JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 03 Майи 2021 07:05

Муҳоҷирати қирғизҳо ба водии РАШТ (қаротегин) ва дигар сарзаминҳои тоҷикон

Муаллиф: Муҳтарам Ҳотам

  Тавре нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов ва дигар маъхазҳои таърихӣ зикр мекунанд, меҳани аслии қирғизҳо дар Сибир, соҳилҳои дарёи Енисей – Онасой буда, онҳо бо сабабҳои гуногун аввал ба доманаи кӯҳҳои Олтой ва баъдан ба минтақаҳои ғарбу ҷануб ҳаракат карда, ба ҳудудҳои Қирғизистони кунунӣ расидаанд. Ҳудудҳои кунунии Қазоқистону Қирғизистон ба далолати сарчашмаҳои зиёди таърихӣ меҳани аслии сокоиҳои ориёӣ буда, то асрҳои 10-11 мелодӣ ва баъдҳо низ намояндаҳои онҳо дар ин минтақаҳо сукунат мекардаанд. Ҳудудҳои мазкур дар замони Давлати Сомониён дар тобеияти ин давлат қарор доштанд.

  Абдуррашид ал-Бакувӣ дар асараш «Китоб ал-талхис-ал-асар ва аҷоиб ал-малик-ал қаҳҳор» дар бораи яке аз маҳалҳои ин минтақа Фаран, тибқи назари баъзе олимон Варани зодгоҳи Фаридун будааст, чунин менависад: «Фаран (дар ал-Қазвинӣ, с. 405) - вилоятест дар сарҳади туркҳо дар назди Баласоғун. Аз ҳамин ҷост Абу Наср Муҳаммад ибни Аҳмади Тархон, ки муъҷизаҳо падид меовард. Вай аввалин донишманд аст, ки дар замони ислом зуҳур намудааст. Вай аз бисёр илмҳои замонаш огоҳӣ дошт, ҳаким буд ва маҳаки фалсафӣ дошт. Ҳамзамони Ҳаммад ас-Соҳиб Исмоил ибни Ибод вазири Маҷд-уд-Давла ибни Бувайҳа буд. Вай мусиқишинос, инчунин тирандози моҳир низ буд, аз камон тир меандохт ва дар ҷанг ҳалок шуд. Ин воқеа дар соли 345 (956-57) рӯй дода буд. Исмоил ибни Ҳаммад ал Ҷавҳарӣ - муаллифи китоби ашъор ва амакаш Исҳоқ бини Иброҳим муаллифи «Девон-ул-адаб» низ аз ҳамин ҷо буданд. Аҷиб он аст ки ин ҳарду дар забону адабиёти араб мумтоз гаштанд...»

Халқи қирғиз зери фишори қабилаҳои хунхори ҷунгарҳо-ойратҳо-қалмоқҳо то асри 17 ба доманаҳои шимолии кӯҳҳои Тёншон ва баъди асри 17 ба доманаҳои шимолии кӯҳҳои мазкур ҳаракат карданд. Тавре маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, дар асрҳои 16-18 якчанд мавҷи гурезаҳои иҷбории қирғиз, ки дар ҷангҳо бо ҳамсояҳои хунхорашон шикаст хӯрда буданд, ба сарзаминҳои тоҷикон, аз ҷумла ба Фарғона, Рашт (Қаротегин) Мурғоби Бадахшон ва дигар маҳалҳо паноҳанда шуданд. Имрӯз баъзе шахсони алоҳида ва расонаҳои хабарии ноогоҳ воқеияти таърихиро таҳриф намуда, роҷеъ ба ин масъала даъвоҳои бебунёд пешниҳод менамоянд.

  Яке аз масъалаҳои баҳсталаби на танҳо таърихи Рашт (Қаротегин), балки таърихи халқи қирғиз низ ин масъалаи ҳаракат ва сукунати қирғизҳо аз сарзаминҳои пушти шимолии Тёншон ба водиҳои Фарғона, Олой, Рашт (Қаротегин), Мурғоби Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҳамҷаворашон мебошад. Бояд масъалаи сукунати қирғизҳо дар ноҳияҳои номбаршуда ба тариқи таҷаммуъӣ ва дар робита бо таърихи умумии қирғизҳо, ҳамчунин дигар тоифаҳо ойратҳо-ҷунгарҳо-қалмоқҳо, қипчоқҳо, хитоиҳо ва дигар халқиятҳое, ки дар минтақаҳои атрофии Тёншон сукунат доштанд, омӯхта шавад.

  Тавре маълум аст, дар қисмати шарқии водии Қаротегин имрӯз низ қирғизҳо сукунат доранд ва аз рӯи номи деҳаҳо ва мавҷудияти гӯристони қирғизҳо дар чанде аз деҳаҳои мавзеъҳои миёна ва ғарбии Қаротегин маълум мегардад, ки онҳо замоне дар ин қисматҳои Қаротегин низ сукунат доштанд. Ақидаи он ки Қаротегин дар нахуст сарзамини қирғизнишин буда, баъдҳо тоҷикон ба ин минтақа омада буданд, бебунёд аст. Зимнан бояд гуфт, ки номи аслии водии Рашт Паретакени таърихист, ки соли 326 Искандари Мақдунӣ ба ин кишвар лашкаркашӣ намуда буд. Баъдҳо ин ном ба таъсири забони бегона ба номи дуруғини Қаротегин табдил ёфт.

  Ҳам тибқи шаҷараи қирғизҳои сокини ноҳияи Лахш, ҳам тибқи маълумоте сарчашмаҳои таърихӣ қирғизҳо дар миёнаи асри 17 аввал ба Олой ва баъдан ба водии Қаротегин ҳаракат кардаву сокин шудаанд. Роҷеъ ба маскуншавӣ ё ҳаракати қирғизҳо ба водии Рашт (Қаротегин) иқтибоси Н. Кисляков дар китоби «Очерки по истории Каратегина», дар асоси китоби «Баҳр-ул-асрор»-и Ибни Валӣ оварда шудааст, ки мутобиқи ин иқтибос 12 ҳазор хонаводаи қирғизҳо дар моҳи раҷаби соли 1045 баробар ба 11-12 1635 -- 9. 1. 1636 ба воситаи Қаротегин ба Ҳисор муҳоҷират карда будаанд, ки 12 сардор доштанд ва баъди як моҳ -- моҳи шаъбон (аз 10. 1 то 7. 11) аз ҷониби хони ӯзбек дар Балх пазируфта шуданд. Чанде олимон воридшавии қирғизҳоро ба Қаротегин баъд аз ҳамин замон қаламдод кардаанд. Бо вуҷуди ин, баъзе муҳаққиқон замони ба ин водӣ омадани қирғизҳоро хеле пештар бурданӣ мешаванд. Вале тавре маълум аст, қирғизҳо аз шимол ё шимоли шарқии кӯҳҳои Тёншон бояд аввал ба водии Фарғона гузашта, баъдан ба водиҳои Олой ё Қаротегин меомаданд. Аз ин рӯ, бояд таҳқиқ кард, ки дар кадом солҳо ва бо кадом сабабҳо қирғизҳо ба доманаҳои ҷанубии Тёншон ва водии Фарғона рӯй овардаанд. Кисляков дар асари мазкур дар асоси фикрҳои чанде аз олимони изҳор доштааст, ки мавҷудияти қирғизҳоро дар доманаҳои ҷанубии Тёншон баъди асри 17 бояд суроғ кард.

  Яке аз сарчашмаҳои муҳиме, ки роҷеъ ба таърихи қирғизҳо дар асри 17 ва ҷуғрофияи сукунати онҳо маълумоти пурарзиш додааст, «Баҳр-ул-асрор фи маноқиб-ал-ахйор»-и Маҳмуд Ибни Валӣ мебошад. Маҳмуд Ибни Валӣ муаррихи тоҷик буда, соли 1004/1595-1596 дар Балх таваллуд шудааст. «Баҳр-ул-асрор...»-ро вай солҳои 1634-1641 бо супориши Нодир Муҳаммадхон навиштааст. Дар ин китоб роҷеъ ба тоифаҳои қирғиз, қалмиқ -- ойратҳо, қазоқҳо ва ғайра маълумоти гуногун оварда шудааст. Дар асар роҷеъ ба шаҳрҳои Қошғар, Тироз, Андиҷон, Баласағун, Ош, Талас, Алмалик ва ғайра дар иртибот бо тоифаҳои номбаршуда маълумот дода шудааст.

Дар ин асар шаҳрҳои Андиҷон ва Ош ҳамчун шаҳрҳои ободу зебо, ки баъди ҳуҷуми Шайбонихон аз ободиву хуррамӣ маҳрум гардиданд, тасвир карда шудааст. Ба қавли Ибни Валӣ то он давра роҷеъ ба шаҳри Ош ҳамчун шаҳри бостонӣ ривоятҳои зиёди боқӣ монда буданд. Ҳамчунин ба қавли муаллиф дар солҳои 30-40-уми асри 17 қирғизҳо дар Ош ва атрофи он сокин набуда, дар гӯшаву канорҳои он тохтутоз мекардаанд. Худ аз худ маълум аст, ки дар ин санаҳо сукунати қирғизҳоро дар Олой, Қаротегин ва дигар мавзеъҳои тоҷикон суроғ кардан ғалат аст.

  Муҳаққиқи қирғиз Т. Т. Машрапов дар мақолаи «Баҳр-ул-асрор фи маноқиб ал-ахйор (география) Махмуда Ибни Вали как источник по истории Киргизстана XVI -- XV вв». (Вопросы востоковедения и востоковедного образования. - Бишкек БГУ 2002. Вып. 1. - с. 27-37) зикр намудааст, ки гӯё ба шаҳодати Ибни Валӣ Кӯлоб, Охсу, Чаҳорсӯ, Кангурт, Даштак, Вашгирд, Дашти Кулак, Қалъаи Замм ва Яси то Дашти Алон сукунатгоҳи тоифаҳои қирғиз будаанд. Ба қавли муаллифони «История Киргизии» (Фрунзе, 1968. с. 298) дар нимаи аввали асри 17 қисмати зиёди қирғизҳои ҷанубӣ аз ҳуҷуми қалмоқҳо халосӣ ҷуста, ба Қаротегин, Кӯлоб, Дарвоз ва водии Ҳисор паноҳ бурданд. Ҷунгарҳо -- қалмоқҳо ё ойратҳо халқияти муғулзабон буда, ба Осиёи Миёна аз тарафи Синтсизян ворид гардида буданд. Ба минтақаҳои мазкур омадани муҳоҷирони иҷбории қирғизро набояд ҳамчун сукунати доимии онҳо дар ин минтақаҳо маънидод кард. Агар то соли 1636 дар Қаротегин, Ҳисор ё Кӯлобу Дарвоз қирғизҳо сукунат медоштанд, омадани 12 ҳазор хонаводаи қирғизҳо ба воситаи Қаротегин ба Ҳисор ҳамчун воқиаи маъмулӣ аз ҷониби он қирғизҳо пазируфта мешуд. Вале ҳокимони маҳаллии водиҳои мазкур онҳоро пазируфта натавониста, ба назди хони ӯзбек, ба Балх мушояат кардаанд. Тибқи тахминҳои Машрапов ин 12 ҳазор хонаводаи қирғизҳо то ба Ҳисор омаданашон дар вилояти Каракорум ва Карелун зиндагӣ карда, ҳанӯз исломро қабул накарда буданд. Ҳамчунин ба қавли Машрапов дар «Абдуллоҳнома» ё «Шарафномаи шоҳӣ»-и ном асари Ҳофизи Таниши Бухороӣ омадааст, ки «Дар соли 983 (тақрибан 1575) лашкари қирғизҳо, вақте фаҳмиданд, ки лашкари Абдуллохон хеле дур аст, фурсатро муносиб дониста, ба воситаи Қаротегин ба Ҳисор ва Деҳнав ҳамла намуда, ба ҳамон роҳ ба ҷойҳои худ баргаштанд». Иқтибоси дигаре, ки Машрапов овардааст, аз «Рафиқ-ат-толибин» (тарҷумаи уйғурии «Анис-ат-толибин»)-и Шоҳ Маҳмуди Чурас мебошад. Тибқи ин маълумот, шайхе ки исломро дар байни қирғизҳо ҷорӣ мекардааст, Хоҷа Исҳоқ (вафоташ соли 1595) писари Махдуми Аъзами Косонӣ дар мулкҳои Сари Йаз ва Олой тақрибан 3 сол зиндагӣ карда, бо ҳокимони қирғиз робитаҳои дӯстона доштааст. Албатта, ин далелҳоро Машрапов ҷиҳати он ки гӯё дар нимаи дуюми асри XVI қирғизҳо дар Олой ва Қаротегин сукунат доштанд, ҷонибдорӣ намудааст. Вале далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки пайдоиши қирғизҳоро ба таври оммавӣ дар водии Фарғона, хусусан қисмати шарқии он танҳо дар нимаҳои асри 17 бояд суроғ кард.

  Тавре С. М. Абрамзон дар мақолаи «Народные предания, как источник изучения этнической истории киргизов Центрального Тяншана», этническая истории народов Азии -- М. Наука, 1972) овардааст: «Ҷобаҷошавии гурӯҳҳои қавмии қирғизҳо, тавре ки ҳоло вуҷуд дорад, дар нимаи дуюми асри XIX ба вуҷуд омадааст». Ба ақидаи ин олим омили асосии ба гурӯҳҳо ҷудошавӣ ва сокиншавии гурӯҳҳои қавмии аҳолии Тёншон ва атрофи он истилои ҷунгарҳо дар асри XVI ва аввали асри XVII буд, ки боиси кӯчидани қисми зиёди қирғизҳо ба ноҳияҳои ҳамсояи Фарғона ва Туркистони шарқӣ гардида, баъзан қисме аз ин гурӯҳҳо боз ба ҷойҳои зисти аввалашон баргаштаанд. Тавре аз таърихҳо маълум аст, нахустмеҳани қирғизҳо сарчашмаи дарёи Енисей ва ватани дуюмашон доманаҳои кӯҳҳои Алтай ва қисматҳои ҷанубии он минтақа будааст. Тибқи ривояти қирғизҳо аз соҳилҳои Енисей чаҳор бародар ба тарафҳои гуногун ҳаракат карда, дар ҷойҳои гуногун сокин мешаванд. Бародари чорум Узун Калпак Муратой ба соҳилҳои Сирдарё омада, қарор мегирад. Дар ривоятҳои қирғизҳои Тёншон, гӯё ҳоло низ номи он ҷойгоҳ ба шакли Карма-тоо вуҷуд дорад. Яке аз сабабҳои муҳоҷирати қирғизҳо ба қӯҳҳои Тян-Шян ҷангҳои миёни онҳо бо манҷурҳо ва қарақалмоқҳо буд, ки онҳо дар ин ҷангҳо шикаст хӯрда ба муҳоҷират мувоҷеҳ гашта буданд.

  Академик Бартолд низ роҷеъ ба ҳаракати қирғизҳо ба атрофи Иссиқкӯл ва доманаҳои шимолии Тёншон изҳори назар намуда, гуфтааст, ки: «Қирғизҳои кунунии Тёншонро Унковский (капитан Унковский, яке аз низомиёни Россияи подшоҳӣ, ки соли 1723 бо ойратҳо роҷеъ бо масъалаи қирғизҳо гуфтушунид карда буд -- М. Ҳ.) мисли ойратҳо бурутҳо номидааст. Ба вай гуфтанд, ки бурутҳо дар назди Тускел (Иссиккӯл -- М. Ҳ.) кӯчӣ шудаанд. Дар нақшаи Ренат ном нақшае (дар асл нақшаи қалмоқист, ки Ренат соли 1733 бо худ бурда буд) бурутҳо танҳо дар Фарғона, дар ҷануби Сирдарё ишорагузорӣ шудаанду халос; имкон дорад, ки қирғизҳоро аз Тёншон ойратҳо танг карда бароварда, онҳо ба он ҷо танҳо баъди шикаст хӯрдани давлати ойратҳо аз ҷониби хитоиён соли 1758 баргашта бошанд. Эҳтимол фақат ҳамин ҳаракат, яъне бозгашт аз Фарғона ба Тёншон дар хотираи халқи қирғиз, ки ватани худро Фарғона мешуморад, нақш баста роҷеъ ба ҷойҳои сукунати нахустинашон чизе намедонанд. (Бартолд В. В., Киргизы, Исторический очерк. Сочинения, М. 1963, 1 т. часть1 с. 65)

  Қирғизҳо дар ҷанг бо қабилаҳои истисморгари ҷунгарҳо-ойратҳо, ки аз асри 16 то аввали асри 18 давом дошт, маҷбуран ба сарзаминҳои ҷануб ҳаракат мекарданд. Яке аз ҷангҳои шадиди миёни хонҳои қазоқ Турсун ва Ишим, ки қирғизҳо низ ба он ҳамроҳ шуда буданд, дар солҳои 20-уми асри 17 ба вуқӯъ пайваста буд. Дар миёни мардуми қирғиз то ҳол нақлу ривоятҳое боқист, ки тибқи онҳо баъди ба Тёншон омадани қалмоқҳо қирғизҳо аз он ҷо танг карда бароварда шуданд. Дар нахуст аз атрофи Иссиқкӯл тоифаи бугинҳо, баъдан тамоми тоифаҳои қирғиз аз он мулкҳо пеш карда шудаанд. Дар миёни рӯйдодҳои марбут ба ҳаракати қирғизҳо ба мулкҳои водии Фарғона ва атрофи он ривояте роҷеъ ба сардори яке аз қабилаҳои қирғиз -- Сарибагиш-Кудаян хеле машҳур аст. Кудаян боре қабилаашро ҷамъ карда мегӯяд, ки «Дар Афғонистон хешовандони дури мо зиндагӣ мекунанд, шояд онҳо мусулмон шуда бошанд, мо бояд бо онҳо ҳамроҳ шавем». Вай бо қабилааш ба роҳ баромада, баъди чанд рӯз Тюлкю-Баши (ҳоло Тюлкубас воқеъ дар Қазоқистони ҷанубӣ) мерасад. Дар ин ҷо як фолбин ба ӯ мегӯяд, ки вай дар роҳ ҳалок мешавад. Вай фолбинро лату кӯб карда, ба роҳ мебарояд. Баъди чанде аз Сирдарё гузашта, ба Андиҷон мерасад. Дар ин ҷо қавми Кудаян пароканда шуда, худаш дар роҳи ағба ҳалок мешавад. Ин рӯйдод гӯё дар замоне будааст, ки «Қазоқҳо берёза меҷӯшидаанду қирғизҳо ба Ҳисор ва Кӯлоб даромада будаанд. («Казак кайын caaп, кыргыз ысар кёлепкё кирди»). Вай аз Андиҷон ба нияти тасарруфи Қаротегин ба роҳ баромада буд (мен каратегинди чабамын). Кудаянро тоифаҳои сарыбагиш ва саяк ҳамроҳӣ мекарданд. Тибқи дигар ривоятҳо Кудаян ба сӯи Афғонистон лашкар кашида будааст. Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки воқеаи ҳаракати 12 ҳазор хонаводаи қирғизҳо дар чандин лаҳзаҳо ёдоварӣ мешавад. Тибқи баъзе ривояти қирғизҳо онҳо ба Ҳисор ва Кӯлоб рафта буданд. Вале Кудаян аз кадом хешовандонаш дар Афғонистон ёдоварӣ мекунад ва нияти ба онҳо пайвастшавӣ дошта будааст?

  Абрамзон С. Н. зикр менамояд, ки ривоятҳои лашкаркашии Кудаян қабл аз ҳама нақши дар зеҳни мардум боқимондаи ҳаракати қирғизҳои шимолӣ ба ноҳияҳои Фарғона ва Олой буда, ин ҳаракат дар зери фишори ойратҳо ба амал омада будааст. Тибқи омӯзиш ва муқоисаи далелҳои таърихӣ маълум мешавад, ки 12 ҳазор хонаводаи қирғиз аввалин гурӯҳи гурезаҳои ҷангҳои байниқабилавии қирғизҳо будаанд, ки ба воситаи Қаротегин ба Ҳисор омада, баъдан ба Афғонистон рафта буданд. Ҳаракати оммавӣ ва сершумори қирғизҳо ба водии Қаротегин ба назари мо дар аввалҳои асри 18 ба амал омада будааст. Дар ин давра ҷангҳои шадиди миёни тоифаҳои қирғиз ва қалмоқҳо ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар натиҷа қирғизҳо шикасти сахт хӯрда, ба сӯи Фарғона, Қаротегин, Ҳисор, Кӯлоб ва Бадахшон ҳаракат карда буданд. Қалмоқҳо ба ин қаноат накарда, қирғизҳои гурезаҳоро таъқибкунон ба Қаротегин омада, ин водиро низ ғорат карданд. Соли 1727 ҳукумати Ҷунгарияро Галдон-Сериг ба даст гирифт. Вай дар мубориза бар зидди қазоқҳо ва қирғизҳо, сиёсати падараш Тсеван-Рабтанро давом дода, фавран баъди ба сари ҳокимият омаданаш ба муқобили Қаротегин лашкари калонеро равон мекунад. Албатта, баҳонаи ба ин водӣ лашкар кашидани вай саркӯб кардани қазоқҳо ва қирғизҳои гуреза буд. Вале, тавре тахмин меравад, дар ин ҳуҷум аҳолии таҳҷоӣ – тоҷикон низ қурбонии ин лашкаркашӣ гардида, худ ба водиҳои ҳамсоя фирорӣ шуданд. Тавре муҳаққиқи таърихи тоҷикон Ҳасанбой Шарифов навиштааст, «Хуншайжи (султон)-ҳои хунхор Галдан Башактухон ва Севан Рабдан фатво дода буданд, ки сарбози қалмоқ нисбати мусулмонон тараҳҳумро ба дил роҳ надиҳад, на ба пирон раҳм кунаду на ба кӯдакон... Иштиҳои ин кӯчиёни сангдил дар аҳди Галдан Сирен (1727-1745) боз ҳам қозгиртар гардид.» (Ҳ. Шарифов, «Тоҷикони бурунмарзӣ», Хуҷанд, 1999, с. 148). Тавре боз ҳам Ҳ. Шарифов дар асари мазкураш иброз доштааст, «Забткориҳои қалмоқ -- уйротҳо халқи қирғизро низ аз манзили деринааш Тиёншони шимолӣ (воқеъ дар Синтсяни ҳозира) ломакон сохт. Бояд гуфт, ки то ин истило қирғизон дар хоки Осиёи Миёна қариб намезистанд. Фақат аз ҷониби Ҷунгария зеридаст шудани Туркистони шарқӣ ва Ҳафтруд боиси дар нимаи дуюми а. ХУII ва авали асри ХУIII ба Олою Қаротегин, Помир ва водии Фарғона кӯчида омадани шумораи зиёди қирғизҳо гардид» (с. 158).

  Ҳамин тавр ба назар мерасад, ки бо ҳуҷуми қалмоқҳо ва ба водии Қаротегин рӯ овардани тоифаҳои зиёди қирғизҳо қисмати зиёди тоҷикон гуреза шуда, водиро ба ихтиёри қирғизҳо гузоштанд. Азбаски қирғизҳо ба ғайр аз Қаротегин ба Бадахшон низ гуреза шуда буданд, ойратҳо (қалмоқҳо) дар солҳои 1732,1736 ва 1738 ба Бадахшон лашкар кашиданд. Онҳо дар лашкаркашии охиринашон соли 1738 хостанд дар роҳи бозгашт ба воситаи Дарвоз бори дигар ба Қаротегин ҳуҷум намоянд, вале дар Қаротегин шикаст хӯрда, саросар нобуд шуданд. Солҳои 1746-1748 қалмоқҳо бори дигар ба Фарғона ҳамла оварданд, вале аз қувваҳои муттаҳидаи ӯзбакҳову қирғизҳо шикаст хӯрда, аз водӣ ронда шуданд. Дар солҳои минбаъда дар ҷангҳои миёни қирғизҳо ва хитоиҳо чанд бори дигар мавҷи гурезаҳои қирғиз ба Қаротегин ва Бадахшон ва ғарби водии Фарғона ворид гардида буданд.

  Тавре аз таърихи аксари халқҳои дунё маълум аст, аз минтақаи сукунатгоҳи аслӣ муҳоҷират намудани аҳолии осоишта аксар вақт дар натиҷаи ҷангҳо, хусусан ҷангҳои байниқабилавӣ ба амал омада будааст. Чунин ҳол чанде аз тоифаҳои қирғизро маҷбур кард, ки ҷойҳои аслии худро тарк намуда, ба Қаротегину Бадахшон ва дигар ноҳияҳои кунунии Тоҷикистон рӯй биёранд. Вагарна, масалан 12 ҳазор хонаводаи қирғиз гушнаву бараҳна дар фасли зимистон сукунатгоҳи аслии худро тарк карда, оворагиро ихтиёр намекард. Дар иртибот ба он чи гуфта шуд, хулосае бар меояд, ки аҳолии қирғиз дар авали асри 18 ва аниқтараш солҳои 1715-1720 ба водии Қаротегин ва дигар сарзаминҳои тоҷикон муҳоҷират намуда будааст. Ҳамин тариқ, аз солҳои 20-ум ва 30-уми асри ХУII сар карда, қирғизҳо бо сабабҳои дар боло зикршуда, дар минтақаҳои мазкур маскун шуданд. Қисмате аз аҳолии таҳҷойии Қаротегин дар замони ҳуҷуми ойратҳо -- қалмоқҳо ба водиҳои ҳамсоя -- Кӯлобу Ҳисор, Масчоҳу Вахиё ва дигар минтақаҳо муҳоҷир шуданд. Тақрибан 60-70 сол қисмати зиёди аҳолии минтақаҳои миёна ва болоии водиро қирғизҳо ташкил медоданд. Аз миёнаҳои асри 19 сар карда, тоҷикони муҳоҷиршуда аз Кӯлобу Ҳисор, Масчоҳу Вахиё ва дигар минтақаҳо оҳиста-оҳиста ба ватани бобоиашон баргаштанд. Ва аз вақти зикршуда қирғизҳо низ оҳиста-оҳиста ба қисмати шарқии Қаротегин ҳаракат намуданд. Ҳоло зиндагии халқҳои тоҷику қирғиз дар ноҳияи Лахш ҳамчун намунаи беҳтарини ҳамзистии ду халқ ба шумор меравад.

 
Муҳтарам Ҳотам
Хондан 1504 маротиба