Нусхаи чопи
Ҷумъа, 16 Майи 2025 01:04

Арзишҳо, арзишҳои миллӣ ва низоми арзишҳо. Нақши таъйинкунандаи онҳо дар ташаккули ҳувийяти миллӣ ва мавқеъгирии давлатӣ

Муаллиф: Асадзода НАЗРӢ (ҷомеашинос)

   Яке аз бахшҳои муҳим, мураккаб ва таъсиргузори фарҳанги маънавӣ арзишҳо аст. Арзишҳо ба зиндагии инсонҳо маънӣ мебахшанд. Фарҳанги тамоми ҷомеаҳои инсонӣ усулан чизе нест ҷуз низоми арзишҳо ва ё тасвири хосе аз ҷаҳон, ки дар онҳо арзишҳо ҷойгоҳи меҳварӣ доранд.

 Арзиш мафҳуми фалсафист. Он бахше аз фалсафа, ки арзишҳоро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад, арзишшиносӣ ва ё аксеология ном дорад.  Арзишҳо нуқтаҳои тамаркуз(ориентатсия) ва василаҳои ангезабахш (мотиватсионӣ)-и фаъолияти инсонҳо ва ҷомеаҳои инсонӣ мебошанд. 

Арзишҳо метавонанд дар ашё, ғояҳо, рамзҳо ва мафҳумҳо ифодаву инъикос шаванд. Ҳамчунин арзишҳо дар симои шахсиятҳои муайян низ метавонанд ифода гарданд, ки онро таҷассуми арзишҳо дар шахсият мегӯянд (ба англ.: personification of valies; ба русӣ: персонификация ценностей) мегӯянд. Қаҳрамонон, давлатмардон, шахсиятҳои таърихиву илмиву фарҳангӣ дар низоми арзишҳои миллӣ ва анбиёву авлиё, имомҳову шайхҳо дар низоми арзишҳои диниву мазҳабӣ аз қабили арзишҳоеянд, ки дар симои шахсиятҳо таҷассум ёфтаанд. Дар низоми арзишҳои диниву мазҳабӣ бисёре аз ин арзишҳо то ба ҳадди тақаддусбахшӣ (сакрализатсия) низ расонида шудаанд.  Ин амал як амали ҳадафмандонаест, ки барои зеҳниятсозӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи омма анҷом дода мешавад. Як  шарти ба арзиш табдил ёфтан ва тақаддусбахшии шахсиятҳо поку муназзаҳ ва идеалӣ нишон додани кору рӯзгори онҳост. 

Хусусияти умдаи арзишҳо дар он аст, ки онҳо фард ва ҷомеаро барои иҷрои амалҳои муайяне ангеза медиҳанд ва барои ҳомилонашон меъёрҳои рафтор ва ахлоқ меофаринанд. Яъне чигунагии рафтор ва самти ҳаракати амалкардҳои фард  ба низоми арзишие вобаста аст, ки ӯ онро пазируфтааст. Аз ин аст, ки ҳар гуна меъёри ахлоқие ифодакунандаи моҳияти низоми арзишҳои муайянест. Бинобар ин, метавон бо мушоҳидаи рафтору фаъолият ва кунишу вокунишҳои ҳар фард ва ҷомеае дар бораи арзишҳои воқеии он хулоса баровард.      Аз ин аст, ки арзишҳоро муайянкунанда ва қутбнамои фаъолияти фард ва ҷомеа низ донистаанд. Онҳо монанди чароғи роҳнамоеянд, ки хатти ҳаракати бовармандонашонро муайян мекунанд. Бо эътино ба ин ҷанбаи масъала арзишҳоро ҳамчун муҳимтарин шохиси фард ва ҷомеа низ метавон дар назар гирифт. Ошкор кардани арзишҳои шахс ва ё ҷомеа саҳеҳтарин  василаи ошкор кардани сифатҳои ботинӣ ва пешгӯиву пешбинӣ кардани рафтору амалкардҳои онҳо дар оянда мебошад. Масалан, дар китоби “Стратегемма”-и  Полиэн  омада, ки Камбуҷия – писари Куруши Бузург дар соли 525 пеш аз мелод ҳангоми забти давлати Миср бо огоҳ шудан аз ин ки қибтиён гурбаро муқаддас медонанд ва ҳамчун арзиши авлавиятдошта пазируфтаанд, бо камоли ҳӯшмандӣ аз тактикаи аҷиби ҷангӣ ва таҳоҷуми психологие барои шикасти сипоҳи қибтиён истифода кард. Фиръавн(шоҳ)-и Миср Псамметихи III бо сипоҳаш дар канори рӯди Нил, дар қалъаи Пелузия паноҳ бурда буд. Камбуҷия пеш аз ҳуҷум фармуд, ки бар сипарҳои сарбозонаш акси гурбаҳоро кашанд. Мисриён бо дидани акси гурбаҳо дар сипарҳои лашкари Камбуҷия аз тиру найзаву шамшер задан ба сӯи онҳо худдорӣ карданд ва дар натиҷа дар ин набард, ки маъруф ба набарди Пелузия аст, шикаст хурданд.

Миллатҳои қудратманду пешрафтаи ҷаҳон бо сӯиистифода аз ин навъ нуқтазаъфҳое, ки дар низоми арзишҳои миллатҳои дигар, алалхусус мардумони мусулмон вуҷуд доранд, ҳамеша вазъиятҳое меофаранд, ки барояшон судманд аст.  “Давлати исломӣ”, “хилофати исломӣ”, “ҷиҳод”, “шариат” ва амсоли инҳо аз қабили арзишҳои исломие мебошанд, ки субъектҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ бо истифода аз онҳо тӯли солҳои охир дар қаламрави даҳҳо кишвари мусулмоннишин ба осонӣ вазъияти иҷтимоиву сиёсиро ба ҳам зада, заминаи дахолат ва баҳрабардории худро дар дарозмуддат таҳия мекунанд.                                                                                                                                                 

Чунонки мебинем, арзишҳои ғайривоқеие, ки бар асари бовару эътиқод дар сатҳи як ҷомеа пазируфта шуда, бо манофеи воқеии онҳо созгор нестанд, сабаби мавқеъгириҳо ва амалкардҳои нодурусти мардум мегарданд, ки ба зарари худи онҳо ва ба нафъи дигарон аст. Дар кишвари мо низ баъзе қишрҳои иҷтимоӣ арзишҳоеро дар зеҳни ҷомеа ҷой мекунанд, ки онҳо метавонанд заминаи рафторҳо ва мавқеъгириҳои барои миллату давлати мо хатарноки ҳомилонаш гарданд. “Давлати исломӣ” яке аз ҳамин гуна арзишҳои сиёсии таҳмилшуда дар кишвари мо буд, ки дар ибтидои даҳаи 90-уми садаи гузашта дар зеҳни иддае аз мардуми тоҷик ҷой карда шуд. Дар натиҷа онҳо бо пазириши он арзиш водор ба амалкардҳое шуданд, ки хилофи манофеи миллии мо буд. Айни замон низ дар низоми арзишҳои динии ҷомеаи мо арзишҳои муайяне ҳастанд, ки дар сурати авлавият пайдо карданашон метавонанд муносибати миллатро нисбат ба манофеи миллии худ тағйир диҳанд. Аз ин рӯ, давлат ба хотири ҳифзи бақо, манфиатҳо ва рушди миллат набояд дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа ва алалхусус низоми арзишҳои он мавқеи бетарафона дошта бошад. Беэътиноӣ нисбат ба ин масъала беэътиноӣ нисбат ба сарнавишти миллат аст. 

Муҳиммияти ҷойгоҳи арзишҳоро дар таъйини сарнавишти миллатҳо, оянданигарии равандҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ ва тарроҳии ин равандҳо аз тарафи  субъектҳои сиёсии байналмилалӣ метавон аз он пай бурд, ки давлатҳои абарқудрат ба хотири истифода ва сӯиистифода аз арзишҳои мавҷудаи ҷомеаҳои мухталиф, хоса ҷомеаҳои ақибмонда бо мақсадҳои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ “Созмони умумиҷаҳонии омӯзиши арзишҳо”-ро таъсис додаанд.  “Созмони умумиҷаҳонии омӯзиши арзишҳо” дар имтидоди 50 соли фаъолияти худ дар ростои шинохти арзишҳо, низоми арзишҳо, навъи ҷаҳонбинии ҷомеаҳои мухталиф  ва робитаи он бо рушди миллӣ дар сатҳи 97 кишвари ҷаҳон бо фарогирии тақрибан 90 %-и аҳолии ин кишварҳо дар 7 марҳилаи таҳқиқоти худ аз солҳои 1981 то 2020 пажӯҳишҳои фарогир анҷом дода, ба ин натиҷа расид, ки рушди ҳар ҷомеае мустақиман ба сатҳи ташаккули шуури ҷомеа иртибот дорад ва маншаъи мушкилоти ҳар гурӯҳи иҷтимоие низ аслан дар шуури ҷамъиятии он аст.

Арзишҳо чанд навъ мешаванд ва таснифоти арзишҳо вобаста меъёрҳоест, ки ҳангоми арзёбии онҳо истифода мегарданд.

  1. Бо назардошти шакли зуҳурот арзишҳоро ба ду гурӯҳи калон метавон ҷудо кард: а) арзишҳои моддӣ; б) арзишҳои маънавӣ.

а) Арзишҳое, ки айнӣ (объективӣ, моддӣ, табиӣ) буда, қобили мушоҳидаанд, яъне ба воситаи ҳавоси панҷгона мавҷудияташон тасдиқ мешаванд, арзишҳои моддӣ ном доранд. Ба арзишҳои моддӣ аз ҷуғрофиёи зист (Ватан) сар карда то муҳимтарин неъматҳои моддие, ки барои ҳифзи бақо ва ҳаёти инсон нақши таъйинкунанда мебозанд, дохил мешаванд. Масалан, мавқеи зист(хона), хонавода, дороӣ, Ватан ва амсоли инҳо. Аммо барои ба арзиш мубаддал шудани ашёву падидаҳои моддиву табиӣ танҳо судмандии моддии онҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои биологии инсон кофӣ нест. Фақат он ашёву падидаҳои моддиву табиӣ метавонанд ба арзиш табдил ёбанд, ки ба онҳо ба таври зеҳнӣ сифатҳову ҷанбаҳои маънавӣ илова карда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳатто арзишҳои моддӣ низ то андозае хусусияти нисбӣ ва зеҳнӣ (субъективӣ) доранд. Ба таъбири дигар, ҷойгоҳи баланди арзишҳо ва ҳатто тақаддус (сакрализатсия)-и онҳо дар зеҳнияти одамон на фақат вобаста ба сифатҳои воқеиву табииашон, балки ба тарзи пазириш ва арҷгузории одамон низ вобастагӣ дорад. Масалан, дар низоми арзишҳои миллӣ агар Ватанро ҳамчун мафҳуми ҷуғрофӣ дар назар гирем, он барои намояндагони ҳар қавму миллат макони хосеро аз қаламрави кураи Замин дар бар мегирад. Он бахш аз сайёраи Замин, ки барои як миллату халқ ҳамчун Ватан арзишманд ва ё муқаддас аст, барои дигар ақвому миллатҳо аз диди арзишӣ он ҷойгоҳро надорад, дар ҳоле, ки аз ҷиҳати табиӣ ва шароити иқлимӣ онҳо метавонанд баробарарзиш бошанд. Ва ҳатто марзу буми як кишваре, ки аз диди захираҳои табиӣ ва шароити иқлимӣ барои зист на чандон созгор аст, барои шаҳрвандонаш арзиши хеле болотар аз ҷуғрофиёи созгори зисти мардумони дигарро дорад. Ин масъала марбут ба он аст, ки инсон ва ҷомеаи инсонӣ ҳамчун ҷузъе аз олами ҳастӣ барои зуҳур, зиндагӣ, ҳифзи бақо ва рушд ногузир ба фазову макон ниёз дорад. Миллат бидуни доштани қаламрави зисте, ки корбурди имконоту захираҳои табииаш дар ихтиёри ӯст, наметавонад ҳамчун воҳиди мустақили этнофарҳангӣ ба дараҷаи лозимӣ рушд кунад. Аз ин рӯ, Ватан ҳамчун арзиши воқеӣ ва ҳаётан муҳим дар низоми арзишҳои ҳар миллат ва ҷомеае ҷойгоҳи махсус дорад. Барои мо-тоҷикон қаламрави зисти ҷуғрофӣ ва таърихиамон ҳамчун Ватан арзиши муқаддас аст.

б) Арзишҳое, ки ҷанбаи субъективӣ (зеҳнӣ, абстрактӣ) доранд, арзишҳои маънавӣ номида мешаванд. Хайр, адолат, озодӣ, номус, ростӣ, некӣ, зебоӣ, ишқ, садоқат, дӯстӣ, ҷасорат ва амсоли инҳо аз қабили арзишҳои маънавӣ мебошанд. Тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва бадеӣ-эстетикӣ ба гурӯҳи арзишҳои маънавӣ дохил мешаванд. Бештарини арзишҳои диниву мазҳабӣ низ мансуб ба ҳамин гурӯҳи арзишҳоянд.

  1. Арзишҳо вобаста ба субъект, ҳомил ва сатҳи фарогирии худ метавонанд умумибашарӣ, миллӣ, маҳаллӣ, хонаводагӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ғ. шаванд.

а) Он арзишҳоеро, ки дар сатҳи тамоми башарият ва ё аксари ҷомеаҳои инсонӣ қобили пазириш ва арҷгузорианд, арзишҳои умумибашарӣ мегӯянд. Аксари ин арзишҳо аслан дар таркиби низоми арзишҳои ахлоқӣ, эстетикӣ, миллӣ, маҳаллӣ, хонаводагӣ, динӣ, мазҳабӣ вуҷуд доранд.  Инсон, ҳуқуқу озодӣ ва баробарии инсонҳо новобаста ба мансубияти нажодиву миллӣ ва навъи эътиқод ва ғ. аз қабили арзишҳои умумибашарианд;

б) Арзишҳое, ки дар сатҳи як миллат ва ё аксарияти афроди он мавриди пазириш ва эҳтиром қарор дошта, ба ҳифзи бақо ва рушди он мусоидат мекунанд, арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбанд. Масалан, миллат, меҳан, забон ва фарҳанги миллат, давлати миллӣ, шаъну эътибори миллат, муқаддасоти миллӣ, қаҳрамонҳои миллат, сармояҳои миллӣ ва амсоли инҳо аз қабили арзишҳои хоси миллиянд.

в) Он арзишҳое, ки барои давлати муайян ва сарнавишти он таъйинкунандаанд, арзишҳои давлатӣ ном доранд. Ҳар давлате вобаста ба навъ, шакли идоракунӣ ва сохтори худ низоми хоси арзишҳои худро дорад. Масалан, барои давлате, ки теократист, асли низоми арзишҳояш аз арзишҳои динӣ ва барои давлате, ки мардумсолору дунявист, ҷузъиёти низоми арзишҳояш аз арзишҳои дунявӣ ва фарҳанги дунявият иборат аст. Низоми арзишҳои давлати миллӣ аслан аз арзишҳои миллӣ иборат аст.       

г) Арзишҳое, ки асл ва ҷавҳари таълимоти диниву мазҳабиро ташкил медиҳанд, арзишҳои диниву мазҳабӣ маҳсуб мешаванд. Худо, анбиё, китобҳои ба ном муқаддас, биҳишт, амокини муқаддаси диниву мазҳабӣ, шариат, авлиё, ҷашнҳои динӣ ва ғ. ба ин гурӯҳи арзишҳо мансубанд.   

д) Арзишҳои маҳаллӣ ва музофотӣ ҳамчун ҷузъи такфарҳанг(субкултура) аслан аз гузинаҳои ҳаммонанди арзишҳои умумимиллӣ иборатанд, аммо тафовут дар он аст, ки ҳомилонаш он гузинаҳоро аз арзишҳои миллӣ афзалтар медонанд. Масалан, зодгоҳ ва маҳаллу минтақаи худро нисбат ба Ватан, лаҳҷаи маҳаллии худро нисбат ба забони адабии миллӣ, нангу номус ва ҳувийяти маҳаллиро нисбат ба нангу номус ва ҳувийяти миллӣ авлавият медиҳанд.

е)  Он арзишҳое, ки дар сатҳи як хонавода, ё аксарияти аъзои он ва ё фард муҳим ҳисобида мешаванд, арзишҳои хонаводагӣ ва фардӣ ном доранд. Арзишҳои хонаводагӣ ва фардӣ аслан таркибе аз ҳамон арзишҳои умумибашариву миллӣ, маҳалливу мазҳабӣ ва ахлоқианд, аммо ҷанбаҳои хос низ доранд. Масалан, шахсияти падару модар барои фарзандон, шахсияти фарзандон барои падару модар, меъёрҳои мутақобилаи байни зану шавҳар, амволи хонавода ва дороиҳову сарвати шахсӣ, обрӯ ва номи нек, урфу одат ва муқаррароте, ки дар сатҳи хонавода риояи он муҳим дониста мешаванд, хешу ақрабо, ашёву абзоре, ки аз наслҳои пешин ба мерос мондааст ва ғ.

ё) Арзишҳое, ки меъёрҳои ахлоқӣ ва рафторро меофаринанд, арзишҳои ахлоқӣ ном доранд. Хайр, некӣ, ҷавонмардӣ, ҳимматбаландӣ, ҷасорат аз зумраи чунин арзишҳоянд.   

ж) Он арзишҳоеро, ки бар асоси завқу салиқа ва отифаи аксарияти инсонҳо офарида шуда, меъёрҳои зебоишиносиро таъйин мекунанд, арзишҳои эстетикӣ мегӯянд. Зебоӣ, ҳусн, таносубу эътидол ва ғ. намунае аз арзишҳои эстетикианд.

Арзишҳоро бар асоси меъёрҳои фавқуззикр ва дигар меъёрҳо низ метавон боз ҳам дақиқтар гурӯҳбандӣ кард, аммо дар ин навишта ба тафсилоти аз ин бештар ниёз нест.

Аксар маврид афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба арзишҳое пойбанданд, ки на аз як навъи мушаххаси арзишҳо, балки аз маҷмӯаи дарҳамомехта ва ба ҳам алоқаманди онҳо иборат мебошанд.

Маҷмӯи арзишҳое, ки моҳиятан ба ҳам алоқаманд буда, ҳадафҳову меъёрҳои қазоват ва рафтори аксарияти намояндагони як гурӯҳи иҷтимоиро таъйин мекунанд, низоми арзишӣ ном дорад. Шаклгирии низоми арзишҳо аслан хусусияти иҷтимоӣ дошта, равандест, ки дар дарозмуддат сурат мегирад. Бо мафҳуми “низоми арзишҳо”, ки мафҳуми фалсафист, арзишҳои моҳиятан ҳамоҳангшудае дар назар дошта мешаванд, ки аз тарафи афрод ва ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ пазируфта шуда, ба онҳо ангезаи амал, талошу сахткӯшӣ ва ҳатто фидокорӣ мебахшанд.

Ҳар низоми арзишие метавонад арзишҳоеро низ фаро гирад, ки ҷузъи низомҳои арзишии дигаранд, ба шарте, ки моҳиятан бо он дар таноқуз қарор надошта бошанд. Ба таъбири дигар, фард ва ҷомеа метавонанд дар як вақт дар низоми арзишҳои худ чандин навъи арзишҳоро дошта бошанд, Масалан,  фард дар як вақт метавонад ба арзишҳое чун хонавода, дороиву сарват, обрӯ ва номи нек, зодгоҳ, хешу ақрабо (арзишҳои фардиву хонаводагӣ), зодгоҳ (арзиши маҳаллӣ), Ватан, миллат, забону фарҳанг ва давлати миллӣ, шаъну эътибори миллат, муқаддасоти миллӣ, қаҳрамонҳои миллат (арзишҳои миллӣ), анбиё, китобҳои ба ном муқаддас, биҳишт, амокини муқаддаси диниву мазҳабӣ, шариат, авлиё, ҷашнҳои динӣ (арзишҳои диниву мазҳабӣ), хайр, некӣ, ҷавонмардӣ, ҳимматбаландӣ, ҷасорат (арзишҳои ахлоқӣ), зебоӣ, ҳусн  (арзишҳои эстетикӣ), ҳуқуқу озодӣ ва баробарии инсонҳо (арзишҳои умумибашарӣ) ва амсоли инҳо ҳусни таваҷҷуҳ дошта бошад.

Дар сатҳи гурӯҳҳои иҷтимоӣ низ маҷмӯи ин арзишҳо метавонанд эътибор дошта бошанд, масалан, онҳо метавонанд ҷузъи таркибии низоми арзишии ин ё он миллат бошанд. Аммо ба назар бояд гирифт, ки низоми арзишҳо низоми иэрархалӣ буда, дар таркиби он ҳамаи арзишҳо ҷойгоҳи баробар дошта наметавонанд. Фард ва ҷомеа вобаста ба фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва муҳити тарбиятиву иттилоотии худ бахше аз арзишҳоро нисбат ба бахши дигари онҳо авлавият дода, таҳти ангезаи арзишҳои авлавиятдошта фаъолияти худро роҳандозӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳувийяти воқеии шахс ва ё ҷомеа дар он ифода меёбад, ки дар низоми иэрархалии арзишҳои ӯ кадоме аз ин арзишҳо дар авлавият қарор доранд. Масалан, фарде, ки эътиқодманди арзишҳои диниву мазҳабии бунёдгароёна аст ва ҳамзамон иддаои эътирофи арзишҳои умумибашариву миллиро низ мекунад, дар амал бо афзалият додани аввалӣ ошкору пинҳон аз меъёрҳои хосе, ки арзишҳои дувумӣ таъйин мекунанд, сарфи назар месозад. Масалан, ба ҳеҷ ваҷҳ озодии эътиқоди инсонро, ки аз арзишҳои умумибашарист, дар мисоли интиқоди дин қабул надорад ва ё мафҳуми миллатро фақат дар тафсири динии он мепазирад.

Низоми арзишҳо ва алалхусус арзишҳои авлавиятдоштае, ки гурӯҳи иҷтимоӣ ва аз ҷумла миллат онро бо назардошти манфиатҳои воқеии худ пазируфта, бар асоси он фаъолият мекунад, заминаи аслии ташаккули ҳувийяти иҷтимоӣ ва дар зимн ҳувийяти миллиро ба вуҷуд меоранд.

Дар мадди назар доштан лозим аст, ки яке аз муҳимтарин нишонаҳои миллат ин аст, ки бояд арзишҳо ва низоми арзишии умумӣ дошта бошад. Аз ин нишонаи миллат этнологҳо ва назарияпардозони арсаи миллатшиносӣ гоҳе ба унвони “ғояи миллӣ” ёд кардаанд. Миллат ба маънои томи худ фақат дар сурате метавонад ташаккул ёбад, ки аксарияти афроди он мавқеъгирии ақидатӣ ва амалии ягона нисбат ба арзишҳо ва манофеи худ дошта бошанд. Дар сурате, ки дар сатҳи миллат чунин низоми арзишии ҳамагониву фарогир вуҷуд надошта бошад ва ҳар яке аз гурӯҳҳову табақаҳои иҷтимоии таркибии он низомҳои арзишии худро доро бошанд, табиист, ки ваҳдати воқеии миллӣ наметавонад ба вуҷуд ояд. Дар чунин ҷомеаҳо ваҳдати иҷтимоие, ки бо талоши давлат ва алалхусус ниҳодҳои қудратии он ба вуҷуд оварда мешавад, хусусияти зоҳирӣ дошта, ҳамеша осебпазир боқӣ мемонад. Маҳз ҳамин вазъият дар раванди ташаккули миллии мо ҳамеша омили эҷоди мушкил буд.

Қисматҳои таркибии низом(аҳром)-и арзишии як ҷомеа бояд ба ҳам созгор ва алоқаманд бошанд.  Таноқуз ва ба вижа таноқузҳои бунёдӣ дар ин система гироишҳои идеологиву иҷтимоӣ ва сиёсиеро ба вуҷуд меоранд, ки аз бунёд ҳамдигарро инкор мекунанд. Ҳол он ки дар сатҳи ҳар давлате, ки устувории пояҳои худро мехоҳад, ҳатман арзишҳое бояд вуҷуд дошта бошанд, ки барои кулли аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ инкорнопазир бошанд.  Ягонагии давлат ва ваҳдати миллӣ маҳз дар заминаи ҳамназарии аксарияти ҷомеа дар атрофи асоситарин арзишҳои миллӣ ва умумидавлатӣ ба вуҷуд меояд. Албатта, гуногунандешии аҳли ҷомеа дар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву эътиқодӣ падидаи табиӣ буда, аз омилҳои муҳими рушд маҳсуб мешавад. Аммо манфиатҳои олии давлати миллӣ тақозо мекунанд, ки ҳамаи афрод ва ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳову гурӯҳҳои сиёсӣ бояд доир ба масъалаҳои умумидавлатӣ ва арзишҳову манфиатҳои миллӣ, аз қабили истиқлоли сиёсӣ, давлати миллӣ, сохти дунявию демократии давлат, муқаддасоти миллӣ, забону фарҳанг, якпорчагии Ватан ва бақои миллат тавофуқи назар ва диди ягона дошта бошанд. Ин арзишҳо бояд дар ягон шароит ба хотири дастёбӣ ба манфиатҳо ва ҳадафҳои шахсию гурӯҳӣ қурбон нашаванд. Маҳз ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ бояд ҳадафи оливу аслӣ ва ниҳоиву бебадали тамоми афрод ва ниҳодҳои ҷомеаи мо бошад. Мушаххас намудани ин арзишҳову ҳадафҳо ва роҳҳои расидан ба онҳо ва муайян кардани вазифаю масъулияти ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ин самт кори хеле муҳим аст.

Дар ин росто дар маркази таваҷҷуҳи мо бояд бартарияти арзишҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ гузошта шуда, нақшу ҷойгоҳи тамоми арзишҳову ақидаҳои дигар, аз ҷумла арзишҳои динӣ маҳз аз зовияи мутобиқату хидмати онҳо ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ бояд ба назар гирифта шавад. Дар чунин платформаи идеологӣ ва сиёсӣ давлати миллӣ ҳамчун арзиши асосӣ матраҳ шуда, дин ва арзишҳои динӣ ба манфиатҳои олии миллӣ ва давлатдории миллӣ амалан тобеъ мегарданд.

Масъалаи арзишҳо ба ҷаҳонбинӣ, зеҳният ва зеҳниятсозии иҷтимоӣ робитаи бевосита доранд. Арзишҳо бояд ба пешрафту тараққиёт ва такомулу рушди инсонҳо  ва умуман, ҷомеаҳо мусоидат кунанд. Ҷаҳон ва падидаҳои он тавассути арзишгузории инсон ба худ маъно пайдо мекунад ва инсон низ  ба воситаи арзишҳои офарида ва ё пазируфтааш ба  зиндагии хеш маънӣ мебахшад ва самти ҳаракати худро муайян менамояд. Чун  арзишҳо  дигар шуданд, маънии зиндагии инсонҳо, миллатҳо, ҷомеаҳо ва самти ҳаракату нуқтаи тамаркузи онҳо низ дигар мешаванд. Арзишҳо  аз ботини  худи инсонҳо, ҷомеаҳо ва миллатҳо  вобаста ба талаботу ниёзҳояшон ба вуҷуд меоянд, ё онро дигарон бо назардошти ҳадафҳову манфиатҳои худ офарида ба онҳо таҳмил мекунанд. Арзишҳои таҳмилгардида ормонҳо ва манофеи офарандагонашонро ифода карда, ҳомилонашро ба татбиқкунандагони пружаҳои дигарон табдил медиҳанд.  Миллати тоҷик тӯли садсолаҳо дар асоси арзишҳое зиндагӣ кард, ки  воқеияти зиндагӣ ва манофеи мардумони бегонаро инъикос мекард. Феълан бо дарёфти истиқлоли сиёсиву давлатӣ мо фурсати бисёр муносибе барои бозбинӣ низоми арзишии мавҷудаи ҷомеаамон ва бозсозии он бар асоси манфиатҳои воқеии худ дорем. 

Дар тӯли тоҷикон  қавмҳои истилогар талош менамуданд, ки муқаддасоту арзишҳои миллӣ, шахсиятҳо ва осори таърихӣ ва ҳатто ҳамосаю устураҳои миллии тоҷиконро аз миён баранд, таҳриф кунанд ва хотираи таърихии миллати моро дар бораи онҳо нобуд созанд, зеро яке аз роҳҳои тобеъ намудани миллатҳо ин беэътибор кардани арзишҳо ва ба ин васила заиф кардани ҳувийяту худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстии онҳо ва дар ниҳоят, аз байн бурдани нерӯи муқовимати онҳо мебошад. Ин кор маҳз ба воситаи коҳиш додани эътиқоди мардум ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, хотираи таърихӣ, шахсиятҳои таърихӣ, улгӯҳо ва қаҳрамонҳои миллиашон амалӣ мешавад.

Дар робита ба ин масъала бояд гуфт, ки дар системаи арзишии мо унсурҳои бисёр муҳими таркибӣ, аз ҷумла шахсиятҳо, улгӯҳо ва қаҳрамонҳои миллӣ то ҳанӯз ҳадафмандона ва ба таври шоиста шакл дода нашудаанд. Аз ин аст, ки дидгоҳи мардуми мо дар бораи шахсиятҳо ва улгӯҳои миллӣ таноқузҳои ҷиддӣ ва бунёдӣ дорад. Таноқузи ҷиддии дидгоҳи як миллат дар бораи қаҳрамонҳояш усулан имкон намедиҳад, ки он қаҳрамонҳо ва дар зимн корномаҳои онҳо дар сатҳи умум пазируфта шаванд. Масалан, дидгоҳи мутаноқиз ва аҷиби муаррихони мо дар бораи Куруши Бузург ва корномаҳои таърихии ӯ имкони улгӯсозӣ ва қаҳрамонсозиро аз ин шахсияти барҷастаи таърихӣ хеле мушкил ва ҳатто номумкин месозад. Зеро аз як сӯ, мо вайро асосгузори нахустин абардавлат(империя)-и башарӣ ва муттаҳидкунандаи ақвоми эронитабор медонем, вале аз сӯи дигар, мутобиқи талқини муаррихони системаҳои идеологии дигар ва алалхусус таърихнигорони шӯравӣ то ҳанӯз вайро истилогару ғоратгар ба намоиш гузошта, фарзияи беасоси кушта шуданашро ба воситаи лашкариёни Томирис ҳамчун ҳақиқати бидуни баҳс тасвир ва талқин мекунем, дар ҳоле, ки ҳатто нахустин ироакунандаи ин фарзия-Ҳеродот низ онро на ҳақиқати бидуни баҳс, балки фақат яке аз фарзияҳо, он ҳам аҷибтарин фарзияи марги Куруш донистааст. Ин фарзияи тахайюлии Ҳеродотро ҳатто муаррихони дигари Юнони бостон қобили эътимод намедонистанд. Масалан, таърихнигори дигари машҳури аҳди атиқаи Юнон – Ксенофонт, ки мустақиман бо нухбаҳои сиёсии Ҳахоманишӣ ва ба вижа Куруши хурдӣ (423-401) робита дошт ва чанд муддате дар ҳайати лашкари ӯ адои хидмат карда буд, фарзияи кушта шудани Курушро ба дасти лашкариёни Томириси ривоятӣ намепазирад. Ксенофонт аз рӯи маълумоте, ки мустақиман аз худи эронитаборон дар бораи Куруш ва зиндагиномаву корномаҳои ӯ гирифта буд, бо адои эҳтиром ба ин абармарди арсаи таърих китобе бо номи “Киропедия” (яъне “усули тарбияи Кир”) навишт, ки он тӯли 2400 сол ба ҳайси яке аз китобҳои муҳими ҷаҳонкушоёни Аврупо, аз ҷумла Искандари Мақдунӣ, Юлий Сезар, Наполеон Бонапарт ва дигарон буд. Дар ин китоб муаллиф ба он назар аст, ки Куруш дар даврони бузургсолӣ ба таври табиӣ чашм аз ҷаҳон пӯшидааст. Ин ки дар аҳди Шӯравӣ фақат фарзияи ҳеродотии марги Куруши Бузург ҳамчун ҳақиқати мутлақ ва комилан бебаҳс талқин шуда, ҳатто дар китобҳои дарсии мо роҳ ёфтааст, як амри сиёсӣ ва идеологии он замон буд ва бо ҳадафҳои зеҳниятсозии давлати Шӯравӣ мутобиқат мекард. Айнан бо ҳамин ҳадаф идеологияи Шӯравӣ аз афсонаи плутархии Шераки сакоӣ ва муқовимати ӯ алайҳи сипоҳиёни Дориюши Бузург низ сӯиистифода карда буд ва як абармарди дигари арсаи таърихи ориётаборонро, ки  хидматҳои бузурге дар бунёди империяи Ҳахоманишӣ ва ташаккули дидгоҳи давлатмеҳвару фарҳанги сиёсии мо кардааст, дар назари ворисонаш, яъне мо ҳамчун истилогару ғоратгару таҷовузкор ба намоиш мегузошт, дар ҳоле, ки афсонаи Шерак нахустин бор аз тарафи Плутарх (муаррихи юнонии садаи 1 баъд аз мелод) пас аз 500 соли марги Дориюш гуфта шуда, ҳеҷ санади муътамаде надорад. Дигар ин ки ҷуғрофиёе, ки Плутарх тасвир кардааст, на ба қаламрави Вароруд ё Мовароуннаҳр, балки ба сарзаминҳои шимоли Қафқоз ва даштҳои канори Баҳри Сиёҳ рабт дорад. Дар ин қиссаҳову ривоятҳои бидуни санад, чеҳраҳои давлатсози аҳди бостони мардумамон аз тарафи дигарон бо назардошти манофеи онҳо дар назари мо ҳамчун истилогару таҷовузкор тасвир шудаанд ва мо ҳам бидуни тақозои далели муътамаде онро пазируфта, имкон намедиҳем, ки тимсолҳову улгӯҳо ва қаҳрамонҳои миллии ҳамапазире дар фарҳанги мо ҳамчун унсури муҳими зеҳниятсозу ҳувийятсоз шакл гиранд. Ин вазъият боис мешавад, ки мардуми мо улгӯҳову қаҳрамонҳои миллатҳои дигарро, ки шахсияти мағшуши онҳо ба хотири зеҳниятсозӣ ҳадафмандона идеализатсияву кристализатсия шудааст, бипазиранд ва халои зеҳнии худро, ки ниёз ба доштани намунаи барҷастаи ахлоқӣ дорад, пур кунанд. 

Нуктаи таассуфбор дар ин масъала он аст, ки мардуми мо то ҳол бархилофи қаҳрамонони воқеии миллат, ки аз ноогоҳӣ бо талқину таҳрики дигарон гуноҳҳои нокардаро бар дӯшашон мегузорем, теъдоди зиёде аз чеҳраҳои аҷнабии хунхори таърихи кишварамонро ҳамчун қаҳрамон ва рамзу тимсоли ҷавонмардӣ қабул кардаанд ва барояшон китобҳо навиштаву барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихиашон номи онҳоро ба мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ҳатто фарзандонамон мегузоранд. Барои теъдоди зиёде аз онҳо ҳатто мазору мақбараву қадамҷо сохта, мадфанашонро ба зиёратгоҳи ҳазорон ҳазор шаҳрвандонамон табдил додаем. Искандар Мақдунӣ яке аз ҳамин гуна чеҳраҳост, ки дар таъриху фарҳанги мо баъд аз ҳуҷуми арабҳо таҳти таъсиру талқини ҳадафмандонаи муфассирону мубаллиғони динӣ ба тадриҷ аз як симои манфӣ ба як симои мусбат табдил ёфтааст. Ба ин монанд, дар бораи ҳусни таваҷҷуҳи мардуми мо ба чеҳраҳои хунхори аҳди ислом, ки ба қаҳрамон табдил шудаанд (мисли Қутайба ибни Муслим) ва ҳомиёни ҷонфидои меҳанамон, ки аз онҳо ба унвони ёғиву кофар ном бурда мешавад (мисли Бобаки Хуррамдин), ҳоҷате нест, ки ба тафсил сухан ронем. Мардум бар асоси низоми арзишҳои диние, ки ҳувийяташонро шакл додааст, аксар қаҳрамонҳои таърихи миллатамон, аз ҷумла Бобаки Хуррамдин, Муқаннаъ, Деваштич ва муборизаҳои қаҳрамононаи онҳоро бар зидди истилогарони Меҳанамон бо меъёрҳои қазовати динсолорона баҳо дода, нисбат ба корномаҳои онҳо на фақат нигоҳи таҳсинбарангез надоранд, балки ҳатто гоҳе шахсият ва амалкарди онҳоро маҳкум низ мекунанд.

Доир ба ин масъала, алалхусус ба раванди улгӯсозиву  қаҳрамонофаринӣ аз чеҳраҳои аҷнабиву хунхори таърихи миллатамон, ки дар заминаи зеҳниятсозии ҳадафмандона, ба вижа зеҳниятсозии динӣ ба амал омадааст, ҳазорон далел метавон овард. Ҳамаи ин ҳолатҳои зидду нақиз (парадоксалӣ) дар низоми арзишҳои ҷомеаамон аз омилҳоеянд, ки буҳрони ҳувийятиро дар зеҳни мардум ба вуҷуд оварда, имкон намедиҳанд, ки идея, идеология ва дар зимн худшиносиву ҳувийяти миллӣ ташаккул ёбад. Аз ин рӯ, зурурат дорад, ки барои ҳалли ин масъалаи ҷиддӣ ва таҳияи заминаи ташаккули худшиносии миллӣ ҳатман ҷанбаҳои баҳсбарангези таърихи миллатамон бозбинӣ ва бознависӣ шаванд. Хушбахтона, дар ин росто таърихи миллатамон он қадар саҳнаҳои ифтихорбарангез ва чеҳраҳои барҷаста дорад, ки мо мисли баъзе миллатҳо ҳеҷ ниёзе ба таърихсозии дурӯғин ва чеҳрасозиҳои қалбакӣ надорем. Фақат он лаҳзаҳову саҳнаҳо ва чеҳраҳои барҷастаро бармало ва ба хотири зеҳниятсозиву боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва эҳсоси меҳанпарастии мардум истифода бояд кард.

Мутаассифона, дар тӯли таърих бо барномарезии ҳадафмандонаи субъектҳои зеҳниятсози замон  дар шуури ҷамъиятии миллати тоҷик арзишҳои бегона ва боварҳои хурофотӣ нисбат ба арзишҳои асили миллӣ бартарӣ пайдо намудаанд, ки таъсири он то ҳол боқӣ мондааст ва монеи рушд ва корбурди самарабахши зарфиятҳои миллӣ мегардад. Зарурати ислоҳи ин вазъият, эҳёи ҷойгоҳи арзишҳои миллӣ, аз ҳолати истеъморзадагию вобастагӣ баровардани тафаккури миллат ва тақвияти ҳувийяти миллӣ яке аз корҳои муҳимест, ки дар ҷараёни инқилоби фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд анҷом дода шавад.  

Дар шароити давлати соҳибистиқлоли миллӣ зарур аст, ки низоми маорифи динӣ ва ҷаҳонбинии ходимони дин ба назардошти манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои олии давлатдории миллат таҳаввул ёфта, арзишҳои динӣ бо арзишҳои воқеии миллӣ ҳамоҳанг карда шаванд. Арзишҳои диниву мазҳабӣ дар ҷомеаи мо бояд дар созгорӣ ва ҳамбастагӣ бо арзишҳо ва фарҳанги миллӣ арзи ҳастӣ дошта бошанд.

Тибқи ҳақиқати таърихӣ ва эътирофи муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ, ниёгони тоҷикон дар саргаҳи фарҳанг ва тамаддуни башарӣ қарор доштаанд ва нақши бузурге дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштаанд. Ҷавҳари қудрати миллӣ ва омили таъсиси давлатҳои шуҳратманду тамаддунсози тоҷикон маҳз фарҳангу ҳувийяту арзишҳои миллии онҳо буданд. Имрӯз низ маҳз фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллӣ заминаи устувори ҳифзи бақои миллати тоҷик мебошанд. Агар арзишҳои диниву мазҳабӣ ниёзҳои эътиқодии оммаро қонеъ созанд, арзишҳои миллӣ пояи маънавии ҳастии моро ҳамчун миллати хос таъмин мекунанд ва асосҳои давлатдории моро таҳким мебахшанд.

Арзишҳои миллӣ маҷмӯи арзишҳои моддиву маънавӣ, манфиатҳо ва ғояҳои миллат аст, ки новобаста ба мансубияти диниву мазҳабӣ, тамоили сиёсӣ ва сатҳи иҷтимоии аъзои он,  ориентатсия ва ангезаи идеологии умумиро ба вуҷуд оварда, омили ҳифзи ҳувийят, хусусиятҳои асосӣ ва бақои миллат ҳамчун воҳиди мустақили этнофарҳангӣ мегардад.

Шинохти арзишҳо ба сатҳи  огоҳии фард ва ҷомеа вобаста аст. Агар сатҳи огоҳии фард ва ё миллат боло равад, шубҳа нисбат ба арзишҳои ноогоҳона пазируфташуда низ боло меравад ва арзишҳои ба тақлид қабулшудаи бегона ҷойи худро ба арзишҳои миллӣ медиҳанд. Бинобар он, ҳар гуна арзиш бояд огоҳона қабул гардад. Арзише, ки  ноогоҳона қабул гардидааст, метавонад моро ба биороботи дигарон табдил диҳад. Аз ин рӯ, мо ба бозбинии арзишҳоямон ниёзмандем. Вале танҳо зеҳнияти озод ва интиқодии афроди ҷомеа қобилияти бозбинӣ ва бозсозии низоми арзишҳои ҷамъиятиро дорад, ки як падидаи исто (консервативӣ)-и иҷтимоӣ аст.  

 

Асадзода НАЗРӢ

ҷомеашинос

Хондан 55 маротиба