JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Майи 2019 07:30

Маҷаллаҳои илмии тоҷикӣ дар фазои маҷозӣ

Муаллиф:

  Босуръат паҳн шудани интернет ва зиёдшавии шумораи истифода-барандагони он ба пайдо шудани шаклҳои электронии нашрияҳо мусоидат намуд, ки кори дастрасии иттилоотӣ ва фаврияти паҳншавии онро осон гардонид. Чопи маводи илмӣ ва маҷаллаҳои тақризшаванда низ аз ин раванд берун намонда, ҷузъи рушди босуръати маводи электронӣ гаштаанд. Дар ин замина таҳқиқи маводи электронии илмии интернетӣ низ дарҳол пас аз рӯи кор омаданаш шурӯъ гардид ва имрӯз муҳиққиқони зиёд дар ин самт кор мебаранд [1,2,3,4]. 

  Имрӯз фазои маҷозии интернетро маҷаллаҳои илмии электронӣ пур карда, аз натиҷаҳои илмӣ фаврӣ хабар дода истодаанд. Маҷаллаи электронӣ на танҳо алтернативи маҷаллаи коғазӣ, балки ҷавоб ба талаботҳои асри иттилоотӣ аст. Ин имкон медиҳад, ки монеаҳои бюрократии чопӣ ва мушкилиҳои дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ бартараф карда шаванд. Ба фарқ аз маҷаллаҳои чопӣ маводи илмии электронӣ чанд бартарият доранд, аз ҷумла:

  • фавран дастрас будани онҳо;
  • набудани хароҷот барои чоп ва масрафи коғаз, фарсудашавии дастгоҳҳои чопӣ;
  • осонии ҷустуҷӯ аз рӯи номи мақола, муаллиф ва ё шумораи маҷалла;
  • имкони ҷой додани аниматсияву наворҳои вобаста ба мавзӯи таҳқиқот ва ғайра;
  • мавҷудияти имконияти шарҳнависӣ ва мубоҳиса атрофи мақола дар сомонае, ки мақола нашр шудааст.

Худи мафҳуми маҷаллаи электронӣ чунин шарҳ дода мешавад: “Нашрияи даврии тақризшаванда, аналогиэлектронии маҷаллаи чопӣ, ки тавассути дастгоҳи мобилӣ ва компютер дастрас мегардад. Ба воситаи интернет ва ё дилхоҳ асбоби нигоҳдорандаи иттилоот (диск ва флешка) паҳн мегардад” [5].

Дар ҳоли ҳозир се шакли маҷаллаҳои электронӣ мавҷудаст:

  1. Маҷаллаҳои нусхавӣ (нашри электронӣ ва чопӣ айнан яксонанд);
  2. Баҳамовардашуда (нашри чопӣ ва электронӣ якдигарро пурра менамоянд);
  3. Аслӣ ва ё беназир (маҷаллаи илмии электронӣ) [6].

Имрӯз дар Тоҷикистон шакли якумии маҷаллаҳо мунташир мешавад, яъне нусхаи электронии маҷаллаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва Академияи илмҳои ҶТ дар сомонаҳояшон гузошта мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ мувофиқи Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 маҷаллаи тақризшаванда, ки натиҷаҳои илмии муҳаққиқони тоҷик, аспирантон ва унвонҷӯён дар онҳо нашр мешаванд, интишор мегардад: [7]

 

№ 

Номи маҷалла 

Муассиса

Соли нашр

Санаи қайд дар КОА

 

Сомона

1

Суханшиносӣ

Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ

2010

(4)

26.04.2018

 

http://www.iza.tj

2

Муаррих

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ

2015

(4)

26.04.2018

 

 

http://istorik.tarena.tj

3

Ахбори АИ ҶТ

Шуъбаи илмҳои биология ва тиббӣ АИ ҶТ

1952

(4)

26.04.2018

http://journals.anrt.tj

4

Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон

Вазорати тандурустии ҶТ

1933

(4)

26.04.2018

нест

5

Паёми таълимоти баъди дипло-мии соҳаи тандурустӣ

Донишкадаи таҳсилоти кормандони соҳаи тандурустии ҶТ

2011

(4)

26.04.2018

http://www.vestnik-ipovszrt.tj

6

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ

2012

(4)

31.05.2018

http://ifppanrt.tj

7

Гузоришҳои АИ ҶТ

Академияи илмҳои ҶТ

1951

(4)

31.05.2018

http://journals.anrt.tj

8

Ахбори АИ ҶТ

Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ватехникаи АИ ҶТ

1952

(4)

31.05.2018

http://journals.anrt.tj

9

Паёми ДМТ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

1990

(8)

31.05.2018

http://g.vestnik-tnu.com

10

Паёми ДМТ

Бахши илмҳои табиӣ

2012

(4)

31.05.2018

http://g.vestnik-tnu.com

11

Паёми ДМТ

Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ

1990

(4)

31.05.2018

http://g.vestnik-tnu.com

12

Паёми ДМТ

Бахши илмҳои филологӣ

2012

(8)

31.05.2018

http://g.vestnik-tnu.com

13

Ҳаёти ҳуқуқӣ

Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

2013

(4)

31.05.2018

http://law.tnu.tj

14

Қонунгузорӣ

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2010

(4)

31.05.2018

http://www.mmk.tj

15

Паёмиполитехникӣ

ДДТ ба номиМ.Осимӣ(Бахши таҳқиқотҳои муҳандисӣ)

2008

(4)

31.05.2018

http://vp-es.ttu.tj

16

Паёми политехникӣ

ДДТ ба номиМ.Осимӣ (Бахши интеллект, иноватсия, инвеститсия)

2008

(4)

31.05.2018

http://vp-es.ttu.tj

17

Паёми ДДТТ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

2011

(4)

31.05.2018

http://www.tguk.tj

18

Ахбори АИ ҶТ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ ҶТ

1982

(4)

31.05.2018

http://www.izvestiya.ifppanrt.tj

19

Ахбори АИ ҶТ

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ

1952

(4)

31.05.2018

http://journals.anrt.tj

20

Кишоварз

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

2000

26.06.2018

http://www.tajagroun.tj

21

Ахбори ДДҲБСТ (силсилаи илмҳои гуманитарӣ)

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

2000

29.11.2018

http://www.hum.vestnik.tj

22

Ахбори ДДҲБСТ (силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ)

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

2000

29.11.2018

http://www.soc.vestnik.tj

23

Осори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1998

29.11.2018

http://www.avkd.tj

24

Номаи донишгоҳ (силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ)

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров

2001

29.11.2018

http://www.uchzap.tj

25

Проблемаҳоиматематикаиҳисоббарорӣва амалӣ

Маркази илмӣ-инноватсионии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент ба номи М. ал-Хоразмӣ

2015

29.11.2018

https://tuit.uz

26

Паёми Сино

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

1999

13.12.2018

http://vestnik-avicenna.tj

27

Гузоришҳои Академияи илмҳои кишоварзииҶумҳурии Тоҷикистон

Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1997

29.09.2018

http://taas.tj

28

Номаи Донишгоҳ (силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ)

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров

 

1948

 

27.12.2018

http://www.uchzap.tj

 

  Дар рӯйхати маҷаллаҳои овардашуда, ба ҷуз «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» дигар маҷаллаҳо сомонаи худро доранд ва шумораҳои солҳои охир дар шакли электронӣ ҷой дода шудаанд. Вале ҳанӯз шумораҳои солҳои пешин (то солҳои 2010-2015) ба шакли электронӣ табдил дода нашудаанд. Боиси хурсандист, ки ба ҷуз сомонаҳои худи маҷаллаҳо дар сомонаҳои манбаъҳои электронии илмии кишварҳои дигар низ қисме аз маҷаллаҳои тоҷикӣ ҷой дода шудаанд. Масалан, дар сомонаи Китобхонаи электронии илмии Русия https://elibrary.ru ва Китобхонаи электронии илмии Киберленинка https://cyberleninka.ru. Маҷаллаҳои дар боло номбаргардида дар рӯйхати “Индекси иқтибоси илмии Русия” [8] вуҷуд доранд. Маҷаллаҳои комилан электронӣ бошад, ҳанӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надоранд.

  Ба ҷуз маҷаллаҳои илмӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи электроникунонии маҷаллаҳои илмӣ-оммавӣ низ вуҷуд дорад. Маҷаллаи академии илмӣ-оммавии “Илм ва ҷомеа”, ки муассисаш Академияи илмҳои кишвар мебошад, дар як сол 4-5 шумора чоп мешавад ва аз рӯзи таъсисаш ҳар шуморааш дар сомонаи http://ravshanfikr.tj/ гузошта мешавад. Бартарияти маҷаллаи электрониро дар мисоли “Илм ва ҷомеа” барало мушоҳида кардан мумкин аст: адади нашри маҷаллаи чопӣ ҳамагӣ 200 нусха аст, вале танҳо шумораи №1 (2018)-и маҷалларо аз сомона ҳудуди 770 нафар дидаанд, ки қариб се маротиба аз шумораи чопиаш зиёд аст. Шумораи аввалинашро бошад, зиёда аз 2270 нафар хондаанд. [9]

  Ҳамин тавр, дар ташаккули донишҳои нави илмӣ, афкори илмии ҷомеа нақши маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷаллаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва Академияи илмҳои ҶТ намоён аст. Дар саҳифаҳои ин маҷаллаҳо муҳимтарин масъалаҳои илмии ҳаёти ҷамъиятии кишвар ва тамоми соҳоти фаъолияти инсонӣ инъикос меёбад.

Тӯхтаева МАҲНОЗА

магистри соли дуюми шуъбаи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

 


Адабиёт

 

  1. Электронные журналы в библиотеках // Науч. и техн. б-ки. 1997. №10. С. 61–67.
  2. Торн К. Сериальные издания в электронный век // Там же. 1999. № 4. С. 4–18.
  3. Бойченко Е.Н. Периодические издания по тех- ническим наукам в Интернете: доступность электронных ресурсов // Там же. 2009. № 5. С. 31–45
  4. Садчикова А.Е. Сетевые электронные журналы// Вестн. Ом.ун-та. 2012. № 1. С. 159–165.
  5. https://ru.wikipedia.org/wiki/%
  6. Бакланова Ю.О. Электронный научный журнал – ресурс открытого доступа // Маҷалла «Управление экономическими системами», 2007,№ 1 (09).
  7. Сомонаи КОА ҶТ. http://vak.tj
  8. Сомонаи Китобхонаи электронии илмии Россия. https://elibrary.ru
  9. Сомонаи Равшанфикр. http://ravshanfikr.tj 
Хондан 1493 маротиба