JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Апрели 2019 10:37

Робитаҳои Тоҷикистон бо Белорус

Муаллиф:

 Иқлими муътадил,  ҳудуди беҳадду канор бо шароити хуби шикори ҳайвонот ва моҳӣ 100 ҳазор сол пеш аз  мелод,  боиси муқимӣ шудани аввалин насли одамизод, ки дар таърих бо номи  неандерталҳо маъруфанд, дар минтақаи зисти аҷдодони Белорус  ба қайд гирифта шудааст.

 Баъд аз гузашти асрҳо, нишонаҳои дар вилояти Гомелск  27–24 ҳазор сол пеш аз  солшумории мо  умр ба сар бурдани аҷдоди қадимаи инсоният (Homo sapiens) кашф карда шуд.

 Бо обшавии  пиряхҳо (асри VIII пеш аз  мелод) ва расидани мавсими муътадил, ҳудуди сарзамини имрӯзаи Белорусро ҷангал фаро гирифта, он бо мурури замон  ба тағйирёбӣ ва ташаккули инсоният  кӯмак расонидааст.

 Маълум аст, ки  дар раванди  таҳавул  дар баробари зина ба зина ташаккул ёфтани олоти меҳнат, яроқи онҳо низ мукаммалтар шуда, дар рафти зиндагӣ ва шикор ба онҳо кӯмак мерасонд. Бо ихтирои тиру камон, бо назардошти натиҷагирии хуб аз  шикор, сатҳи  зиндагии онҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода,  ба васеъкунонии ҳудуди минтақаи  зист ва баъдан сарзамини давлати худ шурӯъ намуданд.

 Таърихшиносон тасдиқ менамоянд, ки дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз  мелод дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Белорус воридшавии қабилаҳои ҳинду европоиҳо ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо бо мурури замон боиси ташаккулёбии этноси миллати имрӯзаи белорус  гардид.

 Аз  лиҳози илмӣ дақиқ карда шудааст, ки дар заминаи умумияти этноси славянӣ, ба ном  драговичи аҳолии  дар болооб ва  миёнаоби дарёи Двин  ва Днепр умр басарбаранда, ба ном  кривичҳо, аҳолии гирду атрофи ҳавзаи дарёи Сож, ба ном радимич  ва якчанд гурӯҳи хурди  қабилаҳои  шимолии балтҳо,  асри  VIII ва IX-и  мелодӣ халқи белорус бо пуррагӣ ташаккул ёфтааст.

 Мутобиқи ақидаҳои дигар қавми белорус дар  замони  дар ҳайати шоҳигарии Литовиҳои бузург ва Речи Посполит   умр ба сар бурдан,  аз  сулолаи халқиятҳои Руси қадим  ташаккул ёфтаанд.[1]

 Дар натиҷаи муттаҳидшавии якчанд қабилаҳои  славянҳои шарқӣ ва финно-угориҳо дар  асри IX,  таҳти сарварии  шоҳҳои сулолаи Рюриковичҳо, аввалин давлати  асри миёнагиро бунёд намуданд.

 Аммо баъдтар дар нимаи дуюми асри XII давлати бузурги Киеви Рус, ки ба авҷи тараққии худ расида буд, бо сабаби зиддиятҳои дохилӣ  боиси завол ва ба князҳои  зиёди Рус ба мисли Витебск, Гродненск,  Изяславск,  Клеск,  Лагожск, Лукомск,  Минск, Новогородск, Полотск, Свислочск,  Слонимск, Слуск, Смоленск  ва Туровск тақсим гардидани мамлакат гардид.

 Аз  чунин ноиттифоқӣ ва мухолифат, душманони бурунмарзӣ истифода бурда, ҳуҷумҳои пай дар пайи худро ба ин сарзамин  шурӯъ намуданд.

 Дар аввали асри XIII дар натиҷаи муттаҳидшавии сарзамини литовӣ ва славянҳои шарқӣ, барои бунёди давлати  бузурги  шоҳигарии Литовӣ замина гузошта шуд, ки ҳудуди он дар асри   XIV  аз  Аврупои Шарқӣ, соҳили баҳри Балтик то баҳри Сиёҳ, сарзамини беҳадду канорро дар бар мегирифт ва дар тамоми ҳудуди он забони белорусҳои қадима, забони давлатӣ ба ҳисоб мерафт.[2]

 Дар охири асри XV дар натиҷаи якчанд ҷангҳои шадид,  хонигарии бузурги  Литвагиҳо оҳиста - оҳиста мавқеи худро ба давлати аз нав қудратёфтаи  Рус  гузашт намуд.

 Бояд ёдовар шавем, ки сарзамини Белорус аз  лиҳози мавқеи ҷойгиршавии худ дар тӯли асрҳо, майдони муҳорибаҳои хунин буда,   гуруснагӣ, эпидемия ва муҳоҷирати зиёди аҳолиро  аз сар гузаронида аст:

 Аз ҷумла:

- ҷанг байни Русия ва   Речи Посполит  солҳои  1609 -1634 ;

-  шӯриши  Богдан Хмелниский соли  1648 ;

- ҷанг байни  Русия ва Речи Посполит солҳои 1654 -1667 ;

- ҷангҳои шимолӣ байни  шведҳо ва русҳо (соли 1700 – 1721), ки боиси камшавии шумораи аҳолӣ ва тақсимоти Речи Посполит байни  Русия, Австрия  ва  Прусия гардида буд.

 Дар натиҷаи ҷанги шимолӣ  қисмати зиёди сарзамини  Белорус  таҳти назорати империяи Рус гузашта, бори аввал соли 1796  дар ҳайати империяи Русия губернияи Белорус бунёд карда шуд.

Аммо давраи оромӣ дер давом накард.

 Соли 1812 сарзамини  Белорусро франсузҳо забт намуда,  ба   Москва ҳуҷум намуданд. Миллати  Белорус бо халқи Русия муттаҳид гардида, дар якҷоягӣ душманони  худро аз  ватан ронда, дар рафти ҳуҷуми худ миллатҳои зиёди Аврупоро аз  асорати франсузҳо озод намуданд.

Дар асри XX  боз ба сари халқи Белорус  чунин ҷангҳои хунин такрор шуданд:

- ҷанги якуми ҷаҳон солҳои 1914 - 1918;

- ҷанги  шаҳрвандӣ солҳои 1918 - 1920;

- ҷанги Шӯравӣ бо Полша солҳои 1919 - 1921;

-  репресияи Сталинӣ солҳои 1920-1930;

- озод намудани сарзамини Белорус аз асорати Полша солҳои 1934 – 1938;

- истилои немисҳо солҳои 1941-1944;

 Давраи истилои немисҳо   ба миллати Белорус  ғаму андӯҳ, бадбахтӣ, марги зиёда аз  3 миллион нафар  шаҳрванд,  ҳодисаҳои нангини Хатин, лагери консентратсионӣ, гуруснагӣ ва сардиро пеш овард.

 Солҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳон Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ ба пешрафти  иқтисодиёти Белорус эътибори хоса медод.

 Мутобиқ ба барномаи тараққиёти хоҷагии халқи Иттифоқи Советӣ дар ҳудуди сарзамини Белорус  ба ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ, аз  он ҷумла   саноати мошинсозӣ, корхонаҳои азими кимиёӣ, коркарди нафт шурӯъ намуда,   ба вусъатёбии босуръати саноати сабук, хӯрокворӣ ва сектори агросаноатӣ эътибори махсус  зоҳир намуда буд.

 Муҳим он буд, ки дар заминаи корхонаҳои саноатии Белорус, мутобиқ ба супориши Партияи Коммунистӣ, дар тамоми ҷумҳуриҳои  Иттифоқ вобаста ба наздикии  ашёи  хоми онҳо,  корхонаҳои саноатии зиёде  бунёд гардида, дар асоси кооператсияи меҳнатӣ, бо суръат қисматҳои алоҳидаи комилкунанда, маводи аввалия ва ашёи хом истеҳсол намуда, ба Белорус мефиристоданд.

 Дар баробари пешрафти истеҳсолот Ҷумҳурии Белорус дар миёни ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ, бо қудрати муҳими ҳарбӣ ва ком­плексҳои  истеҳсолӣ ва стратегии  худ фарқ карда меистод.  Илова бар ин, бо диди роҳбарияти  Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ дар ҳудуди сарзамини  Белорус, вобаста бо мавқеи ҷойгир­шавии стратегии он, қувва­ҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ ҷойгир кунонида шуда буд.

 Дар баробари таъмини рушди истеҳсолот ва аз  лиҳози ҳарбӣ  қудратнок намудани Белорус, Партияи Коммунистӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба масъалаҳои иҷтимоиёт эътибори махсус зоҳир намуда, дар саросари мамлакат ба сохтмони шаҳрҳои замонавӣ  шурӯъ намуда буд.

 Бо истифода аз  пешрафти илму техника ва татбиқи назарияҳои пешрафтатарини  ҳарбӣ дар корхонаҳои  истеҳсолӣ  роҳбарияти Белорус дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин тавонист ҳаҷми содироти маҳсулоти корхонаҳои худро даҳчанд маротиба афзоиш диҳад.

 Аммо бо шурӯъи татбиқи назарияи аз лиҳози илмӣ асоснок­нашудаи ба ном “бозсозӣ” (солҳои 1980-1990), барномаҳои нақшавии Партияи Коммунистии Иттифоқи  Советӣ нисбат ба Белорус ба душворӣ рӯ ба рӯ шуда,  вазъи сиёсии мамлакатро халалдор намуд.

 Бо истифода аз  принсипҳои татбиқшавандаи демократӣ бошад, баромадҳои зидди шӯравӣ ҷараён гирифта, дар рафти он шиорҳо бо мазмуни ҷудошавӣ ва бунёди ҷумҳуриҳои мустақилро ба миён овард.

 8 декабри соли  1991 дар натиҷаи ба имзо расидани созишномаи “Беловежская пуша” Ҷумҳурии Белорус дар баробари Федератсияи Русия ва Украина ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардида, ба ҷаҳониён оид ба барҳам дода шудани Иттиҳоди Шӯравӣ  хабар доданд.

 10 декабри соли  1991 Созишнома оид ба ташкили ИДМ аз  тарафи парламенти  Белорус  тасдиқ  (ратификатсия) карда шуд.  Мутобиқ ба талаби аксарияти намояндагони мардумӣ Ҷумҳурии Белорус  Ҷумҳурии парламентӣ эълон гардид.

 21 декабри соли 1992 бо ба имзо расидани Созишномаи  Алма-Ато  Белорус ба бунёд намудани қувваҳои мусаллаҳи миллии худ шурӯъ намуда, ба ҷаҳониён оид ба бетарафии худ оид ба яроқи ҳастаӣ хабар дода, дар ин замина тамоми силоҳҳои ҳастаиро аз  ҳудуди сарзамини худ берун баровард.

 Бо назардошти дар мамлакат муҳайё гардидани имкониятҳои зиёд, шароити дар қонун ворид намудани тағйироту иловаҳо ба миён омад, ки тибқи он минбаъд  Ҷумҳурии Белорус - ҷумҳурии демократӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бо идоракунии президентӣ эълон карда шуд.

 Дар асоси илова ва тағйироти воридгардида, моҳи июли соли  1994 дар Белорус аввалин маротиба  интихоботи умумихалқӣ гузаро­нида шуд, ки тибқи он  дар натиҷаи раъйпурсии умумӣ Александр Лукашенко бо аксарияти овоз  Президенти Белорус интихоб гардид.

 Бо анҷом додани атрибутикаи давлатӣ,  Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии президенти ҷавон ва шуҷоъ ба бозсозии заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат шурӯъ намуд.  Гузоштани қадамҳои аввалин, кори осоне набуд. Бар замми он,  мутобиқ ба ислоҳотҳои дар сарқонун ворид намуда, дар мамлакат дар асоси чорчӯбаи қонунгузорӣ,  қувваҳои воқеии опозитсионии ба ном   “Пять плюс” амал мекард. Дар чунин шароит бе ҳамоҳангӣ бо роҳбарияти қувваҳои опозитсионӣ омода намудан ва ба музокираи парламент баровардани ислоҳоти соҳавӣ  кори мушкил буд.

 Президент аз  вазъияти дар асл ба миён омада наҳаросида, озодона раванди бозсозии демократиро дастгирӣ намуда, боварии комил  дошт, ки дар баҳсу музокира ҳақиқат ғалаба менамояд.

 Моликияти давлатиро нигоҳ дошта, дар тамоми солҳои фаъолияти кории худ  А.Лукашенко ба пешниҳоди роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ  оид ба гузаронидани хусусигардонии моликияти давлатӣ зид баромада, дар тӯли 27 соли охир дурустии қарори  худро борҳо дар натиҷагирии мусбат ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат  тасдиқ намуд.

 Бо назардошти устувор  будан ба қарори худ Александр Лукашенко имрӯз ватани худро ба яке аз  давлатҳои тараққинамудаи  саноатии дунё  табдил додааст.

 Аз  рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ,  ба бозистии корхонаҳои саноатӣ умуман роҳ дода нашудааст  ва то имрӯз ҷамъи онҳо бе ист фаъолият намуда истодаанд.  Тамоми аҳолии мамлакат бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудаанд ва вобаста ба маошашон зиндагии хуб доранд ва бо  президенти худ ифтихор мекунанд.

 Парламенти мамлакат хизматҳои Александр Лукашенкоро қадрдонӣ намуда,  бо мақсади иштирок дар интихоботи навбатӣ тамоми маҳдудиятҳои дар сарқонун  мавҷударо бекор намуд.  Дар натиҷа бо пайдо намудани ҳуқуқи иштирок Александр Лукашенко  дар интихоботи навбатии 19 марти соли 2006  ва  1 января соли 2015 баргузор гардида, бо аксарияти овоз (82,3%) А.Лукашенко бори сеюм ва чорум қонунан ба вазифаи Президенти мамлакат аз  нав интихоб гардид.

 Новобаста аз иштирокчии фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  буданаш  Александр Лукашенко аз  ин беш беҳбудӣ дар иқтисодиёт ва таъмини бехатарии  давлати худро дар муттаҳидшавӣ бо Федератсияи Русия  ва Қазоқистон  мебинад.

 Дар доираи иттиҳоди гумрукӣ ӯ орзу дорад, ки ба дастовардҳои илмию техникӣ ноил гардида, дар доираи  аъзоёнии ИДМ бошад,  аз нав эҳё гардидани  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро  дар шакли дунявӣ ва ҳозиразамон ва дар қабули қарорҳои кишвари хеш мустақил бошад.

 Дар баробари аъзо будан дар ИДМ Белорус дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия ва Қазоқистон 1 января соли 2012  Созмони фазои ягонаи иқтисодӣ ва соли  2015  бо  Русия, Қазоқистон ва Арманистон муттаҳид гардида, Иттиҳоди иқтисодии  Авруосиёро бунёд намуданд.

 Роҳбарияти Белорус дар баробари ҳамкорӣ бо созмонҳои дар боло зикр гардида, ба ҳамкориҳои мустақими  дуҷониба низ эътибори махсус медиҳад.

 Айён аст, ки дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон  Александр Лукашенкоро дӯсти деринаи беғараз  медонад. Ҳамкории байни ин ду давлат аз  муносибатҳои шахсии дӯстона то ба зинаҳои бародарӣ ва эҳтироми бузург гузоштан ба якдигар  расида аст.

 Лекин муҳим он аст, ки ин ду шахсияти бузург дар алоҳидагӣ, новобаста аз  вазнинии вазъи сиёсӣ ва ё иқтисодии мамлакатҳои худ, тавонистанд дар тӯли 27 соли охир онро беист  идора намуда, миллати худро ба музаффариятҳои нав ба нав  сафарбар  намоянд.

 Ҳар ду давлат бо ҳам ҳамкории зич дошта, дар чунин созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар  Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СААД ва ғайра вобаста бо саҳми онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим ва самаранокии ин созмонҳо  фаъолона иштирок менамоянд.

 5 сентябри соли  1996  мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байнал­милалӣ байни ин ду мамлакати бо ҳам дӯст робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуда буд.

 Аз  моҳи феврали соли 1997 дар шаҳри  Минск  ва аз  марти соли 2011  дар шаҳри  Душанбе  сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус амал менамоянд[3].

 Дар баробари вохӯрии сарони  ду давлат ва ҳукумат дар нишасти   Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил, онҳо тез - тез  бо  боздиди расмӣ ва ғайри расмии худ, дар мустаҳкамшавии робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ду мамлакат  саҳми босазои худро гузоштаанд[4].

 Дар тӯли солҳои охир   Александр Лукашенко се маротиба (апрели соли  2000, октябри соли  2011 ва майи соли 2018) бо сафари расмӣ аз  пойтахти тоҷикон, шаҳри Душанбе боздид намуд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии ҷавобии худ ду маротиба (июли соли  2001 ва  марти соли  2014) ба  пойтахти Ҷумҳурии Белорус, шаҳри Минск ташриф овард.

 Дар рафти 5 сафари дуҷонибаи расмӣ, зиёда  аз  85  созишнома ва қарордодҳои дуҷониба, ки ҷанбаҳои гуногуни ин ду давлатро дар бар мегирад,  ба имзо расонида шуд.

 Боиси зикр аст, ки  аз  ҷамъи сафарҳои Президенти Белорус  Александр Лукашенко сафари моҳи майи соли 2018 анҷомдодаи ӯ, дар муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ду мамлакат  мавқеи хос дорад.

 Роҳбарияти давлат ва мардуми тоҷик сарвари давлати Белорус Александр Лукашенкоро бо ҳайати расмӣ, дар сатҳи боло ва бо эҳтироми хоси миллии тоҷикӣ истиқбол гирифтанд.  Дар рафти ин сафари расмӣ зиёда аз  15 созишнома ва қарордодҳои лозима, ки соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ин ду мамлакатро дар бар мегирад, ба имзо расиданд.

 Аз он ҷумла:

- барномаи машваратӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Белорус барои солҳои 2018-2019;

- нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Белорус барои солҳои 2018-2019;

- созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Белорус;

- созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Белорус;

- созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибби судӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Белорус;

- созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;

- созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноати Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

- созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Белорус "Харитаи роҳ"  барои солҳои 2019-2020;

- созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амволи Белорус;

- созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии Белорус;

- созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорус;

- нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорус, ки  соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда буд;

- созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Белорус.

 Айни ҳол заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро беш  аз  80 санади муҳим танзим менамояд, ки бахшҳову соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро дар бар мегирад.

 Дар баробари созишномаҳои ба имзо расида, барномаи махсус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни пойтахти ду давлат низ ба имзо расид.

 Дар рафти сафар тарафҳо ҳамкориро дар омода намудани харитаи роҳ махсус қайд намуда, бо мақсади то соли 2020 пурра омода намудани он,  самтҳои ҳамкории афзалиятноки иқтисодиёти ду мамлакатро бояд муайян намояд.  Мутобиқ бо фармони сарони ду давлат “харитаи роҳ”- ро  бо мақсади иҷроиш ва назорат Раиси комиссияи байни-парлумонӣ, Вазири хоҷагии қишлоқ ва хӯроквории Белорус Леонид Заяц ва Вазири хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ ба имзо расониданд.

 Дар якҷоягӣ қарор қабул карда шуд, ки  барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат мутахассисони касбиро тайёр намуда, дар ин замина ба бунёди корхонаҳои муштарак эътибори махсус зоҳир намуда, дар асоси кооператсияи истеҳсолӣ, иҷроиши саривақтии барномаҳои байнидавлатии интиқоли молро назорат намуда, онро бо назардошти талаботи замона, барои ба сатҳи нави ҳамкорӣ расонидан, аз  захираҳои меҳнатӣ ва захираҳои азими табиии мамлакат бояд истифода баранд.

 "Трактор, мошин ва оҳанҳои ғайр" – албатта хуб аст, ин савдо гардиши пул аст.  Аммо дар татбиқи он дар мадди аввал одам ва дар шахсияти онҳо мутахассиси варзида ба мо лозим аст. Агар мутахассис набошад, ба мо оҳан лозим нест. Мутахассис аст, ки  аз  обу тоб додани оҳан, ба мову шумо таҷҳизотҳои беҳтарин, олотҳои пешрафтатарини техникиро сохта, бо истифода аз  онҳо дар баробари даҳчанд зиёд намудани ҳосилнокии меҳнати  ҳазорҳо нафар  коргаронро осон менамояд” - мегуфт  Президенти  Белорус Александр Лукашенко дар баромади худ дар  Кохи миллат.

 Дар баробари суханронӣ  Александр Лукашенко ақидаи худро  бо шурӯъи фаъолияти кории корхонаи ҷамъу  гирдсозии тракторҳои истеҳсоли Белорус  амалан тасдиқ намуд.

 Бо иштирок дар форуми тиҷоратӣ роҳбарияти вазорату сохтор­ҳои марбутаи  Тоҷикистон бо роҳбарияти корхонаҳои истеҳсолии ду мамлакат аз  дастовардҳо ва потенсиали   Ҷумҳурии Белорус шиносоӣ пайдо намуда, дар якҷоягӣ қарор қабул намуданд, ки стратегияи ҳамкориҳои дуҷонибаро барои солҳои наздик  муайян намоянд.  Дар баромади худ дар форуми тиҷоратӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки:  «Мо дар якҷоягӣ бо Президенти Белорус Александр Лукашенко масъалаҳои муҳими ҳамкориро дар  соҳаи иқтисодиёт ва сармоягузорӣ баррасӣ намуда, бо назардошти потенсиали ду давлати бо ҳам дӯсту бародар, бояд чораҳои заруриро доир ба диверсификатсияи таркибии муомилоти дуҷонибаро анҷом дода, бо мақсади суръат бахшидан ба муомилоти дуҷониба ва даҳчанд афзоиш додани ҳаҷми содирот, чораҳои заруриро бо ҳам бубинем. Бо назардошти шароити хуби аз  дуҷониб фароҳам оварда шуда, қарордодҳои мустақими дуҷониба ва меморандум ба имзо расонида шудаанд”.

 Бояд ёдовар шавем, ки  даҳ рӯз пеш аз  сафари расмии Прези­денти Белорус дар шаҳри Душанбе омодагӣ барои баргузории намоиш­гоҳи молҳои истеҳсоли корхонаҳои Белорус баргузор гардид.  Дар намоишгоҳ мошинҳои ҳаҷман бузурги боркаш, самосвалҳо, тракторҳо, таҷҳизотҳо, олотҳои барои корҳои кишоварзӣ зарур, ашёи хом ва маҳсулоти зиёда аз   150 корхонаи истеҳсоли маъруфи  Белорус дар Намоишгоҳи шаҳри Душанбе гузошта шуда буданд.

 Дар баробари олотҳои техникӣ, молҳои истеҳсоли корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, электротехникӣ, кимиёӣ, дорусозӣ, нуриҳои минералӣ, таҷҳизоти хонагӣ,  молҳои истеҳсоли саноати сабук, хӯрока, мебел, коркарди чӯб, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва полиграфӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

 Баргузории   чунин намоишгоҳи бошукӯҳ дар рафти сафари расмию давлатӣ, худ шаҳодати бузургии  Президенти Белорус,  муҳтарам Александр Лукашенкоро нишон дода, дар муносибатҳои навини  давлатҳои тозаистиқлолият ба даст оварда, шароити аз  лиҳози иқтисодӣ якдигарро дастгир намудан,  иқтидори  мавҷудаи якдигарро самаранок истифода бурдан, биноҳои бекорхобидаи корхонаҳои азими истеҳсолии солҳои Шӯравӣ бунёд гардидаро аз  нав таъмир карда, дар заминаи онҳо корхонаҳои муштаракро бунёд намуданро тақозо менамояд[5].

 Боиси қайд аст, ки  заминаҳои муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус  решаҳои зиёда аз  сад сола дорад ва он аз  рӯзҳои аввали бунёди Иттиҳоди Шӯравӣ сурат мегирад. Мутобиқ ба супориши Вазорати иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои ИҶШС ба якдигар ашёи хом, маводи аввалия  бо мақсади коркард дар корхонаҳои истеҳсолии якдигар, молҳои истеҳсоли саноати маҳаллӣ ва сабук, хӯрока, мошинсозӣ, масолеҳӣ сохтмонӣ ва ғайраро бепул,  бо назардошти ҳисоббаробаркунии марказонидашуда, мунтазам ба якдигар мефиристоданд[6].

 Аз Белорус ба Тоҷикистон мошинолоти махсуси сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан (белаз, экскаватор, булдозер), матоъ, мебел, чӯб ва маҳсулоти коркарди он,  таҷҳизотҳои электрикӣ, таҷҳизотҳои барқии рӯзгор, номгӯи зиёди молҳои кимиёӣ, дорусозӣ ва  молҳои саноати сабук, хӯрока ва чорво содир карда мешуд. Аз  Тоҷикистон ба Белорус бештар алюминий, пахта, пашм, пилла,  пӯст, меваи тар, меваи хушк содир карда мешуд. Ҳаҷми муомилоти солонаи савдои ин ду давлат бештар аз сад миллион доллари ИМА- ро ташкил медод[7].

 Дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белоруc, бо иштироки бевоситаи сарони ду давлат  корхонаи муштараки  Тоҷикистону Белорус оид ба истеҳсоли трактор ва таҷҳизоти барои  соҳаи кишоварзӣ лозимӣ ифтитоҳ гардид.  Қобили қайд аст, ки барои Тоҷикистон  чунин корхона  аҳамияти бағоят бузург дорад.

 Ҳоло соҳаи кишоварзии мамлакат ба тракторҳои гуногуни тамғаи ба корҳои хоҷагии қишлоқ  махсусгардонидашуда эҳтиёҷоти зиёд  дорад.

 Васл намудани қисмҳои алоҳидаи тракторҳо, бо назардошти имтиёзҳои воридотии аз  тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, дар асл ба арзиши аслии ин тракторҳо таъсир мерасонад ва  бо назардошти қимати начандон баландашон,  харидо­ронро  ҳавасманд менамояд.

 Бо гуфтаи Александр Лукашенко, “бо истифода аз  мавқеи хуби ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бояд фаъолияти корхонаи мазкурро барои содирот ба бозори кишварҳои сеюм равона намоем”. Аз таҷрибаи солҳои қабли аксарият кормандони соҳаи кишоварзӣ медонанд, ки тракторҳои истеҳсол намудаи мо бисёр ҳам содда ва дар истифода боэътимоданд. Ҳар кадоми  он 80 қувваи аспро дорад. Бо назардошти чунин сифатҳо дар Тоҷикистон маҳз ба чунин тракторҳо эҳтиёҷ доранд.  Корхона барои истеҳсоли 500 адад трактор дар сол пешбинӣ шудааст ва дар ҳолати лозима истеҳсоли онҳоро то ба якчанд ҳазор расонидан мумкин аст.

 Дар айни замон трактор аввалин маҳсулоти якҷоя истеҳсолкарда, аз  маҷмӯи молҳои барои Тоҷикистон ба нақша гирифтаи мо мебошад.

 Дар марҳилаи дуюми барномаи мо, ба роҳмонии истеҳсоли мошинҳои ғалладаравӣ, пахтачинӣ, трактори ядакдор (прицеп) ва намудҳои гуногуни сипори трактор ба назар гирифта шуда аст.  Бинобар ин, бори дигар таъкид намуданием, ки ин майдончаи саноатиро мо бояд хеле хуб истифода барем ва тирамоҳи соли ҷорӣ, ки ман боз барои иштирок дар саммити ИДМ ба Душанбе меоям, иҷроиши супоришҳои додашударо бори дигар санҷида, муайян менамоем, ки ба бозори кадом давлат даромада метавонем ва оё  соҳибкорони Афғонистон бо мо кор кардан мехоҳанд ё не? Ҳоло ҳамкори софдилонаро ёфтан душвор аст ва онро бо пул харида намешавад.  Бояд ёдовар шавем, ки  белорусҳо маҳз  чунин кор меку­нанд”, баён намуд  Александр Лукашенко. Фаъолияти воқеъии корхо­наро сарони давлатҳои аъзои ИДМ  шахсан назорат менамоянд.

 Бо ҷамъбасти сафари расмӣ Александр Лукашенкоро шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон то фурудгоҳи шаҳри Душанбе гусел карда, бори дигар дар шахсияти Александр Лукашенко эҳтиром ба миллати белорус гузоштан, омодагии ватани худро барои мустаҳкам намудани ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва мутобиқ ба  меъёрҳои байналмилалӣ  ба якдигар эҳтиром гузоштан, якдигарро дастгирӣ ва аз  иқтидори якдигар истифода бурданро нишон дод.

 Бо ба имзо расонидани созишнома ва қарордодҳои зиёд, қадамҳои аввалин дар ин замина гузошта шуд. Нақшаи Роҳ тартиб дода шуда, барои вусъати ҳамкориҳои дуҷониба ва дар ин замина ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромадан тамоми шароити лозима фароҳам оварда шуд.

Оймаҳмадов Маҳмадамин

номзади илмҳои иқтисодӣ,

мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Шуҳрат Шамсуддинов 

ходими хурди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ 

 Бознашр аз китоби "Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" Душанбе 2018. 50-54 саҳ.

[1] История Белоруссии, материалы Википедии  - свободной энциклопедии

[2]Александров Д. Н., Володихин Д. М., Борьба за Полоцк между Литвой и Русью в XII—XVI веках

[3] Зафар Саидов. Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе (1992-2005 г.г.). — Авасто, 2006. — С. 151. — 556 с.

[4]http://mfa.tj/?l=ru&cat=90&art=152

[5] http://www.belta.by/president/view/belarus-i-tadzhikistan-dogovorilis-vyvesti-otnoshenija-na-uroven-strategicheskogo-partnerstva-302708-2018/

[6]http://tajikistan.mfa.gov.by/ru/bilateral_relations/trade_economic/statistics/ab7f4f59a9fffad8.html

[7]https://ru.sputnik-tj.com/economy/20180515/1025575513/rahmon-lukashenko-vystavka-dushanbe.html

Хондан 1145 маротиба