JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 20 Июни 2023 07:49

Моҳият ва рушди саноатикунонии мамлакат

Муаллиф: Рамазон ШАРИПОВ

 “Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”             

Эмомалӣ Раҳмон

  Дар охири солҳои 90–уми асри гузашта талаботи мамлакатамонро маҳсулоти химиявӣ (аз қабили нуриҳои минералӣ суперфосфат, карбамид, аммофоска, нуриҳои калийдору нитрогендор) қонеъ карда наметавонист ва чунин нуриҳо аз мамлакатҳои хориҷа ворид мегардид. Зеро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои харобиовар аксарияти муассисаҳои саноати химиявӣ зарари калон диданд ва амалан аз кор монданд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли комил ва Ваҳдати миллӣ баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва калидии кишвар ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус равона намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуд. Чун давра ба давра маҳсулотҳои химиявӣ на танҳо дар кишвари азизамон балки дар тамоми курраи ҷаҳон синтези аксари моддаҳои органикӣ, коксохимия, маҳсулотҳои истеҳсолоти рангуборҳои анилинӣ, заҳрхимикатҳо, коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга, каучуи синтезӣ, шинабарорӣ, пластмасса, нахҳои сунъӣ, саноати силикатӣ ва ғайра рӯ ба рушд ниҳоданд, чун мусаллам аст, ки бе саноат қариб ягон соҳа рушд намекунад. Дар мисоли маҳсулотҳои саноати химиявӣ, ки аз ҳама бештар дар энергетика, металлургия, мошинсозӣ,электро ва радиотехника, формакология, хӯрокворӣ, саноати сабук, тиб хоҷагии қишлоқу рӯзғор ва ғайра васеъ истифода бурда мешавад[1.11].

  Чи тавре ки дар Паёми худ санаи 26-уми декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад»[2.14].

  Инчунин, дар Паёми мазкур Пешвои миллат таъкид намуданд, ки нақшаи гузариши иқтисоди кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ бояд таъмин кард. Зеро устувории мавқеи саноат дар таъмини истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани ҷойҳои корӣ ва ба маротиб баланд бардоштани сатҳӣ некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо шароити мусоид фароҳам меоварад.

  Бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бо дар назардоштани аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 тасдиқ шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

  Бояд қайд, ки дар баробари ин ҳама фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 №309 дар бораи “ Солҳои рушди саноат” эълон намудани солҳои 2022-2026 ба тавсиб расид, ки дар рушд ва тараққиёти ҳадафи чорумини кишвар нақши муҳимро мебозад. Инчунин дар банди 2 фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати шаш моҳ нақшаи ораӣиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, рӯз то рӯз дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ – саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

  Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охирин сухаронрониаш дар Ҷумҳурии Қазоқистон иброз доштанд: «Тоҷикистон он қадар аз маъдану элементҳои химиявӣ бой аст, ки ҳатто дар системаи даврии Менделеев он гуна элементҳо нест”. Воқеан сарвари кишварамон дуруст қайд карданд, чун кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи Тоҷикистон анбори беҳамтои канданиҳои фоиданок ба ҳисоб мераванд, ки он боигарии миллӣ мебошад. Аксарияти элементҳои химиявие, ки дар ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев мавҷуданд, дар ин сарзамин дучор мешавад. Академик А.Е.Ферсман дар соли 1936 навишта буд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали зиндаи элементҳои химиявии Д.И.Менделеев аст». Дар ҷумҳурии мо асосан истеҳсоли металлҳои ранга ва маъдани тозакардашуда (консентрат)-и онҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 мавзеи маъданӣ ва ғайримаъдании канданиҳои фоиданок муайян шудаанд, ки барои истифода қарор доранд[3.210].

  Захираю имкониятҳои Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ зиёданд. Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон, соҳибкорон ва қобилияти идоракунии кадрҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторийи дусола ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад.

Рамазон ШАРИПОВ

докторант (PhD)–и курси дуюми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Адабиёт

  1. А.Димитриев, В.Семиншин. Курси химия. -Душанбе: Маориф, 1997. - С.395.
  2. tj/ Паёмҳо/ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.
  3. С. Ҳакимхоҷаев, Л.Солиев, Ҳ.Иброҳимов. Химия. -Душанбе: Маориф ва Фарҳанг, 2013. -С. 224.
Хондан 1932 маротиба