(Мулоҳизоти куллӣ дар доираи Пружаи “Роҳи нави дӯстии наслҳо” ва чорабинии табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин)
Сафари расмии навбатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6-уми июни соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, саҳифаҳои наверо дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар кушода истодааст. Чуноне ки маълум аст, дар ин сафар аз ҷониби раҳбарони ду кишвар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 сол пеш аз худи онҳо санги асос гузошта шуда буданд, кушода мешаванд. Ҳамзамон бо расидани Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе, мақолаи ӯ дар рӯзномаи “Народная газета” ба табъ расид (ниг.: Цзиньпин, Си. Китайско-таджикские отношения: во имя прекрасного будущего. //Народная газета, №27 (20464), 5 июля 2024. С.1). Раисҷумҳурии Чин Си Ҷин Пин дар ин мақола аз таърихи ҳамкориҳои ду миллат дар мароҳили гуногуни таърихӣ сухан ба миён оварда, таъкид менамояд, ки дар чанд соли охир ин ҳамкориҳо зиёд тақвият ёфта, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Ба таъкиди раисҷумҳури Чин, то ба дараҷаи рекордӣ расидани муомилоти молу маҳсулот миёни ду кишвари ҳамсоя дар соли 2023 ва ба зери 4 миллиард доллари амрикоӣ расидани он аз ҷумлаи муваффақиятҳои муносиботи судманди тарафайн маҳсуб мешавад.
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адиб ва шоири миллӣ Адибаи Хуҷандӣ)
Мусалламан, аз ҷумлаи бонуадибони муосири миллӣ хеле кам касонеро мешиносем, ки доир ба масоили доғи рӯз, бахусус мушкилоти иҷтимоию фикрии ҷомеа аз дидгоҳи илмӣ-мантиқӣ ва миллӣ-дунявӣ бархурд карда бошанд ва дар баробари таҳдиду чолишҳои муосир, ки бар ҳастию ҳайсияти миллат садама мезананд, ҷуръатмандона истод шуда, бебокона аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ дифоъ менамоянд. Дар ҳоле ки садҳо адиб, шоир, нависанда, донишманд, муҳаққиқ, рӯзноманигор ва дар маҷмуъ, зиёие дорем, ки масруфи умури шахсию ихтисосии худ шуда, худнамоию риёкориро пеша намуда, ба сарнавишти давлату миллат эътиное накарда, дар баробари таҳдиду хатарҳои минтақавию глобалӣ сукут варзида, тамошобин шуда, ба қавли мардумӣ, “агар дунёро об барад, парвое надоранд”. Аммо миллат аз ҳисоби бонувони ҷуръатманд ангуштшумор нафароне ҳам дорад, ки новобаста ба мақому ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва тааллуқоти сиёсию маданӣ дар саргаҳи муборизоти миллию мафкуравӣ қарор гирифта, аз тариқи сухану хома алайҳи ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофот, ки бавуҷудоварандаи мусибату бадбахтии миллатанд, ҳадафмандона мубориза мебаранд. Хушбахтона, дар ин радиф шоири муосири миллӣ Адибаи Хуҷандӣ қарор дорад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зоҳири Сайфулло иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Устод Лоиқ шоири мардумӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
(дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти донишманд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ)
Мусаллам аст, ки дар ҳамаи давру замон неруи миллатсозу фарҳангофар зиёиён маҳсуб мешаванд ва рушду пешравии давлату ҷомеа ҳам ба ташаббусҳои созанда ва ибтикороти барномавии ин ниҳоди муассири иҷтимоӣ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, давлат ба ин қишри иҷтимоӣ такя карда, дар масири бунёдкорию созандагӣ ва таҳаввулоти сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ аз ақлонияту зеҳнияти зиёӣ истифода мебарад. Дар феҳристи зиёиёни саршиноси ватанӣ, ки солҳои тулонӣ дар хидмати илму фарҳанги миллӣ камар барбаста, дар ҷодаи фарҳангпарварию илммадорӣ гомҳои устувор бардоштаанд, доктор Ёрмуҳаммад Ниёзӣ қарор дорад.