JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Назарияи ҳар як илмро берун аз доираи таърихи он наметавон шарҳу баён кард. Зебоишиносӣ ба омӯзиши зуҳуроти адабӣ-зебоишиносӣ, муносибатҳо ва ҷараёнҳо, ки таърихан ба вуҷуд омада, дар инкишоф ва тағйирёбӣ қарор доранд, мувофиқ меояд.

  Таърихи қаблии зебоишиносӣ. Маҳз ҳамин устурашиносӣ манбаи донишҳои фалсафӣ ба ҳисоб меравад. Устурашиносӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла масоили санъат, зебоӣ ва робитаҳои байниякдигарии ин ду падидаро фаро гирифта, инъикос менамуд.

   Пешгуфтор

   Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тайи се даҳаи охир мавриди баррасии соҳибназарони аксар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мардумони кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ба ҳамдигар аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Як гурӯҳ ин равандро ҳувиятзудо дарёфта, аз хатароти он сухан дар миён мегузоранд, гурӯҳи дигар бошад, баръакс, раванди ҷаҳонишавӣ ва наздикшавии миллатҳои гуногунро омили баланд шудани ҳувияти миллӣ меноманд. Онҳо муътақиданд, ки дар баробари шиносоии бештари миллатҳои дигар, намояндагони як миллат ба фарҳанг ва таърихи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, худро бар баробари дигарон мегузоранд. Ин дар натиҷа боиси баландтар шудани худшиносии миллӣ гашта, дар зеҳни мардум масъалаи ҳифзу тақвияти фарҳанги худашонро ба вуҷуд меоварад.

  Эҳтимол муҳаққиқон то ба имрӯз дар бораи ҳеҷ китобе чун Қуръон ба миқдори зиёд китоб ва ё мақола нанавишта бошанд. Мутаассифона, дар байни китобҳои сершумор ҳамзамон баъзе китобҳое низ дучор мегарданд, ки муаллифони онҳо Қуръонро дар чашми аҳли башар ғайривоқеӣ ҷилвагар месозанд. Ин зумраи муаллифон эҳтимол мепиндоранд, ки бо чунин аъмолашон хидмати хирсонае баҳри рушди ислом ва ё ба манфиати аҳли ҷомеаи мусулмонон карда истодаанд.  Дар ҳақиқати ҳол, аз нигоҳи мо, онҳо ҷуз зарар чизе ҳосил ба бор намеоваранд. Манзури мо ин ҷо аз тарафи баъзе муаллифон ҳамчун сарчашмаи тамоми илмҳо муаррифӣ намудани Қуръон аст. Мутаассифона, андешаи нодурусти зикршуда дар мафкураи зиёди ҷавонони мо ҳатто имрӯз низ амиқ реша давондааст.

  Маълум аст, ки ҳар як давлати миллӣ дорои сарчашмаи ҳуқуқӣ – Конститутсия мебошад ва тарҳи ин сарсанади меъёрии ҳуқуқӣ бар асоси ормонҳо ва афкори поядори миллӣ рехта мешавад. Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик бо ормонҳои давлатдорӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадам ниҳода, барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофтаву пардохтааст, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намудаанд. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то  замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389).

Китобҳо