JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Сентябри 2018 07:44

Зургӯён боз садо баланд мекунанд

Муаллиф:

   Инак, бинобар  таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон боз ҳамон зуроварони нобакору мардумфиреб эъломияеро интишор доданд, ки тибқи он неруҳои мухолифи дар хориҷи кишвар паноҳбурда зарурати иттиҳодро гӯё дар мубориза алайҳи Ҳукумати мамлакат таъкид карда, минбаъд ҳадафҳои миллиро дунбол хоҳанд кард, дар ҳоле ки Ҳизби террористии наҳзати исломӣ ҳеҷ вақт дунболи ҳадафҳои миллӣ нарафтааст ва нахоҳад рафт, чунонки ҳаракатҳои исломиро мо дар аввалҳои садаи гузашта низ мушоҳида мекунем, ки бо дастури аҷнабӣ барои таъсиси Турони бузург дар хиттаи Ховари Миёна талош варзида, оқибат ба миллату Меҳан хиёнат карданд ва инчунин хиёнатро таърих намебахшад. Ҳамакнун, бозмегардем ба Анҷумани нахустини наҳзатиҳо, ки соли 1991 дар Хонаи Маорифи Сиёсӣ баргузор шуд ва тамоми шиорҳои он бо забони ғайр овезон буданду ҳадафҳои ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнугардида ҳанӯз аз ҳамон сол такрори амалҳои нангини ашхосе буд, ки сад сол муқаддам зархариди бегонагон маҳсуб мешуданд. Аммо мақсад аз ин нигориш мутафовит будани аҳдофи милливу динӣ нест.

    Паймони миллӣ аз кадом хотир таъсис ёфтааст? Кадомин гуруҳҳои хадамотӣ инчунин тиҷорати ҷаноби Кабириро, ки ҳангоми рух додани ҳаводиси баҳманмоҳи хунин дар соли 1990 ба донишҷӯёни аз хориҷа ташрифоварда такя мекарду ғайри ҳадафҳои ғайримиллӣ ҳеҷ гуна иртибот  бо тоҷикон надоштааст, ҷонибдорӣ ва маблағгузорӣ мекунанд? Муҳиддин Кабирӣ чун зуровар ва гаравгонгири асосӣ дар майдонҳои фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар аввалҳои соли 2000 – ум бинобар судҷӯиҳояш, ки дар зиёни кишвари тоҷикон будааст, занҷираи паралелии “Гуфтугӯи АвруОсиё” – ро таъсис дод, ки зарари он то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷо - ҷо инъикос мегардад.

   Агар дар ёдҳо нақш баста бошад, он ҳарфҳое, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ дунболгири Оятуллоҳ Хумайнӣ дар соли 1995 гуфтааст: “Агар давоми шаш моҳ ба мо имкон фароҳам оваранд, мо метавонем ҳамаи мушкилиҳои шаҳрвандонро рафъ созем”. Агар ҷанобон наҳзатиҳо фаромушхотир гардида бошанд, мо ба ёди хотиршон меоварем, ки соли 1992 давоми як соли расо қудратро ғасб намуданд, аммо ҷомеаро ихтиёрдорӣ карда натавониста, ҷои ба эътидол овардани авзоъ онро барҳам заданд ва миллатро дар дуроҳаи ҳастию нестӣ вогузоштанд. Айни замон бошад, қабули Эъломияи истиқлолияти давлатиро дар соли 1991 маҳсули ҳамон тазоҳуре медонанд, ки афроди ширкатдошта аз ин тоифаи гаравгирон танҳо бӯи Хумайниро мешуниданду бас.

   Магар  бо такя ба Инқилоби исломӣ метавон дар як кишвари пасошӯравӣ табаддулот кард ва бад – ин васила қудратро аз худ намуда, дар он, ки аксари санояш ҳанифимазҳаб мебошанд, чун Хумайнии шоир бо дастури мустағбираи Бритониё инқилоб кард?

   Гузашта аз ин, дар таъини сарнавишти мо, тоҷикон, ки беш аз 9 млн. нафар ҳастем, як тоифаи манфиатҷӯ хориҷ аз Меҳан дахолат варзида, тибқи Лоиҳае амал менамоянд, ки дар он аз байн бурдани истиқлоли кишваре сабт гардидааст, ки Тоҷикистон ном дорад.

  Маротиби аввал ҳамон солҳои навадум буд, ки гурӯҳи бехабар аз сиёсати вақт ҳолу аҳволи миллатро анқариб ба нестӣ расониданд ва чун диданд, ки авзоро баргардонида наметавонанд, шармандавор аз марзи кишвар фирор намуданд. Алъон боз ҳамин гурӯҳ бо маблағҳои аҷнабӣ сайъ дорад то Тоҷикистонро аз рушду тараққӣ боздоранд.

  Он замон, ки мегуфтед: “агар дар тазоҳурот ширкат наварзед, зансеталоқ ҳастед” ва оммаи васеи куҳистон ба ин ибораҳо бовар карда, барои ширкат дар тазоҳурот ба Душанбе меомаданд, лекин дар ҳоли ҳозир  инчунин сафсатаҳои шумоёнро ҷанобон исноашариён ва мубаллиғҳои озод кӣ бовар мекунад?

  Фаҳши сиёсие, ки дар он олудаед, бар миллати хеш таҳмил насозед, лек ҳазорон афсус, ки маънии муқаддаси миллат барои шумо ва амсолатон риддакҳои аҷнабӣ ноошност. Пас аз истиқрори сулҳ ба Ватан бозгаштед ва чӣ амале бар манофеи миллату Меҳан анҷом додед? Ғайр аз азхудкунии кӯмакҳое, ки аз хотири шаҳидон мегирифтед, магар корхонае сохтед, ки дар он ҳаммеҳанони шумо бо ҷои кор таъмин гарданд? Магар ҷиҳоде, ки шумо мефаҳмед, пайгирӣ аз аҷнабӣ нест? Агар чунин набошад, чаро дунболи аҷнабӣ қарор доштеду доред? Чун бозичаи дасти афроди қудратманд гардидед, пас аз адами нангу номус дар Эъломия даъво мекунед, ки башар  аз модар озод таваллуд мешавад, пас чаро бидуни кӯмакҳо ва дастгирии дигарон ба фаъолияти густурда камар намебандеду ҳамеша чун сояи аҷнабӣ падид меоед?

  Даъвии ягонаи шумо иборат аз ин аст, ки Эъломия “моли мардум” асту он “саҳифаи нави таърих” маҳсуб мешавад, аммо кадом миллат ва кадом таърих? Магар боре андешидаед, ки миллат ба чунин як Паймоне ниёз надорад?

  Паймони нави наҳзатиҳо дар дарбори бегонагон иброз ва интишор гардид ва манфиатҳои шахсии муддаиён чун Муҳиддин Кабирӣ дигар чизе нест, ки барои дастрасии он талош варзем!

 Машраби Абдуллоҳ

Хондан 145 маротиба