JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 03 Октябри 2018 08:32

Назаре ба таърихи равобити Тоҷикон бо мардуми Чин

Муаллиф:

  Равобити гуногунҷабҳаи тоҷикон бо мардуми Чин таърихи қадим дорад ва аз умқи асрҳои пешин, аз рўзгори давлатдории Ашкониёну Сосониён ва шояд ҳатто пештар аз замони ҳукумати ин сулолаҳои ориёӣ ибтидо мегирад. Ин равобит барои пайрезии «Роҳи абрешим»-и машҳур, ки тавассути шоҳроҳи бузурги корвонгузар аз марзи Эронзамини таърихӣ сарзаминҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам пайванд медод, замина фароҳам овард ва ба таъбире марзу буми аҷдодии мо ҳалқаи васли кишвари Чин бо ҷаҳони Ғарб гардид.

  Бо шарофати ҳамин «Роҳи абрешим» молу колои чинӣ, аз ҷумла абрешиму ҳарир, косаву дигар зарфҳои нафиси наққошишуда ба сарзаминҳои дигар интиқол ёфтанд ва шуҳрати ҳунару санъати камназири Чинро дар саросари олам бар сари забонҳо андохтанд.

  Ин кишвар дар забони модарии мо маъмулан Чин ё Хитой (дар асарҳои пешиниён ҳамчунин бо гунаҳои Хито ва Хато) ном бурда мешавад. Вале дар осори илмию адабии гузаштагони мо корбасти маконвожаи Чин доираи корбурди бештар дорад. Маконвожаи Хито, Хитой ё Хато дар адабиёти мо ғолибан барои ифодаи музофоти шимолии Чин, ки дар гузашта зери ҳукумати туркон қарор дошт, истифода шудааст. Аз ин хотир ин маконвожа бо вожаи турк дар осори гузаштагон дар аксар маврид ҳамроҳ истифода мешавад.

Чунонки гуфта шуд дар осори адибони мо ин маконвожа се гуна: Хито, Хато ва Хитой дорад ва дар байти зер аз шайх Саъдӣ ба сурати Хито омадааст:

Саъдӣ, дигар бор аз ватан азми сафар кардӣ, чаро?

Аз дасти он турки Хито ярғу ба хоқон мебарам.

Дар шеъри хоҷа Ҳофиз бошад маконвожаи мазкур дар шакли Хато корбаст шудааст:

Он турки паричеҳра, ки дўш аз бари мо рафт,

Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи Хато рафт?!

Хоҷа Камоли Хуҷандӣ низ ин маконвожаро ба сурати Хато оварда, аз ташбеҳи носавоби холи маъшуқаш ба «мушки Хато» изҳори афсўсу надомат кардааст:

Ба холат нисбати мушки Хато кардам, хато кардам,

Чунин ташбеҳи бенисбат чаро кардам, чаро кардам?

Корбасти ин маконвожа ба гунаи Хитой низ, ки имрўз маъмулан дар забони модарии мо ба ҳамин шакл истифода мешавад, дар байти зерини Фаррухии Систонӣ ба мушоҳида мерасад:

Сарой мулкату дар вай саройпардаи ту

Чу боғи пурсарв аз луъбатони Чину Хитой.

Дар баъзе маъхазҳои дигар, аз ҷумла дар байтҳои зерини ҳаким Саноии Ғазнавӣ маконвожаҳои Чину Хито ба маънии ду кишвари ҳамҷавор истифода шудаанд:

Не зи аввал дўстонатро набудӣ ту алиф,

Не чунон гаштӣ кунун, к-аз хиттаи Чину Хито.

     ё:

Бобили нафс аст бозори накурўёни Чин,

Ҳосили рўҳ аст гуфтори азизони Хито.

Дар забони модарии мо вожаи чин дар баробари ифодаи номи кишвар, ба маънии сокини ин кишвар, яъне чинӣ ё хитоӣ низ истифода шудааст, чунонки дар «Шоҳнома» омадааст:

Зи туркону аз чин ҳазорон-ҳазор,

Камарбастагон аз дари корзор.

Бино бар ин, маконвожаи Чинистон (бо афзудани пасванди маконсози -истон) низ дар таълифоти гузаштагони мо ба маънии сарзамини чиниён ба назар мерасад, чунонки Муиззӣ мефармояд:

Ба туғро баркашад сурат ба сони нақши Чинистон,

Ба дафтар баркашад ҷадвал ба сони саҳни Ангалюн.

Ё дар шеъри Манучеҳрии Домғонӣ ҳамин маконвожа бо андак тағйироти лафзии хоси забони назм мушоҳида мегардад:

Корвони Меҳргон аз Хаззарон омад,

Ё зи ақсои билоди Чинситон омад.

Вожаи Чин ба эҳтимоли қавӣ ба номи сулолаи Син (солҳои 221 то мелод – 206 то мелод), ки дар таърихи тамаддуни ин кишвар нақши муҳим дорад, алоқаманд аст.

  Ба назар чунин мерасад, ки вожаи Чин ба маънии номи ин кишвар нахуст дар забони модарии мо истифода гардида, тавассути забони мо ба забони лотинӣ дар шакли «China» ва тавассути ин забон ба забонҳои дигари Аврупо, аз ҷумла ингилисӣ («China»), итолиёӣ («Cina»), олмонӣ («China»), фаронсавӣ («Chinе») ва ғ. интиқол ёфтааст.

  Аз шоҳкорҳои бузурги таърихию меъмории Чин, ки дар байни мардуми мо бештар маъруфият дорад, Девори бузурги Чин, ё ба истилоҳ «Садди Чин» аст, ки ҳамчунин аз ёдгорҳои бузурги инсоният шинохта шудааст. Ин девори бузург мутобиқи таҳқиқоти солҳои охир бештар аз  21 000 километр дарозӣ дошта, ғафсии он тақрибан 5-8 метр ва баландияш тақрибан 6-7 метр ба дар баъзе қитъаҳо то 10 метрро ташкил медиҳад, ки дар олами худ беназир аст.

  Бунёди «Садди Чин» асосан дар рўзгори давлатдории Син Ши Ҳуанг Ди (солҳои 259-210 то мелод) аз сулолаи Син шурўъ гардида, камобеш то рўзгори давлатдории сулолаи Мин (1368-1644) идома пайдо кардааст. Ба андешаи ғолиб бунёди ин девор барои то андозае аз таҳоҷуми бегонагон эмин мондани ин кишвар ва худвежагии тамаддуни он мусоидат намудааст.

  Бояд таъкид кард, ки мардуми ориёиасл ва эронинажод бо мардуми Чин ё чиниён аз рўзгори қадим робитаҳои қавии фарҳангию тиҷоратӣ дошт. Дар таърихи асотирӣ ва достонҳои ҳамосии мардуми мо кишвари Чин ҳамчунин аз сарзаминҳои тобеи Эронзамин зикр гардидааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тақсими сегонаи ҷаҳон аз тарафи Фаридун дар миёни фарзандонаш Салму Туру Эраҷ таъкид шудааст:

Яке Руму Ховар дигар Турку Чин,

Севум Дашти Гурдону Эронзамин.

Тавзеҳи муфассалтари ин тақсими сегонаи Фаридунро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» чунин ба қалам додааст:

Нахустин ба Салм андарун бингарид,

Ҳама Руму Ховар мар ўро гузид.

Дигар Турро дод туронзамин,

В-аро кард солори туркону Чин.

В-аз ин пас чу навбат ба Эраҷ расид,

Мар ўро падар шаҳри Эрон гузид.

Ҳам Эрону ҳам Дашти найзаварон,

Ҳамон тахти шоҳиву тоҷи сарон[1].

  Бинобар иттилои маъхазҳои таърихӣ равобити байни Чину Эронзамин дар замони сулолаи Ашкониён, ки зикри тавсифи давлатдории ин сулола дар «Шоҳнома» рафтааст, оғоз мегардад. Ба баёни дигар, дар замони подшоҳии Меҳрдоди дувуми Ашконӣ (124-76 пеш аз мелод) сафири Чин бо мақсади барқарор кардани равобити дуҷониба ва раҳ кушодан ба тиҷорати ҷаҳонии Чин ба дарбори Ашкониён омад ва мавриди истиқбол ва пазироии гарми ин шоҳи ашконӣ қарор гирифт. Ҳамин тариқ давлати Ашкониён василаи пайванди Чин бо ҷаҳони Ғарб гардид ва ба истилоҳ «Роҳи абрешим» арзи вуҷуд кард.

  Азбаски колои асосие, ки аз Чин тавассути Эронзамин ба дигар сарзаминҳо интиқол мегардид, абрешим ва дебои чинӣ буд, ин роҳи корвонгузар баъдан ба худ номи «Роҳи абрешим»-ро гирифт ва тадриҷан ба роҳи иртиботи ҷаҳон дар он рўзгор табдил ёфт, ки бо ин роҳ на танҳо бозаргонон ва корвонҳои бузурги тиҷоратӣ байни Шарқу Ғарб, балки мардумони касбу кори гуногун, аз ҷумла донишмандон ва сафирон низ убур мекарданд.

  Мегўянд, ки соли 148 мелодӣ яке аз шоҳзодагони ашконӣ ба Чин рафт ва дар ин сарзамин сукунат ихтиёр кард. Ҳамин шоҳзодаи ашконӣ, ки забонҳои санскрит ва чиниро хуб аз бар карда буд, баъдан китоби муқаддаси дини буддоиро дар 39 ҷилд аз забони санскрит ба забони чинӣ тарҷума намуд ва ин тарҷумаи вай дар Чин мавриди писанди хосу ом қарор гирифт. 

Дар рўзгори давлатдории Сосониён (224-651) робитаҳои байни Эронзамин ва Чин густариши бештар пайдо кард. Дар ин рўзгор на танҳо дини зардуштӣ, балки ойини монавӣ ва масеҳияти настурӣ низ тавассути мардуми эронинажод дар Чин интишор ёфта, ҷонибдорони зиёд пайдо карданд.

  Бинобар иттилои бархе манбаъҳо дар сангнавиштаҳои ин кишвар бо забони суриёнӣ дар бобати ба Чин рафтани мубаллиғони эрониасли масеҳӣ маълумот дарҷ шудааст. Вале соли 732 императори Чин дар хусуси ба дини аҷдодии худ баргаштани чиниёне, ки ба ин ойинҳо гаравида буданд, дастури қатъӣ содир кард ва пайравони ин дину ойинҳо мавриди таъқиби сахт қарор гирифтанд.

  Бо шикасти давлати Сосониён ба дасти арабҳо ва густариши дини ислом робитаҳо бо Чин қатъ нагардид. Ба хусус мардуми Хуросону Фарорўд робитаҳои тиҷоратиро бо Чин ба ваҷҳи неку идома бахшиданд. Абубакри Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ҳангоми зикри деҳоти атрофи Бухоро ёдовар мешавад, ки «аҳли Пайканд ҷумла бозаргон будаанд ва бозаргонии Чину Дарё кардандӣ. Ва бағоят тавонгар будаанд»[2]. Дар ҳошияи ҳамин матлаб ҳангоми баргардони китоб ба алифбои имрўзаи тоҷикӣ, донишманди тоҷик Н.Амиршоҳӣ эҳтимол додааст, ки дар ин ҷо ҳадаф аз «бозаргонии Чину Дарё» Роҳи абрешим дар назар аст, яъне аз Чин то Дарёи (Баҳри) Миёназамин[3]. Ин суханон, ки тавонгарии аҳли Пайканд ба тиҷорат дар масири Роҳи абрешим бастагӣ дорад, ба ҳақиқат мувофиқат мекунад ва ба воқеияти он ҷойи шак боқӣ намемонад.

  Аммо авҷи робитаҳои фарҳангии Чину Эронзамин ба рўзгори давлатдории Сомониён, ки амирони фозили вай тақрибан сад сол дар паҳнаи саҳнаи таърих ҳукумат карданд, рост меояд.

  Шоистаи таъкид аст, ки амирони ин дудмон тавонистанд анъанаи хуби робитаҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангии хонадонҳои асили эронии ашконию сосониро дар масири Роҳи абрешим бо Чин ва дигар кишварҳо идомаву тавсеа бахшанд ва дар маҷмўъ ба бунёду шукуфоии фарҳанги эронӣ-исломӣ саҳми сазовор гузоранд.

  Дар хусуси равобити байни Сомониён бо кишвари Чин дар асарҳои таърихию адабӣ иттилои муҳим ва қобили мулоҳиза мавҷуд аст. Аз ҷумла, Қозӣ Абулҳусайн Аҳмад ибни Зубайр дар фасли чоруми китоби «аз-Захоир ва-т-туҳаф», ки тақрибан дар соли 1071 таълиф кардааст, дар хусуси вуруди сафири императори Чин (шояд, Ляо Тай Сзун) ба дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (солҳои давлатдорияш 914-943) ба таври нисбатан муфассал иттилоъ додааст. Фишурдаи иттилои Ибни Зубайр ин аст, ки як даҳримазҳаби нишопурӣ баъди фирор аз зиндон ба Чин рафта, дар дарбори императори Чин маҳалли иноят қарор мегирад ва ҳатто дар ин дарбор ба мақоми вазирӣ мерасад. Ҳамин марди нишопурии ба мақоми вазирӣ расида императори Чинро барои лашкаркашӣ ва забти қаламрави Давлати Сомониён таҳрик мекунад. Император қабл аз лашкаркашӣ ба амири Бухоро нома навишта, чор нафар донишманди дарбори худро ҳамроҳи чил савор дар соли 939 ба Бухоро мефиристад. Дар ин нома ба оҳанги таҳдид императори Чин аз Наср ибни Аҳмад талаб мекунад, ки худро вазири император ва давлати худро ҷузъи ин давлат дониста, хироҷи гўё бисту ҳафт сол ба таъхирафтодаро бипардозад. Дар акси ҳол лашкари бешумори императори Чин ба Бухоро ҳамлавар хоҳад шуд.

  Насри Сомонӣ аз ин ҳодиса хабардор мешавад ва ҳангоми ба Фарғона расидани ин ҳайат амр мекунад, ки лашкари саропо мусаллаҳи сомонӣ аз Фарғона то Бухоро дар тамоми роҳ саф ороста, ҳайати чиниро истиқбол намояд.

  Лашкариёни Наср ҳайати чиниро бо шукўҳи тамом пешвоз мегиранд. Худи Наср ибни Аҳмад низ ҳайатро гарму бошукўҳ пазироӣ мекунад ва ҳангоми гусели ҳайат номаи таҳдидомез ба императори Чин ирсол медорад ва ба лашкариёнаш амр медиҳад, ки ҳайати чиниро ҳамчунон бо иззату эҳтиром то марзи Чин ҳамроҳӣ намоянд. Ба ривояти Ибни Зубайр императори Чин баъди огоҳӣ ёфтан аз шавкату азамати давлати Сомониён ва лашкариёни бешумори вай бо ин давлат роҳи сулҳу салоҳ пеш гирифт ва ҳатто худ мусулмон шуд[4].

  Шоир ва донишманди араб Абудулаф Мисъар ибни Муҳалҳил ал-Ҳазраҷӣ, ки муддате надими дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ буд, дар хусуси издивоҷи писари Наср ибни Аҳмад бо духтари императори Чин хабар додааст. Ба гуфтаи ў бо мақсади густариш пайдо кардани муносиботи ҳасанаи ду давлат императори Чин дар бобати издивоҷ дар байни фарзандони ду хонаводаи шоҳӣ изҳори назар кард ва соли 942 ҳайатеро ба Бухоро ба ҳузури Наср ибни Аҳмад фиристод. Дар бозгашт бо дастури Насри Сомонӣ Абудулаф бо намояндагӣ аз вай ҳайатро ба Чин ҳамроҳӣ кард. Дар Сандобил (шояд, Шантсзин) – пойтахти давлати Чин фиристодагони амири сомонӣ аз подшоҳи ин кишвар  духтарашро барои писари Наср ибни Аҳмад - Нўҳ ибни Наср хостгорӣ карданд. Ин хостгорӣ пазируфта шуд ва Абудулафу сафирони сомонӣ аз лутфу меҳмоннавозии подшоҳ бархурдор гаштанд ва шоҳдухтарро ҳамроҳи дусад хидматгор ва сесад каниз аз ходимони хосси подшоҳ ба Бухоро фиристоданд.[5]

  Матлаби ба Бухоро арўс овардани духтари подшоҳи Чин ҳамчунин дар «Таърихи Бухоро», ки Абубакри Наршахӣ ин китобро як сол пас аз ин воқеа, яъне соли 943 ба номи Нўҳ ибни Наср таълиф намуд, дарҷ шудааст. Абубакри Наршахӣ дар робита ба ин арўсӣ ба сифати шоҳиди ҳол чунин мегўяд: «Ва чун духтари малики Чинро ба Бухоро арўс оварданд, андар ҷиҳози ў бутхонае оварданд аз Чин. Ва ин бутхонаро ба Ромитан ниҳоданд».[6]

  Дар баробари робитаҳои сиёсию тиҷоратӣ дар байни мардуми эронинажод ва чиниён ҳамчунин робитаҳои хуби фарҳангӣ низ мавҷуд буд. Ба хусус санъати наққошӣ ва суратгарии чинӣ дар байни мардуми мо шуҳрати тамом дошт.

  Ҷаводи Ҳиравӣ дар китоби «Таърихи Сомониён» ҳикоятеро ёдовар мешавад, ки амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ Рўдакиро ба назми «Калила ва Димна» дастур дод ва наққошонро аз Чин фаро хонд, ки китоби мазкурро бо наққошиҳое мутобиқ бо мавзўъҳои матраҳшуда дар он зебу зинат диҳанд[7].

Дар адабиёти мардуми мо наққошии чинӣ ва наққошони Чин, чунонки аз байти зерини шайх Саъдӣ низ ба мушоҳида мерасад, беҳтарин намунаи ҳунару ҳунармандӣ шинохта шудааст:

                 Суратгари дебои Чин, гў сурати рўяш бибин,

                 Ё сурате баркаш чунин, ё тавба кун суратгарӣ.

Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки ин байт гунаи дигари зерин ҳам дорад, ки ба амир Хусрави Деҳлавӣ нисбат медиҳанд:

                 Сураткаши наққоши Чин, рав сурати ёрам бибин,

                 Ё сурате каш инчунин, ё тарк кун суратгарӣ.

Дар байти зерини Сайидои Насафӣ низ ҳамин матлаб таъйид гардидааст:

                 Гар ба рўи дасти худ зулфи туро созам рақам,

                 Остинам сархати суратгарони Чин шавад.

  Дар забони модарии мо калимаи чинӣ ҳамчунин ба маънии коса ё дигар зарфи сафолинаи зебову нафис истифода мешавад, ки боз ҳам бастагӣ ба санъати нафиса ва ҳунари баланд дорад. Аз ҷумла, Фирдавсӣ зимни тавсифи базми Баҳроми Гўр истифодаи косаи Чинро мояи ифтихори Баҳром донистааст:

Ҳама хаймаҳо хони заррин ниҳод,

Бар ў косаороиши Чин ниҳод.

Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» низ ба қимати косаи чинӣ арҷ ниҳодааст:

Хоки Машриқ шунидаам, ки кунанд,

Ба чиҳил сол косае чинӣ.

Сад ба рўзе кунанд дар Мардашт[8],

Лоҷарам қиматаш ҳамебинӣ.

Дар забону адабиёти мо ҳамчунин вожаҳое ба назар мерасанд, ки бо таркиби чинӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла вожаи чинипаранд ба маънии матои ҳариру парниён, ки дар Чин мебофтанд, дар «Шоҳнома» зиёд истифода гардидааст:

Маро шоҳи Эрон фиристад ба Ҳинд,

Ба Чин оям аз баҳри чинипаранд.

Вожаи чинипаранд дар ашъори Низомӣ ва Унсурии Ғазнавӣ низ ба назар мерасад, чунонки Низомӣ гуфтааст:

Дар аржанги ин нақши чинипаранд,

Қалам нест бар Монии нақшбанд.

     ё Унсурӣ мефармояд:

Паризодагон размро дилписанд,

Ба пўлод пўшида чинипаранд.

Вожаи чиниҳарир, ки дар «Шоҳнома» омадааст, низ ба ҳамин маънист:

Нисор оварам уду мушку абир,

Заминро бипўшам ба чиниҳарир.

Ҳамчунин вожаи чинисиришт ба маънии он чиз, ки асли чинӣ дорад, дар шеъри Низомӣ истифода шудааст:

Гузашт аз хўришҳои чинисиришт,

Ки ризвон надид ончунон дар биҳишт.

  Муҳимтар аз ҳама, бар асари робитаҳои сиёсию тиҷоратӣ ва тамосҳои фарҳангӣ забони модарии мо дар бархе аз қисматҳои ин сарзамин густариш ва нуфузу эътибори хос пайдо кардааст.

  Шайх Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» аз сафари худ ба Кошғари Чин ёдовар мешавад ва қавли як ҷавони кошғарии мусоҳиби худро зикр мекунад, ки ин ҷавон дар бобати аксаран ба забони форсӣ маъруф будани ашъори Саъдӣ дар ин сарзамин изҳори назар кардааст («ғолиби ашъори ў (яъне, Саъдӣ - Ҳ.С) дар ин замин (Кошғари Чин - Ҳ.С) ба забони порсист»[9].

  Ҳамин воқеият аз «Сафарнома»-и сайёҳи маъруфи араб Ибни Баттута (1304-1377) низ ба назар мерасад. Ибни Баттута дар ин асар ҳангоми ёдкарди дарбори подшоҳи Чин зикр кардааст, ки шоҳзодаи Чин сурудани шеърҳои форсиро дўст медошт ва дар дарбори амири Чин - Қуртай хунёгарон шеъри форсӣ мехонданд ва ман аз лаҳнашон ин порчаи шеъриро аз бар кардам:

     То дил ба меҳнат додаем,

     Дар баҳри фикр афтодаем.

     Ҷун (Чун) дар намоз истодаем,

     Қуи (Гўйи) ба меҳроб андарӣ[10].

  Барои аҳли назар пўшида нест, ки порчаи шеърии мазкур аз як ғазали ширини шайх Саъдист, ки чанд байти он дар зер ба сифати намуна оварда мешавад ва шояд ҳамин ғазал ҳам бар асари таассуроти амиқи шоир аз сафари Чин суруда шуда бошад:                    

Охир нигоҳе боз кун, вақте ки бар мо бингарӣ,

Ё кибр манъат мекунад, к-аз дўстон ёд оварӣ.

Ҳаргиз набуд андар Хутан, бар сурате чандин фатан,

Ҳаргиз набошад дар чаман сарве бад-ин хушманзарӣ.

Суратгари дебои Чин, гў сурати рўяш бибин,

Ё сурате баркаш чунин, ё тавба кун суратгарӣ…

То нақш мебандад фалак, касро набудаст ин намак,

Моҳӣ надонам ё малак, фарзанди одам ё парӣ.

То дил ба меҳрат додаам, дар баҳри фикр афтодаам.

Чун дар намоз истодаам, гўйи ба меҳроб андарӣ…

  Дар баробари густариш ёфтани робитаҳои байни давлати Сомониён ва кишвари Чин рафту омади мардуми эронинажод ба Чин беш аз пеш зиёд гардид ва баъзе аз ин мардум ин кишварро маҳалли зисти доимии худ қарор доданд. Ба хусус дини ислом ба ин кишвар ба василаи мардуми эронинажод густариш ёфт, бинобар ин бисёр фаризаҳои дини мубини ислом дар кишвари Чин то ба имрўз ба забони тоҷикӣ анҷом дода мешаванд.

  Доктор Сайид Абутолиби Миробидинӣ, ки солиёни дароз дар ин кишвар ба таълиму тадрис машғул будааст, иттилоъ медиҳад, ки дар маросими издивоҷи аҳолии мусулмони миллияти ҳуэй дар минтақаи худмухтори Нинся-Ҳуэй ҳангоми ақд охунд бо садои баланд аз домод мепурсад: Қибул кирдӣ (яъне, қабул кардӣ)? Домод посух медиҳад: Қибул кирдум. Баъд аз арўс низ мепурсад. Пас аз се бор пурсиш арўс посух медиҳад: Қибул кирдум.

  Ба гуфтаи ин донишманд намозҳои панҷгона дар Чин бо номҳои намози бомдод, намози пешин, намози дигар, намози шом, намози хуфтан ёд мешаванд. Ҳамин донишманд бо истинод ба китоби «Даъвату-л-муслимин», чопи Пекин нийяти намози пешинро чунин зикр кардааст: нийят кардам, ки бигзорам чаҳор ракъат суннати намози пешин, рўй овардам ба сўйи Каъба, холисан ли-л-Лоҳи таъоло, Аллоҳу Акбар[11].

  Мутобиқи иттилои маъхазҳои муътамад азбаски забони байналмилалии «Роҳи абрешим» забони форсӣ буд, номаи хоқони Чин ба Папаи Рим ба забони форсӣ будааст ва Марко Поло (1254-1324) дар кишвари Чин тавассути забони форсӣ тавониста буд ба ҳама ҷо роҳ пайдо кунад[12].

  Ба иттифоқи аҳли таҳқиқ барои фаро гирифтани забони форсии тоҷикӣ дар мактабу мадрасаҳои кишвари Чин «Гулистон»-и Саъдӣ ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Абдурраҳмони Ҷомӣ бештар аз дигар бузургони забону адаби форсии тоҷикӣ нақши сазовор доштаанд.

  Кишвари Чин ҳамчунин сарзаминест, ки дар он яке аз куҳантарин дастурҳои забони модарии мо бо номи «Минҳоҷу-т-талаб» дар соли 1660 ба қалами Муҳаммад ибни Ҳакими Зайнамии Чинӣ ном донишманди самарқандиасл таълиф шудааст. Ин нукта ҳамчунин аз доираи васеи корбурд ва нуфузу эътибори фаровон доштани забони тоҷикӣ дар ин кишвар дар асрҳои миёна шаҳодат медиҳад.

  Дар маҷмўъ, мавриди таҳқиқи густурда қарор гирифтани таърихи равобити тоҷикон бо мардуми Чин барои барқарорию таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳаи ин ҳар ду мардуми бостонӣ ва тамаддунофар дар рўзгори имрўзии ба истилоҳ «ҷаҳонӣ шудан» аз аҳамияти фаровон бархурдор хоҳад буд ва барои ҳамкорию ҳамёриҳои судманди тарафайн уфуқҳои наву тозаро боз хоҳад кард.

 

[1] Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. – Душанбе: Адиб, 1987. - С.147.

[2] Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Мураттибон: Ғолиб Ғоибов, Кароматулло Олимов, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе: Пайванд, 2012. - С.46-47.

[3] ҳамин китоб. - С.47 (ҳошия).

[4] муфассал ниг.: Ибн аз-Зубайр. аз-Захоир ва-т-туҳаф. Кувайт, 1959. - С.139-150.

[5] Муҳаммадризо Ноҷӣ. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. Баргардони Луқмон Бойматов ва виростории Сайфуллоҳ Муллоҷон. – Душанбе, 2011. - С.107.

[6] Абубакри Наршахӣ. Таърихи Бухоро. - С.30.

[7] Ҷаводи Ҳиравӣ. Таърихи Сомониён (асри тилоии Эрон баъд аз Ислом). – Тењрон: Амири Кабир, 1380. – С. 318-319.

[8] Мухаффафи Марвдашт, мавзеест берунтар аз Шероз.

[9] Саъдӣ. Гулистон. Бо таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ. - Теҳрон, 1370. – С.266.

[10] Риҳла Ибн Баттута. Ҳаққақаҳу Карам ал-Бустонӣ. – Байрут, 1384=1964. – С.640.

[11] Муҳаммад ибни Ҳакими Зайнамии Шандунии Чинӣ. Минҳоҷу-т-талаб. Таҳқиқу баррасии Сайид Абутолиби Миробидинӣ. – Теҳрон, 1388. – С. ҳафдаҳ.

[12] Ҳусайн Каюмарси Амирӣ. Забони форсӣ дар ҷаҳон // Шӯрои густариши забони форсӣ, шумораи 10, 1378. – С. 121.

Хондан 2812 маротиба