Нусхаи чопи
Шанбе, 24 Майи 2025 01:04

Афғонистон дар тақсимоти захираҳои обии Осиёи Марказӣ: чолишҳо ва пайомадҳо

Муаллиф: Судуров С.А.

«Масъалаи об танҳо масъалаи як кишвар нест,балки мушкили умумии башарият мебошад».   Эмомалӣ Раҳмон

  Осиёи Марказӣ бо таърихи кӯҳан ва фарҳанги ғанӣ дар қалби Авруосиё ҷойгир буда, аз замонҳои қадим ҳамчун пули байни тамаддунҳо барои башарият хизмати арзандае кардааст. Ин минтақаи ҳаётан муҳимми Авруосиё бо иқлими гарму хушк (континенталӣ) бо рӯдҳои  пуроби худ, ки аз кӯҳҳои Помиру Тиёншон сарчашма мегиранд, шодоб мешавад. Тамаддуни нотакрору пешрафти Мовароуннаҳру Хуросонро бе ин дарёҳо тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.  

Тавре ки медонем, Осиёи Марказӣ талаботи обии худро асосан аз ду дарёи бузурги фаромарзӣ - Амударёву Сирдарё ва шохобҳои он, ҳамчунин як қатор дарёҳои хурдтар қонеъ мегардонад. Ин дарёҳо ҳавзаҳои бузурги обҷамъкуниро ташкил медиҳанд ва барои обёрӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, таъминоти оби нӯшокӣ ва дастгирии экосистемаҳои гуногун аҳамияти фавқулодда доранд.

Имрӯзҳо ин минтақаи бостонӣ дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ ва истифодаи  исрофкоронаи захираҳои обӣ ба мушкилоти ҷиддии камбуд ё норасоии об дучор гаштааст. Бадеҳист, ки Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба феҳристи минтақаҳои дараҷаи баланди норасоии об дохил намудааст.

Тибқи гузоришҳои охирини Маркази минтақавии гидрология дар Осиёи Марказӣ ҳаҷми пиряхҳо дар минтақа дар даҳсолаҳои охир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Мутобиқи маълумотҳои Агентии обуҳавошиносоии кишвар дар Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин пиряхҳои минтақа мебошад, ҳаҷми умумии пиряхҳо аз нимаи дуввуми асри гузашта то имрӯз тақрибан 30% кам шудааст. Мусаллам аст, ки ин раванд дар ояндаи наздик ба коҳиши захираҳои оби дарёҳо оварда мерасонад.

            Ҳамзамон, аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ  рӯ ба афзоиш буда, тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)  дар даҳсолаи охир беш аз 15% зиёд гаштааст, ки ин боиси талаботи иловагӣ ба об барои эҳтиёҷоти рӯзгор гардидааст. Гузашта аз ин ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи кишоварзӣ истеъмолкунандаи асосии об дар Осиёи Марказӣ мебошад ва тибқи маълумотҳои Барномаи муҳити зисти Созмони Миллали Муттаҳид – ЮНЭП (United Nations Habitat Programme - UNEP) тақрибан 70-80% тамоми оби истифодашуда дар минтақа ба кишоварзӣ рост меояд. Сабаби чунин исрофкорӣ дар мадди аввал истифодаи усулҳои обёрии кӯҳна мебошад. Ҳамчунин шабакаҳои обтаъминкунӣ дар аксари кишварҳои минтақа фарсуда шудаанд, ки боиси талафоти зиёди об мегардад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки талафоти об дар шабакаҳои интиқолӣ  дар ҳудуди на камтар аз 30-40% мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки норасоии об дар Осиёи Марказӣ оқибатҳои ҷиддии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Хушкшавии баҳри Арал яке аз барҷастатарин намунаҳои фоҷеабори таъсири истифодаи исрофкоронаи захираҳои об ба муҳити зист мебошад, ки дар тули умри як насли инсон ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчунин камбуди об боиси паст шудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба амнияти озуқавории кишварҳои минтақа таҳдид менамояд, мушкилот дар соҳаи гидроэнергетика ва дар ниҳоят боиси ташаннуҷи  иҷтимоӣ мегардад. Гузашта аз ин тақсимоти ноодилонаи об метавонад боиси баҳсу ҷанҷолҳо ва танишҳо дар муносибатҳои байнидавлатӣ гардад, ки мо дар гузаштаи начандон дур шоҳиди чунин воқеаҳо будем. Дар ояндаи наздик вобаста ба афзоиши талабот ба об, ки сабабҳои онро дар боло зикр намудем, масъалаи тақсимоти одилонаву оқилона ва сарфакоронаи захираҳои обӣ ба як масъалаи доғи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мубаддал мегардад.           

Бо дарки ҳассосияту доғ будани ин масъалаи ҳаётан муҳим бо ташаббусу пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 - Даҳсолаи байналмиллалии  “Об барои рушди устувор” эълон гардид ва ин иқдоми Пешвои миллат 21- уми декабри соли 2016 дар ҷаласаи Маҷмааи Умумии СММ бо 177 овози кишварҳои аъзои он қабул шуд. Қатъномаи қабулгардида дар самти мудирияти минбаъдаи захираҳо ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин дар амалисозии фановарию навовариҳои муосир дар ин ҷода мусоидат намуд.

Танзим ва истифодаи захираҳои обии минтақа таърихи тӯлонӣ ва решаҳои амиқ дорад. Тамаддунҳои қадим, ки дар соҳилҳои ин дарёҳо арзи вуҷуд намуда, ба авҷи аълои шукуфоӣ расида буданд, системаҳои мураккаби обёриро бунёд намуда, аз ин неъмати бебаҳо барои рушди кишоварзӣ ва таъмини эҳтиёҷоти худ оқилона истифода мебурданд. Масъалаи тақсимоти об дар тӯли таърих ҳамеша як омили ҳаётан муҳим дар муносибати байни қабилаҳо, шаҳрҳо ва давлатҳои мухталиф буда, ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақа таъсири бузурге гузоштааст.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, танзим ва мудирияти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври мутамарказ сурат мегирифт. Тақсимоти об байни ҷумҳуриҳои бародар дар асоси нақшаҳои иқтисодии умумииттифоқӣ ва бо назардошти эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ амалӣ мегашт. Расман созишномаҳои мушаххаси ҳуқуқӣ оид ба тақсимоти об байни ҷумҳуриҳо вуҷуд дошт, вале онҳо асосан характери маъмурӣ дошта, ба принсипҳои умумии ҳуқуқи байналмиллалӣ созгор набуданд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз тарафи кишварҳои Осиёи Марказӣ, зарурати танзими муносибатҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ба миён омад. Кишварҳои минтақа дар ин давра як қатор созишномаҳо ва протоколҳоро оиди танзими масъалаҳои тақсимот ва истифодаи муштараки об ба имзо расонданд. Ҳанӯз аввалҳои солҳои навади қарни гузашта панҷ кишвари минтақа Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби Осиёи Марказиро созмон дода буданд ва дар баҳсҳои душвору мураккаб меъёри (квотаи) ҳарсолаи истифодаи обро аз рудҳои Амударё ва Сирдарё муайян мекарданд ва то ҳол муайян менамоянд. Вале бояд  иқрор шуд, ки аксари санадҳои имзошуда асосан масъалаҳои истифодаи оби мавҷударо бе назардошти ҳиссаи Афғонистон танзим менамуданд ва мантиқан ин санадҳоро Афғонистон имзо накарда буд.

Мавриди зикр аст, ки як қатор созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид(СММ), Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар ташкилотҳо дар масъалаҳои танзиму тақсими об дар минтақа нақши муҳим мебозанд. Конвенсияҳои марбутаи байналмиллалӣ, аз қабили Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи истифодабарии ғайринавигатсионии обҳои байналмиллалӣ (1997)  ва Конвенсияи Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ оид ба ҳифз ва истифодаи обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмиллалӣ (1992) заминаҳои ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи об фароҳам овардааст. Аммо боиси таассуф мебошад, ки на ҳамаи кишварҳои минтақа ин конвенсияҳоро тасвиб (ратификасия) намудаанд ва ин омил садди роҳи танзими ҳуқуқии ин мушкилот гаштааст.

Дар чунин ҳолати мураккаби норасоии об дар минтақа воридшавии Афғонистон ва даъвои он дар тақсимоти об ин мушкилотро боз ҳам дучанд менамояд. Ҳамсоякишвари мо Афғонистон, ки дар ҳавзаи болооби руди бузургтарини Осиёи Марказӣ Амударё (Панҷ) ҷойгир аст, то имрӯз бо сабабҳои  айнию зеҳнӣ дар музокироти расмӣ оид ба тақсимоти обҳои фаромарзӣ иштирок накардааст. Дар ҳоле ки Афғонистон дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ (ҳавзаи Амударё) ҳиссаи назаррас дорад. Ба таври мушаххас аз Афғонистон якчанд шохобҳои асосии дарёҳои Панҷу Амударё сарчашма мегиранд, ки  нодида гирифтани онҳо ғайриимкон мебошад. Дарёҳои Вахону Кӯкча аз  Бадахшони Афғонистон сарчашма гирифта, ба дарёи Панҷ мерезанд. Дарёи Қундуз бошад аз кӯҳҳои Ҳиндукуш  сарчашма гирифта, ба Амударё ҳамроҳ мешавад. Дар қисмати шимоли Афғонистон боз якчанд дарёҳои хурде ҳастанд, ки ба пуррагӣ дар хоки ҳамин минтақа мавриди истифода қарор гирифта, то ба Амударё намерасанд ва аз ин сабаб зикри онҳоро зарур надонистем.

Ба ғайр аз ҳавзаи обии Амударё, дар Афғонистон боз чаҳор ҳавзаҳои обии дигар низ мавҷуд аст, ки ба системаи гидрографии Осиёи Марказӣ рабт надоранд. Тибқи таҳқиқотҳои мутахассисон ҳарсола дар Афғонистон наздики 80 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад ва аз ин миқдор танҳо 20 миллиард метри мукааб дар хоки ин кишвар мавриди истифода қарор мегираду халос. Боқимонда 60 миллиард метри мукааби об ба чаҳор ҳамсоякишварҳои Афғонистон (Эрон, Покистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) ҷорӣ мешаванд, ки боиси норозигии ин кишвар мебошад.

          Воридшавии Афғонистон ба раванди тақсимоти об дар минтақа метавонад сабаби ҳам чолишҳои ҷиддӣ ва ҳам имкониятҳои чашмгир бошад. Аз як тараф, ин метавонад боиси таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва эътирофи ҳуқуқҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор шавад. Ҳамкориҳои муштарак дар мудирияти захираҳои обӣ метавонад боиси рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист дар тамоми минтақа гардад. Созишномаҳои муштарак оид ба истифодаи об метавонад ба танзими ҷараёни об дар фаслҳои гуногуни сол, пешгирии хушксолӣ ва обхезӣ, инчунин ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ ва ирригатсионӣ шароит фароҳам орад.

          Аз тарафи дигар, воридшавии Афғонистон ба ин раванд метавонад ба чолишҳои ҷиддӣ дучор гардад. Кишварҳои поёноб, ки дар тӯли даҳсолаҳо ба истифодаи қариб бемаҳдуди захираҳои обии Амударё одат кардаанд, метавонанд аз афзоиши эҳтимолии истифодаи об аз тарафи Афғонистон изҳори нигаронӣ намоянд. Нақшаҳои эҳтимолии Афғонистон барои бунёди сарбандҳо ва каналҳои обёрӣ метавонанд ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо дар кишварҳои поёноб гашта, ба соҳаи кишоварзӣ, саноат ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъсири манфӣ расонад.

          Агар дар бораи нақшаҳои эҳтимолӣ неву воқеӣ ҳарф задан хоҳем, ҳатман бояд дар бораи сохтмони канали  Қӯштеппа истода гузарем, ки мувофиқи маълумотҳои дастрас қариб 30% сохтмони он анҷом дода шудааст. Сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани ин канали азим вазъи норасоии обро дар кишварҳои поёноби Амударё, яъне Ӯзбекистону Туркманистон боз ҳам шадидтар хоҳад кард. Дар бораи оқибатҳои фоҷеабори он барои баҳри Арал ҳоҷати гап нест. Коршиносони байналмиллалӣ ва минтақавӣ мӯътақиданд, ки барои арзёбии дақиқи таъсири манфии канали Қӯштеппа, гузаронидани таҳлилҳои муштараки гидрологӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур мебошад.

          Бояд зикр намоем, ки канали Қӯштеппа бузургтарин канали обёрӣ дар шимоли Афғонистон мебошад. Ҳанӯз дар замони ҳукмронии Муҳаммад Довудхон (солҳои 70-и қарни бист) сохтмони ин канал ба нақша гирифта шуда буд ва бо сабабҳои воқеаҳои сиёсии минбаъда амалӣ шудани он ба таъхир афтод. Ва имрӯзҳо Ҳукумати Толибон бе маслиҳату ризоияти ҳамсоягон ба амалӣ намудани ин лоиҳаи бе муболиға тақдирсоз даст задаанд. Канали Қӯштеппа 150 метр арз, 8 метр умқ ва 285 километр тул хоҳад дошт ва мувофиқи пешгӯиҳои манбаъҳои хабарии мухталиф дар сурати анҷоми он ҳудуди аз 580 ҳазор гектар то як миллион гектар заминҳои вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб обёрӣ хоҳанд шуд. Канал қудрати гирифтани 650 метри мукааб оби Амударёро дар як сония ва 10 миллиард метри мукаабро дар як сол хоҳад дошт. Тибқи маълумотҳои расмӣ қиммати лоиҳавии он 270 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз тарафи ИМА маблағгузорӣ мегардад.

Чанде пеш нашрияи Британии «The Economist» навишта буд, ки бо назардошти гармшавии сартосарӣ, тағйирёбии иқлим ва гароншавии қиммати оби нӯшокӣ дар Осиёи Марказӣ, кандани канали обгирӣ дар дарёи фаромарзии Амударё нигаронии амиқи Тошканду Ашқободро барангехта ва оғози муноқишаи минтақавӣ аз сабаби буҳрони рӯзафзуни норасоии об  аз эҳтимол дур нест. Пешгӯйии ин нашрияи бонуфуз аз воқеият дур нест, чунки тибқи маълумотҳои мавҷуда канали Қӯштеппа 15% ҳаҷми умумии оби Амударёро хоҳад гирифт, дар ҳоле ки Ӯзбекистон 75% ва Туркманистон 65% эҳтиёҷоти обии худро аз ҳисоби Амударё қонеъ менамоянд. Возеҳ аст, ки ин масъала барои ҳар ду кишвари поёноб масъалаи ниҳоят ҷиддӣ ва ҳаётӣ мебошад  ва дар сурати пурра амалӣ шудани ин барнома барои онҳо ба хатари амниятӣ мубаддал мегардад.

Лоиҳаи мазкур ба ғайр аз таъсирҳои манфии иқтисодӣ ба кишварҳои поёноб метавонад боиси афзоиши ташаннуҷ дар муносибатҳои байни ин  кишварҳо гардад. Гарчанде ки Толибон изҳор медоранд, ки бо кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон муносибатҳои хеле ҳам ҳасана доранд ва сохтмони ин канал ба робитаи тарафайн халале ворид нахоҳад кард, вале дар асл ба ин изҳороти ҳукумати Толибон шояд ба ғайр аз худи онҳо касе боварӣ надошта бошад. Тавре ки маълум аст захираҳои обӣ метавонанд ҳам сабаби низоъ ва ҳам заминаи ҳамкорӣ бошанд. Ҳамкории муштарак дар соҳаи мудирияти захираҳои обии фаромарзӣ метавонад ба эҷоди заминаи мустаҳкам барои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳои минтақа мусоидат намояд. Муҳокимаи муштараки масъалаҳои марбут ба истифодаи об метавонад эҳтимоли низоъҳоро коҳиш дода, ба таҳкими эътимод ва ҳамсоягии нек мусоидат кунад. Бо дарки амиқи ин хатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба об дар шаҳри Душанбе (2018) иброз дошта буданд: “Мо обро на ҳамчун манбаи баҳс, балки ҳамчун омили ҳамкорӣ ва дӯстӣ истифода барем”.

Осиёи Марказӣ таҷрибаи нодири ҳалли масъалаҳои марзӣ ва обиро дорад, ки саммити Хуҷанд далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Тавре ки ҳамагон шоҳид будем, 31-уми марти соли равон сарони се кишвари Осиёи Марказӣ Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд Шартномаи миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ба имзо расонданд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дорад ва барои мардуми сайёра намунаи ибрат ва пайравӣ мебошад.

Бо назардошти воқеияти имрӯза асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳо дар самти истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ бо иштироки Афғонистон, таҳияи созишномаҳои нави ҳуқуқӣ, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои ҳавзаи мазкури обро ба назар мегиранд, зарур аст. Ин созишномаҳо бояд ба принсипҳои асосии ҳуқуқи оби байналмиллалӣ, аз ҷумла принсипи истифодаи одилона ва оқилона, ӯҳдадориҳои хабардоркунӣ дар бораи нақшаҳои истифодабарии об, ӯҳдадории пешгирии расонидани зарари назаррас ба дигар давлатҳои ҳавза ва ӯҳдадории ҳамкории ҳаматарафа асос ёбанд. Музокироти фарогир бо иштироки ҳамаи кишварҳои ҳавзаи обии Амударё ва дигар дарёҳои муштарак бояд заминаи асосии таҳияи ин  созишномаҳо гардад. Дар ҷараёни музокирот бояд тамоми эҳтиёҷоти кишварҳо ба об, аз ҷумла барои обёрӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, таъминоти оби нӯшокӣ ва ҳифзи муҳити зист ба инобат гирифта шавад. Дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об бо иштироки Афғонистон аз омодагии ҳамаи тарафҳо ба музокироти конструктивӣ, эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои якдигар ва таҳияи созишномаҳои нави ҳуқуқӣ вобаста аст. Нақши ташкилотҳои байналмилалӣ дар мусоидат ба ин раванд ва таҳкими ҳамкориҳои техникию экологӣ муҳим мебошад.

          Ҳамчунин, воридшавии Афғонистон ба тақсимоти захираҳои обии Осиёи Марказӣ метавонад ба суботу рушди минтақа таъсири назаррас дошта бошад. Бо дарки мутақобилаи манфиатҳо, омодагӣ ба ҳамкорӣ ва эҷоди механизмҳои муассири идоракунии об, ки манфиатҳои ҳамаи тарафҳоро ба назар мегиранд, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ин чолиши навро ба як имконияти беҳтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини ояндаи устувори захираҳои обии худ истифода намуда, аз ҳамкорӣ бо Афғонистон дар соҳаи об манфиатҳои назаррас дошта бошанд.

      Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар заминаи ҳамкориҳои обӣ метавонад ба афзоиши савдо ва сармоягузорӣ дар минтақа мусоидат намуда, ба рушди иқтисодии ҳамагонӣ такон бахшад. Об метавонад ҳамчун як омили муҳимми ҳамбастагии минтақавӣ хизмат кунад. Ҳамкории муштарак дар ҳалли мушкилоти мубрами марбут ба об метавонад эҳсоси масъулияти муштарак ва манфиатҳои умумиро дар байни кишварҳои минтақа тақвият бахшида, ба таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

 

 Судуров С.А. - ходими калони илмии шӯъбаи

ИДМ - и Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Хондан 28 маротиба