JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таърихии муносибатҳои байнипарламентӣ ва байни пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳифаи нав боз намуда, ин муносибатҳоро ба марҳилаи нави рушду тараққиёт мерасонад. Дар зимн андешаҳои коршиноси Агентӣ, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров атрофи мавзуи мавриди назар пешкаши хонадагони сомона гардонида мешавад. 

 Официальный визит Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан уважаемого Рустама Эмомали в Китайскую Народную Республику знаменует собой новый этап в истории отношений двух дружественных стран. Сегодня Таджикистан осуществляет свою внешнюю политику на основе критериев «открытых дверей», что принесло плодотворные результаты нашей стране за последние 32 года.

(чанд сухани муқаддимотӣ дар ҳошияи монографияи илмии шоир ва адабиётшиноси муосири миллӣ Беҳрӯзи Забеҳулло)

  Солҳост, ки шоир, адабиётшинос ва рӯшангари миллӣ Беҳрӯзи Забеҳуллоро мешиносам ва аз сабку салиқаи вежаи илмию эҷодии ӯ то андозае огоҳам. Иттифоқан, чанд соли қабл рисола-монографияи илмии Беҳрӯз “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ”-ро аз муаллиф дарёфт карда, варақ задам ва дар робита бо муҳтавои таҳқиқот чанд ҷумлае барои худ ёддошт карда будам. Дар хусуси муҳтавои китоб назаротамро ҳам ба муаллиф гуфта будам. Ҳамчунин, қарор гузошта будам, ки сари мавзуоту муҳтавиёти монография бар мабнои тасаввуроти фардӣ ишороте иҷмолии катбӣ хоҳам кард. Мутассифона, китобро ба касе додам ва ё ин ки гум кардаму дигар ҳавсалаи нигориш сар рафт. Ба дунболи ин, китобро дигар пайдо накардам ва ҳамин тавр, масъалаи таҳияву тадвини матлабе тақризгуна дар заминаи монографияи илмии Беҳрӯз “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ” ба ҳошия рафт. Хушбахтона, ин саҳар (субҳи 8 августи соли 2023) аснои ҷустуҷӯйи  маводу матолиби компютер-роёна файлеро дучор омадам, ки қайдҳои ҷудогонаро дар заминаи монографияи Беҳрӯзи Забеҳулло дар бар гирифтааст. Файлро кушодам ва матни кӯтоҳеро, ки дар заминаи монографияи илмии Беҳрӯз таҳия гардидааст, мурур кардам. Тасмим гирифтам, матлаби кӯтоҳро бо андак таҳрир барои нашр ба ҳафтанома ирсол намоям. Пешопеш арз медорам, ки матлаб кироӣ нест, аммо умедворам, кори дурустҳисобие анҷом додам.

   Инсон аз бомдоди зиндагӣ ба донистану дарк кардани ҳастӣ ва вуҷуду ҳайсияти худ талош варзида, то имрӯз дар ин масир ҳаракат мекунад. Саъю талошҳои инсонӣ дар ростои шинохти ҷаҳону ҳастӣ ва шахсияту ҳайсияти фардию ҷамъӣ боиси ба вуҷуд омадани мактабу маслак, ҳазбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои гуногуни фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва маданӣ гардид. Дар меҳвари фаъолиятҳо ва барномарезиҳои рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд ҳамеша беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии инсонӣ қарор доштааст ва барои пиёда кардани пружаҳои сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ инсон аз ирода ва неруи илму хирад истифода кард. Ба ин тартиб, маҳз ба воситаи талошҳои мудавом ва рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд тайи таърихи тӯлонӣ ҷомеа ва давлатҳои инсонмеҳвар ва хирадбунёд ба вуҷуд оварда шуданд. Намуна ва ё моделҳои давлат ва ҷомеаҳои инсонмеҳвар ва илмбунёдро имрӯз дар симои давлатҳои пешрафта ва модерну мутамаддини имрӯзӣ метавон мушҳоҳида кард. Албатта, дар ба вуҷуд овардан ва тавсеа бахшидани ҷомеаҳои хирадбунёд ва инсонмеҳвар дониш, биниш ва тпҷрибаи гузашта васеъ истифода бурда шудааст.

Китобҳо