JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Дӯсти арҷманду гиромӣ, Назрӣ Асадзода! Аз бомдод сафаҳоти табрикоту таманниёту шодбошиҳои мелодиро, ки ба ифтихори ҷашни мавлуди Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чида шудаанд, мурур карда, эҳсосотамон ҷӯш зад ва чун дигар дӯстону рафиқон ба маъракаи табрикотӣ пайвастем. Пешопеш ҷашни мелодатонро шодбош мегӯем.
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ, Дар синаҳои мардуми доност мазори мо. Имрӯз аз даргузашти устоди зиндаёд, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, собиқ вакили парлумон Сӯҳроб Шарипов 9 – сол сипарӣ мешавад. Устоди зиндаёд 19. Январи соли 2015 дунёи фониро падруд гуфт ва дар ин рӯз месазад, ки аз ин олими варзида, шахсияти шинохтаи сиёсӣ – иҷтимоӣ, инсони наҷибу фурӯтан ёдоварӣ кунем, хизматҳои шоистаи ӯро бори дигар иҷмолан ёдоварӣ кунем, зеро ҷойи вай дар миёни мо ва дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша холӣ боқӣ хоҳад монд.
Гиромидошти чеҳраҳои матраҳи фарҳангу ҳунари миллӣ ва интиқоли донишу таҷрибаи омӯзандаи онҳо ба наслҳои баъдӣ вазифа ва рисолати ҳар як инсони солимақлу вораста мебошад. Бахусус, дар замоне ки дунёи поки инсониро хатару вабоҳои вогиру ҳамагире таҳдид мекунанд ва буҳрону чолишҳо ҳамарӯза афзоиш меёбанд, гузаронидани маҳфилу нишастҳои маданӣ ва дар ин замина муаррифии шоистаю боистаи шахсиятҳои ҷавҳардори миллӣ ва мероси гаронмояи фарҳангию ҳунарӣ аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ маҳсуб меёбад.
Дар раванди сиёсати давлатии “дарҳои кушода” олимони кишвар имкон пайдо намуданд, ки натиҷаҳои худро дар маърази байналмиллалӣ изҳор намоянд. Дар ин маврид, аз дастгирию мусоидати ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд. Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ ва ҳамзамон и.в. ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ мебошад. Натиҷаҳои бадастовардаи назарраси Қоҳирова Г.И. дар конференсияҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар маҷаллаҳои кишвар ва маҷаллаҳои тақризшавандаи бонуфузи байналмилалии…