Нусхаи чопи
Ҷумъа, 21 Сентябри 2018 04:58

Устод Рӯдакӣ - шоири хирадварз (чанд андешаи муқаддимотӣ дар партави Рӯзи Устод Рӯдакӣ)

Муаллиф:

    Дар таърихи илму адаби ҷаҳонӣ адабиёти форсӣ- тоҷикӣ маҳз бо шеъри хирадварзӣ ва тасвироти зиндагисозӣ ҷойгоҳи муносиб касб кардааст. Шеъри зиндагиро метавон дар қолаби назми ҳикматӣ-фалсафӣ андозагирӣ кард, ки реша, бунёд, поя ва муҳтавои адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Маҳз каломи муассири манзум, ки бар мабнои хирадварзӣ офарида шуда, аз ашъори падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ устод Рӯдакӣ ифтитоҳ ёфтааст, дархӯри ҷомеа буда, ба ниёзҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва мадании мардум посух гуфтааст. Гузашта аз ин, адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ба назари муаррихи варзидаи илм Ҷорҷ Сартон, комёбии бузурги илми ҷаҳонист. Ин комёбӣ ва муваффақияти бузурги илми ҷаҳонӣ, ки ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ марбут мешавад, ба шарофати саъю талош ва заҳматҳои фаровони шоирон, ҳакимон ва андешамандоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ба даст омадааст.

  Мусалламан, дар доираи шеър андеша, эҳсосот ва авотифи инсонӣ   инсиҷом ёфтаанд, ки дар маҷмӯъ, ҷараёни донишу биниши адабӣ-бадеӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандии инсонро дар олами вуҷуд таъйин ва танзим мекунанд. Муҳаққиқон ҳунар ва шеърро дар як таъриф ғунҷонида, бад-ин тарз тавзеҳ додаанд: «Шеър ҳам мисли ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар идомаи ҳастӣ аст ва ҳар камбудеро, ки ӯ (инсон) дар ҷаҳон эҳсос мекунад, ба василаи шеър ва ҳунар ҷуброн менамояд». Ба ин маъно, шоир ҳунармандест, ки оламро ба тарзи худ меофаринад, бо андеша ва хаёлоташ рангоранг месозад ва саранҷом маъною муҳтавои тоза мебахшад. Ҳамин тариқ, шоир бо завқу салиқа ҷаҳонро дар қолаби шеър ва каломи манзум аз нав меофаринад ва аз ин тариқ дар дилу зеҳну шуури хонандаю шунаванда ангезаи эҷоди зиндагии наву ҷадидро бедор мекунад.

  Замон, муҳит ва фазои сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ дар падид омадани чеҳраҳои бузурги адабӣ, илмӣ, сиёсӣ ва умуман, маънавӣ мусоидат мекунад. Дар замони давлатдории Сомониён, ки зиндагӣ ва эҷоди устод Рӯдакӣ ба он давра мансуб аст, вазъи мусоиди фарҳангӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки ин имкони тавлиди неруҳои муқтадири зеҳнӣ ва фикриро ба бор овард. Амирони хирадпарвари Сомонӣ аҳли илму адабро иззат мекарданд, ба он талош меварзиданд, ки сафи ононро биафзоянд ва бад-ин васила фазою муҳити солими фикрӣ ва фарҳангӣ фароҳам оваранд, то ҷомеа ба донишу хирад пайваста, аз ҷаҳлу нодонӣ ва хурофоту таассуб наҷот ёбад. Бар илова, фазои солими фикрию сиёсии замони Сомониён сабаб гардид, ки шеър, андешаи миллӣ ва истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ дар қаламрави давлатдорӣ мустақар шавад. Бемуҳобо, дар раъси неруҳои зеҳнию эҷодии замони Сомониён устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дошт.

  Устод Рӯдакӣ дар баробари касби ановини зиёд дар қаламрави адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба сифати «Ҳаким» низ шинохта шудааст. Ҳаким касест, ки инсон ва ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста, он чиро ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад. Рӯдакӣ бо шеъри зиндагисози худ миёни муосирини суханвар шуҳрати тамом пайдо кард, то ҷое ки вазири донишманди Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ Абулфазли Балъамӣ: «Рӯдакиро дар Арабу Аҷам монанд набошад» - гуфта ӯро тавсиф кардааст. 

 Дар замони зиндагии Рӯдакӣ шоироне, ки дар хиттаи салтанати Сомонӣ манзалати баланд доштанд, андак набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ, Абӯшакури Балхӣ, Фароловӣ аз зумраи шоироне маҳсуб меёфтанд, ки мавриди эҳтироми давлатмадорону фарҳангиёни замон қарор гирифта буданд. Муҳаққиқи варзидаи зиндагӣ ва осори Рӯдакӣ устод Саид Нафисӣ таъкид мекунад, ки дар замони зиндагии шоир 350 нафар шоирону донишмандони муқтадир зиндагӣ ва эҷод мекарданд (ниг.: Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. - Теҳрон, 1382. –С.249-253). Дар миёни анбуҳи шоирону донишмандони забардаст, ки муосири шоир буданд,   мартабаи баландро касб кардани устод Рӯдакӣ осон набуд. Муҳаммад Авфӣ аз ақлу заковати Рӯдакӣ сухан ба миён оварда, аз ҷумла менависад: «Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон ба тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат гашт» (ниг.: Авфӣ Муҳаммад. Лубобулалбоб. Бо саъй ва эҳтимоми Э. Броун. - Теҳрон, 1361.-С.493). Дар байни шоирону донишмандони замони худ соҳибэҳтиром ва пешгом будани устод Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ӯ, воқеан, шоири тавоно будааст. Шоир ва ҳакими бузург Шаҳиди Балхӣ, ки аз муосирини шоир буд, сухан ва шеъри Рӯдакиро ба Қуръон монанд карда фармудааст:

Ба Сухан монад шеъри шуаро,

 Рӯдакиро суханаш тилви Нубист.

     Ҳаким Кисоии Марвазӣ Рӯдакиро «устоди шоирони ҷаҳон» номида, худро ҳатто хоки кафи пойи ӯ намеҳисобад:

Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд,   

Сад як аз ӯ туӣ Кисоӣ баргаст.

Хоки кафи пойи Рӯдакӣ нашавӣ ту,

Ҳам бишавӣ гову ҳам бихоӣ барғаст.

       Муҳтавои навиштаи худро дар робита бо мавзӯи «Устод Рӯдакӣ – шоири хирадварз» дар ин чанд нуктаи асосӣ хулоса мекунем:

1. Зиндагипарастӣ ва хирадварзӣ ду унсури ба ҳам тавъаманд, ки ҳар ду дар ашъори устод Рӯдакӣ ҳамовозӣ пайдо кардаанд. Аз ин ҷост, ки устод Рӯдакӣ нахуст ба зиндагӣ арҷ мегузорад ва онро ба сифати арзиши баланд меситояд. Ба сухани дигар, Рӯдакӣ шоири зиндагипарсат ва хирадварз буда, дар ашъораш аз зиндагӣ ва муқаддасоти он дифоъ намудааст. Шоир зиндагиро устод ва раҳнамои инсоният шинохта, таъкид мекунад, ки барои аз дафъи балоҳо наҷот ёфтан, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бурдан лозим меояд:

      Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

      Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

2. Рӯдакӣ шоири хирадварз аст, ҳамвора аз хирад -- аз ин ҷавҳари щариф, ки инсонро инсоният, ҳувият ва шахсият мебахшад, тамҷид намуда, мардумро ба ҷустуҷӯю дарёфти ин ганҷи саодат даъват мекунад. Шоир бар он таъкид меварзад, ки то умр ҳаст, рӯйи бар ин ганҷ (хирад ва фарҳанг) ниҳодан зарурат дорад:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

  Шоир бо чашми хирад нигаристани ҷаҳон ва бо некию накукорӣ обод кардани онро ҳадафи аслӣ ва ниҳоии инсони хирадварз медонад. Рӯдакӣ ба ҷаҳон хирадмандона назар андухтанро шеваи зиндагӣ дониста, ин тарзи бинишро мояи умр ва рӯзгори инсонӣ талаққӣ мекунад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

3. Муҳимтарин масъалаи фалсафие, ки дар асотири қадимаи ориёӣ ва таъолими зардуштӣ ҷойгоҳи сазовор дошта, бо омадани дин ва сиёсати аҷнабӣ аз байн рафта буд, масъалаи дуализми фалсафии инсон ва ҷаҳон (табиат) мебошад. Рӯдакӣ ҳамчун шоири миллӣ ва меросбардори фарҳанги гузашта ин мавзӯи муҳимми фалсафиро аз нав эҳё кард ва бо биниши ҳакимона иброз дошт:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии  ӯ ба ҷойи темор аст.

Куниши  ӯ на хубу чеҳраш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст (18, 280).

    Шоири ҳаким шод зистан ва шодмон буданро дар ҷаҳони пурфитнаву дунпарвар  ба насли одамӣ тавсия намуда мегӯяд:

Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З-омада шодмон бибояд буд,

В-аз гузашта накард бояд  ёд.

Боду абр аст ин ҷаҳони фусус,

Бода пеш ор, ҳарчи бодо  бод.

4. Масъалаи зиндагӣ ва марги инсонӣ, ки дар фарҳанги гузаштаи мо дар шакли дуализми фалсафӣ вуҷуд дошт, дар ашъори Рӯдакӣ бо диққати тамом думболагирӣ карда мешавад. Ин масъалаи фалсафӣ дар ашъори Рӯдакӣ ҷойгоҳи асосӣ дошта, дар низоми шеъри шоир ба сифати меъёри асосӣ арзёбӣ мегардад ва ин амр шоири хирадварз ва маргандеш будани ӯро таъйину тасдиқ мекунад. Шоир инсонро мисоли саъва тасвир мекунад, ки марг ҳамчун заған ӯро пайваста таҳдид мекунад ва ба доми нестӣ мекашонад:

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй  писар,

Мо чу саъва марг бар сони заған.

Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ӯ на дер,

Марг бифшорад ҳама дар зери ған.

             Рӯдакӣ ба зиндагӣ эътиқод ва ба марг нафрат дорад. Ӯ ин нафратро бо сиёҳ кардани мӯйи хеш ҳангоми пирӣ ошкор карда, маргро мусибати инсонӣ медонад:

Ман  мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,

То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.

Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,

Ман мӯйи аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.

Шоири хирадварз аз дарди абадие, ки марг ном дошта, бо инсоният ҳамеша ҳамнафас аст, ҳар лаҳза ӯро дар изтиробу ташвиш қарор медиҳад ва айшашро талх месозад, пайваста ранҷ бурда, ин  ранҷӯриро бо душворӣ таҳаммул карда мегӯяд: 

Зери хок андарун -т бояд хуфт,

Гарчи акнун-т хоб бар дебост.

Бо касон буданат чӣ суд кунад?

Ки бар гӯр андарун шудан танҳост.

  Устод Рӯдакӣ фазлу хирад ва мсардию солориро ба унвони қудратҳои бузурги фикрию маънавӣ ва иродавии инсон мешиносад, ки дар ҳолатҳои рӯйи кор омадани балову хатароти гуногун буруз мекунанд ва балоёро рафъ месозанд:

Андар балои сахт падид оранд,

Фазлу бузургмардию солорӣ.

5. Шӯридан алайҳи хурофоту таассуби динӣ, ки дар асрҳои миёна муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқию маданиро фаро гирифта, чун устухон дар гулӯи мардум шуда буд, меҳвари шеъри устод Рӯдакӣ ва шоирони ақлгарои замонашро ташкил медод. Дар ин замина, шеъри Рӯдакӣ шеъри хурофаситез ва ҷаҳолатзудост. Қолабҳои фарсудаи мазҳабӣ, ки аз хушкандешиҳои қадима таркиб ёфта буданд, на танҳо ниёзҳои ҷомеаро бароварда намесохтанд, балки садди роҳи ташаккулу рушди тафаккури табақаҳои иҷтимоӣ мегардиданд. Алтернатива ва ё гузинаи устод Рӯдакӣ дар баробари хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ ишқи поки инсонӣ будааст. Устод Рӯдакӣ, ки шоири баркамол буд, пеш ва беш аз дигарон ҳассосиятҳои мазҳабиро дарк мекард ва тавассути қалам ва забон алайҳашон муқовимат мекард. Ба ин мазмун садо дармедиҳад:

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?

Дил ба Бухорову бутони Тироз.

Эзиди мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз.

6. Дар маркази таваҷҷуҳи устод Рӯдакӣ  инсони накукор, покдоман, наҷибу  шариф ва вораста аз қайду бандҳои рӯзгор қарор дорад ва ҳамаи ин сифоти инсониро шоир дар истилоҳи «озода» ҷамъбаст мекунад. Озодагон нафаронеанд,  ки бо наҷобат ва шарофати худ аз дигарон фарқ мекунанд ва дар ҷомеа намунаи ибратанд. Озода хирадманду хирадварзест, ки ҷаҳону зиндагиро дар мизони  ақлу дониш андозагирӣ мекунад. Шоири ҳаким чаҳор чиз (ҷисми солим, хислати нек, номи нек ва хирад)-ро барои озодагон тавсия ва таманно мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ин чор ҷавҳар марди озодаро аз ғаму балоҳо раҳо месозанд:  

Чаҳор чиз мар  озодаро зи ғам бихарад:

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад,

Ҳар он  кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

 Сазад,  ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад.

       Ин чаҳор чизе, ки Рӯдакӣ ба инсони озода таманно мекунад, ҷисму рӯҳи инсониро мукаммал месозанд ва ба инсон неруи тоза мебахшанд.

7. Масъалаи шинохти арзишҳои миллию фарҳангӣ ва гиромидошти онҳо, ки худ арзиши фалсафиро ташкил медиҳанд, дар ашъори Рӯдакӣ амиқ дарҷ ёфтаанд. Шоир бо рағбати тамом аз адабиёту фарҳанги пешазисломии ниёкони худ, ки бар асоси хирад бунёд шудааст, ёд мекунад. Ӯ ба «Авасто» ва «Занд» барин кутуби фарҳангии миллӣ, ки аз арзиши баланди динӣ ва фалсафӣ бархӯрдор буданд, эътиқоди самимӣ дошт ва ҳамчун ҷавҳари фарҳангӣ аз онҳо ёд мекард, то ҷое ки мефармояд:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд.

  Шоир аз гузаштаи худ нозида,  бо он тафохур карда, ба амирони хирадманди Сомонӣ, ки аз офтоби гавҳари Сосон буданд, мадҳияҳо сурудааст. Аз табор ва гавҳари Сосон будани малик барои Рӯдакӣ аз авлавиятҳои замонӣ ва маконӣ маҳсуб меёфт зеро ки фарҳанги сиёсии мардуми форсу тоҷик дар домони худ ҳазорон сиёсатмадору давлатдорро парвариш намуда, ба арсаи сиёсату тамаддун ҳидоят сохтааст.

Халқ зи хоку зи обу оташу боданд,

В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон.

8. Бад-ин минвол, устод Рӯдакӣ тариқи шеъри зиндагӣ, ки аз завқу салиқа ва донишу хиради азалии миллӣ сарчашма гирифтааст, аз суханварони муосираш   болотар, рӯшантар ва амиқтар табиат ва ҷомеаи инсониро мавриди тасвир қарор додааст. Аз ин лиҳоз, шеъри устод Рӯдакӣ шеъри хирадварзӣ ва зиндагисозист. Устод бо диққати хаёл, фаросат, андешамандӣ ва билохира хирадмадорӣ ба тасвири инсон, ҷаҳон ва табиат пардохта, масоили зиндагиро андар тарозуи хирад андозагирӣ намуда, тариқи шеъри марғубу дилписанд ба мардум баён кардааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки дарёи хирад ва ҳикмати ашъори ин марди бузург соҳили фарҳангу андешаи миллиро шодоб ва умри адабиёту тамаддуни форсӣ-тоҷикиро дароз мекунад.

     Н. Нуров

Хондан 2372 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр