Наврӯзи бостонӣ ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ
(мулоҳизаи муқаддамотӣ)
Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлил қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва гиромии таърихи фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мадид суннану хасоиси Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд.
Дунёмадорӣ ва ояндаи низоми давлатдории миллӣ
(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни кори маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзӯи ««Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ»)
Санаи 13 марти соли ҷорӣ, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Ҷаҳони андеша» бо ҳузури муаррих, шарқшинос ва исломшиноси тоҷики муқими Руссия, доктори илми таърих, профессор Раҳимбек Бобохонов доир гардид. Дар маҳфил гузориши устод Раҳимбек Бобохонов дар мавзӯи «Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ» мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар Ҷаласаи пленарии Ассамблеияи генералии Созмони Миллали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 даҳсолаи Байналмиллалии «Об барои рушди устувор» эълон шудаанд.
Вақте ки роҷеъ ба зан суҳбат мекунем, дар ҳама ҳолат, бидуни эҳсосу авотиф ҳарф задан мушкилӣ пеш меорад, чаро ки зан маҷмӯаи эҳсосу отифат ва самимияту муҳаббат аст. Аз бомдоди таърихи башарӣ то имрӯз зан ба сифати ҷинси муҳим ва калидии зиндагӣ дар масири умри инсонӣ гом мебардорад ва бо муҳаббату латофат, самимияту назокат, меҳру шафқат, вафову садоқат ва билохира шарофату наҷобат зиндагиро рангину дӯстдоштанӣ месозад. Беҳуда нест, ки ин Олиҳаи зиндагиро бузургони башар дар баробари Худо «Офаридгори Дувум» унвон додаанд ва ин тавсиф бад-он хотир аст, ки зан ва модар тавлидгари насли инсонист ва шабеҳи Худованд, ки дар адёну мазоҳиб холиқи башар шинохта шудааст, офаридгор аст, офаридгори насл, офаридгори асл ва офаридгори васл.