(1)
Муҳаққиқони осори Фридрих Нитше (1844-1900) бештар аз ҳама урупоиён, дар таҳқиқотҳои худ доир ба солҳои муҳим ва ҳодисасози зиндагии Нитше, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ин таҷрибаи мусбат аст. Чаро ки доир ба мутафаккир ва файласуфе чун Нитше, намешавад дар ҳаҷми як мақола ва ё китобе ихтисосӣ, хонандагонро қонеъ кард. Пас, зарурате пеш меояд, ки муҳимтарин ҳодисаҳои зиндагии шахсӣ ва эҷодии ӯро ба таври мухтасар ва феҳраствор ба хонандагони фозил пешкаш намоем.
Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тӯли замон на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад. Дониш инъикоси олам буда, нахуст дар шакли тасаввуроти ибтидоӣ зуҳур мекунад. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайриилмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тӯлониеро пушти сар намудааст.
Решаи аслии хурофот нодонӣ ва бовармандӣ мебошад. Инсон дар баробари ҳаводиси рӯзафзуни табиат ҳамеша дучори мушкил аст. Асли ин мушкил аз он маншаъ мегирад, ки агарчи инсон пайваста бо табиат вуҷуд дорад ва берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, лекин боз ҳам дар мутобиқшавӣ бо равандҳои табиӣ нисбат ба дигар намудҳои зинда осебпазир аст. Инсонҳо дар шароитҳои гуногун вобаста аз вазъиятҳои бавуҷудомада роҳҳои гуногуни ҳалли мушкилро меҷӯянд. Он гоҳ ки эҳсос кунанд, роҳи ҳалли мушкил тариқи ақлу хирад ва таҷриба дар дасташон нест, ба хаёлпардозӣ рӯ меоранд. Воқеан баъзе одамон сахт эҳсосӣ мешаванд.
Забони бумӣ аслан ба маънии нисбатан васеи ин мафҳум бо мафҳумҳои забони маҳаллӣ, забони мардуми асл, забони сокинони муқимӣ муродиф дониста мешавад. Ба ин далел забони тоҷикӣ дар ин марзу бум забони бумӣ маҳсуб мешавад, зеро тоҷикон қадимтарин ва асилтарин сокинони бумии қаламрави Тоҷикистони имрӯза ва фаротар аз он, қисмати аъзами Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар таъриху фарҳанги мардумони ин марзу бум нақши ба истилоҳ меҳварӣ доранд.
Аз ҳамин ҷост, ки Юсуфи Балосоғунӣ (1015-1070) ба сифати яке аз нахустин донишмандон ва муаллифони осори туркӣ, дар китоби «Қутадғу билик» («Донишҳои файзбор») (соли таълифаш 1069) тақрибан ҳазор сол пеш аз ин хондани китобҳои арабию тоҷикиро барои мардуми туркизабон оғози фаро гирифтани дониш ба қалам оварда («Арабча, тоҷикча китоблар ӯқуш, / Бизнинг тилимизга бу юмғи ӯқуш»), ба донишу хиради азалии ибратомӯзи тоҷикон аҳсант хондааст («Тоҷиклор битикдо битмиш муни, / Битикдо йӯқ арсо ким ӯқтой уни») [муфассал ниг.: Муродӣ Н. Адабиёти форсу тоҷик дар Кошғар. – Хуҷанд, 2016. с.57-59].