JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 11 Апрели 2018 09:07

Вожаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар луғатномаи Садриддин Айнӣ

Муаллиф:

 Марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо номи яке аз поягузорони адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ пайванди ногусастанӣ дорад, зеро устод бо таълифи осори бадеӣ, асарҳои арзишмандии илмӣ, мақолаҳои муҳими публитсистӣ ва фаъолияти ибратомӯзи хеш мероси адабию фарҳангиамонро муаррифӣ намуда, дар баробари ин манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намудааст.

 Муҳаққиқи тоҷик Мирзоҳабиб Аҳмадов саҳми устод Айниро дар рушду такомули забону адаби тоҷикӣ чунин қайд намудааст: «Агар ӯ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷавоби қатъие ба бадхоҳони халқи тоҷик дода, тавассути ин асар мавҷудияти тоҷиконро ҳамчун қадимтарин ва бофарҳангтарин халқи Мовароуннаҳр исбот карда бошад, бо асарҳои илмӣ ва мақолаҳои публитсистиаш паҳлуҳои дигари илму адабиёт ва фарҳанги тоҷиконро таҳқиқ кард ва бо нубуғу истеъдоди хоси худ онҳоро дар сатҳи баланд ҳал кард» (1.3).

Чунин ба назар мерасад, ки асосгузори адабиёти муосири тоҷик эҳсос мекард ва омодагӣ мегирифт, то бо иншои як шоҳасари дигар ба ҳамаи баҳсҳо дар атрофи забону фарҳанги тоҷик нуқта гузорад. Он шоҳасар мебоист, ганҷинаи бойи забони гуфтугӯии тоҷикон ва бахше аз калимаҳои маъмули осори адабиёти классикиро фаро мегирифт. Ӯ ба иҷрои ин кор қамар баст ва  луғати тафсирии забони тоҷикиро соли 1938 ба анҷом расонид.

 Ба навиштаи муҳаққиқон: «Ин кори устод Айнӣ дар зарфи бештар аз 400 соли охири сухансанҷии Осиёи Марказӣ назир надошт, зеро охирин луғати то замони мо маҳфузмондаи мансуб ба ин минтақа «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Ҳофизи Убаҳӣ мебошад, ки соли 1530 дар Бухоро мураттаб шудааст. Дар фарҳанги Ҳофизи Убаҳӣ тақрибан 2,5 ҳазор калимаю ибораҳо шарҳ дода шудаанд. Аммо луғати тафсирии устод Айнӣ қариб панҷ баробар бештар моддаҳои луғавӣ дорад, ки вусъати назари муаллиф ва муҳтавои ин китобро муайян мекунад»(1.4).

Нимаи дуюми солҳои 30-юми асри гузашта маҳз устод Садриддин Айнӣ нахустин луғати тафсирии замони навро тартиб дод. Асари мазкур шартан «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» номгузорӣ шудааст. Дурусттараш таҳиягарон ва ноширони ин луғат аз рӯйи нусхаи мусаввада ин унвонро гузоштаанд. Дар ин таълифоти устод калимаву ибороти зиёда аз 30 соҳа шарҳу тафсир шудааст.

Ба андешаи муҳаққиқ Мирзоҳабиб Аҳмадов, «Аз таҳқиқи ин асар бармеояд, ки онро ҳамчун фарҳанги тафсирии устод Айнӣ бояд шиносем. Асари мазкур ба тамоми талаботи фарҳангҳои тафсирӣ ҷавобгӯй мебошад ва шоистаи он мебошад, ки дар оянда ба унвони «Фарҳанги Айнӣ» ё «Фарҳангномаи Айнӣ» (монанди «Фарҳанги Рашидӣ», «Фарҳанги Ҳусайни Вафоӣ», «Фарҳангномаи Фахри Қаввос» ва амсоли инҳо) муаррифӣ шавад» (1.8).

Ҳадафи маърӯзаи мо баррасии шарҳ ва корбурди вожаҳои соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ дар луғати устод Садриддин Айнӣ мебошад. Барои равшантар инъикос намудани матлаб мо тасмим гирифтем, ки калима ва истилоҳоти соҳаи хуҷҷатгузорӣ ва коргузориро дар муқоиса бо Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ  баррасӣ намоем.

 Вожаи  «ҳуҷҷат» дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ  чунин шарҳ шудааст: «Ҳуҷҷат-а. 1. далел, бурҳон. 2. асос; маҷ. сарчашма, санад: ҳуҷҷатҳои қадимӣ. 3. навиштаҷот оид ба сифат, тасдиқи коре, тасдиқу тавсифи ҳоли касе ё чизе: ҳуҷҷати бойгонӣ, ҳуҷҷати расмӣ, ҳуҷҷати шахсӣ, ҳуҷҷати технологӣ» (3. 540). Ҳамин калимаро устод С. Айнӣ ба ду вожа тафсир намудаанд, аммо  на ба маънои истилоҳӣ: «Ҳуҷҷат- далел, бурҳон(2.545).

Дар забони адабии муосири тоҷик, алалхусус дар услуби коргузорӣ ва умуман, ҳуҷҷатнигорӣ калимаҳои зиёде  истифода мешаванд, ки аслан тоҷикианд. Чунончи, калимаҳои гувоҳнома, гузоришнома, дастур, дастурамал ва ғайра. Ин қабил калимаҳо дар фарҳангии тафсирии мураттабнамудаи устод С. Айнӣ ҳам мавҷуданд. Масалан, калимаи «дастур»-ро устод Айнӣ ҳамчун истилоҳи соҳаи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар маънои дуюм ва сеюм тафсир намудааст: «Дастур- 1. вазир.2. иҷозат, рухсат.3. қоида, қонун, тарз, равиш (2.96).

Калимаҳои «дафтар» ва «девон», ҳарчанд аз лиҳози решашиносӣ баромадашон тоҷикӣ набошад ҳам, аммо онҳоро устод Айнӣ чун истилоҳи соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ба маъноҳои якуму дуюму чорум шарҳ додааст: «Дафтар- 1. китоби ҳисобнависӣ. 2. қоғазҳои нонавиштаи муқова кардашуда, ки дар вай шеър ва ё чизҳои дигарро нависанд» (2.97). «Девон- 1.маҳкама. 2.вакили дахлу харҷ. 3. нишастангоҳи одамони калон.  4. дафтари ҳисобот. 5. китоби ғазали ягон шоир» (2.99).

Вожаҳои зикршуда дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ васеъ ва батафсил шарҳ ёфтаанд:

«Дафтар I ....абзори шонамонанди бофандагон. Дафтар II .... [муарраб аз юнонӣ] 1. варақҳои коғази сафеди саҳҳофӣ ва ҷилдшуда (барои навиштан): дафтари мактабӣ, дафтари хотирот, дафтари қайд(ҳо) 2. он чи дар он дахлу харҷ ҳисоб ё асомии касон қайд карда мешавад: дафтари синф. 3. китоб; маҷмӯа; асари навишташуда, таълифот: дафтари ашъор; дафтари бағалӣ, дафтарчаи кисагӣ (барои қайдҳо); дафтари шикоят ва пешниҳод, дафтари махсусе, ки дар он харидорону муштариён фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро роҷеъ ба тарзи кори мағозаву корхонаҳо ва коргоҳҳои хизматрасонӣ баён менамоянд; дафтари ҳавлӣ дафтари махсус дар идораи хонаю ҳавлиҳо барои ба қайд гирифтани истиқоматкунандагон; дафтари аъмол. д. ҳисоби кору кирдорҳо. 4. ҷое, ки дар он ба корҳои дафтарнависӣ машғул мешаванд; дафтари кор-- утоқи корӣ» (6.448).

«Девон 1.маҷмӯаи ашъори як шоир, ки ба шакли китоб дароварда шудааст: девони Соиб, девони Ҳофиз, девони ғазалиёти Ҷомӣ. 2. таър. вазоратхона; девони қозӣ маҳкама. 3. идораи давлатӣ, девони вазирон ҳайати ҳукумат» (6.454).

  Калимаи «нома» дар «Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ ба ду маъно тафсир шуда бошад ҳам, танҳо маънои якум марбути ҳуҷҷатгузорист:

«Нома- 1.мактуб, ки ба касе мефиристанд (дар забони зинда танҳо ба мактуби подшоҳе ё давлате ба давлате кор мефармоянд. 2. китоб               (Шоҳнома, Ҷангнома)» (2.267). Мураттибони Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ бошад, онро васеътар тафсир намудаанд:

«Нома- 1.навиштае, ки ба касе ё ҷое мефиристонанд, мактуб, хат, руқъа. 2. кит. китоб,асар; ◊ номаи аъмол д. рӯйхати корҳои неку бади кас тибқи ривоёти динӣ, ки риштаҳо ба ҳисоб гирифта, рӯзи қиёмат ба дасти соҳибашон месупоранд; номаи камол шаҳодатнома дар бораи тамом кардани мактаби миёна» (6.975).

 Устод Садриддин Айнӣ калимаи «дархост»-ро ба маънои хоҳиш тафсир намудааст, ки фарогири маънои истилоҳӣ низ мебошад: «Дархост- илтимос, пурсиши чизе» (2.93). Мураттибони Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи мазкурро ба маънои дуюм ҳамчун истилоҳи коргузорӣ шарҳ додаанд:

«Дархост.- 1. хоҳиш, талаб, илтимос, дархост кардан // дархост намудан талаб кардан, хоҳиш кардан. 2. нав. хоҳиши хаттӣ бо тақозои чизе, номаи расмӣ бо талаби чизе»(6.438).

  Як калимаи бисёр  ҷолибу сохтае дар забони мусири тоҷикӣ мавҷуд аст, ки бештар дар соҳаи бонкдорӣ ва молия истифода мешавад. Ин калима «амонаткасса» буда, дар Луғати устод Айнӣ чунин шарҳ шудааст:

«Амонаткасса-сандуқи амонатнигоҳдории ҳукуматист, ки мардум пул ва чизҳои пурқиматашонро дар он ҷо ба амонат мегузоранд ва дар вақти даркорӣ бозпас мегиранд» (2.28).

Истилоҳи мазкур дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба гунаи зерин шарҳ ёфтааст: «Амонаткасса- кҳн. кассаи амонатгузорӣ, ки ҳоло ба бахшҳои бонки амонатгузорӣ табдили ном кардааст» (6.62).

Калимаи «амр»-ро устод Айнӣ чун истилоҳи соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ба маънои дуюм шарҳ кардааст:

«Амр- 1. ҳукм, фармон 2. кор» (2.28). Бо ҳамин маъноҳо ин калима дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ низ тафсир шудааст ва ин далели он аст, ки устод Айнӣ ҳар як калимаро бо маъноҳои луғавию истилоҳӣ истеъмол мекардаанд:

 «Амр а. 1 ҳукм, фармон, дастур, фармоиш; амр кардан (фармудан) фармон додан. 2. кор; ҳодиса ва ғ.; амри маҳол // амри муҳол кори басе душвор, чизи ғайри мумкин, кори ношуданӣ; амри хайр а) кори нағз; б) киноя аз тӯй; амру наҳй д. фармонҳо ва қонуну қоидаҳои динӣ (ҷоиз ва ноҷоиз); амри маъруф таблиғи корҳои нек дар шариат» (6.63).

 Истилоҳи хеле маъмулу серистеъмоли соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ вожаи «барот»,  мебошад, ки онро устод Айнӣ ба гунаи зерин шарҳ додааст:

 «Барот- 1. коғази навиштаест, ки мувофиқи он аз хазина пул гирифта мешавад. 2. хати қисмат ва тақдир .3. ҳуҷҷати озодӣ» (2.46). Истилоҳи зикршуда дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба ду маъно омадааст:

«Барот I.а. -кит. 1. хати озодӣ, ҳуҷҷати авфи гуноҳ; бароти наҷот, раҳмнома, хати озодӣ. 2. ҳуҷҷате, ки дар асоси он пулу мол ба касе гузаронида мешавад, ҳавола.

Барот II.-номи рӯзи 15-уми моҳи шаъбон» (6.150).

Калимаи «васиқа» дар гузаштаи начандони дури таърихӣ чун истилоҳ дар соҳаи заминдорӣ бештар серистеъмол буд ва онро устод Айнӣ вобаста ба замон тафсир кардаанд:

«Васиқа-1. ҳаргуна ҳуҷҷат, ки чизеро устувор кунад. 2. ҳуҷҷати замин, ҳавлӣ (ба ҳамин маънӣ дар забони халқ зинда аст» (2. 62). Мураттибони  Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ҳам ин истилоҳро ба маънои дуюмаш чун истилоҳи ҳуҷҷатгузорӣ шарҳ додаанд:

«Васиқа а. -1. кит. аҳду паймони устувор; аҳднома. 2. таър. ҳуҷҷате, ки дар он ҳуқуқи моликияти касе ба чизе (хусусан молу мулки ғайриманқул) қайд шудааст: васиқаи замин, васиқаи ҳавлӣ; васиқа кардан» (6.278).

 Устод Айнӣ вожаи «дабир»-ро дар маънои дуюм чун истилоҳи соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ шарҳ додаанд, ки мувофиқу фаҳмост:

 «Дабир- 1. иншонавис, дафтарнавис. 2. котиб.3. ба маънии муаллим, мактабдор» (2.85).

Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ҳамин вожа ба маъноҳои бештар тафсир шудааст: «Дабир -1. нависанда ва таҳриркунандаи мактубу ҳуҷҷатҳои давлатӣ, мирзо, муншӣ, котиб. 2. муаллим, мактабдор, омӯзгор. 3. котиби созмони иҷтимоӣ, ҳизбӣ ва ғ.: дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид» (6.409).

 Калимаи  «дастовез» дар ҳуҷҷатгузории муосири тоҷик, ҳарчанд серистъмол набошад ҳам, дар гузашта ба маънои ҳуҷҷат дар истеъмол будааст:

«Дастовез- чизе ки дар меҳмонӣ тӯҳфа гӯён ба мизбон баранд.2. ҳуҷҷат ё касест, ки ба вай такя карда кореро кунанд» (2.96). Ҳамин маънои истилоҳиии калимаи мазкурро мураттибони Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ қайд кардаанд:

«Дастовез -1. он чи меҳмон чун тӯҳфа ба мизбон меорад, тӯҳфа, ҳадя, армуғон. 2. чизе ё касе, ки ба вай истинод (такя) карда кореро буд мекунанд. 3. маҷ. васила, восита; дастовез кардан а) ба сифати тӯҳфа бо худ бурдани чизе ба ҷое (хусусан ба меҳмонӣ, тӯю маърака ва ғ.); б) баҳона кардан (чизеро дар исботи дурустии амале); санад ва далел қарор додан (чизеро) »(6.445).

 Вожаи серистеъмоли «дастур», ба маънои дуюму сеюми тафсир намудаи устод Айнӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ корбаст мешавад:

«Дастур- 1. вазир.2. иҷозат, рухсат.3. қоида, қонун, тарз равиш» (2.96). Маъноҳои мазкурро моддаи луғавии «дастур» дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ пурратар менамояд:

«Дастур -1. роҳнамо, нишондод; барномаи амалиёт, дастуруламал; супориш, фармоиш; фармон, амр; дастур додан а) роҳ нишон додан барои иҷрои коре, омӯхтан; б) супориш додан, фармудан. 2. маҷмӯаи қонуну қоида ва тавсияҳо оид ба тарзи омӯзиши ягон фанни дарсӣ: дастури таълимӣ; дастури методӣ маҷмӯаи нишондод ё маслиҳату тавсияҳои методӣ оид ба тарзу усули гузаронидани дарсҳо аз фанне; дастури забони форсӣ китоби таълими сарфу наҳви забони форсӣ. 3. кит. рухсат, иҷозат. 4. таър. вазир, вазири соҳибмаснад» (6.446)

 Яке аз амалҳои маъмулӣ ва ҳамзамон муҳим дар ҳуҷҷатгузорӣ гузоштани имзо мебошад, ки устод Айнӣ хеле саҳеҳ шарҳ додаанд:

«Имзо-1. гузаронидан; иҷро кардан.2. даст мондан ба фармон, мактуб, ҳуҷҷат ва монанди инҳо» (2.131). Шарҳҳои устодро тафсири Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ васеътар кардааст:

«Имзо -а. 1 . кит. гузаронидан, равон кардан, ҷорӣ кардан, иҷро кардан, иҷро; ба имзо расондан а) иҷро кардан ба амал гузаронидан; б) даст мондан, барои иҷрои коре бо роҳи имзои санади ҳуқуқӣ роз шудан. 2. кит. нишон, аломат, ки дар поён ё пушти фармон ё ҳуҷҷате барои иҷро мегузоранд. 3. ном ё номи хонаводагӣ, ки дар поёни мактуб ё ҳуҷҷате бо дасти худ навишта мешавад, дастина; имзои мустаор номе, ки муаллиф ба ҷои ному номи хонаводагии воқеии худ дар зери навиштаҳояш мегузорад, имзои ориятӣ, имзои пӯшида; имзо кардан (мондан) даст мондан, номи худро ба тасдиқи навиштае дар зери он сабт кардан» (6.567)

Вазифаи бисёр масъул ва муҳим дар самти танзими ҳуҷҷатҳо коргузорист ва нафаре, ки ин корро ба сомон мерасонд, коргузор мебошад. Калимаи мазкурро устод Садриддин Айнӣ чунин тафсир намудаанд:

«Коргузор- касест, ки дар идораҳои ҳукуматӣ корҳоро ба коркунон тақсим карда медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад» (2.163). Тафсири дуюми мураттибони Фарҳанги  тафсирии забони тоҷикӣ аз шарҳи устод Айнӣ ба миён омадааст:

«Коргузор- 1. он ки мукотиботи расмӣ ва ҳуҷҷатҳои ҷории муассисаеро идора мекунад. 2. он ки корҳоро дар идораи давлатӣ ба коркунон тақсим карда медиҳад ва ба иҷрои онҳо назорат мекунад». (6.652).

 Вожаи «маъмурият» дар коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бештар ба маънои «роҳбарият» истеъмол мешавад. Устод Айнӣ калимаи мазкурро ба маъноии васеътар тафсир намудааст:

«Маъмурият»- андозаи корҳое, ки барои иҷро ба ягон коркуни давлатӣ ва ҳукуматӣ супурда мешавад (2. 204). Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ вожаи зикршуда ба ду маъно, ки маънои дуюм ифодаи истилоҳӣ дорад:«Маъмурият- а. -1.корҳое, ки барои иҷро ба ягон маъмури давлатӣ ё ҳукуматӣ супурда шудааст. 2. мақомоти иҷроия; роҳбарият: маъмурияти корхона, маъмурияти мактаб, маъмурияти муассиса» (6.823).

 Истилоҳи ҳуҷҷатгузории «муборакнома» ба маънои аввалаш ҳамчун ҳуҷҷат дар истеъмол мебошад.Маънои маҷозии онро, ки устод Айнӣ овардааст, кам истифода мекунанд:

«Муборакнома-1.табрикнома 2. киноя аз фармони подшоҳӣ» (2. 222).Бо каме тағйирот маъноҳои мазкур дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ омадаанд: «Муборакнома -1. номаи табрикӣ,табрикнома. 2. таър., маҷ. фармони подшоҳӣ» (6.863).

Барои он ки инсонҳои ба ҳам кореро мувофиқа намоянд, шартнома мебандад ва онро дар шакли ҳуҷҷат омода мешавад. Чунин ҳуҷҷатро устод Айнӣ «муоҳаданома» гуфтааст:

«Муоҳаданома- коғазе ки дар вай шартҳои аҳд навишта шудааст» (2.230). Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ҳамин истилоҳ ба гунаи дигар ва бо маънои фавқ шарҳ ёфтааст: «Муоҳиданома- созишнома, шартнома» (6.881).

 Самти фаъолияти дилҳоҳ идораву корхонаро низомнома муайян мекунад. Ин ҳуҷҷатро устод Айнӣ чунин тафсир кардаанд:

«Низомнома- қоидаҳои навишта барои ба тартибандозии чизе коре» (2.263). Истилоҳи коргузории мазкур дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ чунин шарҳ дад шудааст: «Низомнома-қоидаҳои навишта барои ба тартиби муайян гузаронидани коре, дастур, асоснома: низомномаи интихобот» (6.957).

 Калимаи «нозир» нисбат ба нафароне гуфта мешавад, ки касеро назорат мекунанд. Ҳамин маъноро устод Айнӣ ба тариқи зерин шарҳ додаанд:

 «Нозир- назораткунанда ва болои коркунони даркорӣ» (2. 266). Мураттибон Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ин истилоҳи серистеъмолро васеътар тафсир кардаанд:

 «Нозир а.- 1. назаркунанда, нигоҳкунанда, бинанда; ҳозиру нозир он ки дар ҷое ҳозир буда ва воқеаро дидааст. 2. назораткунанда, назоратчӣ; бозрас: нозири роҳ, нозири тартибот, нозири шӯъбаи назорати техникӣ. 3. кҳн. вазир; шӯрои нозирон шӯрои вазирон»(6.972).

 Устоди сухан Садриддин Айнӣ истилоҳи ҳуҷҷатгузории «парвона»-ро ба маънои дуюмаш ба гунаи зерин тафсир намудаанд:

 «Парвона- II. ҳукм, фармон. Дар ин маънӣ гуфта шудааст:

 Дар сафҳаи рӯй бо хати хуб,

Парвонаи қатли ман навишта» (2. 285).

 Ба маънои дуюм истеъмол шудани истилоҳи мазкурро шарҳи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ низ нишон медиҳад:

«Парвона II- 1.таър. фармони шоҳ, ҳукм. 2. иҷозатнома; роҳхат, рухсат: парвонаи духул»(7.69).

Дар фарҳанги устод Айнӣ истилоҳе бо номи «раҳилнома» зикр шудааст, ки айни замон дар истеъмол нест:

 «Раҳилнома-номаи рухсати кӯчидан,Раҳилнома хондан- киноя аз мурдан:

 В-охир ба кори хеш дармонд,

Ӯ низ раҳилнома бархонд» (2.311).

 Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ танҳо вожаи «раҳил» тафсир шуддаст, чунки айни ҳол чунин бо чунин ном дар ҳуҷҷатгузорӣ вуҷуд надорад:

«Раҳил -а.кӯч кардан, кӯчидан, ба сафар (ба роҳ) баромадан, аз ҷое ба ҷое рафтан»(7.156).

 Калимаи «сак» аз ҷониби устод Айнӣ дар асари мазкур чунин шарҳ гардидааст:

«Сак- ҳуҷҷати навишта (арабикардашудаи чак). Дар ин маънӣ Шоҳин гуфта:

Ҳар даъвие, ки аз ту ба фазлу калом рафт,

Барҷиз муҳр карду Уторид навишт сак» (2.329).

 Истилоҳи маъмули «санад»- ро Садридддин Айнӣ ба маънои дуюм чун ҳуҷҷат тафсир намудааст:

«Санад II. 1.ҳуҷҷати навишта 2. далеле барои исботи муддао, ки ба ягон китоби муътабар ва ё одами муътабар нисбат дода мешавад» (2.331). Моддаи луғавии мазкур дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба гунаи зерин шарҳ ёфтааст: «Санад -а. ҳуҷҷат, далели навишта барои исботи даъво ё муддаое; ҳуҷҷат, далел; санади қарз дастхате ки қарзгиранда ба қарздиҳанда медиҳад; санад овардан барои исботи даъво ё муддаое ҳуҷҷат овардан»(7.204).

Шарҳи истилоҳи «ташкилот» аз тарафи устод Айнӣ хеле возеҳ мебошад:

 «Ташкилот-идорае, ки бо ҷамъ омадан ва иштироки чанд кас ба вуҷуд омада бошад (монанди идораҳои советӣ, партиявӣ ва касабавӣ)» (2. 386).Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ҳам тавъам ба шарҳи устод мебошад: «Ташкилот- идора ё муассисаи давлатӣ ё ҷамъиятӣ; созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ ё давлатӣ» (7.341).

 Истилоҳи машҳури коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ «фармон» дар луғати устод Айнӣ чунин тафсир ёфтааст:

 «Фармон- амри қатъӣ додан аз боло ба поин» (2.408). Шарҳи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ҳам фарогири маънои болост: «Фармон -амр, ҳукм; ҳукме, ки аз тарафи идораи олӣ ё шахси воломақоме содир мешавад; фармон додан ҳукм кардан, ҳукм содир намудан, ба каси дигар кореро ба таври ҳукм фармудан» (7.401).

 Ҳуҷҷат барои гирифтани қарзро дар гузашта бо калимаи «чак» ифода мекардаанд:

«Чак-1.навиштаҳои ҳуҷҷатӣ, васиқа, санади қарзгирӣ, коғази ҳавола, хати расид ва монанди инҳо. 2.ҳудуди замин, боғ, вилоят, мамлакат»(2.448). Маънои чоруми ин вожаро мураттибони Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ чун истилоҳи соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ шарҳ додаанд: «Чак I.- 1  қатра. 2. садое, ки аз афтидани қатраи об ба вуҷуд ояд. Чак II - гуфт. 1. ҳисса, қисм; чак кардан тақсим кардан. 2. қуръа; чак партофтан қуръа партофтан. Чак III - кҳн. навиштаҳои ҳуҷҷатӣ, васиқа, санад: хату чак карда гирифтан, хату чак карда додан, чак навиштан. Чак IV-кит. олате, ки се ва ё зиёда шоха дошта, барои бод додани ғалла ва ҷудо кардани коҳ аз дона истифода мегардад.Чак V - буридани навдаҳои ангур ба мақсади боровар кардани дарахт, хомток. Чак//чик VI -аз чаҳор як тарафи буҷул аст, ки онро дар буҷулбозӣ «дузд» низ мегӯянд; муқ. пук» (7.544).

 Калимаи «эълон»дар луғати устод Айнӣ ба маънои истилоҳӣ шарҳ нашудааст:

 «Эълон- 1. ҳозир кардан 2. ошкор кардан» (2. 489).

 Дар луғати устод Айнӣ калимаву истилоҳоти ҳуҷҷатгузории аз забонҳои туркиву муғулӣ ба замонамон воридшуда  низ тафсир шудаанд. Масалан, истилоҳи «ярлиғ» чунин тафсир ёфтааст:

 «Ярлиғ- фармони подшоҳӣ. (ин калима аз забони муғулӣ ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ интиқол ёфтааст). маншур» (2.494) . Ҳамин вожа дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба гунаи «ярлиқ» омадааст: «Ярлиқ т. 1 таър. фармони подшоҳӣ. 2. фармон барои додани мансаб, рутба, номаи фахрӣ, номаи имтиёз ва ғ. 3. тамғаи мол, ки дар он таърих, навъ, миқдор ва нархаш навишта мешавад, ярлиғ»(7.722).

 Калимаи серистеъмоли «қарор»  ҳам дар луғати устод Айнӣ ба маънои истилоҳӣ шарҳ нашудааст ва далели он аст, ки ҳуҷҷатгузории муосири тоҷик баъд аз солҳои 50-уми асри гузашта инкишоф ёфтааст: «Қарор- 1. ором, осуда. 2.қавл, аҳд» (2.513).

 Аз таҳлилу баррасиҳои дар боло зикршуда ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки устод Айнӣ ҳамчун донандаи волои забони тоҷикӣ тавонистааст бо тадвини «Луғати  нифтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» забони коргузорӣ будани забони тоҷикиро собит намоянд.  Зимни таҳқиқ маълум шуд, ки дар луғати устод Айнӣ зиёда аз 60 калимаву истилоҳоти соҳаи ҳуҷҷатнигориву коргузорӣ, ҳам ба маънои луғавӣ ва ҳам ба маъноӣ истилоҳӣ шарҳу тафсир шудаанд. Ибтикороти устод Айнӣ дар самти тадвини луғати тафсирӣ маънии онро дорад, ки мавсуф аз илми луғат ва фарҳангнигории миллӣ ва арабӣ хеле хуб огоҳӣ дошта, дар заминаи омӯзишу андӯхтаҳои ҷиддӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, то барои ҷомеаи тоҷикӣ мероси арзишманди фарҳангӣ гузорад.

 Ин гувоҳи он аст устод Айнӣ на танҳо дар фарогирии илмҳои филологӣ дасти тамом доштаанд, балки дар ҳама бахшҳои улуми инсонӣ муваффақ будаанд.

Фирдавс Мирзоёров

мудири шуъбаи луғат ва истилоҳоти

Институти забон ва адабиёти

ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ, 

н.и.ф.

 Адабиёт

  1. Ахмедов Мирзохабиб. Толковый словарь Садриддина Айни и его лексикографические особенности: АКД- Худжанд: 2002. - 24 с.
  2. Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик. Куллиёт. Ҷ. 12 / С. Айнӣ.-Душанбе, 1976. - С. 23-558.
  3. Луғати осори С. Айнӣ: Тарт. Х. Рауфов, Х. Муҳаммадиева, И. Шукурова, М. Ҳайдарова ва диг. / Муҳар. Р. Ҳошим ва Х. Рауфов. – Душанбе: Дониш, 1978. – 236 с.
  4. Маҳмадаминов Абдулҳай. С. Айнӣ – олим. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 64 с.
  5. Р. Ҳошим. Садриддин Айнӣ ва инкишофи лексикаи забони адабии форс. /Муҳаррири масъул. Р.Ҳошим. – Душанбе: Дониш, 1978. – 46 с.
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1.А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе, 2010, - 996 с.
  7. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Ҷ. 2.О – Я (нашри дувум). /Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - 1091 с.
Хондан 360 маротиба