JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Мусалламан, рӯшангарӣ (просветительство), ки бедории фикрии башарро рақам зада, ҷомеаи инсониро ба сатҳи баланди таҳаввулоту пешравию тараққиёт расонидааст, аз зеҳни пурсишгари инсон буруз кардааст. Бинобар ин, пурсишгарӣ (шакку тардидварзӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба масоилу мушкилоти мавҷуда) ба сифати масъулияти фардию ҷамъӣ оғози кори рӯшангарӣ будааст ва ҳар кӣ ба арсаи рӯшангарӣ по мегузорад, дар ибтидо масъулият ва рисолати пурсишгариро иҷро менамояд. Бад-ин тартиб, фарди пурсишгар дар натиҷаи таккон додани зеҳн ва ба истилоҳ, даргир сохтани тафаккур мароҳили фикриро тай намуда, тадриҷан ковишу ҷустуҷӯҳо ва суолу пурсишҳоро зиёдтар намуда, сатҳи маърифатию ҳунари ковишгариаш зина ба зина ва марҳила ба марҳила болотар меравад ва билохира то ба мартабаи як шахсияти рӯшангари миллӣ рушд мекунад.

Панҷшанбе, 16 Ноябри 2023 11:38

Марде фарҳангӣ дар ҷодаи муаллимӣ

(чанд андеша дар ҳошияи даргузашти як тан аз муаллимону фарҳангиёни варзидаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон акаи Одинабеки Қаландар)

  Ҳар гоҳ ки муаллиме варзида ва номвар аз олам чашм мепӯшад, ояндаи норавшани низоми маорифи ватанӣ ва вазъи ногувору буҳронии ҳайати муаллимон, ки новобаста ба мушкилоту уқдаҳои давру замон ҳамоно дар сафи мубориза алайҳи нодониву ҷаҳолат қарор доранд, пеши назар меояд. Воқеан, дар ҳоле ки хурофоту таассуби мазҳабӣ дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо карда, насли наврасу ҷавон ба таври худогоҳу нохудогоҳ ба гирдоби худбохтагию беҳувиятӣ кашида мешавад, вазъи фикрию маърифатиро хуб қаламдод кардан дуруст нест. Махсусан, вазъи буҳронии омӯзишу парвариш, заъфи донишу маърифати муҳассилини муассисоти  таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва ба муқтазиёти замонӣ ва шароити нави соҳибистиқлолӣ ҷавобгӯ набудани барномарезиҳои соҳавӣ боиси ҳузуру нуфузи чашмгири мафкураи бегона ва хурофадовариҳои  хушкандешони мазҳабӣ дар ҷомеа гардидааст.

Политических философов во все времена во всем цивилизованном мире всегда интересовала роль личности в истории. История человечества показывает, что личности играют огромную роль в судьбе того или иного народа. Для таджикского народа выдающейся личностью, несомненно, стал Президент Республики Таджикистан. Об этом в своей статье написал доктор философских наук Национальной академии наук Таджикистана Рустам Хайдаров, которую мы предлагаем нашим читателям.

Шанбе, 11 Ноябри 2023 04:37

Хирадгаро ва рӯшангари миллӣ

(шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин  Шарифзода)

   11 ноябр рӯзи мелоди яке аз чеҳраҳои матраҳи рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода аст, ки умри хешро вақфи хирадгаройӣ ва рӯшангарӣ намуда, дар ин масири мушкилписанди зиндагӣ ҳадафмандона, пайгирона, ҷасоратмандона, муваффақона ва бурдборона  умрфарсоӣ мекунад.

  Исомиддин Шарифзода ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ талош меварзад.