JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Ноябри 2018 08:29

Роҳҳои муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён

Муаллиф:

 

           «Агар касе гузаштаи худро надонад, инсони комил нест».

Эмомалӣ Раҳмон

  Миллати тоҷик таъриху фарҳанги бою пурғановатро соҳиб мебошад. Тамаддуни фарҳангӣ ҳамагуна ҷомеаро ба сўйи воқеияти зиндагӣ ҳидоят мекунад, зеро фарҳанг моҳияти зиндагии инсонро ифода карда, ҷавҳари онро инсон, зиндагӣ ва ояндаи ў ташкил медиҳад. Мардуми ориёиасл ҳанўз дар оғози пайдоиш ин ҷавҳарро хуб дарк карда буд. Ин буд, ки гомҳои нахустини худро бо фарҳанг оғоз карданд, зеро фарҳанг таъмингари меҳру дод ва истиқлолу озодӣ дар ҷаҳон аст.

Мафҳумҳои дину фарҳанг, хираду дод, имону озодӣ дар андешаи қадимаи ориёӣ якҷоя оини меҳру дўстиро ифода карда, ҳамзамон ба муқобили қудрату зўрӣ қарор доранд. Фарҳанги асили ориёӣ куллан муқобили ҳамагуна тазоҳуроти қудратист.

Дар замони мо миллатеро пешрафту дорои тамаддуни бой меноманд, ки он миллат дорои фарҳангу маданияти пешрафта ва мутараққӣ  бошад. Фарҳанг асоситарин нишонаи ҳувияти миллӣ буда муаррификунандаи халқу миллат ба ҷаҳониён аст. Фарҳанги миллӣ, ин маҷмўи арзишҳои моддӣ ва маънавии миллате, ки хусусиятҳои хоси зиндагӣ ва сунатҳои онро ба худ инъикос кардааст ба ҳисоб меравад. Кишвари мо дар гузаштаи дур ҷузъе аз як паҳнои таърихӣ-ҷуғрофӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун гаҳвораи тамаддуни ориёӣ ва макони мардуми ориёинажод шинохта шуда буд. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлолият суръати хос пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгўи анъанаҳо ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш ёфта истодаанд. Алалхусус, солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар инкишоф ёфта истодааст, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат ба пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор меравад.  Дар давоми солҳои охир ҳунари чакандўзӣ, гулдўзӣ, зардўзӣ, кандакорӣ, кашидадўзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бўрёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, фалаксароӣ ва дигар суннатҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда шудаанду дар паи рушд қарор доранд. Ин ҳунарҳои миллӣ ифодакунандаи мероси давраҳои гуногуни таърихии рушди ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барўманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рўзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он роҳҳои муаррифии шоистаи фарҳангӣ миллӣ ба ҷаҳониён мебошад.

«Халқи тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст.Ниёгони ориёии тоҷикон дар инкишофу рушди босуботи фарҳангу ҳунармандӣ, санъати осори нафисаи ҷаҳонӣ болоравии соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ саҳми бориз гузоштанд.

Беҳуда нест, ки бо эҳтимоми Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноии бештар ба таъриху фарҳанги бостонӣ соли 2006 соли тамаддуни Ориёӣ эълон гардида, бо ифтихори ин санаи сабзи таърихӣ чораҳои мушаххас андешида шуд.Барҳақ, эҳё кардан ва гиромӣ доштани анъанаҳои писандидаи бостонӣ, ки ба манфиати рушду такомули маънавиёти мост, барои ваҳдати миллӣ ногузир аст. Аз ин лиҳоз, барои вориси асили Ориёӣ будан,бо истифода аз ҳикмати дирўзу имрўз, ҷустани падидаҳои тозаи илмиву фарҳангӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Аз ин ҷост, ки ҳисси баланди ифтихори миллӣ моро ба сўи қуллаҳои фатҳношуда ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эъломияи давлати тозабунёд ва моҳияти истиқлолият дар он аст, ки мардум боз ба асли хеш баргашта, аз сари нав баъзе анъанаҳои бо мурури замон аз байн рафтаро эҳё менамоянд.Ҳар як шахси меҳнатдўст  муваззаф аст, ки муқаддасоти ватанашро гиромӣ бидорад ва баҳри ободии диёри арҷаманд саъю талош намояд.

Мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди дари иқболи худро дар бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ҷодаи бунёдкориҳо ва бо мақсади баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Эъмори иншоотҳои азим, биноҳои боҳашаммат, боғу гулгаштҳо, маҷмааҳои осмонбўси истиқоматию маъмурӣ боварии мардумро ба оянда асоснок намуд.Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки воқеан тоҷикон миллати  воҳид ва соҳибтамаддуну бунёдкор мебошанд.

Чунонки қайд намудем, миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих ва инчунин муаррифии он ба ҷаҳониён, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кўлоби Бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуд, ки ин аз эҳтиром ба гузаштаи таърихии миллатамон мебошад.

Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ (соли 2018) ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст». Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврўз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рў, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсозӣ миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд[1].

Бешубҳа мероси бою пурғановати фарҳангӣ-таърихӣ ба рушди туризм таъсири мусбат расонида ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон имконияти ниҳоятдараҷа мусоид ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ҷаҳониён қадимӣ будани фарҳангӣ миллии моро муаррифӣ кардан мебошад. Мерос ду вазифаи асосиро иҷро мекунад: аз як тараф вазифаи тарбиявӣ ва фарҳангӣ (ташаккули минталитети миллӣ, ҳифзи худшиносии аҳолӣ, тарбияи эҳсоси ватандорӣ), аз ҷониби дигар вазифаи иқтисодӣ (рушди ҳудуд, бунёди ҷойҳои корӣ)[2]. Аз нигоҳи туризм, айни замон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварҳое равона гардидааст, дорои мероси бою пурғановати таърихи-фарҳангӣ мебошанд. Кишвари мо, дорои ҳам мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва ҳам табиати зебову нотакрор мебошад. Ҳар яки моро зарур аст дар рушди соҳаи туризм ва муаррифии кишвари худ ба оламиён саҳмгузор бошем.

 Мусаллам аст, ки бузургони ҳикматпешаи мо аз замонҳои қадим ба ҳунару ҳунармандӣ шуғл варзида, ба ин васила дар самти ба шогирдон омўзонидану ба пайвандон ба мерос гузаштани ҳунарро пайваста талқин намудаанд. Ҳатто дар китоби «Анвори Суҳайлӣ» омадааст, ки: «Дари ганҷи мурод ҷуз ба калиди ранҷ наметавон кушод.

 Боиси хушбахтист,ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ,Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида аст.Ин бесабаб нест,зеро ҳунар ганҷу зар ва муаррифгари дастовардҳои беназири халқ дар тўли мавҷудияташ буда, бар замми ин боиси боз ҳам бештар аз пештар ба ҷаҳониён пешкаш кардани дастранҷ ва муаррифии миллати тавонову кишвари биҳиштосоямон мебошад.

Боиси қайд аст, ки халқи бузурги тоҷик аз даврони атиқа бо ҳунармандӣ, боғу токпарварӣ, коркарду истихроҷи маъдан, зироатчигию чорводорӣ ва одоби баланди хуби инсонии худ ва осори барҷастаи фарҳангу тамаддуни безаволаш қалби оламиёнро тасхир намудааст.Тавре, ки сарчашмаҳо гувоҳанд дар замони давлатдории Сомониён Мовароуннаҳру Хуросони бузург дар ақсои олам бо ҳунару ҳунармандони маъруфаш ном бароварда буданд. Беҳтарин  ҳунармандон, рассомон, наққошон, санъаткорон, машшоқон, хаттотони чирадаст ва устоҳои гулдаст соҳиби эҳтироми хосаи худ гардида, обрўю мавқеи зиёд доштанд.Ровиёни ахбор ва ноқилони осор овардаанд, ки дар он айём бузургтарин корхонаи бофандагӣ бо номи «Байтуттирос»  дар шаҳри Бухоро ҷойгир буда, матоъ ва қолинҳои истеҳсоли он ҳатто дар маркази хилофат, шаҳрҳои Шарқи наздик шуҳрат пайдо карда буданд. Ҳунармандони давр аз матоъҳои пашмин, абрешимин, пахтагин либосҳои  мухталифи хушранг, карбос тайёр мекарданд.Тоҷирону соҳибкорон бошанд намад, ҷойнамоз, либосҳои пашмин, зину чармин, тиркаши чармин ва рўймолҳои зеборо тавассути роҳи абрешим то ба Чину Мочину Ҳиндустон ва дигар мамолики мутараққӣ мебурданд.Дар он замонҳо омода ва истеҳсол кардани номгўи маҳсулоти бофандагӣ басо мушкилу заҳматталаб ва сабру таҳаммулро тақозо менамуд.

Шоири заҳматкашу ширинкаломи тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ танҳо дар як шаҳри бостонии Бухоро вуҷуд доштани зиёда аз 200 намуди касбу ҳунарро ном бурдааст, ки аксар аз маҳсулоти онро низ ба хориҷи кишвар судур менамуданд.Ҳамин тариқ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои фаромўшшудаву беҳтарини ниёгон тақозои айём маҳсуб меёбад.

Глобализатсия (ҷаҳонишавӣ), ки бо як суръати баланд идома дорадба ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Раванди ҷаҳонишавӣ омили заиф кардан ва барои аз байн бурдани фарҳангу арзишҳои миллӣ албатта таъсиргузор мебошад. Дар такя ба фарҳанг дар арсаи ҳама талошҳо, ҷомеа метавонад муваффақ бошад. Дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрўза мо ин гуфтаҳоро мушоҳида намуда истодаем, ки бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои он, тавонистанд дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо кунанд.

Байналмиллалӣ эълон гардидани ҷашни «Наврўз», таҷлилу эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баргузории чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, ба монанди Меҳргон, Сада, Рўзи Шашмақом, Рўзи Фалак, Рўзи китоб, Рўзи забон, Рўзи Парчам ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадаанд, ки аз ҳисси худшиносии милии мардуми мо дарак медиҳад. Ҳамзамон бо дастгирии молиявиву маънавии сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ки як навъи муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат дар маркази кишварамон бунёди яке аз азимтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ идома дорад, ки дар ҷаҳони ислом рухдоди фарҳангии бузург мебошад.

Бинобар ин фаромўш набояд кард, ки азхуднамоии мероси фарҳангӣ ва дуруст муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён омили беҳдошти маънавиёти ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол фарҳанги ғайр метавонад ҷойнишини он гашта фазои онро тира созад.

 

Назрбӣ ИСМАТОВА

ходими илмии Институти масъалаҳои

омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018

 

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 22 декабри соли 2017

[2] Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ – таърихӣ ва табиӣ.саҳ 38.Душанбе Ирфон 2012

Хондан 2374 маротиба