JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Январи 2024 06:38

Туӣ аз саршинос афроди миллат! (Паёми шодбошӣ)

Муаллиф:

 Дӯсти арҷманду гиромӣ, Назрӣ Асадзода!

      Аз бомдод сафаҳоти табрикоту таманниёту шодбошиҳои мелодиро, ки ба ифтихори ҷашни мавлуди Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чида шудаанд, мурур карда,  эҳсосотамон ҷӯш зад ва чун дигар дӯстону рафиқон ба маъракаи табрикотӣ пайвастем. Пешопеш ҷашни мелодатонро шодбош мегӯем.

      Бемуҳобо, Шумо аз ҷумлаи афроди саршиноси миллат маҳсуб мешавед, ки бо ҷуръату ҷасорати мунҳасир ба фард аз дер боз миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидаед. Солҳо боз аз тариқи ташаббусоту ибтикороти фардӣ дар роҳи хидмат ба Меҳану Миллат бурдборона гом бармедоред ва қатъи назар аз мушкилоту фишори рӯзмарраи зиндагӣ, ки дар ҳар шакле буруз мекунанд, дар фазои Тоҷикистони азиз садои ҳувиятхоҳӣ, озодагӣ, истиқлолталабӣ, меҳанпарастӣ ва миллатсозӣ дармедиҳед.

      Бар илова, сатҳи баланди маърифат, шинохт, дид, дониш, биниш, фаросат, дироят, миллият ва ҳассосияти Шумо боиси он гардидааст, ки сари уқдаву мушкилоти миллӣ тамаркуз намуда, бар мабнои манофеи миллӣ ва дидгоҳи илмӣ-фалсафӣ силсиламуаммоҳоро решашиносӣ кунед ва барои бурунрафт аз буҳрону чолишҳои хатарзо роҳҳалҳои муассир манзур созед. Азбаски шахсияти матраҳи чандбуъдӣ ҳастед, барои ба ҳадафҳои миллӣ расидан ва дуруст шиносоию решашиносӣ кардани мушкилоту муаммоҳои имрӯзӣ, ки кишварро аз роҳи пешрафту тараққиёт боздошта, бо чолишу таҳдидҳои сершумор мувоҷеҳ месозанд, аз имконоти илмӣ-ихтисосии силсилаилмҳои фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, равонковӣ, мардумшиносӣ, диншиносӣ, иқтисодшиносӣ ва амсоли инҳо васеъ истифода мебаред ва дар ин замина омӯзишу таҳқиқоти ихтисосӣ анҷом медиҳед.  Ин аст, ки байни дӯстону рафиқон, ҳамкорону ҳампешагон, шоирону нависандагон, ихлосмандону алоқамандон ва дар маҷмуъ, фаъолони маданӣ минҳайси шоир, пажуҳишгар, донишманд, мунтақид, зиёӣ, рӯшанфикр ва рӯшангари саршиноси миллӣ аз эҳтироми вежа бархурдоред.

         Муҳимтар аз ҳама, Шумо тамоми василаҳои дастрасро ҷиҳати худсозӣ, коркарди зеҳнӣ ва ҳувиятмадории миллӣ истифода мекунед, то роҳи тарбияи инсони муосиру модерни миллӣ ҳамвор гардида, ҷомеа аз бандубасти фикрию ақидатӣ ва буҳрону чолишҳои ҳувиятӣ раҳоӣ ёбад ва тавону иқтидори давлати миллӣ афзун шавад. Ташаббусот ва ибтикороти Шумо дар самти таҳкиму тақвият бахшидани раванди ҳувиятсозии миллӣ ҳадафмандона давом доранд. Ба ин маъно, Шумо дар феҳристи шахсиятҳои нодири миллӣ қарор доред ва вуҷуду ҳузуратон дар фазою муҳитҳои иҷтимоию илмӣ ва фарҳангии тоҷикӣ боиси ифтихори мост.

       Асадзодаи арҷманд,

бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар зодрӯзатонро шодбош гуфта, таманниёти самимонаи худро дар қолиби ду пораи манзум ироа медорем:

 

Ба неруи хирад бар рағми зиллат

Даво бахшоӣ дарду захму иллат.

Ба миллат ончунон пайванд гаштӣ,

Ки мелоди ту шуд мелоди миллат!

 

 Туӣ парвардаву ҳамзоди Меҳан!

(Ба ифтихори мелоди шахсияти матраҳи миллӣ Назрӣ Асадзодаи гиромӣ)

 

Туӣ аз саршинос афроди Меҳан,

Ки бошӣ дар ғаму дар ёди Меҳан.

Ба рағми заъфнолӣ мефизоӣ

Тавону қудрати эҷоди Меҳан.

Ба рӯзи сахти бедодӣ ҳамеша

Расӣ бар доду бар фарёди Меҳан.

Хушо, то бар само сар барфарозӣ

Зи бахту қисмати озоди Меҳан.

Ҳамоно мояи фахру ғурурат

Канору гӯшаи ободи Меҳан.

Ба рӯзи ҷашну хушҳолӣ сараввал

Шитобӣ бар муборакбоди Меҳан.

Чу аз хоку гили Меҳан бизодӣ,

Туӣ парвардаву ҳамзоди Меҳан.

Ватандоро, чунон меҳанпарастӣ,

Ки мелоди ту шуд мелоди Меҳан!

 

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

           ш. Душанбе,

24 январи соли 2024

 

Хондан 1252 маротиба