JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Марти 2024 12:18

Наврӯзи астрономӣ ё ибтидои рӯзу соли нав

Муаллиф: Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.

  Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистион муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64-умин Сессияи генералии Ассамблеяи СММ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуда, ҳамасола онро дар тамоми ҷаҳон 21 март ҷашн мегиранд. Соли 2016 бошад ҷашни Наврӯз низ бо пешниҳоди 12 кишвари ҷаҳон ба феҳристи намояндагии ЮНЕСКО шомил шуд.

  Наврӯзи имсола (2024) санаи 20 март соати 08:06:21 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолии он мегузарад. Дар нимкураи шимолӣ оғози фасли баҳор ва дар никураи ҷанубӣ фасли тирамоҳ фаро мерасад. Астрономон ин мавқегирии Офтобу Заминро қайд намуда, нуқтаи эътидолӣ ё баробарӣ мегӯянд, зеро дар ин лаҳза шабу рӯз баробар мешавад.

  Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Худ калимаи Наврӯз ба маънои “рӯзи нав” буда, дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни оламафрӯз рамзи оғози соли нав аз рӯи тақвими офтобӣ буда, таҳаммулпазирӣ, ҳамоҳангӣ бо табиат ва идомаи анъана ва наслҳоро ифода мекунад. Баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли боҳорӣ) ҳар сол 20 ё 21 март фаро мерасад, ки ин тафовут ба далели таъсири ҷозиба дар гардиши Замин аз ҷониби дигар сайёраҳо ба амал меояд. Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад.  Дар ин рӯз дарозии шабу рӯз баробар мешавад. Дар давоми сол Офтоб дар осмони ситоразор аз рӯи 12 бурҷе, ки қад – қади эклиптика ҷой гирифтааст пайиҳам ҳаракат мекунад. Роҳи ҳаракати зоҳирии Офтобро дар байни ситораҳо эклиптика меноманд. Дар тақвими шамсии мардуми форсзабон ибтидои сол аз бурҷи Ҳамал оғоз шуда, ҳамин тавр пайиҳам аз бурҷҳои Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷаддӣ, Далв ва Ҳут  мегузарад. Офтоб ҳар як бурҷро дар тӯли як моҳ тай мекунад. Ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори элипс мебошад, ки ин сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазамии Офтоб дар осмони ситоразор мебошад. Бо ин сабаб давомнокии ҳақиқии шаборӯзи офтобӣ тағйиёбанда аст. Ними роҳи солонаро Замин ҳангоми ба Офтоб наздик шудан (нуқтаи эътидолии тирамоҳӣ то ба нуқтаи эътидолии баҳорӣ расидан) дар давоми 179 шабонарӯз ва ними роҳи дури аз Офтобро (нуқтаи эътидолии баҳорӣ то ба нуқтаи эътидолии тирамоҳӣ расидан) дар давоми 186 шабонарӯз  тай менамояд. Зеро ҳангоми Замин ба масофаи наздиктарин ба Офтоб ҷойгир шудан ҳаракати он нисбатан тезтар сурат мегирад ва миқдори шабонарӯзҳо дар ин муддат кам ба мушоҳида мерасад, инчунин дар масофаи дуртарин аз Офтоб бошад, ҳаракати Замин аз ҳолати аввала нисбатан сустар гардида миқдори шабонарӯзҳо зиёд мегардад. Ба ин мисол шуда метавонад, 23 декабр нисбат ба 16 сентиябр 51 сония дарозтар аст.

  Инсон аз замонҳои қадим барои корҳояшон дар зиндагӣ ба вақти муайян ниёз доштанд ва асоси муайян кардани вақт ин ивазшавии шабу рӯз, ивазшавии фазаҳои моҳ дар осмон ва ивазшавии мавқеи Офтоб дар осмони ситоразор дар муддати сол буд. Аз ин рӯ зарурати омода намудани тақвимҳо пеш омад ва тақвими аввалине, ки сохта шуд, ин тақвими қамарӣ буд, зеро ягона ҷирми осмоние, ки зуд-зуд фаза (шакл)-и худро иваз менамояд ин Моҳтоб аст. Моҳ дар муддати 29.53 шабонарӯз он мавқеи худро аз як фаза ба фазаи нав ё аз як моҳ ба моҳи нав табдил медиҳад. Тақвими дигар, ки аз рӯи ҳаракати Офтоб вобастагӣ дорад, ин тақвими шамсӣ аст. Ин аз рӯи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дар осмони ситоразор мебошад. Тақвимҳое, ки мавриди истифода қарор доранд, инҳо тақвимҳои шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ мебошанд. Дар Тоҷикистони тақвимҳои шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор доранд.

  Тақвимҳои нисбатан саҳеҳтар мавриди амал қарор гирифт, бахусус тақвими юлиалӣ ва тақвими григорианӣ мебошад. Дар асл тақвими григорианӣ такмили тақвими юлиалиро медиҳад, ки пас аз оне, ки дар тақвими юлианӣ иштибоҳе ба мушоҳида расид ба ислоҳи он пардохтанд. Шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ, ки ба 365,2422 шабонарӯз баробар аст, аз ин рӯ мо наметавонем аз шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ истифода барем ва мо шабонарӯзи миёнаи офтобиро мавриди истифода қарор медиҳем. Бо ин тартиб давомнокии шабонарӯзҳо дар давоми 4 сол, як маротиба сол ба 366 шабонарӯз ва се сол ба 365 шабонарӯз баробар мешавад. Тақвимҳои дигар ҳастанд, ки аз тақвимҳои григорианӣ саҳеҳтар, ин тақвими Умари Хайём аст, ки дар замони давлати Салҷуқиён дар дарбори Маликшоҳ омода карда буд ва онро тақвими Ҷалолӣ ҳам мегӯянд. Саҳеҳии он нисбат ба тақвими григорианӣ якуним маротиба буда, он дар давоми 4500 сол як шабонарӯз ба хатогӣ роҳ медиҳад. Тақвиме, ки айни замон мавриди истифода қарор додаем, ин тақвими григорианист ва хатогии он дар муддати 3300 сол як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

  Экватори осмонӣ нисбат ба эклиптика таҳти кунҷи 23 градс ва 26 дақиқаи кунҷи аст ва ин сабаб мегардад, ки дар Замин фаслҳои сол ба вуҷуд биёяд. Ҳангоми ба нуқтаҳои эътидолӣ, яъне ба нуқтаи буриши экваторӣ осмонӣ ва эклиптика расидани Офтоб дар ин ҳолат кунҷи байни эклиптика ва экватории осмонӣ ба нол градс баробар мешавад. Аз ин рӯ дар тамоми кураи Замин миқдори шабу рӯз баробар гардида, бошандагони рӯи Замин 12 соати шабӣ ва 12 соати рӯзро мушоҳида мекунанд. Он рӯзро Наврӯз меноманд. Баъд аз рӯзи Наврӯз миқдори соатҳои рӯз бар шаб ғалаба мекунад. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ нуқтаи сарҳисоб аст, ки дар астрономия ҳамчун нуқтаи сарҳисоб ва эътидоли координатаҳо буда, аз ҳамин нуқта сар карда мавқеи ҷирмҳои осмони муайян карда мешавад. Офтоб ҳангоми ҳаракат аз рӯи эклиптика аз чор нуқтаи муҳим мегузарад. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) мебошад. Аз ҳисоби истифодаи шабонарӯзи миёна вақти Наврӯз ҳамасола тағйир меёбад дар ҳудуди 20-21 март рост меояд. Ғайр аз нуқтаи нуқтаи эътидоли бпҳорӣ боз нуқтаи эътидолии тирамоҳӣ низ ҳаст, ки тақрибан ба 22-23 сентябр рост меояд, дар нимкураи шимоли агарчи ба фарорасии фасли тирамоҳ шаҳодат диҳад, он дар нимкураи ҷанубӣ аз оғоз фасли баҳор гувоҳи медиҳад.

АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ

Бо фарорасии фасли баҳор кӯдакон гурӯҳ- гурӯҳ ҷамъ шуда аз куҳу пуштаҳо гулҳои баҳориро (сияҳгуш, бойчечак ё наврӯзӣ) ҷамъ оварда хона ба хона гашта сурудхони мекунанд ва аз омадани Наврӯз мужда медиҳанд. Соҳибхонаҳо гулро гирифта ба чашму абрӯ молида ба кӯдакон шириниҳои гуногун тақсим мекунанд. Гулгардонӣ дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон бо номи Бойчечак машҳур аст. Мардум як ду ҳафта пеш аз ид ба Наврӯз омодагӣ мебинанд. Занону духтарон аз хона чизу чораро бароварда, хонаро тоза мекунанд, либосу курпа, пардаю гилемҳоро мешуянд. Чунки хонаи тоза тимсоли покию осоиш ва ободии нав аст. Дар ҷашни Наврӯз тоҷикон таомҳои гуногун омода карда, дастархони идона оро медиҳанд. Суманак таоми идонаест, ки аз сабзаи гандум тайёр карда мешавад. Худи алаф рамзи эҳёи табиат ва саломатӣ, зебоӣ, сулҳу оромӣ дар зиндагӣ аст. Дар айёми Наврӯз аз гиёҳҳои хушбӯй ва ғалладона таомҳои баҳорӣ омода мекунанд. Дар ҷашни Наврӯз мардум ба ҳар гуна бозиҳои наврӯзи машғул мешаванд. Аз ҷумла мардҳо ба аспсаворӣ, паҳлавонӣ, гуштин, бандкашак, тухмҷангак ва ғайра. Занҳо бошанд ба сурудхонию рақсу бозӣ, тозакорӣ, суманакпазӣ, омода намудани хӯрокҳои баҳорӣ, оро намудани дастархони идона аз ҷумла  ҳафтсину ҳафтшин ва ғайраҳо машғул мешаванд. Оро додани дастархони ҳафтсин низ ҳатми мебошад, ки он бо ҳарфи “с” оғоз меёбад: себ,сабза, сирко, санҷид, сир ва суманак, ки ҳар яке рамзи ба худ хос дорад. Дар ин зимн бояд гуфт, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро суманак ин худ рамзи баҳор аст ва ҳар сол тайёр ва омода намудани он худ як раванди муайянеро шомил аст. Дар омода намудани дастархони ҳафтшин низ ҳафт маводе, ки аз ҳарфи “ш” шурӯъ мешавад, гузошта мешавад: шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир, шароб.

Мо ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангӣ инсоният арҷ гузошта, онро гироми медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш худ файзу баракат нозу неъмат ва тозагию озодагиро ба ватани азизи Наврӯз арзони медорад. Бигузор ҳар рӯзатон чун рӯзи Наврӯз бошад.

 

 

                              Хуҷаназаров Ҳ.Ф.,  Пирова В.С.

Таҳияи ходими илмӣ ва лаборанти калони

Институти астрофизикаи АМИТ

Хондан 798 маротиба