҳамчун шакли ниҳоии терроризм, маънои "канорӣ" дорад ва дар сиёсат ба андешаҳои тундравӣ ишора мекунад. Дар таърих, экстремизм ҳамеша ҳамчун абзори мубориза барои қудрат истифода шудааст. Дар ҷаҳони исломӣ, сиёсисозии дин ва аҳкоми он барои расидан ба манфиатҳои геополитикӣ истифода мешавад. Дар таърих, мисолҳои зиёде вуҷуд доранд, ки сиёсисозии дин ба ҷангҳои шаҳрвандӣ ва терроризм оварда расонидааст, масалан, дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ.

Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм нақши фаъол дорад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ин масъаларо баррасӣ намуда, муборизаи муштаракро таъкид кардаанд. Дар соли 2020, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ба тасвиб расид, ки мақсадҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад. Ин стратегия ба тақвияти ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ ва дунявӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои  террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуѓрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо таѓйирёбандаанд. Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда бо ин сохторҳо робитаҳои устувор дошта, дорои сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарѓиботӣ мебаранд. Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмӯии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.  Дар натиҷаи тадбирҳои дар доираи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм андешидашуда:

- ҳамкорӣ байни ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки фаъоли мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар пешгирии экстремизм ва терроризм таъмин карда шуд;

- заминаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ташаккул дода шуданд;

- таъминоти иттилоотии фаъолият доир ба пешгирии экстремизм беҳтар карда шуда, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ ва як силсила маводи иттилоотию роҳнамоикунанда дар ин соҳа ба табъ расонида шуд;

-  сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва экстремизм дар кишвар мусоидаткунанда ҳам аз ҷониби ниҳодҳои миллӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ мавриди тадқиқот қарор дода шуданд;

- нақши соҳаи маориф дар пешгирии тундгароӣ баланд бардошта шуда, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ фанҳои ба омӯзиши таърихи дин, омилҳо ва механизмҳои ба миён омадани низоҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ равонашуда, инчунин курсҳои махсус оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ворид карда шуданд;

 - дар воситаҳои ахбори омма нашри пайвастаи мавод доир ба экстремизм ва терроризм ва хатари онҳо ба амнияти миллии кишвар ба роҳ монда шуд;

- баҳри аз байн бурдани омилҳои иқтисодию иҷтимоии тундгароӣ ва экстремизм барои амалисозии имкониятҳои шахсият дар соҳаи иқтисодиёт, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Муддати 10 соли охир Тоҷикистон дар шохиси Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ» чор маротиба ба қатори кишварҳои ислоҳотгаро дохил гардид. Айни ҳол ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 70 фоизро ташкил дода, миқдори шахсони дар ин бахш машѓулбуда 68 фоизи аҳолии дар соҳаи иқтисодиёт иштироки фаъолдоштаро ташкил медиҳад;

- дар чаҳорчӯбаи тақвияти мубориза бо кибер-экстремизм дар сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ воҳидҳои (шуъбаҳои) мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ таъсис  дода шуданд;

- баҳри пешгирии паҳншавии ѓояҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ иқтидори воҳидҳои тарбиявӣ ва методӣ-пешгирикунандаи ин муассисаҳо пурзӯр ва баланд карда шуд;

- 2 январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» қабул карда шуд, ки он ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, шаклу намудҳои ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ, инчунин чораҳои пешгирии фаъолияти экстремистиро муайян менамояд;

- ба қонунгузории ҷиноятӣ як қатор таѓйиру иловаҳое ворид карда шуданд, ки ба ҷиноятэътирофкунии (криминализатсияи) кирдорҳои нав ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта равона гардидаанд; 

- дар раванди тақвияти заминаҳои ниҳодии мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати муқовимат ба экстремизм ва терроризм таъсис дода шуда, Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти оперативӣ ва воҳидҳои тафтишотӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалбкунии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои террористӣ созмон дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои террористии омодашудаистода, муайян намудани шахсони дар ҳудуди Тоҷикистон ба фаъолияти экстремистию террористӣ машѓулбуда чораҳои доимии фаврӣ андешида мешаванд;

- дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин дар моҳи апрели соли 2019 84 нафар кӯдакони ноболиѓ баргардонида шуда, ҷиҳати таъминоти моддию равонӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо чораҳо андешида шуданд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоҳои ҳарбӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар даст кашида, ба Ватан баргаштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд манъшуда даст кашидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд;

- ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм тақвият бахшида шуда, дар ин радиф Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори як қатор конференсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла конференсияҳои сатҳи баланд дар ин самт баромад намуд. Чунончи, дар натиҷаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд аз 4 майи соли 2018 таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез» Эъломияи душанбегии СММ қабул карда шуд.

Ба шарофати ин тадбирҳо сатҳи тундгароӣ дар ҷомеа, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта коҳиш ёфта, дар ҷомеа фазои суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти байнимазҳабию этникӣ ба миён оварда шудааст.

Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм гуногунанд: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоии волидайн, истифодаи васеи интернет ва таблиғоти экстремистӣ. Ҷавонон, ҳамчун қишри осебпазир, ҳадафи асосии гуруҳҳои террористӣ мебошанд. Тамҳили сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки дар асрҳои гузашта низ, масалан, дар давраи империяҳои исломӣ, тундравӣ ба ҳаракатҳои сиёсӣ табдил ёфтааст.

Дар замони муосир, абарқудратҳо терроризмро ҳамчун воситаи муқобила бо кишварҳои дигар истифода мебаранд, аммо ҳамаи ин падидаҳо бояд маҳкум шаванд, зеро онҳо таҳдид ба ҳаёти инсонҳо мебошанд. Нафаре, ки муборизаи сиёсии худро бо зӯроварӣ пеш мебарад, ҷиноятпеша аст ва муқобили хушбахтии ҷомеа. Терроризм ва экстремизм ҳамчун "саратони аср" ҷаҳонро таҳдид мекунанд ва муқовимат ба онҳо бояд глобалӣ ва муштарак бошад. Тоҷикистон дар ин мубориза намунаи хуб аст, ки тавассути стратегияҳои давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ пеш меравад.

 

ШИРИН ҚУРБОНОВА,

доктори илмҳои таърих

 

 

Хондан 15 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр