Тиргон калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ҷузҳои “тир” ва “гон” иборат аст. Тир — ба маънои номи моҳе аз моҳҳои гоҳшумории эронӣ буда, ба фасли тобистон рост меояд. Пасванди “гон” бо решаи “тир” тобиши маъноии мансубиятро ифода мекунад. Ба таъбири дигар, Тир – номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар форси навин бо номҳои Тиштар ва Тир зикр шудааст. Тиштар инчунин, номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.
Тиргон яке аз ҷашнҳои тоҷикӣ-эронӣ дар тиррӯз аз тирмоҳ баробар бо 13-уми Тир (дар ҳоли ҳозир аз 21 июн то 21 июл идома меёбад) дар гоҳшумории эронӣ баргузор мешавад. Ин ҷашн дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги Эронӣ) аст. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Агар аз сўйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврўз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рушноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.
Тиргон ҳамчун ҷашни фасли тобистон, дар маҷмуъ, ҷашни сулҳу ваҳдат, ҷашни моҳу рӯз, ҷашни борону об бар зидди хушксолӣ, ҷашни оини обпошон, ҷашни ситораи Тиштар (ситораи обу борон), ҷашни пӯхтани меваю гандум, ҷашни ситораи нависандагон буда, аз ҳикмати азалию намиранда ва нурофари миллати ориёитабори тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар таърих санади Тиргон «рӯзи камон кашидани Ораш камонгар» эътироф шудааст. Вазифа ва ё хешкории Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад.
Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингўш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кўҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.
Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рўз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хўрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораши шевотир ба болои кўҳи Дамованд баромад ва бо тамоми неруи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сўи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрўзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд. Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ин ривоятро зикр намуда, маълумоти зеринро илова карда навиштааст: «…номи ин рўз Тир аст, ки Уторид бошад ва он ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рўз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ў дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст ва ин рўзро аз роҳи ҷалолияту эъзом ид гардониданд. Ва дар ин рўз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипўшанд. Ва низ деҳқононро ба ин кор амр кард. Ва аз ин рўз мулуку деҳқонону мубадон ва ғайри эшон ин либосро пўшиданд. Ва то рўзгори Гўштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад. Ва дар ин рўз эрониён ғусл мекунанд. Ва сабаби он ин аст, ки чун Кайхусрав аз ҷанг бо Афросиёб баргашт, дар ин рўз аз ноҳияи Сова убур намуд ва ба кўҳе, ки ба Сова мушарраф аст, боло рафт. Ва танҳо худи ў бидуни ҳеҷ як аз лашкариён ба чашмае ворид шуд ва фариштагонро дид ва ҳамоно мадҳуш шуд. Вале ин кор бо расидани Бежани писари Гавдарз мусодиф шуд ва қадре аз оби чашма ба рўи Кайхусрав рехт. Вайро ба санге такя дод ва гуфт: «Эй подшоҳ, маяндеш». Ва қарияи Лаинро он ҷо сохта, номи онро «Маяндеш» гузориданд ва кам-кам таҳриф ёфту «Андеш» шуд. Ва расми ғусл кардану шустушўй ба ин об ва дигар обҳои чашмаҳо боқӣ ва пойдор монд ва ба роҳи табаррук. Ва аҳли Омул ба дарёи Хазар мераванд ва тамоми рўз оббозӣ мекунанд». Албатта ин як матни бофтаи омиёна аст ва Абурайҳони Берунӣ ҳам ин қарияро бо номҳои қаҳрамонони ҳамосаҳои эронӣ рабт намуда, ривоятро такмил додааст. Дар гузашта дар рўзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст.
Дар замони шоҳигарии Пирўзи Сосонӣ, ниёи Хусрави Анўшервон дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рўй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирўз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рўзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирўзшоҳ амр намуд, ки ин рўзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.
Муаллифи «Зайнулахбор» Абўсаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ дар асари таърихнигории хеш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиш зикр намудааст: «… ва андар Тиргон порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гўянд, ки мардумон андар ин рўз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихўранд ва гўянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанд ва хўрданд, ки орд натавонистанд кард. Зеро ҳама дар ҳисор буданд». Ин ривоятро Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» таъйид карда, меафзояд: «… ва чун дар вақти муҳосира кор ба Манучеҳр ва эрониён сахту душвор шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандум ва пухтани нон намерсиданд, гандум ва мева кол (хом) мепухтанд. Бад-ин ҷиҳат шикастани зарфҳо ва пухтани меваи кол ва гандум дар ин рўз расм шуд».
Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерўфтанд, либоси тоза мепўшиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди даҳ рўз дар рўзи Бод онро кушода ба бод медоданд.
Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои эронинишин ин оин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ нисбат медиҳанд. Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушўи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хўришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хўрданиҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурўҳ шуда дар кўчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин ҷашнро табрик мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд Дар байни тоҷикон дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд.
Маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд. Дар тасаввуроти баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрўз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд.
Дар давраҳои қадим мардумони манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати борон ба Қамбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуиро барпо мекардаанд, ки имрўзҳо баъзеашон ба сурати бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар зикр шудаанд. Тақрибан пас аз асрҳои 14-15 роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест.
Расму оинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд.
Бояд ёдовар шуд, ки нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла, тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд, баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рӯзи чиллаи тобистон мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне, баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст, ки аз ёдҳо рафтааст. Нишонаҳое аз ин ҷашн дар байни мардуми мо бозмондааст. То солҳои наздик тоҷикон дарави ғалларо бо шодиву сурур анҷом медоданд. Дар минтақаҳои Хатлон, Раштонзамин, водии Ҳисор суруди «Ман доғ», дар маҳалҳои дигари Осиёи Миёна суруди «Майдаё»-ро сароида, рафти кори дарав, ғалларо кӯфтан, ҷамъ кардан ва ба анборҳо ҷо намудани ҳосилро бо шодиву сурур мегузарониданд. Ҳатто ҳангоми «шабдарав» ва ба хусус пас анҷоми кори пурзаҳмат базме барпо намуда, хастагии худро мебароварданд.
Ҷашни Тиргон низ ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тамоми қаламрави мардуми эронитабор пайвастагӣ дорад. Аз ҷумла, дар баъзе минтақаҳои кишвари Эрон нишонаҳое аз ин ҷашн бозмондааст. Масалан, дар Сангсер ин ҷашнро бо номи «тирмуйи сездаҳ» (тирмоҳи сездаҳ) барпо мекунанд ва ҳамчунин бо номи «сездаҳ тому» (сездаҳ таом) хӯроки махсус мепазанд.
Тавре маълум аст, дар замонҳои бостон сол ба ду тақсим мешуд: тобистон ва зимистон. Ба ин ҷиҳат баъзе пажуҳандагон бар он назаранд, ки ҷашни Тиргон дар асл ҷашни инқилоби тобистонӣ буда, дар оғози моҳи тир таҷлил мешудааст. Дар аввали моҳи тир ҷашн гирифтани ҷашни Тиргон то ба имрӯз дар байни мардуми Фароҳон вуҷуд дорад. Мардуми Фароҳон Тиргонро дар аввали тирмоҳ таҷлил менамоянд.
Як нуктаи дигарро низ бояд ба ёд овард, ки 13-уми ҳамаи моҳҳои ниёгон рӯзи тир аст. Ба ин васила ҷашни Тиргон дар 13-уми моҳи тир аст. Аммо ҷолиб аст, ки ҷашни Тиргонро дар рӯзи 13-уми моҳҳои Фарвардин (барбари 1-2 апрел, ки рӯзи 13 аст, орзуи омадани борон) ва 13-уми Меҳрмоҳ (4-5 октябр, ҷашни тиррӯзӣ) низ таҷлил менамоянд.
Ҳамчунин ёдовар шуданро лозим медонем, ки бо гузашти замон рӯз ва моҳи ҷашнҳо дар тули таърих тағйир ёфтаанд. Дар ин бора пажуҳандагони тақвимшинос низ ишора намуда гуфтаанд, ки баробари тағйир ёфтани гоҳшумории мардумӣ ва ё ишғоли як кишвар аз ҷониби кишвари дигар мушоҳида шудааст, ки дар давоми чанд ҳазор сол гоҳшуморӣ низ ба дигаргуниҳо дучор гардад. Аз ҷумла, дар тақвими арманиёни Эрон рӯзи 13-уми январ як навъ оинҳои шодмонӣ доранд, ки ин комилан ба шабеҳи ҷашни Тиргон аст.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо ва мушоҳидаҳои мардумшиносон маълум мешавад, ки ҷашни Тиргон дар рӯзи нахустин моҳи тир дар минтақаи Фароҳон чандин садсола аст, ки таҷлил мегардад. Яъне, мардуми ин митнақа ҳамон ҷашни ниёгонро аз насл ба насл то имрӯз овардаанд.
Ба мисли ҷашнҳои дигар роҷеъ ба Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба таври гуфторӣ дар он рӯзгорони дур зиёд буда, баъдан баъзе аз онҳо аз тариқи сарчашмаҳои навишторӣ ва тасвирҳои рӯи санг то замони мо расидаанд.
Инак, чанде аз он устура ва ривоятҳоро ёдовар мешавем: Яке аз онҳо марбут ба Ораши Камонгир аст. Аз устураи зебои аз камон тир партоб намудани Ораш дар Авесто низ ёд шудааст. Аз ишорати кутоҳи Авесто метавон чунин бардошт намуд, ки устураи Ораш дар он рӯзгорони дур чун афсона ва ҳамосаи миллӣ вирди забонҳо будааст. Ҳамин вижагии ватандӯстии Ораш буд, ки онро мардум ҳазорон сол нақл карданд.
Аз Ораши Камонгир дар китобҳои «Таъриху-р-русули мулук» (Таърихи пайғамбарон ва подшоҳон)-и Табарӣ Муҳаммад ибни Ҷарир (839-923), «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Китоб-ут-тафҳиф» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулҳай Гардезӣ, «Буҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусайн Халаф Бурҳон ва боз осори таърихии дигар ишоратҳо дида мешавад. Ҳамин ишораҳо далел бар он мебошанд, ки Ораши устураӣ дар воқеъ як қаҳрамони миллии ватандӯст буда, рафтори неки ин шахсияти беназири устураӣ, афсонавӣ ва ҳамосаи ниёгони мо то имрӯз намунаи ибрат аст, ки бояд ҷавонони мо аз Ораши ватандӯст ибрат бигиранд.
Донишманди беназир Абурайҳон Берунӣ устураи Ораши Камонгирро дар асоси сарчашма ва гуфторҳои мардум хеле хуб баён намудааст. Ба гуфти пажуҳандагон ин ҳамосаи асотирӣ дар манотиқи шарқии Эронзамини таърихӣ вирди забони мардум будааст ва баъдҳо бо ҷашни Тиргон омезиш ёфтааст.
Муҳимтарин нуктаи ин устураи ҳамосӣ ва пайвастагии он ба ҷашни Тиргон ба муносибати сулҳу оромиши ду кишвари ҳамтабор Эрон ва Тӯрон (дар даврони Фаридун як кишвар буд), ки баъдан душмани якдигар шуданд, иртибот дорад.
Дар он рӯзгорон тибқи ҳикоятҳои гуфторӣ ва навишторӣ дар байни кишварҳои Эронзамин ва Тӯронзамин, ки дар асл ҳама табори якдигар буданд, набардҳо анҷом дода мешуданд. Яке аз чунин набардҳо байни Афросиёб ва Манучеҳр буд. Дар натиҷаи ҷангҳо, муборизаҳо ва мухолифатҳо сипоҳи Эронзамин дучори шикаст мешавад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо ин мағлубият дар аввали тирмоҳ буда, Афросиёб ба дунболи лашкари эрониён то Мозандарон меравад. Байни лашкари ҳар ду кишвар ҷанги шадид рух медиҳад. Пас аз ҳар задухӯрду набарди зиёд сипоҳиён хаста мешаванд, ночор ба созиш меоянд. Ҳар ду шоҳ барои он ки кинаву кудуратро аз байн баранд ва дар сулҳу салоҳ зиндагонӣ кунанд, ба шарте созиш менамоянд, ки дар миёни ҳар ду давлат сарҳад бояд муайян гардад. Барои дақиқ намудани сарҳад тасмим мегиранд, ки аз самти Мозандарон ба самти Хуросон тире партоб гардад ва ҳар он ҷое, ки ин тир афтад, сарҳади ҳар ду кишвар таъин шавад.
Дар ҳамин дам яке аз эзадбонуҳои Эронзамин, вобаста ба замин бо номи Сипандормуз, пайдо мешавад ва супориш медиҳад, ки тиру камонеро биоваранд (дар бештари сарчашмаҳо супоришро Манучеҳр медиҳад). Ӯ аз байни камонгирони номдори кишвар Орашро интихоб менамояд, ки дар бозуву тавоноию тирандозӣ монандӣ надошт ва ҳамеша тири камонро нисбат ба дигарон дуртар мепартофт. Сипандормуз аз Ораш тақозо кард, ки ин кори ватандӯстонаро ба уҳда бигирад ва тирро аз камони худ ба самти ховар раҳо намояд. Ораш ҳам пай бурд, ки имрӯз кишвараш ба неруи ӯ вобаста аст, фақат тири вай метавонад марзи кишварро муайян намояд.
Аз ҳамон замонҳои бостон то имрӯз шахсони ватандӯсту миллатдӯст ба мисли Ораш буданд ва ҳастанд. Онҳо ҳамеша сафи пеши дифои кишвари худ буданд. Ораш ҳам пас аз андешаи мухтасар бараҳна шуд. Танаи неруманду поку озодаи худро дар назди ҳозирин намоён кард ва гуфт: «Бинед, дар танаи ман каму косте вуҷуд надорад. Ман медонам, ки ин тирро аз камон раҳо намоям, тамоми неруи ман аз баданам берун меояд, вале ман ҷисмамро барои мардум ва кишварам мебахшам».
Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо Ораш бо камони худ ба кӯҳи Дамованд баромада, бо тамоми неруи бозу ва ҷисму ҷони худ тирро чунон раҳо менамояд, ки он парвоз мекунад. Дар ин замон худои бузугвор Аҳурамаздо (Ҳурмузд) ба яке аз фариштаҳо, яъне фариштаи Бод фармон медиҳад, ки ин тири сарнавиштсозро нигаҳбонӣ намояд, то вай бидуни осеб дуртар парвоз намуда, марзи кишвар муайян шавад. Ин тир дар фазои равшани осмон то нимрӯз парвозкунон, аз болои кӯҳу дара, дашту саҳро, боғу роғ гузашта, бар танаи калонтарин дарахти чормағзе мезанад, ки дар соҳили дарёи Ҷайҳун буд. Ана ҳамин тавр, ҳамон ҷоеро, ки тир ба танаи чормағз зад, гӯё наздики Фарғона будаст, чун сарҳади Эронзамин ва Тӯронзамин муайян мешавад. Тибқи устура ва ривоятҳои гуфторӣ ва навишторӣ аз он замон ба баъд ин рӯзи некро, ки 13-уми тирмоҳ аст, мардум ҷашн мегиранд.
Ба гуфти баъзе пажуҳандагон Ораши Камонгир пас аз раҳо намудани тири камон беҳуш шуда, ба замин меафтад ва баъд Манучеҳр кишварро обод намуда, лашкари худро неруманд месозад ва Орашро сарвари сипоҳиёни тирандоз таъин мекунанд. Аммо мувофиқи ривоятҳои дигар баробари раҳо кардани тир танаи озодаи Ораши покманиш пора-пора мешаваду тир хеле дур парвоз карда, ба ҳадаф мерасад.
Ин аст, ки ба гуфтори ниёгони мо ҷашни Тиргон ин раҳо намудани тири Ораш аз Табаристон (Мозандарон) ба сӯи машриқзамин мебошад, ки ба тани дарахти чормағз омада зад. Маҳз ба воситаи он тири Ораш марзи Эрон ва Тӯрон тибқи созишномае таъин шуд ва сулҳ барқарор гашт.
Қаҳрамони мардум Ораши Камонгир ҳамчун тирандози беназир баъдан дар устураҳое пайдо мегардад, ки ӯ ҳамроҳи эзадон бо девон мубориза мебарад. Ин аст, ки тири рахшандаи ӯро ба ситораи Тиштар монанд намудаанд. Тиштар яке аз ситораҳое аст, ки дар қисми ҷанубии осмон намоён мегардад. Дар сарчашмаҳо ва дар байни мардум чун ситораи Сайҳун машҳур аст. Олимон ва шоирон онро ситораи Яман ё ситораи Ямонӣ гуфтанд.
Ба ин ҷиҳат аз Ораш дар Авесто, дар «Тир-яшт» ҳам аз ситораи Тиштар ва ҳам Ораш бо самимият ситоиш шудааст. Дар «Кардаи чорум»-и Авесто омадааст: «Тиштар – ситораи ройуманди фаррамандро меситоем, ки шитобон ба сӯи дарёи Фарохкарт битозад чун он тири дар ҳаво паррон, ки Ораши тирандоз – беҳтарин тирандози эронӣ, аз куҳи Аирйохшута ба сӯи кӯҳи Хванвант биандохт… . Он гоҳ офаридгор Аҳура Маздо бад-он дамид, пас он гоҳ [изадони] обу гиёҳ ва Меҳри фарохчарогоҳ он [тир]-ро роҳ падид оваранд». Дар устураи авестоӣ Ораши паҳлавонеро мебинем, ки бар зидди деви хушксолӣ мубориза мебарад. Яъне пас аз он ки Ораш тирро раҳо менамояд, ҳам Аҳурумаздо ва ҳам эзадони дигари «обу гиёҳ» роҳи он тирро муайян менамоянд: «Он гоҳ офаридгор Аҳура Маздо бад-он дамид, пас он гоҳ [изадони] обу гиёҳ ва Меҳри фарохчарогоҳ он [тир]-ро роҳ падид оваранд».
Ба ин ҷо ба як нуктаи муҳим бояд ишорат кард, ки дар бораи Ораш на фақат дар Авесто чун «беҳтарин тирандоз» ёд шудааст, балки номи вай дар он замонҳои бостон дар байни мардум машҳур будааст. Аз ҷумла, дар китоби «Ведо»-и ҳиндиҳо низ Ораш бо ифтихору шарафманд ёд шудааст. Дар китоби «Ведо» эзади «Агни» хушксолиро ба вуҷуд меорад ва Ораш дар мубориза ба он ширкат менамояд.
Баъдҳо симои Ораш дар сарчашмаҳои даврони Сосонӣ дида мешавад. Дар устураҳои даврони Сосонӣ ин паҳлавони ориёӣ, яъне Ораш ба муқобили деви хушксолӣ мубориза мебарад.
Тавре ки устурашиносон Пури Довуд, М.Баҳор, Мирчолояди, Ҷ.Дӯстхоҳ, И.В.Рак, А.Раҳмонзода ва дигарон дар асарҳои худ ишора намудаанд, маъмулан ҳангоми аз даҳон ба даҳон, аз насле ба насле гуфтан як устура ба устураи дигар табдил меёбад. Ин гуна тағйиротро дар матни устура, афсона, ҳамоса, қисса ва ривоятҳои мардумӣ зиёд мебинем. Симои Ораш низ дар устураҳои қадим гоҳе омезиш ёфта, аз як симо ба симои дигар табдил гаштааст.
Нисбат ба устураи Ораш метавон ёдовар шуд, ки дар Авесто вай шарики ситораи Тиштар аст. Агар дар устураи авестоӣ ба Ораш ситораи Тиштар ёрӣ расонад, дар «Таърихи Табарӣ» ӯ зинда монад, аммо дар ривояти Берунӣ Ораш пас аз тирандозӣ пора-пора мешавад.
Доктор Мустафо Бобохонӣ ва пажуҳандагони дигар бар он ишора намудаанд, ки имрӯзҳо дар минтақаи Фароҳони кишвари Эрон ҷашни Тиргон дар рӯзи аввали моҳи тир (21 июн) баргузор мешавад. Ҷашнро барои бардошти шукронаи гандум баргузор менамоянд. Ба ин муносибат барпо намудани ҷашни Тиргон реша ба боварҳои ниёгон дорад.
Тавре дар боло қайд кардем, дар навиштаи А.Берунӣ Ораши Камонгир паҳлавони беҳамтое аст, ки Ватанро дифоъ мекунад. Ба воситаи неруи худододи ӯ сарҳади ду кишвар муайян мегардад ва сулҳ барқарор мешавад. Аз ҳамон замони бостон то имрӯз ҷашни Тиргон дар Мозандарон бо номи «тирмоҳи сездаҳшав» баргузор мешавад. Мардум тибқи бовар ва оинҳои бостонӣ гоҳшумории суннатиро риоят мекунанд. Барои мозандарониҳо ҳоло ҳам сездаҳи моҳи тир солшумории суннатӣ буда, аз тирмоҳи хуршедӣ тафовут дорад. Ба ҳамин минвол, дар минтақаи Омул низ имрӯзҳо ҷашни «тирмоҳи сӯзаи шав» (моҳи тири сӯзони шаб) бозмондааст.
Ҳам аз Тиргон ва ҳам аз корномаи паҳлавони беназари миллии мардуми ориётаборон Ораши Камонгир шоирон Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷомӣ, Сиёвуши Касроӣ ва дигарон бо меҳр ёд кардаанд:
Ман аз тухмаи номур Орашам,
Чу ҷанг оварам оташи саркашам.
(Фирдавсӣ)
Ситамдидаро додбахше кунам,
Шаби Тиргонро дурахше кунам.
(Низомӣ)
Дар гаронмоя равшангуҳар,
Садафвор бар тиргон баста дар.
(Ҷомӣ)
Ба субҳи ростин савганд!
Ба пинҳон офтоби меҳрбори покбин савганд!
Ки Ораш ҷони худ дар тир хоҳад кард,
Пас он гаҳ бедаранге хоҳадаш афканд…
(Сиёвуши Касроӣ)
Тавре ки ишорат намудем дар сарчашмаҳо дар бораи ҷашни Тиргон устураҳо ва ривоятҳои гуногун аст. Дигаре ба Кайхусрав вобаста аст. Ҳам Берунӣ ва ҳам Гардезӣ ишора бар он намудаанд, ки нопадид шудани Кайхусрав низ маҳз бо ҳамин ҷашни Тиргон пайвастагӣ дорад.
Дар адабиёти мардумшиносӣ оид ба оинҳои Тиргон гуфта мешавад, ки ин ҷашн ба хотири одоб ва русуми махсусаш зебост. Дар ин ҷашн бозиҳо ва обпошӣ мекунанд. Яъне об дар ин ҷашн мақоми муҳиме дорад. Дар даврони бостон Тиргонро дар канори чашма, рудхона ё наҳре баргузор мекардаанд ва ба рӯи ҳамдигар об мепошидаанд, то гармиро барҳам зананд.
Мардум дар кучаҳо суруду мусиқӣ, шодиву хурсандӣ мекарданд ва дар бегоҳӣ машъалҳо меафрухтаанд. Кишоварзон мекӯшиданд ҳамаи корҳои саҳроии худро ба охир расонанд ва ба истиқболи ҷашни Тиргон бо хотири ҷамъ омада, дар он шодиву хурсандӣ ва истироҳат кунанд.
Донишмани эронӣ Баҳром Фраҳвашӣ дар китоби «Ҷаҳони фарварӣ»-и худ дар мавриди оинҳои “Сездаҳбадар” ибрози андеша карда, оид ба вижагиҳои баргузории ин ҷашни бостонии ниёкон менависад, ки «Ҳамаи мардуми рустоҳо, аз хурд то калон ва бештари мардуми шаҳрҳо, аз бомдод то шомгоҳ, ба саҳро ва киштзорҳо рӯй меоваранд ва дар канори чашмаҳо ва рӯдҳо ва ҷӯйборҳо ба шодӣ ва бозӣ ва ромиш мепардозанд. Аз русуми дигари сездаҳ, гиреҳ задани сабза барои бозшудани бахти дӯшизагон аст … Гиреҳ задани ду шоха сабза дар рӯзҳои поёнии зоиши геҳонӣ, тамсилист аз пайванди як мард ва зан, ки мебоистӣ ба ҳам бипайванданд то тасалсули таваллуд барқарор гардад ва орзуи гиреҳзананда, ки толиби ҳамсар аст, бароварда шавад. Бозиҳои гуногун ва охирин сурудхонӣ ва дастафшонии пайки наврӯзӣ дар рӯзи сездаҳ ёдгоре аз охирин маросими корноволии даврони куҳан аст ва ба вежа асбрақсон… нишонае аз шодии эзади Тир дар пирӯзӣ бар деви хушксолӣ аст. Ва расми бозиҳои бурду бохтӣ, ки дар рӯзи сездаҳ маъмул аст ва дар онҳо як нафар ё гурӯҳе баранда мешаванд, ба вижа мусобиқаи аспдавонӣ, ки дар бархе аз рустоҳо маъмул аст, ёдовари кашмакаши байни эзади борон ва деви хушксолӣ аст ва пирӯзии як асп дар мусобиқа ҳамонанди пирӯзии аспи эзади борон ва шодиҳо ва рақсҳо боқимондае аз маросими татҳири дарунӣ дар соли нав аст».
Ниёгони мо ба навиштан, дар канори сарвати гуфторӣ ба осори навишторӣ низ эҳтиром доштанд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти А.Берунӣ пайравии ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат, китобат намудан ба ин ду наздик мебошад. Дар асоси сарчашмаҳо ва шунидаҳояш аллома А.Берунӣ дар ин бора низ чунин ишора намудааст: «Ва сабаби дуюм он аст «даҳуфазия», ки маънои он ҳифзи дунё ва нигаҳбони он аст ва фармонравоӣ дар он ва деҳқанат, ки маънои он иморати дунё ва зироату қисмати он аст, бо ҳам тавъаманд, ки имрони дунёву қивоми олам бад-онҳост ва фасоди олам бад-онҳо ислоҳ мепазирад. Ва китобат дар пайравии он ва наздик ба ин ду мебошад. Аммо «даҳуфазия» аз Ҳушанг содир шуда ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намуда аст. Ва номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад, ки ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рӯз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ӯ дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст. Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолияту иъзом ид гардониданд. Ва дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Ва аз ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд. Ва то рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад». Ба ин ҷиҳат ҷашни Тиргон дар гузашта рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст.
Роиҷтарин оини ҷашни Тиргон ин «Фоли кӯза» аст, ки он дар оинҳои наврӯзӣ низ маъмул аст. Дар ин оин бештар духтарони болиғ иштирок менамоянд. Гоҳе занҳои ҷавон низ ширкат меварзанд. Тарзи баргузории «Фоли кӯза» чунин аст: рӯзе пеш аз ҷашн аз байни духтарони дӯшиза якеро интихоб намуда ба вай як кӯзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Ин кӯзаро «дула» меноманд. Духтар кӯзаро бо оби покиза пур намуда, даҳони онро бо як рӯймоли сабзи абрешимӣ мепӯшонад. Сипас, кӯзаро духтаре ба навбат ба назди духтароне мебаранд, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар нафари ширкаткунанда, чизеро ба дохили кӯза меандозанд. Мисол: гӯшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мӯй ва ғайра. Баъди ин амал кӯзаро ба назди дарахти сабзе ба мисли арча ва сарв бурда онро дар таги дарахт мегузоранд. Рӯзи дигар ҷашн оғоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Ҳамон духтароне, ки ба оини «Фоли кӯза» ширкат кардан хоста ба кӯза чизе андохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Баъдан он духтаре, ки кӯзаро дар таги дарахт гузошта буд ё яке дигаре кӯзаро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дӯшизаи посбони кӯза дасташро бар даруни он андохта яке аз чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол мазумин шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд.
Яке аз оинҳое, ки вижаи ҷашни Тиргон аст ин оини «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Киромон маъмул аст. Мардуме, ки ба ҷашн ширкат доранд ҳама хурду калон дар аввали ҷашн пас аз хӯрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камонро, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро дар ҳама ҷо «Тир ва бод» мегӯянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бударо то 9-10 рӯз, то рӯзи бод нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рӯз, гӯё рӯзи бод мерасад. Дар рӯзи бод гурӯҳ-гурӯҳ ё чанднафарӣ ба баландие, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст, ба мисли тепа, баландӣ, болои бом баромада, он бандро аз банди дастони худ кушода, ба бод ба ҳаво сар медиҳанд. Дар ин амал ду боварӣ нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз яздон таманнои онро доранд, ки амалӣ шавад; дигаре он аст, ки бо ёрии эзади бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангоми ба бод супоридани дастбанди ҳафтранги худ таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд (дар апрели 1995) сабт намудааст:
Тир буру бод биё,
Ғам буру шод биё,
Меҳнат буру рӯзӣ биё,
Хӯшаи марворӣ биё.
Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ аз як тараф тиру камони Ораши Камонгир ёд шуда, аз рафтани тир омадани боди форам, аз рафтани ғам, омадани шодмонӣ ёд шавад; аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рӯзӣ, ки он дар дарав намудани ғаллаи гандум, яъне «хӯшаи марворӣ» аст, ёдварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи тир (21 июн -21 июл) рух дода, ба идомаи Сада, Наврӯз, давоми ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ аст, ки ризқу рӯзии инсон дар тамоми сол ба он пайваста мебошад.
Ҳамин тавр, ҷашнҳои бостонии мо аз даврони қадим то ба имрӯз зиндаанд ва хусусиятҳои этникӣ-равонии миллатро бозгӯ менамоянд. Онҳо пайванди воқеии наслу асрҳо мебошанд, ки аз даври таърихӣ то ба имрӯз мавҷуданд ва дар ташаккул додани ҳувияти миллӣ нақши худро мебозанд. Дар муроҷиат ба онҳо мо ояндаи миллатро месозем, зеро онҳо барандаву ҳовии арзишҳои муҳими маънавианд. Ҷашну оинҳои бостонӣ аз ояндаи миллат дарак медиҳанд, зеро аз умқи асрҳо ба имрӯз расидаанд ва неруи созандаи фардо мебошанд.
Инак, бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар ҷашнҳои аҷдодӣ ҷашни Тиргон низ дубора эҳё шудаву ташаккул меёбад. Фаромӯш набояд кард, ки саҳми Сарвари давлат дар таҳкиму тақвият ва эҳёву муаррифии суннатҳои аҷдодӣ хеле назаррас буда, дар сафҳаҳои таърих абадан нақш хоҳад баст. Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошту эҳтироми унсурҳои табиат дар арсаи ҷаҳонӣ, маҳз аз ҳикматҳои созандаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Тиргон, ки бо фалсафаи об тавъам аст, гувоҳӣ медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки дар қатори ҷашну маросимҳои миллӣ, аз қабили Наврӯзу Меҳргон ва Сада ҷашни Тиргон низ дар таърихи адабу фарҳанги миллати ориёитабори тоҷик нақшу мақоми барозанда дорад.
Маҳз дар заминаи посдории ҳикматҳои бо об алоқаманд - ҷашни Тиргон 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таваҷҷуҳи аҳли башарро ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба ин санаи аҷдодӣ чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд. Аз ҷумла, дар такя бо моҳияти баргузории ТИРГОН ҷашнвораҳое чун “Иди зардолу”, “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” ва намоиши меваҳои тобистонаи Тоҷикистон доир карда мешавад. Ҳамзамон, баргузории чорабиниҳое чун маҳфилҳои адабӣ бо чалби шоирону нависандагон инъикосгари ҳикмату оинҳои Тиргон ба шумор меравад.
Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир,
доктори илмҳои филология, профессори кафедраи МТЗА-и
ДДОТ ба номи С.Айнӣ,
Зайдуллозода Саида Зайдулло
номзади илмҳои филология,
дотсенти МТЗА-и ДДОТ ба номи С.Айнӣ