JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 31 Октябри 2023 10:15

Парчам - рамзи давлатдорӣ

Муаллиф:

  Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.

  Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину ғанӣ мегардонад.

   Дар давраҳои гуногуни давлатдории халқу миллатҳои сайёра арҷгузорӣ ба парчам ба тарзу усулҳои хос сурат мегирифт. Шакли парчамҳо вобаста ба тағйирёбии сохти давлатдорӣ дигаргун шуда, унсуру аломат ва рангу тарҳи онҳо бо талаботи давру замон мутобиқ гардонида мешуданд. Вале моҳият ва муҳтавои парчам ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва арзиши фарҳангӣ ҳамеша бетағйир боқӣ мондааст. Тибқи ҳисобҳо миллати сарбаланди тоҷикдар давраи аз 9-уми сентяри соли 1991 то 24-уми ноябри соли 2009, яъне бо гузаштани зиёда аз 6000 ҳазор шабонарӯз марҳилаи душвори давлатсозии миллии хешро бомуваффақият анҷом дода, ливои бахту иқбол ва нишонаи давлатии тоҷиконро дар баландии 165 метр барафрохт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи гузоштани санги асоси Парчами давлатӣ нисбат ба ҷараёни бунёди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар маросими барафрозӣ шахсан иштирок намуданд.

   Имрӯз дар маркази пойтахти давлати тоҷикон дар ду паҳлуи Қасри миллат, ду шоҳсутуни азим Нишон ва Парчами давлатӣ қомат афрохтаанд, ки нангу номуси миллатро таҷассум менамоянд. Ин шоҳсутунҳо нишонаи иродаи қавии ҳар як тоҷики баору номус буда, дар фазои озоду ороми кишвари маҳбубамон дурахш медиҳанд, ки ҷилваи онҳо сурхии рӯйи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳонро мемонад.

   Дар Конститутсияи Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

    Мутобиқи Конститутсияи Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошад.

   Тибқи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 24-уми ноябр, яъне рӯзи қабул карда шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ид эълон карда шуд. Ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи парчам дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

   Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

    Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати мо ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!

    Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

Худойбердизода Саидмири Убайдулло

Номзади илмҳои техникӣ, ходими калони илмии

озмоишгоҳи “Маводшиносӣ”-и Муассисаи

давлатии “Маркази таҳқиқоти технологияҳои

инноватсионии Aкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

Хондан 570 маротиба