JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 11 Декабри 2018 04:42

Ҷоизаи Нобел ва яҳудиён

Муаллиф:

  Чанд сол қабл дар рӯзномаи «Фараж» (№33 (454), 12.08.2015) таҳти унвони «Яҳуд чаро дунёгир шуд?» матлабе ба нашр расида, ки оид ба масъалаи яҳудият ва исломият баҳсҳоро ба миён овард. Ба андешаи муаллифи мақола, дар 105 соли охир аз яҳудиён, ки шумораашон дар саросари олам бештар аз 13 млн. нафар аст, 180 кас сазовори Ҷоизаи нобелӣ гардиданду аз миёни мусалмонон, ки 1,4 млрд. мардуми сайёраро ташкил медиҳанд, танҳо се нафар ин ҷоизаро ба даст оварданд. Ҳарчанд ин сухан каломи нав нест, вале дар байни хурофотпарастону мутаассибин норозигӣ ва сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. Бо вуҷуди норозигиҳои хурофотпарастону мутаассибони ҷомеаи мо ҳақ ба ҷониби муаллифи мақолаи зикршуда аст.

  Маросими супоридани Ҷоизаи нобелиро яке аз барандагони ин ҷоиза дар соҳаи адабиёт Иван Бунин чунин тасвир менамояд: «Баландии толор касро ба ҳайрат оварда, ба ӯ фароғат мебахшад. Ҳама ҷои он ба гул оро додашуда, пур аз одамон: гурӯҳи хонумҳо, ки худро бо гавҳар ва алмос зеб додаанд, садҳо фракҳо, ситораҳо, нишонҳо, тасмачаҳои рангин ва ҳамаи ин аз дигар ҷашнҳо ба куллӣ фарқ дорад. Дар давоми панҷ - даҳ дақиқа тамоми Шӯрои вазирони Шведсия, корпусҳои дипломатӣ, аъзои Академияи илмҳои Шоҳигарии Шведсия, аъзои Кумитаи Нобел ва ашхоси даъватшуда ҷойҳои худро мегиранд ва хомӯшии амиқро нигоҳ медорад. Маҳз панҷ нафар муждадиҳандагон аз шайпурҳо садо медиҳанд ва шоҳ намудор мегардад. Зери навои мусиқии шайпурҳо Суруди миллӣ садо медиҳад ва шоҳзодаи валиаҳд бо дигар аъзои хонаводаи шоҳ бо ҳамроҳии шоҳ ба саҳна ворид мешаванд… Маросимро роҳбари Бунёди Нобел кушода, шоҳ ва ғолибонро муборакбод мегӯяд». Ҳар чанд аз ҷоизаи мазкурро гирифтани Бунин (1933) 85 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале то ҳол дар маросими супоридани он ҳеҷ тағйирот ворид нашудааст. Зеро яке аз физикҳои намоёни шӯравӣ ва дорандаи Ҷоизаи нобелии физика П.Л. Капитса (1978) менависад, ки: «Сарфи назар аз тағйиротҳои бузург дар ҳаёти илмии башар, як чиз бетағйир боқӣ монд - Ҷоизаи нобелӣ. Имрӯз аҳамияти он як чизи маъмулӣ гардидааст».

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 10 декабри соли 1901 нахустин тақдими ин ҷоизаи машҳури ҷаҳонӣ буд ва ҳоло умри он 117-ро убур менамояд. Ҷоизаи нобелӣ мувофиқи васияти кимиёшинос ва муҳандиси шведӣ Алфред Нобел 27-уми ноябри соли 1895 дар клуби норвегӣ-шведии шаҳри Париж таъсис дода шуд. Дар фонди ҷоиза 31 млн. кронаи шведӣ маблағ буда, он ба панҷ ҳиссаи баробар тақсим ва ба тариқи зайл тақдим карда мешаванд: «Қисми якум - ба шахсе, ки дар соҳаи физика кашфиёти аз ҳама муҳим мекунад; қисми дуюм - ба шахсе, ки дар соҳаи кимиё ба кашфиёти муваффақ ноил мегардад; қисми сеюм - ба шахсе, ки кашфиёт дар физиология аз дастовардҳо муҳимтаранд; қисми чорум - ба шахсе, ки дар адабиёт асарҳои барҷастаи хусусияти хайёлии володошта меофарад ва дар охир, қисми панҷум - ба шахсе, ки дар таҳкими ҳамкориҳои миллӣ, бартараф ё кам кардани шиддат ва муқовимати қувваҳои мусаллаҳ саҳми назаррас дорад ва инчунин, ба ташкилоту анҷуманҳои мададгори қувваҳои сулҳҷӯй…». Ин матн васиятномаи худи Нобел буда, ба таркиби Ҷоизаи нобелӣ: медали тилло бо расми Нобел ва навиштаи «Алфред Нобел. Аз 1833 то 1896», диплом ва расиди пул (1,12 млн доллари ИМА) дохил мешаванд. Сана 10 декабри соли 1901 бахшида ба 5-умин солгарди ёдбуди Нобел ва 100-солагии мавлуди падараш, ба шаш нафар ғолибон - В.Рентген (физика), Я.Ван-Гоф (кимиё), Э.Беринг (физиология ва тиб), Р.Сюли-Прюдом (адабиёти бадеӣ), А.Дюнан ва Ф.Пасси (таҳкими сулҳ) Ҷоизаи нобелӣ тақдим карда шуд. Соли 1968 бошад, дар робита бо 300-солагии Бонки давлатии Шведсия ва ёдоварӣ аз Ҷоизаи нобелӣ як бахши он барои улуми иқтисодӣ ҷудо гардид. Ҷоизаи нобелии сулҳро Кумитаи нобелии парлумони Норвегия тасдиқ мекунад, ки он дар Осло супорида мешавад. Дигар боқимонда ҷоизаҳо аз тарафи муассисаҳои илмии дахлдори Шведсия тасдиқ гардида, дар Стокголм аз дасти шоҳ тақдим мегарданд. Мукофотҳои нобелӣ бо назардошти баъзе истисноҳои нодир, ҳар сол пешниҳод карда мешаванд. Аз соли 1901 то имрӯз беш аз 860 мукофот эҳдо гардидааст.

Барои намуна, як таҳлили ҷолиберо аз таҳқиқи барандагони Ҷоизаи нобелӣ меорем. Пеш аз ба вуҷуд омадани низоми фашистӣ аз ҷиҳати шумораи дорандагони Мукофоти нобелӣ ҷойи аввалро Олмон ишғол мекард, сипас ин пешсафӣ ба ИМА кӯч баст. Аз соли 1901 то соли 1990 адади ҷоизаҳои ба кишварҳо воридшуда (дар қавс шумораи муҳоҷирон, муқимшудагон ё баръакс, онҳое ки кишварро тарк карданд нишон дода шудааст) оварда шудааст: ИМА - 216 (67), Олмон - 87 (28), Англия - 75 (9), Фаронса - 48 (6), Шведсия - 30 (7), Русия - 23 (7), Швейтсария - 21 (11) ва ғайра. Эҳтимол, ин тафсирҳо лозим нест ва ба иззати нафси баъзе хурофотпарастону мутаассибон мерасанду ба ҷаҳонбинии маҳдудашон латма ворид месозад. Вале бояд ҳаминро гуфт, ки аксар дорандагони Ҷоизаи нобелӣ хатмкардагони донишгоҳҳои бонуфузи Амрикою Аврупо мебошанд. Ҷойи аввал аз тарафи бархе аз донишгоҳҳои ИМА: Ҳарвард, Колумбия, Чикаго ва сипас, Оксфорд, Париж, Мюнхен, Берлин ишғол карда шудааст. Чунки тибқи омори муосири маориф ва илми ҷаҳонӣ дар 57 мамолики олами Ислом ҳамагӣ 500 донишгоҳ вуҷуд дошта, танҳо дар ИМА 5750 донишгоҳ амал мекунанд ва Ҳиндустон 8407 донишгоҳ дорад. Бар замми ин, аз 500 донишгоҳи мавҷудаи олами Ислом дар руйхати беҳтарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ на ном асту на нишон. Илова бар ин, дар кишварҳое, ки аксарияти сокинонашон мусалмонанд, ба сари ҳар 1 млн. нафар 230 ва дар ИМА бошад, ба сари ҳамин миқдор аҳолӣ 5000 олими соҳаҳои мухталиф рост меояд.

Дар ин мақола хостем танҳо мақоми яҳудиёнро дар байни ғолибони Ҷоизаи нобелӣ тавсиф ва дар натиҷа нақши онҳоро дар рушди илми ҷаҳонӣ арзёб намоему халос. Ин масъаларо исбот кардан хеле мушкил аст. Масалан, ҳарчанд дар соҳаи адабиёт барандагони Ҷоизаи нобелӣ нақши назаррас доранд, вале муқаррар кардани шахсияти миллии худи эшон на ҳамеша имконпазир аст. Чунки намояндаи дигар миллат (махсусан, яҳудиён) чун шаҳрванди давлати дигар барандаи ин ҷоиза мегардад. Ҳатто муаллифони бархе аз корҳои махсус: Э.Фрейерштейн - «Яҳудиён - Ҷоизадорони нобелӣ» (Тел-Авив, 1956), T.Левитан - «Яҳудиён - дорандагони Ҷоизаи нобелӣ» (Ню-Йорк, 1960), А.Черняк - «Ҷоизаи нобелӣ ва яҳудият» (Нешер, 2000) доир ба шарҳи ин масъала ба баъзе хатогиҳо роҳ додаанд. Баъдан, вобаста ба масъалаи болоӣ суоли қадимае ба зеҳн меояд, ки «Киро яҳудӣ ҳисобидан ва киро дурага (half-blood) номидан мумкин аст?». Баъзе муҳаққиқон барои муайян кардани яҳудиён дар байни барандагони Ҷоизаи нобелӣ корҳои бисёр: таҳлилҳои зиёдро аз назар гузаронидан, манбаъҳои гуногунро пайдо кардан ва маълумоти фаровонро бо якдигар муқоиса намуданро анҷом доданд. Баъзан, ҳатто маҷбур буданд, ки муқобил ба сиёсати вақт сухан бигӯянд. Мисол, дар нашри комили олмонии китоби «Яҳудиён дар фазои фарҳанги олмонӣ» (1959) бархе маълумотҳо дар бораи яҳудиён, аз ҷумла рӯйхати олимон бо вуҷуди тафсилот ва дақиқияти олмонӣ доштан, хато нишон дода шудаанд. Яке аз ин олимон физики итолиёӣ Энрико Фермӣ мебошад, ки ӯ аз тарафи модар яҳудӣ буда, худаш ҳам инро расман эътироф кардааст.

Албатта, маълумот дар бораи яҳудиён ба кас таассуроти хеле ҷиддӣ мебахшад. Намояндагони яке аз миллатҳои кӯчаки ҷаҳон барандагони аз панҷ як ҳиссаи тамоми ҷоизаҳои нобелӣ, аз ҷониби олимон ва ходимони давлатии миллатҳои гуногун мебошанд. Аз ҳар панҷ нафар ҷоизадори Ҷоизаи нобелӣ - як яҳудӣ! Оё барои шарҳи чунин як падидаи аҷиб имкон аст? Баёни ин масъала бениҳоят душвор буда, мураккабии он аз ду самт: бо роҳи исботи илмӣ ва бо рафъи айбдоркунии шовинистӣ, натсистӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Лекин бисёре аз яҳудиён бар он назаранд, ки агар падидаи миллатгароӣ дуруст пажӯҳиш карда шавад, мушкилоти асосӣ айбдоркунии миллӣ аст. Баъд аз тавзеҳ, масъалаи муайянкунӣ функсияи таркибии илм буда, бояд илм муайян намояд, ки кӣ намояндаи кадом миллат аст, ҳарчанд «Бингар, ки чи мегӯяд…».

Дар ҳама ҳолатҳо ибораҳоеро, монанди «хиради яҳудӣ», «табиати яҳудӣ» вохурдан мумкин аст, ки аз нуқтаи назари илмӣ маънои қатъиян норавшан доранд. Масалан, дар аввали асри XX дар Фаронса аз ҷониби Ж.Мюре китобе бо номи «Хиради яҳудӣ» ба нашр расид, ки муаллифи он як зиддисемити (anti-Semite) ашадӣ буда, вуҷуд доштани ин фаҳмишро эътироф, вале онро муайян карда натавонистааст. Ҳатто олими бузург И.Павлов дар кори соҳавии худ «Оид ба хиради русӣ» таърифи умумии «хиради русӣ»-ро инкор менамояд.

Посух ба масъалаи болоӣ ё имрӯз яҳудиён «ҳукмрони илми ҷаҳон»-анд, шояд дар замони ҳозира, ки аксарият барандагони Ҷоизаи нобелӣ намояндагони миллати яҳуд мебошанд, дуруст гирад. Дар чунин маврид ҳақ ба ҷониби файласуфи шуҳратёри тоҷик А.Турсон аст, ки зимни як суҳбаташ иброз дошта буд: «Дар таърихи башарият се миллат - яҳуд, арман ва тоҷик ҷафодидатарин миллатҳои ҷаҳонанд, вале ду миллати аввала миллатҳои баргузида гардиданду фаҳмиши миллати тоҷик то имрӯз дар сатҳи маҳал боқӣ мондааст». Ин гуфтҳои академик А.Турсон боиси таҳсину офаринанд, зеро дар замони имрӯза аксарият олимони тоҷик ё фаҳмишашон дар атрофи қавму қабила ва маҳал чарх мезанад, ё дар хизмати дини арабанд, ё дар хидмати пантуркистонанд ва ё худ араб ё пантуркист шудаанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро дар китоби дастаҷамъонае чун «Ҳикмати таҳаммул» вомехӯрем ва мебинем, ки чи гуна олимони табиатшиносу ҷомеашиноси мо дар хизмати як пантуркист ва исломисти муосир қарор доранд.

Акнун дар бораи таркиби соҳавии Ҷоизаи нобелӣ чанд нуктаро зикр кардан ба маврид аст. Саҳми бузурги яҳудиён дар илми иқтисод зоҳиран метавонад анъанаи иштироки онҳоро дар ҳаёти иқтисодӣ ва пажӯҳишоти иқтисодӣ баён намояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз се бунёдгузори бузурги иқтисоди ҷаҳон ду нафарашон - К.Маркс ва Д.Рикардо - яҳуд буданд. Ҳамзамон, тадқиқотҳои охир нишон доданд, ки саҳми яҳудиён оид ба усулҳои математикӣ дар иқтисод ва рушди кибернетикаи иқтисодӣ хеле бузург аст.

Дар бораи комёбиҳои олимони яҳудӣ дар соҳаи физика ҷойи шубҳа нест, зеро бо афзоиши нақши коркарди назариявии ин илм, ки бо талаботи зеҳни муайян алоқаманд аст, андозаи махсус ба олимони яҳудӣ хос мебошад. Дар бораи химия бошад, ҳоҷати баҳс ҳам нест. Агар сухан сари шумораи ками ҷоизадорони яҳудӣ дар адабиёт равад, шояд посух дар набудани давлати мустақил барои садсолаҳо, ки решаҳои адабиёти ин миллат ба он пайванданд, бошад. Ҷоизаи нобелӣ дар бахши таҳкими сулҳ, ба яҳудиён аз он сабаб кам насиб гардидааст, ки ин миллат дар як давлати кӯчак умр ба сар мебаранд. Умуман дар байни дорандагони Ҷоизаи нобелӣ дар тамоми соҳаҳо нақши яҳудиён назаррас буда, онҳо ба бузургтарин дастовардҳои илмӣ ноил гардидаанд. Масалан, ба ҷадвали ба муносибати 100-умин солгарди таъсиси Ҷоизаи нобелӣ тартибдодаи профессор ва узви пайвастаи Академияи байналхалқии информатика Арон Черняк назар афканед:

     

 Соҳа

Муқдори умумӣ

Шумораи яҳудиён

Саҳми яҳудиён

Ҷой дар соҳа

Иқтисод

32

11

34,4%

1

Физиология

155

42

27,1%

2

Физика

140

35

25,4%

3

Химия

116

19

16,4%

4

Адабиёт

89

11

12,4%

5

Сулҳ

75

6

8,0%

6

Ҷамъ

607

124

20,3%

 

Сарчашма: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Дар бораи вазъи илми Русия бояд ҳаминро зикр кард, ки дар ин кишвар то ибтидои соли 2000-ум шумораи дорандагони Ҷоизаи нобелӣ ба нуздаҳ адад расид. Дар миёни ҷоизадорони Русия 8 нафар ё 42%-ашон яҳудианд, ки аз онҳо дар адабиёт - Б.Пастернак ва И.Бродский, дар физиология ва тиб - И.Мечников, дар физика - И.Там, И.Франк, Л.Д. Ландау, Ж.Алферов ва дар иқтисод - Л.Канторович (ягона иқтисодчии Русия дорандаи ин ҷоиза) мебошанд.

Нахустин яҳудие, ки ба гирифтани Ҷоиза нобелӣ мушарраф гардид, физики маъруфи олмонӣ Адолф фон Байер (соли 1905, дар соҳаи кимиё) буд. Ӯ тӯли 70 сол дар илми химияи ҷаҳонӣ пешқадам буд ва мактаби машҳури илмии хешро таъсис дод. Байер муаллифи бисёр кашфиётҳо оид ба саноати синтези органикӣ буда, дар ташаккул ва рушди илм таъсири бузург дошт. Инчунин, бунёди бисёр мактабҳои илмӣ ва як қатор корҳо дар бораи бензол, фотосинтези растанӣ, ализарин, аспирин, веронал ба номи вай пайвастагӣ доранд.

Нахустин барандагони Ҷоизаи нобелӣ дар самтҳои худ аз яҳудиён: A.Майкелсон (1907, физика), И.Мечников (1908, физиология ва тиб), П.Хейзе (адабиёт, 1910), А.Фрид ва Т.Ассер (таҳкими сулҳ, 1911) ва П.Самуэлсон (иқтисод, 1970) мебошанд.

Ҷоизаи нобелӣ таваҷҷуҳи қишри поёнии ҷомеа - ноболиғон ва собиқ маҳбусони лагерҳои консентратсионии фашистиро низ ҷалб намуд. Соли 1981 ҷоиза дар бахши кимиё ба олими ИМА Роалд Хоффман супорида шуд. Вақте ки ӯ ҷоизаро аз котиби Кумитаи нобелӣ С.Рамел гирифт, котиб ба гиристан оғоз кард, зеро ӯ ҳолномаи Хоффманро хуб медонист. Хофмани чорсола аввал дар гетто ва баъдан дар лагери консентратсионӣ (соли 1941, дар Украина) нигоҳ дошта мешуд. Соли 1943 падараш ӯ ва модарашро дар як деҳаи хурд пинҳон кард, ки онҳоро сокинони деҳа нигоҳубин мекарданд. Сипас, Хоффман дар Донишгоҳи Колумбия (тиб), Ҳарвард (физика), Упсалаи Шведсия (химияи квантӣ) таҳсили илм карда, барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов омад. Имрӯз Хоффман яке аз кимиёшиносони бузурги ҷаҳон буда, муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Муболиға аз Маркс», «Агар туро фаромӯш кунам, Байтулмуқаддас», «Самараи хотира», «Солитон» ва ғайра мебошад.

Соли 1986 Ҷоизаи нобелии сулҳ ба нависандаи маъруф, очеркнавис, профессори иудаизм аз Ню-Йорк ва раиси Шӯрои амрикоии ёдгориҳо оид ба фалокати яҳудиёни Аврупо Эли Визел тақдим карда шуд. Визел соли 1928 дар Руминия, дар оила ҳасидик (Hasidic) таваллуд шуда, соли 1944 оилаи онҳо дар лагери Бикернау нигаҳдорӣ мешуд ва падару хоҳари Визел дар он ҷо вафот карданд. Сипас, Визел ба Бухенвалд, ки дар он ҷо ӯро марг интизор буду бо кӯшиши Артиши Сурх наҷот ёфт, раҳсипор гардид. Дар соли 1958 нашриёти ИМА маҷмӯаи шеърҳои Визелро бо номи «Шабона» интишор намуд, ки он яке аз сернаштарин китобҳо дар сарорсари ҷаҳон гардида, ба 18 забон тарҷума шуд. Дар романи «Дар ҷаҳони хомӯш» ва дар асари сеҷилдаи «Бар зидди хомӯшӣ» афродеро, ки дар раванди Ҳолокост хомӯш буданд, мазаммат мекунад ва романи «Гадо дар Байтулмуқаддас» бошад, оид ба ҷанги шашрӯза қисса менамояд. Визел муаллифи беш аз 30 китоб буда, ба ордени Легиони фахрӣ (Фаронса), медали Конгресси ИМА ва дигар мукофотҳои олӣ сарфароз гардонида шудааст.

Соли 1992 аз байни ҳафт нафар ҷоизадорон чор нафарашон яҳудӣ буданд. Яке аз онҳо Жорж Шарпак, олими маъруф дар соҳаи зарраҳои бунёдӣ, ихтироъкори як қатор асбобҳои асосии рентгенология ва аъзои Академияи илмҳои Фаронса буд. Шарпак низ дар замони кӯдакиаш ба лагери нобудсозии Дахау фиристода шуда, тӯл як сол байни ҳаёт ва марг мубориза бурд ва дар охири ҷанг, ки бо мағлубияти Олмони фашистӣ анҷом ёфт, озод карда шуд.

Ин се нафар ғолибони Ҷоизаи нобелӣ, ки дар замони кӯдакӣ ё наврасӣ дар лагерҳои нобудсозии маҳбусон нигаҳдорӣ мешуданд, бо шарофати ҳаводиси тасодуфии хушбахт наҷот ёфтанд. Шояд аз байни миллионҳо кӯдакон - қурбониёни миллатчигиҳои фашистӣ бисёре аз онҳо дар оянда дорандагони Ҷоизаи нобелӣ мегардиданду баҳри рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоштанд, буданд.

Хулосаи калом, бо шарофати офтоби тобноки истиқлолияти комили сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии миллати тоҷикистонӣ кулли мардуми шарифи кишвар орому осуда умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мардуми ватани маҳбуби моро месазад, ки атрофи як идеологияи миллии созанда муттаҳид гардида, баҳри пешрафту шукуфоии ин сарзамин мисли ангуштони як даст ва гулҳои як чаманистон амал намоянд. Дар идомаи ин гуфтаҳо умед бар он дорем, ки олимону донишмандони тоҷикистонӣ ҳам бояд дар талоши ин бошанд, то рӯзе шарафи доштани чунин ҷоизаро дар Тоҷикистон таъмин намоянд.

Номвар ҚУРБОН

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Хубон НАЗИРӢ

ДДФСТ ба номи М.Турсунзода

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (13), 2018

Хондан 1441 маротиба