JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Бахшида ба 85 солагии зодрӯзи академик Бобо Сангинов Банда бо олими шинохтаи тоҷик Бобо Сангинов ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта шиносоӣ доштам. Дастовардҳои илмии он кас дар ташаккулёбии илми селексия ва тухмипарварии зироати пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳамчун ситорае дар осмони илми тоҷик доимо дурахшон хоҳанд монд.
Мирзо Боқизода (1944–2019) Устод Мирзо Боқизода яке аз шоирон ва файласуфони соҳибистеъдоду маъруфи тоҷик ба ҳисоб мераванд. Устод Мирзо табъи баланди шоирӣ доштанд. Ҳангоми мутолиаи эҷодиёти устод муайян мешавад, ки ҷаҳонбинии устод бисёр васеъ аст. Устод дар бораи чандин масъалаҳои душвори фалсафӣ ва илмиву ахлоқӣ ибрози ақида намудаанд. Шояд масъалаҳои фалсафиро ҳар кас пурра фаҳмида наметавонад. Чунки барои фаҳми масъалаҳои фалсафӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ доштан муҳим аст. Аммо устод Мирзо дорои ҳам ҷаҳонбинии фалсафӣ ва ҳам ҷаҳонбинии илмӣ буданд. Ӯ масъалаҳои мушкили фалсафаро аз диди худ баҳо додааст. Баҳо додан ва исботи масъалаҳои фалсафӣ…
Ахлоқ яке аз шаклҳои қадимаи фаъолияти маънавии инсон буда, эҳтиёҷ ба мавриди андеша қарор додани муносибати инсон ба инсон ҳанӯз хеле барвақт дар оғози тамаддун пайдо шудааст. Баҳсу мунозираҳои ахлоқӣ ҳанӯз дар аввалин мероси хаттии инсоният ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо ҳатто хаттӣ сабт низ гардидаанд. Таълимоти ахлоқии Суқрот. Суқрот (469 – 399 то м.) чунин мешуморид, ки инсон аз дигар махлуқот бо рӯҳи худ фарқ карда, дорои қобилияти муҳокимаронӣ буда, дар рафтори худ меъёрҳои одобро риоя менамояд. Ӯ инсонро даъват менамуд, ки нафси худро шиносад ва онро тобеи ақл намояд. Ақидаи Суқрот ба…
Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ (Номаи шодбошӣ) Устод Нуриддин Шаҳобиддин, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.