JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 11 Апрели 2018 06:42

Арзёбиҳои баланди натиҷаҳои расадхонаи Санглох дар бурунмарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф:

  Боиси ифтихор аст, ки расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳкиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо пурра ба роҳ монда шудааст.

 Баъди барқарор кардани расадхонаи Санглох дар соли 2016 ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз,  мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ мунтазам  идома дорад ва кормандони илмии Институт ҳар вақти муносиб ба онҷо рафта таҳқиқи омӯзиши худро такмил медиҳанд.  Инчунин дар ин равия олимони ҷавон ва аспирантони Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолона ҷалб карда шудаанд.

  Бояд зикр намуд, ки расадхонаи Санглох дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба як метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шуда, дар расадхона насб гардидааст, ки номи ин телескоп Тсейсс-1000 мебошад. Сифати аксҳои ин телескоп хело баландсифат буда, аксҳои гирифтаи он аз тарафи олимони астрофизикҳои ҷаҳон арзёбӣ карда шудааст.

 Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки як гурӯх астрофизикҳои тоҷик моҳи октябри соли 2017 дар конференсияи байналмилӣ иштирок карданд  ва натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо мавриди баҳсҳои илмӣ қарор гирифтанд.

 Конференсияи байналмилалии «Астрономияи наздизаминӣ- 2017» бо ташаббуси Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Россия ташкил карда шуд. Дар конференсияи мазкур олимони муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ даъват карда шуда буданд. Мо ҳам фурсатро муносиб дониста, як гурӯҳ ходимони илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конференсияи бонуфуз бо натиҷаҳои нави илмии бадастовардаи худ иштирок намудем.  Бояд ёдовар шуд, ки қисми зиёди ин натиҷаҳои нав дар расадхонаи Санглох ба даст омаданд. Дар конференсия ходимони илмии Институт роҷеъ ба фаъолияти нави таҳкиқи омӯзишҳои кометаҳои 2015ER61, 2015VL62, 29P, C2014N3, астероидҳои фаъол (596) Шейла, 2008GO98 ва астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25 баромад намуданд.

  Хусусан натиҷаҳои астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25 пешниҳод  гардид,  ки он дар масофаи наздиктарини ба Замин  рӯзҳои 18-24 апрели соли 2017 ба вуқӯъ омада буд. Дар ин лаҳзаҳо  кормандони илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ мониторинги мушоҳидавиро дар расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон ба роҳ монданд. Аксҳои баландсифати онҳо бевосита бо  ёрии телескопҳои расадхонаи Санглох ва расадхонаи астрономии  Ҳисор ба навор гирифта шуданд. Дар рафти коркарди маводҳо маълум гашт, ки  астероид хеле дурахшон аст ва бо суръати калон ҳаракат мекунад. Ба хулосае омадем, ки имконияти бархурии астероид бо Замин дар солҳои наздик хело назарногир мебошад, яъне ин ҷирм наметавонад ба сайёраи мо зарар расонад. Ҳамин тариқ, мушоҳидаҳои муштараки расадхонаҳои мо ва ҷаҳон пешгӯиҳои назариявиро тасдиқ карда, исбот намуданд, ки ҳарчанд астероиди 2014JO25 ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил шуда бошад ҳам, ба Замин таъсири манфӣ намерасонад. Чунин наздикшавии навбатии ин астероид ба Замин дар ояндаи дур, яъне баъди 74 сол ба вуқуъ меояд, бинобар ин натиҷаҳои мушоҳидаҳои якҷояи ҳозира барои тадқиқотҳои он аҳамияти хеле зарурӣ доранд.

  Яке аз натиҷаи илмии муҳим ин тадқиқи астероидҳои фаъол аз тасмаи асосии астероидҳо дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ аст.  Фарқи астероидҳои аз тасмаи асосӣ аз астероидҳои наздизаминӣ дар он аст, ки онҳо аз Замин дар масофаи зиёда аз 300 млн км ҷойгир ҳастанд. Маводи коркарди астероиди фаъоли (596) Шейла, ки марҳилаи фаъолнокии ӯ то имрӯз давом карда истодааст, низ пешниҳод гардид.  Нишон дода шуд, ки сабаби фаъолнокии (596) Шейла ин бархурии бо ҷирми кайҳонии хурд мебошад ва  партофтани чангҳои зиёд аз сатҳаш хуруҷи (596) Шейларо ба вуҷуд овард.  Натиҷаи мазкур барои ошкор намудани алоқаҳои волидайнии байни ҷирмҳои кайҳонӣ хеле муҳим аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки самтҳои нави замонавӣ дар Институт ба роҳ монда шудааст.  Боиси тазаккур аст, ки дастовардҳои илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ки дар расадхонаи Санглох ба даст омада коркард  шудаанд, таваҷҷӯҳи кулли олимони конференсияро ба худ ҷалб намуда ба арзёбии баланд сазовор гардиданд. Якчанд  комёбиҳои муштарак бо олимони Федератсияи Россия ва Словакия  муайян шуданд ва мақолаҳо доир ба натиҷаҳои ҳамҷоя нашр гардиданд.

Кормандони Институти астрофизикаи АИ ҶТ бо ҳайати олимони Россия дар конференсияи байналмилалии «Астрономияи наздизаминӣ-2017», Вилояти Краснодар, Федератсияи Россия

Раҳматуллоева Ф.Ҷ.

Хондан 356 маротиба