JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
“Ҳақиқат дар масофа дида мешавад”, мегӯяд халқ. Таърих ҷараёни дарк намудани гузаштаи инсоният аст. Аз замони таъсиси давлати мутамаркази тоҷикон - давлати Сомониён зиёда аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, обруву манзалати ин давлат душманонашро ором намегузорад.
Душанбе, 07 Январи 2019 06:29

Ҷаҳонишавӣ ва муаммоҳои глобалӣ

Муаллиф:
Таҳаввулоти куллие, ки системаи сайёраро фаро гирифтааст ва ҳаёти одамонро вобастаи ҳамдигар сохтааст ва чашмрастарин давраи таърихӣ буда, вале пеш аз он, ки ҳамчун падидаи фароҷаҳонӣ намоён шавад, он зербинои ҳаракатҳои маъдание чун Эҳё (Renaissance), Ислоҳотгарӣ (reformation) ва Маъорифпарварӣ (enlighenment)-ро гузаштааст, ҷаҳонишавӣ ном дорад.
Тоҷикистони ҷавон ва мардуми куҳансоли он аз ворисони фарҳангу тамаддуни шукӯҳманди бостонӣ ва бахши як миллати мутамаддину некноми дунёи қадим мебошанд, ки ватани онҳо сарзаминҳои паҳновари як хиттаи бузурги оламро фаро мегирифт. Дар тӯли умри дарози таърихӣ ва фарҳангии хеш ин мардум бо сарнавишту саргузашти ноҳамвор ва замонаҳое тираву фоҷеабор ҳамбастагии таърихӣ, ягонагии фарҳангиву маънавӣ ва шукӯҳу азамати фарҳангу тамаддуни худро нигоҳ дошта меояд.
Номи асл ва хонаводагияш, ки ҳангоми тавлид ба ӯ гузоштаанд Франсуа́-Мари́ Аруэ́ аст. Волтер тахаллусест, ки пас аз ба балоғат расида аз ҷониби худи мутаффакир интихоб гардидааст. Волтер наздик ба 300 сол пеш дар 21 ноябри соли 1694 мелодӣ дар Порис ба дунё омад. Дар хонаводаи миёнаҳол ва таҳсилкарда парвариш ёфт. Падараш ба номи Фаронсаво Оруия вакили муваффақ ва маҳзару дорои зирак буд. Модараш Мария де Морд зане буд ашрофзода бо ҳушу базнагу зебо сарзинда вале маслул. Волтер ба сурати навзоди тамом нотамом ва мурданӣ ба дунё омад.
Навиштаҳои Алберт Камю бозтоб ва инъикоси бегонагӣ ва шикастҳои равшанфикрони Урупо баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва то ҳадди зиёде таҳти таъсири андешаи фалсафаи асолати вуҷуд (экзистенциализм) буд. Камю дар соли 1957 дар 44 солагӣ барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.