JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Январи 2024 03:57

Ҷашни мелодат муборак, файласуфи номдор!  (Меҳрномаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода)

Муаллиф:

   Барои аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” 9 январ рӯзи вежаи сол аст. Дар ин рӯз поягузори маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” – Устод Комил Бекзода зодрӯз доранд. Ҳамасола дар ин рӯз дӯстону алоқамандони шахсияти Бекзода гирди ҳам омада, дар доираи нишасту маҳфили хосса сари чолишҳои имрӯзӣ баҳс мекунанд. Устод Бекзода, ки аз унвони эҳтиромию ифтихории “Устод” сахт ҳазар доранд, бо доштани дониши фарогири илмию фалсафию ихтисосӣ дар гӯшае сокит менишинанд ва бо тавозуъу назокати вежа суҳбати дӯстону алоқамандонро мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ҳама гуна андешаву афкори зидду нақиз ва ҳатто ғайриилмиро оромона таҳаммул мекунанд ва пасон муаддабонаву мудаббирона ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд. Суҳбаташон одӣ, бетакаллуф, вале мудаллал аст. Бидуни далелу бурҳони илмию фаннӣ суҳбат намекунанд ва мусоҳибро ба масири муғолата намекашанд. Ин шева ва сабки сухану андешаи Устод аст.

  Устод дар тамоми нигоштаю таълифоташон, аз ҷумла дар китобҳои “Паёмбарони фарҳанги мо” (-Душанбе: Нодир, 2000. -124 с.), “Гурез аз Хайём” (-Душанбе: Нодир, 2002. -136 с.), “Аз таърихи худшиносии тоҷикон” (-Душанбе: Дониш, 2006. -149 с.), “Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (-Душанбе: Дониш, 2012. -433 с.), “Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ” (-Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”, 2015. -651 с.), “Шуубия: диссиденты средневекового ислама” (-Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. -395 с.), “Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (-Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с.) сари мавзуъ ва масоили озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ тамаркуз кардаанд. Ҳамчунин, мақолоти зиёди устод, ки дар рӯзномаву маҷаллоти замони Шӯравӣ ва матбуоти даврии давлатӣ ва мустақили замони  истиқлол  интишор ёфтаанд, ба муҳимтарин масоили фалсафӣ, ки марбути озодию истиқлоли фикрию равонии миллианд, иртибот доранд.

   Ба унвони “Файласуфи озодандеши миллӣ” садо кардани Устод ҳанӯз аз замони шӯравӣ маълуму марсум будааст. Забон ва услуби нигориш, гузориш ва суҳбати  устод равон, равшан, салис ва орӣ аз таоруфу такаллуф буда, аз овони ҷавонӣ то имрӯз доир ба муҳимтарин масъалаҳои илмӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, равонӣ, инсоншиносӣ, табиатшиносӣ, биологӣ ва амсоли инҳо дар доираи фаҳми мардум озодона, бидуни суханбозӣ, лафзпардозӣ, худнамоӣ, ки солҳои сол махсуси як гурӯҳ интеллигенсияи ватанӣ гаштааст, гуфтугӯ мекунад. Устод дар майдони баҳси илмӣ ва фалсафӣ аз тариқи методу усулҳои таҳқиқу нигориши урупоӣ ҷилва мекунад, ки ин махсуси қалам ва сабки сухани ӯст. Илова бар ин, устод дар омӯзиш, таҳлил ва нақди осору орои фалосифаи башарӣ дасти тамом дошта, дар муаррифии бузургтарин чеҳраҳои фалсафаи ҷаҳонӣ дар матбуоти даврӣ саҳми асосӣ гирифтааст.

  Воқеан, аз қудрату тавонмандиҳои  фикрию фалсафӣ ва илмию ихтисосии файласуфону равшанфикрони миллие назири Устод Бекзода ҷомеаи тоҷик ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнии миллат мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ба устод дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, шӯхтабъиву болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати мудавоми илмию эҷодиро таманно дорем.

        Бошадат андар умури зиндагӣ авҷу барор,

       Ҷашни мелодат муборак, файласуфи номдор!

 

         Зодрӯз муборак, Файласуф ва Рӯшангари миллӣ Устод Комил Бекзодаи гиромӣ!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 9 январи 2024

Хондан 869 маротиба