JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 02 Январи 2024 08:25

Индикаторҳои муҳити сармоягузорӣ ва ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар онҳо

Муаллиф: Меҳр СОБИРИЁН

   Дар чанд даҳсолаи охир раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод, махсусан молияву сармоягузорӣ, суръати баландеро касб карда, тамоми ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Дар воқеъ, ҳеҷ як кишваре наметавонад худро аз ин раванд канор гирифта, рушду пешрафти устувор дошта бошад. Сармоя, воситаҳои молиявӣ ва донишҳои нави технологӣ ҳамеша майл ба кишварҳое доштанд, ки дар онҳо муҳити мувофиқи сармоягузориву фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дошта бошад. Дар рақобат барои дастрас кардани сармоя ва технологияҳои нав давлатҳои муосир иштироки фаъол дошта, мекӯшанд, ки дар дохили худ як муҳити бартаре созанд ва бо ҷалби сармояву технологияҳо аз саросари ҷаҳон ватани худро обод ва аҳолии онро дорову хушбахт созанд.

  Албатта, ҳар як ҳукумат бо тарзу усули хос муҳити сармоягузории худро арзёбӣ мекунад. Онҳо метавонанд пешдоварӣ карда, то дараҷае дар арзёбиҳои худ ба инҳироф роҳ диҳанд. Ин аст, ки аксари давлатҳои сарватманд, созмону ширкатҳои бузурги байналмилалӣ ва сармоягузорони инфиродӣ ба чунин арзёбиҳои худи давлатҳо таваҷҷуҳи кам доранд. Онҳо бештар ба тадқиқотҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, то маълумоти ба ҳақиқат наздиктареро ҷиҳати вазъи муҳити сармоягузорӣ дар кишварҳои гуногун ба даст биёранд. Дар асоси ин маълумоти дастрасшуда онҳо тасмим мегиранд, ки  дар куҷо сармоягузорӣ кунанд ва аз сармоягузорӣ дар кадом кишвар худдорӣ намоянд.  

  Дар миқёси байналмилалӣ чандин индикаторҳои муҳити сармоягузорӣ вуҷуд доранд. Бонки ҷаҳонӣ яке аз ташкилотҳои асосие мебошад, ки муҳити сармоягузории кишварҳои ҷаҳонро бо роҳу усулҳои гуногун меомӯзад. Ду индикатори ин бонк аз ҳама бештар муаррифӣ шуда, кишварҳои зиёдеро дар бар мегиранд. Яке аз онҳо Doing Bussiness (Соҳибкорӣ кардан) буда, таҷаҷҷуҳи худро рӯйи масъалаҳои қонунгузорӣ ва талаботи кушодан, фаъолият ва бастани бизнес дар кишварҳои ҷаҳон мутамарказ мекунад. Дуюмин, Enterprise Survey (Тадқиқоти корхонаҳо) буда, маълумот дар бораи муҳити сармоягузорӣ аз худи ширкату корхонаҳо, тариқи назарпурсиҳои махсус ҷамъоварӣ шуда, дар асоси он муҳити сармоягузорӣ арзёбӣ мегардад. Яъне индикатори Doing Bussiness ҷойгоҳи як кишварро дар ин арзёбии худ аз рӯйи омӯзиши қонуну қоидаҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян мекунад ва интикатори Enterprise Survey бештар сари таҷрибаи амалии худи ширкату корхонаҳо дар дохили як кишвар таваҷҷуҳ намуда, дар асоси назарпурсиҳо ва маълумоти гирдоварда тавассути онҳо, муҳити сармоягузории кишварҳоро меомӯзад. Бонки Ҷаҳонӣ дигар индикаторҳо низ дорад, ки бо ҳадафҳо ва усулҳои дигар муҳити сармоягузориву соҳибкориро дар кишварҳои гуногун арзёбӣ мекунад. Ба монанди Investing Across Borders (Сармоягузории фаромарзӣ) ва Business Environment Snapshots (Тасовири муҳити касбу кор). Вале чуноне ки қайд карда шуд, ду индикаторҳои аввалӣ нисбат ба инҳо хеле васеътар истифода мешаванд.

Дигар созмону ташкилотҳое ҳастанд, ки муҳити сармоягузорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро арзёбӣ мекуунанд. Масалан, индикатори Global Competitiveness Index (Шохиси рақобатпазирии ҷаҳонӣ), ки аз ҷониби Маркази ҷаҳонии форуми иқтисодии рақобатпазирӣ ва самаранокии байналмилалӣ (The World Economic Forum‟s Centre for Global Competitiveness and Performance) роҳандозӣ шудааст, ки муҳити сармоягузорӣ дар як кишварро аз рӯйи 12 сутуни рақобатпазирӣ муайян мекунад. Онҳо ниҳодҳо, инфрасохтор, муҳити макроиқтисодӣ, тандурустӣ ва маориф, макотиби олӣ ва таҷрибаомӯзӣ, самаранокии бозори маҳсулот, самаранокии меҳнат, рушди бозори молиявӣ, омодагии технологӣ, андозаи бозор, печидагии соҳибкорӣ ва навоварӣ мебошанд. Дигаре индикатори BizClim мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шуда, муҳити сармоягузориро дар кишварҳои маҳдуд тавассути он арзёбӣ карда, бо расонидани кумакҳои техникӣ вазъияти онро беҳтар месозад. Дар ин ҷустор мо ба ду индикатори асосии Бонки Ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ карда, ҷойгоҳи кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ ва Тоҷикистонро дар он муайян хоҳем кард.

Doing Business (Соҳибкорӣ кардан)

Индикатори Doing Business соли 2002 роҳандозӣ шуда буд, ки ҳадафи он андозагирии таъсири қонуну қоидаҳо ва иҷроиши онҳо ба воҳидҳои соҳибкорӣ буд. Ҳисоботи аввалини индикатори Doing Business соли 2003 мунташир шуда буд, ки он 5 нишондиҳандаро барои 133 кишвар дарбар мегирифт. Охирин тадқиқот дар ин самт соли 2020 гузаронида шуда буд, ки дар он 12 нишондиҳанда барои 190 кишвари ҷаҳон ҷой дода шуда буд. Тариқи ин пажуҳишҳо ва маълумотрасониҳо Бонки Ҷаҳонӣ ба давлатмардон барои тасмимгириҳои огоҳона ва саманок кумак карда, ба сармоягузорон раҳнамоӣ кардааст, то ки як бардошти умумӣ дар бораи вазъи муҳити сармоягузории кишварҳои алоҳидаро дошта бошанд ва дар сармоягузориҳои худ хатари камтар дошта бошанд. Инчунин, ин тадқиқотҳо барои доираҳои васеъ дар бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону пажуҳишгарон ва таҳлилгарону рӯзноманигорон муфид арзёбӣ мегарданд.

“Индикатори Doing Business абзори арзишманде аст, ки давлатҳо метавонанд аз он барои тарроҳии сиёсатҳои назоратии худ истифода баранд. Бо ироаи меъёрҳои пешрафт ба давлатмардон ҳам тариқи муайян кардани  чолишҳои дарпешистода ва ҳам тариқи пешкаш кардани роҳҳои беҳтарини бартараф сохтани онҳо, ки дар таҷрибаи кишварҳои муваффақ санҷида шудаанд, дар тасмимгириҳо кумак мекунанд. Қайд кардан зарур аст, ки индикатори Doing Business як роҳнамои мушаххаси сармоягузорӣ нест, балки як арзёбии умумии осонии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад” [6-p.vii]. Албатта, сармоягузорон аз ин индикатор дар тасмимгириҳои худ истифода мекунанд, лекин илова бар он “сармоягузорони эҳтимолӣ омилҳои зиёди дигарро низ ба назар мегиранд, аз ҷумла сифати куллии муҳити соҳибкорӣ дар иқтисод ва рақобатпазирии миллӣ, суботи макроиқтисодӣ, рушди низоми молиявӣ, ҳаҷми бозор, ҳокимияти қонун ва сатҳу сифати нерӯи корӣ” [6-p.vii]. 

Ҳадафи асосии Бонки Ҷаҳонӣ ба пайроҳаи рушди устувор ворид кардани кишварҳои ҳамкор мебошад ва новобаста аз он ки тавсияҳои он ҳамчун раҳнамои асосӣ аз ҷониби сармоягузорони эҳтимолӣ истифода намешаванд, дар доираи лоиҳаи Doing Business кӯшиш карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо маҳз барои соҳибкорону сармоягузорон шароити мусоидро барои фаъолият ба вуҷуд оварад. “Бо дар даст доштани ин ҳадафҳо Doing Business равандҳоеро, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ пайвастагӣ доранд мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз ҷумла кушодани бизнес, дарёфти иҷозат барои сохтмон, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии молу мулк, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳифзи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати хориҷӣ, иҷроиши қарордодҳо ва ҳаллу фасли варшикастагӣ” [6-p.2]. Ин даҳ нишондиҳанда дар муайян кардани осонии фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад, ки дар асоси он имтиёзҳои ҳар кишвар муайян мегарданд ва дар асоси ин имтиёз ҷойгоҳи ҳар як кишвар дар радабании индикатори Doing Business мушаххас карда мешавад. Илова бар ин ду нишондиҳандаи дигар ҳам дар солҳои охир ворид карда шудаанд, ки дар муайянсозии осонии фаъолияти соҳибкорӣ то ҳол истифода нашудаанд ва онҳо истихдоми коргарон ва қарордодҳо бо давлат мебошанд. Рӯйхати пурраи нишондиҳандаҳои истифодашуда дар индикатори Doing Business ва тағйирёбандаҳои истифодашуда дар онҳо дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

 

 

Нишондиҳанда

Тағйирёбандаҳо

1.      

Кушодан (пушидан)-и бизнес

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(рӯзҳо), Хароҷот(фоизи даромади сарона)

Сармояи минималӣ(фоизи даромади сарона)

 

2.      

Дарёфти иҷозат барои сохтмон

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(рӯзҳо), Хароҷот(фоизи даромади сарона)

3.      

Истихдоми коргарон

Ҳуҷҷатгузорӣ,

Соатҳои корӣ,

Мавҷудияти кофии коргарон

4.      

Пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(рӯзҳо), Хароҷот(фоизи даромади сарона)

5.      

Бақайдгирии молу мулк

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(рӯзҳо), Хароҷот(фоизи даромади сарона)

6.      

Дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ

Индекси ҳифзи ҳуқуқҳо,

Индекси умқи иттилооти қарзӣ

7.      

Ҳифзи сармоягузорон

Мизони шаффофият дар амалиётҳо,

Дараҷаи дахолати сармоягузор ба фаъолияти мудирон,

Дараҷаи дастрасии сармоягузорони хурд ба ҳуҷҷатҳои корхона

8.      

Андозбандӣ

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(соатҳо),

Меъёри умумии андозҳо(фоизи фоида)

9.      

Тиҷорати хориҷӣ

Ҳуҷҷатҳо барои содирот(шумора),

Вақт барои содирот(рӯзҳо),

Хароҷот барои содирот(долл. ИМА/контейнер),

Ҳуҷҷатҳо барои воридот(шумора),

Вақт барои воридот (рӯзҳо),

Хароҷот барои воридот (долл. ИМА/контейнер)

10.   

Қарордодҳо бо давлат

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(рӯзҳо)

11.   

Иҷроиши қарордодҳо

Шумораи амалиётҳои зарурӣ,

Вақти сарфшуда(рӯзҳо), Хароҷот(фоизи қарз)

12.   

Ҳаллу фасли варшикастагӣ

Вақти сарфшуда(рӯзҳо), Хароҷот(фоизи қарз),

Натиҷа(барҳам хурд ё наҷот ёфт)

 

  Барои ҳар як нишондиҳанда имтиёз муайян карда мешавад. Бо ин ҳадаф миёни коршиносони ҳар соҳаи дахлдор пурсишномаҳо гузаронида мешавад ва барои ҳар як тағйирёбанда имтиёз муқаррар мегардад. Дар навбати худ аз рӯйи ин имтиёзҳои нишондиҳандаҳо имтиёзи умумӣ барои як кишвар бароварда мешавад. Маҳз ҳамин имтиёзи умумӣ дар раддабандии осонии фаъолияти соҳибкорӣ ҷойгоҳи ҳамон кишварро муайян месозад. Онҳо дар ҳисоботҳои худ ин равандро чунин муаррифӣ мекунанд: “Doing Business натиҷаҳоро барои ду арзёбии куллӣ ироа месозад: имтиёзи осонии фаъолияти соҳибкорӣ ва раддабандии осонии фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси имтиёзи осонии фаъолияти соҳибкорӣ муайян мегардад. Раддабандии осонии фаъолияти соҳибкорӣ кишварҳоро бо ҳамдигар муқоиса мекунад. Имтиёзи осонии фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯйи дараҷаи наздикии қонуну қоидаҳои онҳо ба меъёрҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ муайян карда мешавад, ки дар он 10 нишондиҳанда мавриди омӯзиш қарор мегирад. Ҳангоми муқоисаи замонӣ имтиёзи осонии фаъолияти соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки муҳити соҳибкорӣ то чӣ андоза дар солҳои гузашта дар як кишвар тағйир ёфтааст, дар ҳоле ки раддабандии осонии фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи як кишварро нисбати кишварҳои дигар нишон медиҳад” [6-p.77].

Тариқи муайян кардани таҷрибаҳои беҳтарин дар ҷаҳон ва ошкор сохтани камбудиҳо дар қонуну қоидаҳои вобаста ба сармоягузориву соҳибкорӣ дар кишварҳои муайян, дастандаркорони интикатори Doing Business кӯшиш мекунанд, ки дар кишварҳои муайян ислоҳот роҳандозӣ шуда, вазъият беҳтар гардад. Ҳамасола дар ҳисоботҳои худ кишварҳое, ки тайи як соли охир ислоҳоти назаррас кардаанд, муаррифӣ мегарданд. Барои мисол, дар ҳисоботи охирини онҳо Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое, ки вазъи худро беҳтар кардаанд, ворид шудааст. Дар ҳисоботи мазкур омадааст, ки “кишварҳои Арабистони Саудӣ, Урдун, Того, Тоҷикистон, Покистон, Кувейт, Чин, Ҳиндустон ва Нигерия дар як соли сипаришуда бештарин пешрафтро дар шохисҳои Doing Business доштанд” [6-p.1]. Албатта, ин маъно надорад, ки ин кишварҳо дар радабанди кишварҳои ҷаҳон ҷойҳои аввалро касб карданд. Ин ба он маъност, ки онҳо нисбат ба як соли гузаштаи худ муҳити сармоягузориро дар дохилашон беҳтар сохтаанд. Он ҳам бошад на дар ҳамаи нишондиҳандаҳои зикршуда, балки дар баъзе нишондиҳандаҳо пешравӣ доштаанд ва дар баъзе онҳо тағйирот нест ва ё вазъ бадтар шудааст. Масалан Тоҷикистон дар ҳамон ҳисоботи соли 2020-уми онҳо танҳо дар се нишондиҳанда пешравӣ доштааст (кушодани бизнес, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, тиҷорати хориҷӣ). Ин дар ҳолест, ки аз ҳамин рӯйхат Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳашт нишондиҳанда пешравӣ доштааст(кушодани бизнес, дарёфти иҷозат барои сохтмон, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, тиҷорати хориҷӣ, андозбандӣ, ҳифзи сармоягузорон, иҷроиши қарордодҳо, ҳаллу фасли варшикастагӣ).

Ҳамин тариқ, Бонки Ҷаҳонӣ муҳити сармоягузории кишварҳои ҷаҳонро пайваста мавриди омӯзиш қарор дода, бо меъёрҳои муайян ва бо истифодаи нишондиҳандаҳову тағйирёбандаҳои вобаста ба онҳо ду нишондиҳандаи умумиро  барои ҳар як кишвар муайян месозад, яке имтиёзи осонии фаъолияти соҳибкорӣ ва дигаре ҷойгоҳи кишварҳо дар раддабандии осонии фаъолияти соҳибкорӣ. “Индикатори Doing Business меъёрҳои худро аз рӯйи ҷанбаҳои махсуси танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва таҷрибаҳои мувафақи ҷаҳонӣ дар ин ҷода, муайян менамояд. Сатҳу сифати муҳити соҳибкорӣ дар асоси амалкарди як давлат дар 10 самте, ки дар меъёрҳои муайянсозии дараҷаи осонии фаъолияти соҳибкорӣ ворид шудаанд, муайян карда мешавад. Ин тарзи кор муқоисаи муқарратору қонунҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ миёни кишварҳоро осон месозад. Имтиёз дар осонии фаъолияти соҳибкорӣ асосест барои муайян кардани ҷойгоҳи кишварҳо дар радабандии муҳити сармоягузорӣ. Ин радабандӣ бо роҳи ба тартиб даровардани кишварҳо аз рӯйи имтиёзҳои онҳо сохта мешавад. Имтиёзи осонии фаъолияти соҳибкорӣ, мавқеи қонуну қоидаҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ дар як кишварро нисбат ба таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дар ин самт нишон медиҳад, дар ҳоле ки радабандии осонии фаъолияти соҳибкорӣ нишондиҳандаи ҷойгоҳи як кишвар  нисбат ба кишварҳои дигар мебошад” [6-p.3].

Раванди кор камбудиву бартарии ҳар як фаъолиятро муайян месозад ва зарурати тақвият додан ва дигаргун кардани роҳу равиши корӣ ба миён меояд. Аз ҷумла, индикатори Doing Business низ дар ин ду даҳсола тағйироти зиёде доштааст ва беҳтар гардидааст. Бо вуҷуди ин, соли 2021 Бонки Ҷаҳонӣ ба хулосае омад, ки индикатори нав зери унвони Business Ready (B-READY)-ро, бо ҳадафи арзёбии муҳити сармоягузориву соҳибкорӣ дар кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ карда, онро ҷойгузини  Doing Business гардонад. Мусаллам аст, ки ин индикатори нав ҳам нишондиҳандаҳои истифодашудаи қаблиро дар бар хоҳад гирифт ва беҳтар сохтани онҳо барои ҳар як кишвар аҳамияти худро нигоҳ медорад. Дар воқеъ, беҳтар гардонидани муҳити сармоягузорӣ дар ҳама ҳолат барои як ҳукумати солим яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. Дар ин ҷода беҳтар гардонидани ҳамаи нишондиҳандаҳои овардашуда дар индикатори Doing Business як амри зарурӣ аст.

 

Enterprise Surveys (Тадқиқоти корхонаҳо)

Индикатори Enterprise Surveys низ лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ буда, барои муайян кардани муҳити сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар кишварҳои ҷаҳон равона шудааст. Дар фарқият аз индикатори Doing Business ин индикатор бештар ба корхонаҳо таваҷҷуҳ дошта, миёни корхонаҳои хусусӣ пурсишҳои оморӣ мегузаронад. Агар индикатори Doing Business ба қонуну қоидаҳо таваҷҷуҳ дошта бошад ва ба  коршиносону донишмандони соҳаҳои муайян такя кунад, индикатори Enterprise Surveys маълумоти лозимаи худро аз раҳбарони сатҳи болои корхонаҳо ва соҳибони бизнес ҷамъоварӣ мекунад. Ин тадқиқотҳо миёни тақрибан 130 000 корхона дар 135 давлати дунё гузаронида мешаванд. “Маъмулан дар кишварҳои бузург 1200-1800 мусоҳиба, дар кишварзои миёнаҳаҷм (аз ҷумла Тоҷикистон) 360 мусоҳиба ва дар кишварҳои хурд 150 гузаронида мешавад” [5-p.5]. Бо усулҳои оморӣ дар ҳар як кишвар аз миёни ҳамаи корҳонаҳои мавҷуда як қисмро бо таври тасоддуфӣ интихоб карда, бо раҳбарони онҳо мусоҳиба меороянд ва пурсишномаҳои худро пур мекунанд. Ҷавобҳои аз ин корҳонаҳо ҷамъшударо  ҳамчун намунаи  оморӣ истифода бурда, вазъи соҳибкориро аз забони худи соҳибкорон дар як кишвар муайян месозанд.

Бонки Ҷаҳонӣ ташкилотҳои хусусии муайянро интихоб менамояд, ки онҳо назарпурсиҳоро миёни корхонаҳо мегузоранд. Бо назардошти ин ки муносибати давлат ва бахши хусусӣ ва фасодкорӣ масъалаҳои ҳассос мебошанд, онҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки ин корро ташкилотҳои мустақили хусусӣ анҷом диҳанд. Махфияти ин маълумоти ҷамъшуда нигаҳ дошта мешавад. Бонки ҷаҳонӣ ба хотири ҷалби корхонаву ширкатҳои гуногун дар пажуҳишҳои худ махфиятро ҷиддӣ мегирад ва аз шарикони худ ҳам махфиятро ба таври қатъӣ талаб менамояд [10].

Enterprise Surveys  секторҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ ва тиҷоратро ососи пажуҳишҳои худ қарор додааст. Соҳаи кишоварзӣ ба он ворид намешавад. Корхонаҳое, ки 5 ва ё зиёда аз он коргар доранд, ба рӯйхати онҳо ворид мегарданд. Аз рӯйи меъёрҳои ин индикатор, корхонаҳое, ки 5-19 коргар доранд, хурд, бо 20-99 коргар миёна ва бо 100 ва зиёда аз он коргар бузург шуморида мешаванд. Агар корхона 100 дарсад моликияти давлат бошад, ба назар гирифта намешавад. Дар ин индикатор маълумот барои кишварҳо барои ҳар сол дастрас нест. Одатан дар як кишвар дар се ё чор сол як маротиба омӯзиш гузаронида мешавад. Барои як қатор кишварҳо аслан маълумот нест, ба монанди Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ. Барои баъзеи дигар як сол тадқиқот гузаронида шудааст, масалан Чин ва он ҳам 11 сол пеш, яъне соли 2012-ум. Барои як қисми калони кишварҳои рӯ ба рушд бештар маълумот дарёфт кардан мумкин, масалан дар Тоҷикистон се маротиба (солҳои 2008, 2013 ва 2019) тадқиқотҳои омории индикатори Enterprise Surveys гузаронида шудаанд.

Корхонаҳо дар ин индикатор ба се бахш тақсим мешаванд - истеҳсолот, хизматрасонӣ ва тиҷорат. Саволномаҳо барои ин бахшҳо каме аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан аз корхонае, ки ба бахши тиҷорат дохил мешавад дар бораи коргарони иловагие, ки дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот бевосита иширок намекунанд пурсида намешавад, аммо аз корхонаҳои бахши истеҳсолӣ пурсида мешавад. Бо вуҷуди ин, мавзуъҳои меъёрие вуҷуд доранд, ки тақрибан аз ҳамаи корхонаҳо доир ба онҳо маълумот ҷамъоварӣ мешавад. Онҳо вижагиҳои корхона, мушорикати гендерӣ, дастрасӣ ба манобеи молиявӣ, фурӯши солона, арзиши қувваи корӣ, таркиби нерӯи кор, ришвахорӣ, иҷозатномагирӣ, зерсохтор, тиҷорат, рақобати солим, истифода аз зарфиятҳо, замин ва иҷозатномаҳо, андозу андозбандӣ, фаъолиятҳои ғайрирасмӣ, муносибати давлат ва соҳибкорон, навоварӣ ва технологияҳо, андозагирии самаранокӣ мебошанд. Дар доираи ҳар як мавзуъ чандин савол омода карда шудааст. Масалан, дар бахши андозу андозбандӣ 9 савол меояд, ки пурсишҳои зерин аз ҷумлаи онҳо мебошанд:

- ҳиссаи корхонаҳое, ки фоизи андозҳоро маҳдудияти вазнин арёбӣ мекунанд;

- ҳиссаи корхонаҳое, ки равиши андозбандиро маҳдудияти вазнин мешуморанд;

- шумораи рӯзҳои сипаришуда барои дарёфти иҷозати фаъолият...

Дар индикатори Enterprise Surveys  имтиёздиҳии муайян ва ё радабандии давлатҳо вуҷуд надорад. Мавҷуд набудани додаҳо барои ҳар сол шояд монеи чунин радабандиҳо шуда бошад. Чуноне ки қайд карда шуд барои кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин танҳо соли 2012 тадқиқот гузаронида маълумот ҷамъоаварӣ шудааст ва барои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аслан маълумот нест. Ҳарчанд дар Тоҷикистон се маротиба, солҳои 2008, 2013 ва 2019, чунин тадқиқотҳо гузаронида шудаанд ва маълумот дастрас аст, вале наметавон онҳоро барои муқоисаи байни кишварҳои мавриди назари мо истифода кард. Бинобар ин, муқоиса танҳо аз рӯйи интикатори  Doing Business имконпазир ба назар мерасад.

 

Ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Тоҷикистон дар раддабандии индикатори Doing Business

Дар индикатори Doing Business додаҳо барои ҳар сол вуҷуд доранд. Дар баробари ин, имтиёзи ҳар кишвар ва ҷойгоҳи онҳо дар радабандӣ дақиқан муайян карда шудааст. Бо истифода аз додаҳои дастрас аз сомонаи “archive.doingbusiness.org/en/data” метавон ҷойгоҳи кишварҳои мавриди назарро дар ин радабандиҳо муайян сохт. Дар ин индикатор имтиёзи ҳар як кишвар муайян мегардад, ки доманаи он аз 1 то 100 мебошад. Чи қадар имтиёзи як кишвар бештар бошад ҷойгоҳи он дар радабандӣ болотар аст. Дар ду намояи зерин имтиёзҳои кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ ва Тоҷикистон, барои соли 2016 ва соли 2020, оварда шудааст.

 

 

   Аз намояҳои боло маълум аст, ки се иқтисоди пешрафтаи осиёӣ (Ҳонг Конги Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайвани Чин) дар тули ин панҷ сол тағйиротҳои ҷиддӣ дар имтиёзҳои худ надоштаанд. Ҳонг Конги Чин имтиёзи худро аз 84.32 ба 85.32 баровардааст, Кореяи Ҷанубӣ аз 83.09 бо 84.00 боло рафтааст ва дар Тайвани Чин ин нишондиҳанда аз 81.31 ба 80.92 поён фаромадааст, ки хеле ночиз ба назар мерасад. Аммо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон дар ин нишондиҳанда пешравиҳои назаррасеро дар тули ин панҷ сол касб кардаанд ва дар боло оварда шудааст, ки ҳар ду ин кишвар дар кадом самт вазъияти худро беҳтар сохтаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2016-ум 62.28 имтиёз доштааст, ки бо ҷорӣ кардани ислоҳоти муайян тавонистааст ин нишондиҳандаро то ба 77.28 дар соли 2020-ум расонад. Тоҷикистон низ имтиёзи худро дар ин индикатор аз 51.84 дар соли 2016-ум то ба 61.27 дар соли 2020-ум боло бурдааст. Бо вуҷуди ин, пешравиҳо ҳоло ҳам ин ду иқтисод нисбат ба се иқтисоди дигари мавриди назари мо имтиёзи камтар доранд ва дар радабандӣ ҷойгоҳи поёнтарро касб мекунанд. Бинобар ин, онҳоро зарур аст, ки ба истиҳот идома диҳанд ва муҳити сармоягузории хешро боз ҳам беҳтар созанд. Махсусан Тоҷикистон имтиёзи камтаринро миёни ин шаш иқтисод дорад, ки барои пешравиҳо имконоти зиёд мавҷуд аст.

Дар асоси имтиёзҳои номбаршуда ҷойгоҳи ин шаш иқтисоди мариди назари мо дар радабандии индикатори Doing Business дар соли 2020-ум муайян карда шудааст, ки ба таври зер мебошад:

 

Иқтисод

Ҷойгоҳ дар раддабандии ҷаҳонӣ

Ҷойгоҳ дар минтақа

Имтиёз

Ҳонг Конги Чин

3

1

85,3

Кореяи Ҷанубӣ

5

2

84,0

Тайвани Чин

15

3

80,9

Ҷопон

30

4

78,0

Чин

32

5

77,3

Тоҷикистон

106

6

61,3

 

 Аз маълумоти дар ҷадвали боло овардашуда, ки охирин пажуҳиши индикатори Doing Business мебошад, маълум аст, ки кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ, Чин(бо ду иқтисоди дигари мустақили худ Ҳонг Конг ва Тайван), Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи баландеро касб кардаанд. Ҳонг Конги Чин ва Кореяи Ҷанубӣ дар даҳгонаи аввал ворид мешаванд. Тайвани Чин ҳам аз онҳо дур набуда дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷойи 15-умро аз худ кардааст. Ҷопон ва Чин мутаносибан дар ҷойҳои 30-юм ва 32-юм қарор доранд. Тоҷикистон нисбат ба ин кишварҳо ҷойгоҳи хеле пойинтареро касб кардааст. Ҳарчанд дар чанд соли охир кишвари мо низ дар ин радабандӣ пешравиҳо дорад ва агар дар соли 2016-ум бо 51.84 имтиёз дар ҷойи 132-юм бошад дар соли 2020-ум бо 61.27 имтиёз аллакай ҷойи 106-умро ишғол менамояд. Маълум аст, ки агар кишвари мо тавонад ин суръати болоравиро нигаҳ дорад дар ояндаи наздик ҷойгоҳи аз ин ҳам хубтарро касб карда метавонад. Бо пешравӣ дар се нишондиҳанда тавонист 26 зина боло равад ва агар ба 7 нишондиҳандаи дигар таваҷҷуҳ шавад ва ислоҳоти ҷиддӣ дар он бахшҳо ҷорӣ гардад, муҳити сармоягузорӣ дар кишвари мо ба маротиб беҳтар хоҳад шуд.

 

Хулоса

 

Масъалаи муайян кардани сатҳу сифати муҳити сармоягузорӣ хеле печида буда, раванди омӯзиши он садҳо тағйирёбандаро дар бар мегирад. Маълум аст, ки дар ин раванд ба хатоиҳо роҳ додан мумкин аст ва дақиқан муайян сохтани он ғайриимкон мебошад. Аммо тақрибан арзёбӣ кардани ин муҳит имкон дорад. Ду индикатори асосии Бонки ҷаҳонӣ, ки дар мақолаи мазкур баррасӣ карда шудаанд, чунин баҳогузориро кардаанд ва метавон аз хулосаҳои он истифода кард. Индикатори Enterprise Surveys ба мо маълумоти камтар медиҳад ва имкони муқоисаи дурусти кишварҳо дар доираи он вуҷуд надорад. Ҳарчанд давлатҳои алоҳида метавонанд додаҳои онро истифода бурда, бо бардошти қишри соҳибкору раҳбарони корхонаҳо аз муҳити сармоягузорӣ ва касбу кор дар кишвари худ ошно шаванд ва то ҷойе имкон вуҷуд дорад ба он масоил расидагӣ намоянд. Дар ин тадқиқотҳо шахсияти раҳбароне, ки мушкилотро ба миён мегузоранд ошкор намешавад ва онҳо то дараҷае бардошти худро, чуноне ки ҳаст, баён мекунанд. Ин ба он маъно нест, ки ҳамаи назарҳои онҳо дуруст ҳастанд, вале баррасӣ ва тафтиши нигарониҳои онҳо шарт ва зарур аст ва агар он нигарониҳо тасдиқи худро ёфтанд, саривақт бартараф карда шаванд.

Индикатори Doing Business барои муқоисаи кишварҳои гуногун мувоффиқ мебошад. Дар доираи ин индикатор маълумот аз донишмандону коршиносони соҳаҳои гуогун ҷамъоварӣ мегардад. Барои аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамасола додаҳо илова мегарданд. Ин индикатор қонуну қоидаҳои кору фаъолияти соҳибкориро мавриди омӯзиши худ қарор дода бо таҷрибаҳои беҳтарин дар ин ҷода муқоиса мекунанд ва барои ҳар кишвар имтиёз муайян менамоянд. Аз рӯйи ин имтиёз ҷойгоҳи ҳар кишвар дар радабандии онҳо муайян мегардад. Муқоисаи кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Тоҷикистон аз рӯйи додаҳои ин индикатор имконпазир аст. Баррасии додаҳо барои ин кишварҳо нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Шарқи дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзандаеро касб кардаанд ва намунаи ибрати ҳар кишвари рӯ ба рушд буда метавонанд. Тоҷикистон бо вуҷуди ҷойгоҳи пасттар доштан дар раддабандии мазкур, босуръат мавқеи худро боло бурда истодааст. Маълум аст, ки бо идома додан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, кишвари мо метавонад дар солҳои оянда ба кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ наздик шавад.

Як масъалаи ҷиддии дигар ин дар амал дуруст иҷро шудани қонуну қоидаҳои вобаста ба муҳити сармоягузорӣ мебошад. Кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ тавонистаанд, ки волоияти қонунро дар сатҳи нисбатан баланд таъмин намоянд ва натиҷаҳои мусбатро ба даст оваранд. Мушкили кишварҳои рӯ ба рушд ин аст, ки дар онҳо қонуншиканӣ бештар аст. Мумкин аст қонуну қоидаҳои хуберо қабул кунанд, вале дар амал онҳоро дуруст риоя насозанд. Маълум аст, ки дар чунин шароит муҳити сармоягузорӣ номувофиқ хоҳад буд. Масалан, имтиёзҳои расмиву ғайрирасмӣ додан ба ширкатҳои муайян метавонад вазъиятро ба таври манфӣ дигар созад. Ё ин ки монеаҳои сунъӣ эҷод кардан дар ҳуҷҷатгузорӣ, андозбандӣ, раванди додрасӣ ва воридоту содирот барои корхонаҳо, бо мақсадҳои шуми ришвахорӣ, боиси он мегардад, ки бо доштани ҷойгоҳи хуб дар раддабандии индикатори Doing Business, муҳити сармоягузории як кишвар барои ҷалби сармоягузорон номувафиқ бошад.

Бо назардошти ин воқеият кишварҳои рӯ ба рушд маҷбур ҳастанд, барои расидан ба ҳадафи беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, дар баробари ислоҳот дар қонуну қоидаҳои марбут ба ин соҳа, дуруст дар амал татбиқ кардани онҳоро низ зери назорати қатъӣ гиранд. Барои Тоҷикистон низ ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Чуноне ки дида шуд, кишвари мо бо ислоҳоти қонуну қоидаҳои марбут ба сармоягузорӣ дар ин ҷода пешравиҳо дорад. Акнун дуруст амалӣ шудани онҳо низ набояд аз мадди назари раҳбарияти мамлакат берун монад. Дар якҷоягӣ таҳким додани қонуну қонунгузорӣ ва татбиқи амалии онҳо муҳити сармоягузорӣ дар кишвари моро бо суръати баланд беҳтар месозад. Дар баробари беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар ҷалби сармоягузорони хурду бузурги дохиливу хориҷӣ осонтар мегардад. Бо зиёд шудани сармоягузорӣ ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ ва манбаъҳои нави андозбандӣ барои давлат зиёд мегарданд, ки ин боиси рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистони азизи мо мегардад. Кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ дар таҷрибаи худ чунин рушди босуръатро доштаанд ва мо, ки меҳани худро дар баробари онҳо пешрафтаву дорои технологияҳои баландсифат дидан мехоҳем, метавонем аз таҷрибаи онҳо васеъ истифода кунем.

 

Меҳр СОБИРИЁН

иқтисодшинос

Сарчашмаҳо

  1. Mary Hallward-Driemeier, Lant Pritchett, How Business Is Done and the ‘Doing Business’ Indicators,

https://openknowledge.worldbank.org/server/api/core/bitstreams/0652be8b-7a0e-5c05-818b-53e10eef104d/content

  1. David Dollar , Mary Hallward-Driemeier, and Taye Mengistae, Investment Climate and International Integration,

https://openknowledge.worldbank.org/server/api/core/bitstreams/6350a032-0325-5cc4-9f18-6932157c617c/content

  1. David Dollar, Mary Hallward-Driemeier, and Taye Mengistae, Investment Climate and Firm Performance in Developing Economies

https://sticerd.lse.ac.uk/dps/eid2003/Dollar.pdf

  1. Marek Hanusch, The Doing Business Indicators, Economic

Growth and Regulatory Reform,

https://openknowledge.worldbank.org/server/api/core/bitstreams/aaf978d2-45e1-5091-af3d-ca804a64a0bf/content

  1. Sumedh Rao, Indicators for investment and business climate, University of Birmingham,

https://www.researchgate.net/publication/303389261_Indicators_for_investment_and_business_climate/link/57400d4d08ae9f741b322fa2/download

  1. The World Bank Group, Doing Business 2020, Comparing Business Regulation in 190 Economies, 1818 H Street NW, Washington, DC 20433, https://openknowledge.worldbank.org/server/api/core/bitstreams/75ea67f9-4bcb-5766-ada6-6963a992d64c/content
  2. The World Bank Group, Getting Credit methodology, https://archive.doingbusiness.org/en/methodology/getting-credit
  3. The World Bank Group, Resolving Insolvency methodology, https://archive.doingbusiness.org/en/methodology/resolving-insolvency
  4. The World Bank Group, Protecting Minority Investors methodology,

https://archive.doingbusiness.org/en/methodology/protecting-minority-investors

  1. The World Bank Group, Survey Methodology, https://www.enterprisesurveys.org/en/methodology
Хондан 740 маротиба