JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 05 Декабри 2018 08:53

Муаммои фалсафаи миллӣ дар осори шеърии Ҳаким Носири Хусрав

Муаллиф:

Фалсафаи ҷаҳонӣ аз фалсафаҳои миллӣ таркиб ёфтааст. Фалсафаи миллӣ ҷузъ асту фалсафаи ҷаҳонӣ, кулл. Ин ба ҳама маълум аст.

Мисол: Носири Хусрав дар «Девон»-аш файласуфи миллист ва дар «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» файласуфи ҷаҳонӣ...Биёед дар нукта чун урупоиёни муосир дақиқ шавем:

1. «Девон»-и Носири Хусрав дар нашри соли 1372=1994 (чопи дуввум), ба тасҳеҳи оқои Муҷтабо Минавӣ дар Теҳрон дорои 692 саҳифа мебошад.

2. Девон дорои 166 мавзӯи асосӣ аст. Омори дақиқи ин мавзӯъҳо аз қарори зайл аст:

-Доир ба ислом: 22 мавзӯъ;

-Доир ба яҳудиён: 17 мавзӯъ;

-Доир ба масеҳиён: 7 мавзӯъ;

-Доир ба ҳиндуён: 2 мавзӯъ;

-Доир ба юнониён: 9 мавзӯъ;

-Доир ба араб: 23 мавзӯъ;

-Доир ба чиниён: 2 мавзӯъ;

-Доир ба туркон: 7 мавзӯъ;

-Доир ба миллат: 77 мавзӯъ;

 Ҳамагӣ: 166 мавзӯъ.

  1. Аҳли замон, яъне сиёсати расмии арабӣ-туркӣ дар нисбати Носир чунин ақида доштанд:

Гӯяд-т фалон-к “зи чунин суханҳо,

Мондаст ба зиндон-фалон-ба Юмгон.”

Мангар ба суханҳои ӯ азеро,

Туркон-ш биронданд аз Хуросон.

На мири Хуросон писандад ӯро,

На шоҳи Сиҷистон, на мири Хатлон...(с.331).

Зеро ки ҳамаи ин шоҳону мирон гумоштагон ва зархаридони арабу турк буданд. Вале Носир, ки аз рисолати фарҳангии худ огоҳ буд, устуворона муқовимат мекард ва медонист, ки:

Қимати дониш нашавад кам ба-д он-к

Халқ кунун ҷоҳилу дунҳиммат аст (с.67).

Яъне мардум аз ҷаҳолат ва нодонӣ идеологияи арабиву туркиро қабул кардаанд. Рӯзе мерасад, ки мардум ба суннати илмии қавми худ бармегардад...Ва худро намунаи чунин намояндаи қавми худ нишон дода, мегӯяд:

Дар дин ба Хуросон кӣ шуст ҷуз ман

Рухсораи даъвӣ ба оби бурҳон?(с.117).

Яъне, динро аз роҳи далелу бурҳони илмӣ собит намудааст. Чун фаҳмиши Носир доир ба дин ва таъвили ботинии ӯ як навъ психоанализи фрейдӣ аз дин аст дар шароити асри миёна!

  1. Ӯ динро на тарзе мефаҳмад, ки ашъариён мефаҳмиданд. Чун ашъариён куҳнапараст ва арабпараст буданд, ҳама корро аз ҷониби Худо айни адл ва савоб медонистанд. Ҳатто зулму кушторро. Аммо ба ақидаи Носир, ки дар домани фарҳанги зардуштӣ парвариш ёфтааст, дин чизи дигарест: «Дин чӣ бошад ҷуз, ки адлу ростӣ?!»

Ҳамон назари Зардушт, Ҷамшед, Монӣ, Маздак, Фирдавсӣ...Магар ин фалсафаи миллӣ нест?

Ва дар қасидае ба боди хуросонӣ (боди ватани худ) арзу шикоят мекунад ва мегӯяд:

Бигзар, эй боди дилафрӯзи хуросонӣ,

Бар яке монда ба Юмгондараи зиндонӣ...

Гашта чун барги хазоне зи ғами ғурбат,

Он рухи равшани чун лолаи нӯъмонӣ.

Рӯй бартофта аз хеш чу бегона,

Дастгираш на, ҷуз аз раҳмати яздонӣ.

Бегуноҳӣ шуда ҳамвора бар ӯ душман,

Турку тозиву ироқиву хуросонӣ.

Баҳнаҷӯёну ҷуз ин баҳона не,

Ки ту бадмазҳабию душмани ёронӣ...

Марди ҳушёри сухандон чӣ сухан гӯяд,

Ба гурӯҳе ҳама чун ғули биёбонӣ...

Он ҳамегӯяд имрӯз маро баддин,

Ки ба ҷуз ном надонад зи мусулмонӣ...(с.25).

  1. Мухолифон ва душманони фарҳангу миллати Носир кистанд? Дар қасидаи боло баъзе ишораҳо шуда...Дақиқтар бингарем, инҳоянд:

Арабро ба хотири Қуръон мешиносанд, вагарна бо худи худ ин миллат арзише надорад:

Ҳаменозӣ ба маҷлисҳо, ки ман тозӣ накӯ донам,

Зи баҳри илми Қуръон шуд азиз, эй бехирад, тозӣ!

(с.446).

Ва ё дар ҷойи дигар ҳамин ақидаро тақвият дода, мегӯяд:

Тозӣ-т зи баҳри илму дин бояд,

Бе илм якест тозиву розӣ.

Гар тозиву илмро ба даст орӣ,

Шояд ки ба ҳар ду сар бияфрозӣ (с.475).

Ҳамдиёрони худро (аҳли Балх ва Хуросонро) ҳушдор медиҳад, ки аз ҳокимияти туркҳо фирефта нашаванд, ки инҳо меоянду боз мераванд:

Ба мулки турк чаро ғарраед, ёд кунед,

Ҷалолу давлати Маҳмуди Зовулистонро.

Нигаҳ кунед, ки дар дасти ину он чу ҳарос,

Ба чанд гуна бидидед мар Хуросонро (с.8).

Кунун Хуросонро ӯ ба ҳилла вайрон кард,

Аз ӯ чӣ гуна ситонам зиёни вайронро?

Чу халқ ҷумла ба бозори ҷаҳл мерафтанд,

Ҳаме зи бим наёрам кушод дӯконро.

Маро бадан зи Хуросонзамину ҷон зи Араб,

Касе чаро талабад дар Араб Хуросонро(с.10).

Ва аз худ дар шаҳомат ва ғурури миллӣ намуна нишон дода, мегӯяд:

Кай резам обурӯй чу ту бехирад,

Бар тамаи он ки тубра пури нон кунам.

Туркон раҳиву бандаи ман будаанд,

Ман тан чӣ гуна бандаи туркон кунам?(с.305).

Носир ба ҷаҳон хитоб мекунад, ки ба озодагон ҷабру зулм мекунӣ ва турконро (=такинро) мақому баландӣ медиҳӣ:

Ба озодагон кибр дориву лекин,

Янолу такинро янолу такинӣ.

Дар ин байт «такин»-и аввал ба маънои лақаби туркон аст ва «такин»-и дуввум ба маънои намади зери зин омадааст.

Носир аз собиқаи бузурги миллати худ ёдовар шуда, ҳаммилатони худро ба риояи нангу номус даъват мекунад:

Бозори зуҳд косид, суқи фусуқ роиҷ,

Афканда хор дониш, гашта равон муроӣ.

Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон

Буданд хору оҷиз ҳамчун занон сароӣ.

Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро

Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.

Оби тамаъ бибурдаст аз халқ шарм, ё раб,

Моро туӣ нигаҳбон аз офати самоӣ.

В-аз шеърҳои Ҳуҷҷат бар хештан ба ҳуҷҷат

Бархон агар куҳан гашт ин гуфтаи Кисоӣ(с.481).

Гурӯҳе аз туркҳоро ба таври мушаххас номбар мекунад, ки мояи бадбахтии ин сарзаминанд:

Бало рӯяд набот андар замине,

Ки аҳлаш қавми Ҳомонанду Қорун.

Наботи пурбало Ғуз асту Қипчоқ,

Ки рустастанд бар атрофи Ҷайҳун (с.309).

Бо вуҷуди ин Носир миллати худро тасалло медиҳад, ки аз зиндагӣ ноумед нашавад:

Фарёд ба ло илоҳа иллоҳу,

З-ин бемаънӣ замонаи бадхӯ.

З-ин даҳр чу ман ту чун наметарсӣ,

Бебок манам, чӣ занн бариӣ, ё ту?...

Ҳарчанд муҳори халқ бигрифтанд,

Имрӯз такину эйлику пайгу.

Навмед машав зи раҳмати яздон,

Субҳонака ло илоҳа иллоҳу (с.380).

Кор ба ҷое расид, ки харобкорони Хуросон даъво мекарданд, ки онҳо сарварони сазовори ин минтақаанд:

В-имрӯз ба меҳтарӣ бурун омад,

Бо даркаву теғ чун ситамгоре.

Гӯяд, ки набуд мар Хуросонро

З-ин пеш чу ман сареву дасторе.

Хотуну беку такин шуда акнун

Ҳар нокасу бандае парасторе.

Деве раҳ ёфт андар ин бӯстон,

Бадфеълеву райманеву ғаддоре.

Бишкасту биканд сарви озода,

Биншонд ба ҷои ӯ сапедоре.

Наншаст аз он сипас дар ин бӯстон,

Ҷуз каргаси мурдахор тайёре.

В-аз шумии ӯ ҳаме бурун ояд

Аз шох ба ҷои барги ӯ море.

Гаштанд раҳии у зи нодонӣ,

Ҳар беҳунареву ҳар нагунсоре.

Иқрор ба бандагии ӯ дода,

Бе ҳеҷ ғамеву ҳеҷ тиморе.

Ман гашта ҳазиматӣ ба Юмгондар,

Бе ҳеҷ гуноҳ шуда ба зинҳоре.

Чун дев бибурд хонумон аз ман,

Беҳ з-ин ба ҷаҳон наёфтаам ғоре.

Мондаст чу ман дар ин замин ҳайрон,

Ҳар зоҳиду обидеву диндоре.

Носир бо ҷиддияти том изҳори боварӣ менамояд, ки ҳокимияти дев гузаранда ва муваққатӣ аст:

Чун кори ҷаҳон чунин фарошав буд,

Сар бар кунад аз ҷаҳон ҷаҳондоре.

Чун дуд баланд шуд ба ҳар ҷое,

Сар бар занад аз миёни ӯ норе.

Ин дев ҳазиматист ин ҷо дар-

Мангар ту ба-д-он чӣ сохт кочоре...(с.469).

Ба ҷойи хулоса ин чанд нуктаро ёдовар мешавем:

-Носири Хусрав бузургтарин шоири миллии халқи форсу тоҷик аст;

Асолати миллӣ дар ҳамаи навиштаҳои ӯ ба мушоҳида мерасад. Аз 166 мавзӯи девони ашъори ӯ 77 мавзӯи онро масъалаҳои миллӣ-ватандӯстӣ ташкил додааст.

-Миллат, ба ақидаи Носири Хусрав, обу хоку замини аҷдодист...Хоки Хуросон, Балх, Марв, Бухоро, Самарқанд, Нишопур, Рай...Бадахшон, Хатлон...ва сокинони асили ин сарзаминҳо...Миллат ҳамин маъноро дорад.

-Ақида, ба назари Носир, миллӣ нест. Заминӣ нест. Балки осмонӣ аст. Умумӣ аст. Универсалӣ аст. Илоҳӣ аст. Худоӣ аст. Мовароӣ аст...

-Вай ақидаҳои динӣ ва пеш аз ҳама, диёнати самовиро дар назар дошт. Аммо муҳаққиқони асри XIX ва XX ҳатто ақидаҳоро низ рангу бори миллӣ медоданд. Ҳоло таассуб бештар шуда, баъзе муаррихони дин Оллоҳро худои арабҳо, Аҳуромаздоро худои эрониҳо, Масеҳро худои насрониҳо ва Яҳваро худои яҳудиҳо мешуморанд. Дар сурате, ки паёмбарони ин динҳо рисолати худро на миллӣ, балки умумиинсонӣ медонистанд. Ҳақиқат ин аст, ки мо, инсонҳо, мушкилоти муштараке дорем, аз қабили зиндагӣ, марг, беморӣ, қаҳтӣ, замин, ватан, сарват, мол, ҷанг, сулҳ, дӯстӣ, душманӣ, худпарастӣ ва ғайра. Ҳар қавму миллате дар гӯшаву канори ин ҷаҳон бо ин мушкилоти муштарак бархурдҳои хосе дорад. Ҳамин бархӯрдҳои хос симои қавмӣ ва миллии онро муайян мекунанд. Дар сурате ки ба таври куллӣ ҷавҳари масъала тағйир наёфтааст. Ҷавҳар ин аст, ки мо, ҳамаи инсонҳо, қатъи назар аз фарқиятҳои ҷузъии иқлимӣ ва нажодӣ, дорои сиришт ва сарнавишти ягона мебошем. Ин аст чизи асосӣ. Ин аст чизи ҷавҳарӣ. На фарқиятҳои ҷузъии миллӣ!

Баъзан мушкилоти зиндагӣ ба дараҷае аз ифрот мерасонд, ки инсонҳои оқил маҷбур мешаванд ба ин масоил ба чашми ифрот бингаранд. Чунин ҳол ба Ҳаким Носири Хусрав ҳам намуда буд. Ва ин ҳам ба ҷойи худ дуруст аст, ки ифроти маънавӣ аксуламали ифроти моддӣ мебошад. Дар мисоли Носири Хусрав мо бар ин ақидаем, ки ӯ дар муқобили мушкилоти асри хеш ба сифати як шахсияти озода, бошаҳомат ва ватандӯсти асил баромад кардааст. Номаш ҳамеша вирди забон бод!!!

Комил БЕКЗОДА

файласуф

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (13), 2018

 

 Пайнавиштҳо

 

  1. А.С.Ҳансбергер. Носири Хусрав-Лаъли Бадахшон. Тасвире аз шоир, ҷаҳонгард ва файласуфи эронӣ. Тарҷумаи доктор Фаридун Бадрайӣ. Чопи аввал. -Теҳрон: Фарзон, 1380=2003.
  2. Девони Носири Хусрав. Дунёи китоб. Чопи саввум. Бо тасҳеҳи оқои Муҷтабо Минавӣ. -Теҳрон. Чопхонаи Маҳдӣ, 1372=1993.
  3. Носири Хусрав. Куллиёт. Ҷилди якум. (Шомили «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Кушоиш ва раҳоиш», «Равшаноинома» ва «Саодатнома»). -Душанбе: Ирфон,1991.
  4. Тасвире аз Носири Хусрав. Таълифи устод Алӣ Даштӣ. Ба кӯшиши Маҳдӣ Мохузӣ. Созмони Интишороти Ҷовидон. Чопи аввал. -Теҳрон. Тобистони 1362=1983.
  5. Равшанфикрони эронӣ ва Ғарб. Тарҷумаи Ҷамшед Шерозӣ. Таълифи Меҳрзод Бруҷердӣ. Чопи саввум.-Теҳрон, 1378=2000.
  6. Шерзод Абдуллозода. Фалсафаи одамият. (Масъалаи инсон ва гуманизм дар адён. Гуманизми Қуръон).-Душанбе, 2003.
  7. Ошо. Храбрость. Радость жить рискуя.-Санкт-Петербург. Издательство «Весь»-Добрые вести, 2000г.
  8. Суннатҳои ақлонӣ дар ислом. Танзим ва тадвин аз доктор Фарҳод Дафтарӣ. Тарҷумаи доктор Фаридун Бадрайӣ. Таҳия ва таҳрири матни тоҷикӣ аз академик Мӯсо Диноршоев. -Душанбе, Нашриёти «Нодир», 2002.
Хондан 4531 маротиба