JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 1. Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд?

  Дар солҳои 60-уми асри XX файласуфи машҳури тоҷик устод Акбари Турсон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта буд, ки «дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад». Зиёиёни он рӯзгор сари ин ибора бо ҳам баҳсу мунозираҳо намуданд. Гуфтугӯи гарми ҳар ду дӯсти шодравон Сарвар Амирҷон ва Нафасбек Раҳмонӣ то ҳол дар хотирам зинда аст... Мушкилӣ сари он буд, ки ҳар нафаре бузургиро бо меъёр ва тарозуи худ месанҷид ва назариёти ҳарифро қабул намекард. Ҳамин тавр, он баҳсҳо ба натиҷае нарасиданд ва оқибат хомӯш шуданд...

Душанбе, 28 Майи 2018 08:39

Мизоҷи инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Мизоҷи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷумъа, 25 Майи 2018 09:14

МЕҲРИ МОДАР

Солҳои аввали эҷоди ман…

Лаҳзае аз кӯдакӣ дар ёди ман

Мондааст, гӯё ба рӯи мавҷи об

Хираю ларзон чу акси офтоб…

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, д.и.к., Қурбоналӣ Партоев ва н.и.к., Сайфиддин Садриддинов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Масъалаи амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.