Нусхаи чопи
Душанбе, 28 Сентябри 2026 09:48

Мавлавӣ ва Ҳофиз

Муаллиф:

БА ИСТИҚБОЛИ РУЗИ МАВЛОНО

 

Ҳеҷ одобеву тартибе маҷӯ,

Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ.

                                            Мавлавӣ

 Қабл аз ҳама, мо дар бораи ин ду шоир мегӯем, ки ба эшон ситаму ҷабр шудааст, зеро то имрӯз осори онҳо, асосан, дар заминаи дину мазҳаб, Қуръону ҳадис, тасаввуфу ирфон мавриди ковиш қарор гирифтааст, аз ин рӯ, ҷанбаҳои дигар осорашон пинҳон мондааст. То имрӯз садҳо шарҳ ва ҳазорон мақолаву китоб дар бораи эшон навишта шудааст, ки ҳамагӣ якбуъдианд, яъне «Маснавии маънавӣ» Қуръон дар забони паҳлавист, девони Ҳофиз баргирифта аз Қуръон мебошад. Онҳо ин абётро далел меоранд:

 

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ. 1

                        ХХХ

Субҳ хезию саломат талабӣ чун, Ҳофиз,

Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам… 2

 

  Аммо ин қуръонхонӣ, қуръондонӣ маънои онро надорад, ки тамоми осори Ҳофиз аз нукоти қуръонӣ ва ҳадис иборат асту бас ва дар он мавзуъоти дигар, аз ҷумла мавзуъоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, таълимӣ ва ғайра, маҷоли баён наёфтаанд, яъне девони Ҳофиз сирф як девони динӣ, қуръонӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ аст ва он иборат аз  суханони осмонӣ мебошад, на заминӣ, ба инсону ҳаёти он ҳеҷ гуна иртибот надорад ва Ҳофиз ба маънои томаш «лисонулғайб» аст. Лиҳозо, чизи дигар кофтан аз девони ӯ як кори беҳуда аст… Ҳол он ки Қуръону ҳадис, ирфону тасаввуф як мавзӯи ин девон ё як сарчашмаи он маҳсуб мешавад  ва осори ӯ сарчашмаҳои дигар низ дорад. Аз ҷумла афкору орои Эрони бостон, ҳикмати Чину фалсафаи Юнону Ҳинд, осори олимону адибони пеш аз худу ҳамзамонони шоир, таҷриба, мушоҳидаи зиндагӣ ва ғайра. Ҳамаи ин сарчашмаҳо дар осори ӯ ҷамъ шуда, аз ӯ Ҳофиз сохтаанд, яъне ҷӯйҳо ба як дарёи равону софу ҷовидона табдил ёфтаанд.

 Шумо, хонандагони азиз, як ба болооби дарёҳои кишварамон-Вахш, Душанбе, Кофарниҳон, Хуҷанддарё ва ғайра нигаред бинед, ки ин дарёҳои муталотум аз куҷо сарчашма мегиранд? Албатта, ин дарёҳо аз ҷуйчаҳо, шохобҳои зиёд ибтидо мегиранд, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва зиндагии моро шодоб менамоянд. Осори Ҳофиз низ ҳамин хусусиятро дорад ва аз сарчашмаҳои зиёд баҳра мегирад ва ба дарёи калон бадал мегардад. Қуръон, ҳадис, дин, мазҳаб, тасаввуф, ирфон яке аз сарчашмаҳои он, яке аз ҷӯйчаҳову шохобҳои он аст, вақте ки он ба ҷую шохобҳои дигар ҳамроҳ мешавад, дарёи муталотум ва ҳамагири шеъри Ҳофизро ба вуҷуд меоранд. Дигар, агар Ҳофиз танҳо ба як сарчашма иктифо мекард, аз сарчашмаҳои дигар судҷӯӣ наменамуд, осораш ба масобаи як ҷӯйча, шохоб ва дар доираи дину мазҳаб, Қуръону ҳадис, ирфону тасаввуф маҳдуд мемонд ва худаш ба масобаи як шоири динӣ, мазҳабӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ қад баланд мекард, шинохта мешуд. Мо адибони зиёди сирф дингарову мазҳабгаро, муфассирони зиёди Қуръону ҳадис, қаламкашони зиёди орифу суфӣ дорем, аммо ҳеҷ кадоми онҳо Ҳофиз ё Мавлавӣ нашудаанд, зеро дар маҳдудаи ҳамин мавзӯъҳо, фикру эҷод кардаанд, бино бар ин, танаввӯъ, рангорангӣ, гунгунмавзӯӣ дар осорашон ғалаба надоранд. Бубинед, дар «Маснавии маънавӣ» ва девони Ҳофиз ҳазорон мавзӯъ ҷуш мезанад. Ҳатто Ҳофизро барои он ки ҳар байташ мазмуни мухталиф дорад ва ҳар лаҳза аз мавзуи асосии ишқ, ки асли ғазал аст, хориҷ мешавад, интиқоду таъна карда буданд, аммо маҳз ҳамин хориҷшавию гуногунмавзӯӣ, истиқлоли фикр, қолабшиканӣ, ба гунаи дигар ҳарф задан, меъёргурезӣ, озодандешӣ, озодфикрӣ буд, ки аз ӯ Ҳофиз сохтанд ва имрӯз Ҳофиз ба як шоири ормонию чеҳраи муаммоӣ табдил ёфтааст. Мардум ба иҳому ибҳоми осори эшон кор надоранд, луғат ва шарҳҳоро, ки муфассирону муҳаққиқон аз осори онҳо кардаанд, ҳамроҳ намегиранд, то ҳар лаҳза муаммоикушоӣ намоянд, чун муаммо барои онҳо лозим нест, онҳо сароҳату равшанӣ мехоҳанд. Ҳеҷ кас, ба ҷуз аз мутахассисон, ба абёти шарҳталаби эшон таваҷҷуҳ зоҳир наменамояд. Вақте ки сухан аз Мавлоно меравад, қабл аз ҳама, абёти зерро мутаранним мешаванд:

 

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад. 4

                    ХХХ

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад. 5

                    ХХХ

Чун зи чоҳе меканӣ ҳар рӯз хок,

Оқибат андаррасӣ дар оби пок. 6

                    ХХХ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Майли онро дар дилаш андохтанд… 7

 

Аз Ҳофиз низ ҳамин гуна абётро мардум дар ҳифз доранд ва мехонанд.

 

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро. 8

 

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. 9

 

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо 10

 

Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,

Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт. 11

 

   Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки аҳли «тадқиқ» чаро ин ду шоирро то имрӯз дар ҳабс нигаҳ медоранд ва асосан аз як буъд, аз як зовия ба онҳо менигаранд, баҳо медиҳанд, наздик мешаванд? Ҷавоби кутоҳ ин аст, ки ҳам Мавлоно ва ҳам Ҳофиз тибқи талаботи замон, ки аз набудани давлати миллӣ ва ғалабаи руҳи мазҳабӣ моя мегирад, осорашонро дар ҷуйбори дину шариату тасаввуфу ирфон рехтаанд, то писанди дингароёну мазҳабгароёну ирфонгароёну суфиён ва димоғи афсонапарвару кароматхоҳи аҳли ҷомеаи исломӣ бошанд. Агар онҳо руирост аз Зардушту Авастову Синову Закариёи Розию руҳи миллию озодандешӣ сухан мегуфтанд, мақбули аҳли ҷомеаи динӣ, мазҳабӣ, ки аз рӯи қонуну қавоиди исломӣ ҳаракату зисту фаъолият менамуданд, намешуданд, зеро ин адибон дар замони таназзули руҳу эҳсосои миллӣ ва дар давлатҳои бегона, ғайримиллӣ ба сар мебурданд, аммо, бо ин ҳама, эшон аз худ қаҳрамонӣ нишон медоданд. Аз ҷумла Мавлавӣ ашъор ва абётеро руи сафҳа мерехт, ки аз хондани он ларза дар андоми аҳли таассубу хурофот меафтод. Чунончи:

 

Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро,

Бигзор ин исломро, рав, Каъбаро бутхона кун. 12

                          ХХХ

Аблаҳон таъзими масҷид мекунанд,

Дар ҷафои аҳли дил ҷид мекунанд. 13

                          ХХХ

Максаби курон бувад лоба-в дуо,

Ҷуз лаби ноне наёбанд аз ато. 14

 

Гӯйӣ, ки ман шабу рӯз марди намозгорам,

Чун нест, эй бародар, гуфтори ту намозӣ… 15

 

        Аз хондани ин абёти озодандешонаи Ҳофиз низ, албатта, хушашон намеомад ва нороҳат мешуданд:

 

Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост,

Май зи майхона ба ҷӯш омаду мебояд хост. 16

 

Туву тӯбию мову қомати ёр,

Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст. 17

 

Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор

Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт. 18

 

Эй дил, ар ишрати имрӯз ба фардо фиканӣ,

Мояи нақди бақоро кӣ замон хоҳад шуд? 19

 

        Пузиш мехоҳем, ки мо андак аз мавзуъ дур рафтем, аммо ҳамин дурравӣ моро ба мавзӯъ наздик мекунад, зеро то мо агар Мавлавию Ҳофизро аз асорати дину мазҳабу ҳадису тасаввуфу ирфони маҳз озод нанамоем, ба кунҳи мақсади хеш ва осори чандбуъдию сермавзӯи эшон, ки на танҳо барои дин, руҳоният, балки барои миллат ва инсон муҳиманд, дарнахоҳем расид. Бо ин шарҳҳои орифонаву суфиёна, ки то ҳол мавҷуданд ва идома доранд, ба ҷое нахоҳем расид, зеро, ба қавли шоир:

 

Шарҳи ӯ карданду ӯро кас надид,

Маънии ӯ чун ғизол аз мо рамид. 20

 

        Мо ба мутаддайинон, ирфониён, мутасаввифон, мутаассибон коре надорем, барои мо афкори мутараққии Мавлоно ва Ҳофиз муҳим аст, афкоре, ки имруз ба дарди мо ва башар мехурад, зиндагии моро сару сомон мебахшад, шукуфо менамояд, дар диламон меҳр ба зиндагӣ, озодагӣ, ишқ, зебоӣ, инсондӯстӣ, ваҳдат сулҳу оштиро қавитару гармтар месозад. Моро ба кору кушиш, созандагӣ, талаб, озодандешӣ, ҳаётдустӣ, худшиносӣ, ифтихор, ваҳдати миллӣ вомедорад ва тарғиб менамояд. Ашъоре аз ин даст:

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,

Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун. 21

 

Хоб бедорист, чун бо дониш аст,

Войи бедоре, ки бо нодон нишаст. 22

 

Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,

Туро бедаступоӣ маслиҳат нест. 23

 

Онҳо, ки аҳли сулҳанд, бурданд зиндагиро

В-ин нокасон бимонанд дар ҷанги зиндагонӣ. 24

                                                                 Мавлавӣ

Замони хушдилӣ дарёбу дарёб,

Ки доим дар садаф гавҳар набошад. 25

 

Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд. 26

 

Як ҳарфи сӯфиён бигӯям, иҷозат аст,

Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ. 27

 

Вақтро ғанимат дон, он қадар, ки битвонӣ,

Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ. 28

                                                               Ҳофиз

 

    Бояд донист, ки танҳо дар аввали асри гузашта, яъне асри ХХ-асри хурофотшиканӣ, таассубситезӣ буд, ки дар кишвари мо Мавлоно ва Ҳофизро аз асорати дину ирфону тасаввуфу таассубу хурофот то андозае озод карданд ва наҷот доданд. Аввалин касе, ки Мавлавиро аз асорати дину тасаввуфу ирфон ва таассубу хурофот наҷот дод, шодравон Нодир Одилов буд, ки бо иншои рисолаи «Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ» (1964) даъвоҳои яксугароён, шореҳон ва олимони мутаассибу дингарову ирфоннигоҳу тасаввуфмаобро ботил сохт ва роҳро барои мавлавшиносии илмию солим ва дур аз таассуб хурофот ҳамвор сохт. Дар бораи Ҳофиз низ дар аввали асри гузашта асару мақолаҳои муҳими илмӣ падид омаданд, ки симои аслии Ҳофиз ва моҳияти дунёгароёнаву озодандешона ва орову андешаи мутараққию созандаи шеъри уро ба хонандагон бозгӯ карданд. Устод Айнӣ, А.Н. Болдирев, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, И.С.Брагинский, Т.Зеҳнӣ, В.Капранов, А.Абдуллоев, А.Афсаҳзод, К.Айнӣ, Раҳим Ҳошим ва ғайраро метавон ном бурд, ки дар ҳофизшиносӣ саҳми бориз гирифтаанд. Аммо, мутаассифона, баъди «бозсозӣ» (бозсузӣ) «олимон»-и мо, ба хусус «навназарон», зери таъсири сиёсати динию мазҳабӣ, ирфонию тасаввуфӣ ва зиддидунявию зиддимиллию мутассибонаву хурофотгароёнаи хориҷиҳо, аз нав ба таҳлил ва тафсири диниву тасаввуфию орифонаи осори Ҳофиз пардохтанд, таассубу хурофоту томотбофиро дар кишвар роҳандозӣ намуданд ва бад-ин тартиб, теша бар решаи таҳлили илмиву тавзеҳи дунявию созандаи Ҳофиз ва осори ӯ заданд ва ин амали нораворо ривоҷу равнақи тоза бахшиданд. Лиҳозо, имрӯз ҳар чи ки мехонем, ҳар чи ки мешунавем, ҳамон тавзеҳу ташреҳи диниву мазҳабӣ, ифротиву мутаассибона аст, ки асрҳои аср, аниқтараш, то асри ХХ, дар кишвар идомаю ривоҷ дошт ва дар илм, ба вижа ҳофизшиносӣ, анархия эҷод карда буд. Бино бар ин, метавон гуфт, ки ҳофиздонӣ ва ҳофизхонии, ки мо дар тули асрҳо ноогоҳона, тақлидӣ, ғайривоқеӣ ва ғайриилмӣ буд ва асосан, ҷанбаи динию хурофотӣ ва тасаввуфию ирфонӣ дошт, аз нав рангубори ғайриилмию тақлидӣ ва динию хурофотию суфиёнаву ирфонӣ гирифт ва ба сурати фолбинӣ даромад. Мо барои намуна танҳо байтеро аз як адиби номвари муосир ба орият мегирем, ки мегӯяд:

 

Субҳи давлат медамад чун Офтобе рух намояд,

Ҳар гаҳ аз девони Ҳофиз мекушоям фоли тоҷик. 29

 

  Мусаллам аст, ки Ҳофиз аҳли мутолиа, шоири китобгаро буда, на танҳо аз илму адаби тоҷик-форс, балки арабу Юнону Ҳинд ва ғайра низ  муталлеъ будааст. Беҳуда нест, ки мо дар девони ӯ нақшу таъсири қариб тамоми осори адибони тоҷик-форсро, аз Рудакӣ сар карда то ҳамзамононаш, бармало мушоҳида менамоем, ки Мавлоно яке аз онҳост.  Бино бар ин, осору афкораш бо осору афкори Мавлоно ҳамсонию ҳамхониҳои зиёд дорад. Бархе аз ғазалҳои ӯ шодоб аз дарёи ғазалҳои орифонаю ошиқонаи Мавлоност:

Мавлавӣ:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем. 30

Ҳофиз:

Биё, то ҳоли якдигар бидонем,

Муроди ҳам биҷӯем, ар тавонем. 31

Мавлоно:

Барҷаҳ зи хобу бингар субҳи дигар дамида,

Ҷӯёну пойкубон аз осмон расида. 32

Ҳофиз:

Доман кашон ҳамешуд дар шарби заркашида,

Сад моҳрӯ зи рашкаш ҷайби қасаб дарида. 33

Мавлоно:

Ай каҳрабои ишқат дилро ба хун кашида,

Дил рафта, мо пайи дил чун бедилон давида. 34

Ҳофиз:

Эй аз фурӯғи рӯят равшан чароғи дида,

Монанди чашми мастат, чашми ҷаҳон надида. 35

 

        Мусаллам аст, ки Ҳофиз дар бозсозии каломи пешиниён ва ҳамзамонони хеш яди байзо дорад. Ӯ бисёре аз мазомини эшонро бозсозӣ, навсозӣ карда, комилтар, поктар, гирандатар, пухтатар, ошнотар бадеътар, форамтар баён намудааст. Аз ин рӯ, писанди аҳли хотир, аҳли дил, аҳли назар, бо як сухан, хосу ом гардидааст. Ин намунаҳо андаке аз бисёранд, ки ҳоло мо ба хониш мегирем:

Мавлавӣ:

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст. 36

Ҳофиз:

Бинмой рух, ки халқе волеҳ шаванду ҳайрон,

Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд. 37

Мавлавӣ:

Он ҳусн, ки дар хоб ҳамеҷуст Зулайхо,

Эй Юсуфи айём, ту сад раҳ беҳ азонӣ. 38

Ҳофиз:

Гуфтанд халоиқ, ки туӣ Юсуфи сонӣ,

Чун нек бидидам, ба ҳақиқат, беҳ азонӣ. 39

Мавлавӣ:

Оре, аз қисмат намешояд гурехт,

Айни алтоф аст, соқӣ хар чӣ рехт. 40

Ҳофиз:

Ба дурду соф туро ҳукм нест, хуш даркаш,

Ки ҳар чӣ соқии мо кард, айни алтоф аст. 41

Мавлавӣ:

Падарат зи ҷаннат омад зи балои гандуме ду,

Чу ҳавои ҷаннат астат, ту ҳарисхор чунӣ? 42

Ҳофиз:

Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифрухт,

Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам. 43

Мавлавӣ:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам,

Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд,

Ба куҷо меравам охир, нанамоӣ ватанам? 44

Ҳофиз:

Аён нашуд, ки чаро омадам, куҷо рафтам?

Дареғу дард, ки ғофил аз кори хештанам. 45

Мавлоно:

Ишқ андар фазлу илму дафтару авроқ нест,

Ҳар чи гуфтугӯйи халқ, он раҳ раҳи ушшоқ нест. 46

Ҳофиз:

Бишӯй авроқ, агар ҳамдарси моӣ,

Ки илми ишқ дар дафтар набошад. 47

 

        Ҳафтсад сол аст, ки пиромуни Ҳофиз ва шеъри ӯ тазкиранигорону шореҳону муҳаққиқону хонандагон бо ҳам баҳсу мунозира мекунанд ва дар кашокашанд. Яке шеъри уро «киштишикаста» мехонад, дигаре «киштинишаста», яке «дагарон», дигаре «дигарон». Яке «майи ангурӣ» мегӯяд, дигаре «илоҳӣ»… Ин баҳсу моҷароҳо то имрӯз идома доранд. Аммо на аз майи ангурӣ ва на илоҳиаш чандон фоидае ба инсон, ба ҷомеа, ба миллат нарасид, аз тадқиқоти орифонаву суфиёнаву динии аҳли қалам низ. Баръакс, рӯз ба рӯз мо дар хурофоту таассуб ғутидем, ки имрӯз маҷоли бархостан надорем, зеро мо ҳамвора ба сӯи Ҳофиз ва осори ӯ рафтем, аз девонаш каломи ғайбро ҷустем, барояш лақаби «лисонулғайб»-ро ҳам арзонӣ доштем ва дар зеҳнамон ҳоким намудем. Бино бар ин, тамоми осори ӯро осмонӣ, илҳомӣ, қуръонӣ хондем ва дари нишон додани афкори заминӣ, мавзуъҳои ҳаётиро худ ба рӯи хеш бастем, касе, ки дар бораи Ҳофиз берун аз ин мавзуъҳо сухан гуфт, ба ӯ ҳамла намудем, танҳо абёти суфиёнаву орифонаи уро далел овардем ва ду поро дар як муза андохтем, ки ҳамаи каломи Ҳофиз осмонӣ аст ва ӯ ба замин сару коре надорад, ки надорад. Бадбахтона, як гуруҳи дигари санъаталаб то имрӯз аз осори шоир танҳо иҳому ибҳом меҷуянд ва дар ин баҳр ғута мехуранд. Гуруҳи сеюм аз девони Ҳофиз инсони комил меҷуянд ва дар ин роҳ ҳануз ҳам сарсону саргардонанд. Бад-ин тартиб, тавре ки гуфтем, эшон то ҳол Ҳофизро як шоири мутадайин, ориф, суфӣ, қории Қуръон, ки Қуръонро бо чордаҳ ривоят хондааст, медонанд. Аммо ин нигариши ғалату ғайрилмиву ғайривоқеӣ аст ва аз нақду адабиётшиносии носолим моя мегирад. Агар мо фақат аз ин дидгоҳ ба осори Ҳофиз бингарем, ӯ дар пеши чашми мо ба як шоири динӣ, мазҳабӣ, марди суфӣ ва ориф табдил меёбад, дар маҳдудаи ҳамин аносиру мақулаҳо мемонад ва ҳамчун як шоири аз замину замон бурида, берун аз ҷамъият, мардум, фазо, макон ҷилвагар мешавад. Ҳол он ки ба қавли шоир:

 

Дар халқ буруни халқ будан ғалат аст,

Суҳбат бо зиндагист, бо мурдан нест. 48

 

   Ногуфта намонад, ки ин таҳлилҳои динию орифонаву суфиёна дар зоти худ бад нестанд, зеро ҳамин гуна баррасӣ, нигоҳ, таъбир, тафсир буд, ки Ҳофиз ба як шоири «малакутӣ», ормонӣ табдил ёфт, девонаш зеби гаҳвораи тифлон гардид ва баъд аз каломи иллоҳӣ ҳамчун китоби дарсӣ дар мактабу мадраса ҷойгоҳ пайдо кард. Агар Ҳофизро чунин тадқиқи динӣ, орифонаву суфиёна намекарданд, каломашро осмонӣ, баргирифта аз Қуръону ҳадису афкори диниву суфиёнаву орифона намедонистанд, таъбиру тафсир намекарданд, ҳаргиз ӯ «лисонулғайб» унвон намегирифт, аз рӯи девонаш фол намекушоданд. Мисли ин ки аз руи девони Рӯдакӣ, Носири Хусрав,  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва дигарон фол намегиранд, зеро  имкони шарҳу тавзеҳи динӣ, ирфонӣ, суфиёна, Қуръону ҳадисгароӣ дар онҳо хеле  маҳдуд аст… Аммо        Ҳофиз танҳо шоир набуд, балки мутафаккир ва андешаманд ҳам буд. Лиҳозо, ӯ талабот ва зарурати даврро, ки баёну забони орифонаву суфиёнаро тақозо мекард, зеро бозори дину ирфон дар он замон хеле гарм ва илму адаб шаръӣ шуда буд, бисёр хуб дарк мекард. Ҳамин аст, ки орову афкорашро дар ҷуйбори ирфону тасаввуф пайрезӣ намуд ва боиси шуҳрату маҳбубияти беназире дар шеъру адаби мо гардид.

  Бори дигар таъкид менамоем, ки агар Ҳофиз ашъорашро сирф дар пояи шеъри озодандешонаву хирадгароёнаи замони Сомониён пайрезӣ мекард, мисли Фирдавсӣ ошкоро аз Эрони бостон, рӯҳи миллӣ сухан мегуфт, ба араб, дину диёнат метохт, аз аъробу атроку тасаввуфу ирфон интиқод менамуд, бе розу рамз ва истилоҳоти суфиёна, ошкоро, пустканда сухан мегуфт, майро танҳо ангурӣ, ишқро заминӣ таъбир менамуд, сирф дунёгароӣ мекард, на дингароӣ, ба ин мақом ва ҷойгоҳи диниву ирфонию мазҳабӣ, ки расида, намерасид. Яъне чизе, ки муҷиби шуҳрати Ҳофиз ва ба як шоири осмонӣ, ормонию муаммоӣ табдил ёфтани ӯ гардидааст, ҳамин руҳ ва тавзеҳу ташреҳи орифонаву суфиёнаи ӯст, ки аз аср ба асре мегузарад, идома меёбад ва ҳар чи бештар мардумро ба суи худ ҷазбу ҷалб менамояд. Аммо мо ба ин гуна шарҳу тавзеҳи орифонаву суфиёна, ки то имрӯз аз Ҳофиз ва шеъри ӯ кардаанд, кордор нестем, мо имрӯз шарҳу тавзеҳи олимонаву воқеъгароёнаи Ҳофиз ва шеъри ӯро талабгорем, бо як ҳарф, мо ба сӯи Ҳофиз намеравем, баръакс, Ҳофизро ба асри худ меорем, асри кайҳон, мошин, техника, пешрафтҳои азими илмиву техникӣ, ки дигар афсонаву хурофоту ривоятбофию фолбиниро талаб намекунад, инсон дар ин аср ба воқеият сару кор дорад, афкору ашъори мутараққӣ, раҳнамо, зиндагисоз, ҳувиятсоз, давлатсоз, миллатсоз, инсонсоз, дастурдиҳанда ва воқеиро тақозо мекунад. Ин гуна афкор дар осори Ҳофиз зиёд аст, онҳоро бояд кофт, ёфт, тадқиқ кард ва дар хидмати ҳамзамонон, ба вижа насли ҷавон, ки ояндаи миллат ва кишвар дар дасти онҳост гузошт. Ва бад-ин тартиб, Ҳофизро аз асорати 700-солаи таассубу хурофоту фолу фолбинӣ, осмонгароию ғайбгуӣ ва ғайра озод бояд кард ва ба замин овард, зеро Ҳофиз ҳаргиз шоири хурофотӣ, томотбоф, мутаассиб, фолбин, ғайбдон набуд, ки набуд, балки адиби доною мутафаккиру озодандешу зиндагидону зиндагисоз буд. Ба заъми худи шоир, ки ошкоро мегӯяд:

Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашмаи ману ту

Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд. 49

 

Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш?

З-ин муаммо ҳеҷ доно дар ҷаҳон огоҳ нест! 50

 

Зи сирри ғайб кас огоҳ нест, қисса махон,

Кадом маҳрами дил раҳ дар ин ҳарам дорад? 51

  Мавлонро низ бояд аз банди таассубу хурофоту асорати асриёмиёнагӣ, ирфонгароии маҳз, суфигӣ, мутадайини сирф, осмонситоӣ раҳо намоем, ба осораш ба таври илмӣ, воқеӣ наздик шавем, зеро Мавлоно низ  танҳо як суфӣ нест, балки шоир, олим мутафакиру андешаманде дунявию муборизу инсондусту инсонпараст мебошад. Ба қавли шоир:

Яке май, дигаре майдон парастад,

Яке ваҷду дигар виҷдон парастад.

Надидам ҳеҷ инсоне, дареғо,

Ки чун Мавлои Балх инсон парастад. 52

 

        Дар воқеъ, дар ин гуфтаи шоир мо ҳеҷ гуна муболиғаро боздид наменамоем, зеро, тавре ки гуфтем, Мавлоно танҳо як суфӣ, паёмрасони динӣ, ирфонӣ, намояндаи тамаддуни исломӣ нест, балки як инсондусту инсонпарасти бузург аст, ки назирашро олам камтар дидааст. Саид Муҳаммади Акрам гуяд: «Таълимоти Мавлавӣ ҳаргиз маҳдуд ба савомеъи суфия нест, ки танҳо ба кайфияти маънавии башар баҳс кунад, балки дар сухани ӯ андешаҳоест, ки метавонад ҷомеаи инсониро дар мароҳили мухталиф ба наҳви аҳсан ҳидояту раҳнамоӣ намояд. Мавлавӣ ҳамроҳони сустаносири хешро ҳамвора ба амал ва касбу кор даъват мекард ва ба муридон мегуфт: «Касе, ки коре наварзад, пуле наярзад»… 53 Ӯ дар ҷои дигар наздик ба ҳамин мазмун чунин менависад: «Азамати Мавлоно танҳо дар баёни маорифи исломӣ ва асрори ирфониву андешаҳои ҳикамӣ нест, балки дар руҳияи муборизи уст, ки ҳамеша дар пайкор аст. У бар хилофи ҳар неруе меҷангад, ки душмани инсон аст… Дар ин ашъор, ки беҳтарин намунаи ашъори ҳамосӣ аст, мегуяд:

 

Боз омадам чун иди нав, то қуфли зиндон бишканам

В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам…

Аз шоҳи беоғоз ман, паррон шудам чун боз ман,

То ҷуғди тӯтихорро дар дайри вайрон бишканам…». 54

 

        Хулоса, Мавлоно ва Ҳофизро, ки ду рукни бузурги адабиёти мо маҳсуб мешаванд, бояд аз маҳдудаи дину ирфону тасаввуф берун биёрем, танҳо ба ҷанбаҳои маънавию руҳонии осори эшон иктифо нанамоем, балки ба ҷанбаҳои моддию дунявии осори онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир кунем, зеро ишқи онҳо фақат мунҳасир ба руҳонияту маънавият нест, балки модиётро низ дар бар мегирад. Эшон ишқу алоқаи зиёде ба неруи модӣ ҳам доранд ва ҳамчун адибу андешамандони масъул тараққӣ ва такомули инсону ҷомеаро дар оштӣ ва созиш додани руҳу мода мебинанд. Ҳар ду хостори инсонҳои фаъолу кушо мебошанд, аз гушанишиниву хонақоҳнишиниву савмаагароӣ ва соири машғулиятҳои бесуд, гурезонанд ва хушашон намеояд, лиҳозо, дар ҷусутуҷуи афродеанд, ки дину дунёро мусовӣ дуст медоранд, ба ҳам меомезанд ва дар ин роҳ кору пайкор менамоянд. Ҳар ду дар орзуи инсонҳои далеру муборизу раҳнамову роҳбаранд, то инсону миллатро аз асорати ҳама гуна зулму ситами замонаву ақвоми бегонаву истилогар, ба вижа турку муғул, ки Эронзаминро ба хоку хун кашида буданд, озод намоянд. Лиҳозо, мегуянд:

 

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст! 55

                                                        Мавлавӣ

Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил,

Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?  56

                                                                        Ҳофиз

 

   Бад-ин тартиб, ҳам Мавлоно ва ҳам Ҳофиз танҳо шореҳону муфассирони Қуръону ҳадис, дину мазҳаб, тасаввуфу ирфон, руҳонияту, маънавиёт нестанд, балки шореҳону муфассирони орову афкори башарӣ, кутубу рисолаҳои пешиниёну ҳамзамонони худ, зиндагӣ, ҷомеа, фарҳанг, дониш, модиёт ҳам ҳастанд. Лиҳозо, дар осорашон дину дунёро ба ҳам омехта тасвир кардаанд, ба намоиш гузоштаанд, тавре ки мо дар ин байти  Мавлоно боздид менамоем, ки гуфта:

Зиндагонӣ оштии зиддҳост,

Марги он, к-андар миёнаш ҷангҳост. 57

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

Адабиётшинос

ПАЙНАВИШТҲО:

1.Н.Одилов. Мировоззрение Руми. Издателство Ирфон, Душанбе, 1974. – Стр. 5.

2.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – Душанбе: Ирфон, 1983. – С. 394.

3.Ҳамон ҷо. – С. 135.

4.Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Теҳрон: Нашри замон, 2001. – С. 42.

5.Ҳамон ҷо. – С. 56.

6.Ҳамон ҷо. – С. 338.

7.Ҳамон ҷо. – С. 256.

8.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – Душанбе: Ирфон, 1983. – С. 35.

9.Ҳамон ҷо. – С.159.

10.Ҳамон ҷо. – С. 42.

11.Ҳамон ҷо. – С. 127.

12.Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 1. – Душанбе: Адиб, 1992. – С. 372.

13.Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. – С. 195.

14.Ҳамон ҷо. – С. 274.

15.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 579.

16.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 55.

17.Ҳамон ҷо. – С. 96.

18.Ҳамон ҷо. – С.120.

19.Ҳамон ҷо. – С.214.

20.Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти форсӣ. – Душанбе: Дониш, 2013. – С. 497.

21.Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. – С. 39.

22.Ҳамон ҷо. – С.121.

23.Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ.1. – С.  55.

24.Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 2. – Душанбе: Адиб, 1993. – С. 421.

25.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 212.

26.Ҳамон ҷо. – С. 231

27.Ҳамон ҷо. – С. 548

28.Ҳамон ҷо. – С. 576.

29.Рустами Ваҳҳоб. Авҷи шаҳомат. Адабиёт ва санъат, 17 сентябри соли 2016.

30.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. – Девони кабир. – Ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2007. – С. 341.

31.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 620.

32.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 195.

33.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 510.

34.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – С. 195.

35.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 512.

36.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 1. – Душанбе: Дониш, 2007. – С. 308.

37.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 292.

38.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ.3. – С. 349.

39.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 578.

40.Муҳаммадризо Тоҷдинӣ. Дарёи шеъри форсӣ. Киштии шеъри Ҳофиз. – Душанбе: Адиб, 2015. – С. 85.

41.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 82

42.Муҳаммадризо Тоҷидинӣ. Дарёи шеъри форсӣ. Киштии шеъри Ҳофиз. – С. 87.

43.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 417.

44.Гузидаи ғазалиёти Шамс. – Теҳрон, 1372. – с. 503.

45.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 419.

46.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 1. – С. 280.

47.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 212.

48.Абдулқодири Бедил. Осор. Ҷ. 7. – Душанбе: Адиб, 2007. – С. 239.

49.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 261.

50.Ҳамон ҷо. – С. 111.

51.Ҳамон ҷо. – С. 164.

52.Лоиқ. Аввалу охири ишқ. – Душанбе: Маркази фарҳанги арабӣ, 1994. – С. 206.

53.Саид Муҳаммади Акарм. Иқбол дар роҳи Мавлавӣ. Ҷавонони Тоҷикистон, 19 январи соли 1991.

54.Ҳамон ҷо, ҳамон шумора.

55.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ.1. – С. 309.

56.Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – С. 568.

57.Гулчини «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ. – Душанбе, 2007. – С. 19.

Хондан 28 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр