Нусхаи чопи
Ҷумъа, 01 Июни 2018 13:39

Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

Муаллиф:

Муқаддима

  Мақсади аслӣ ва ниҳоии инсоният – таъмини осудагӣ, рушди фард ва ҷомеа мебошад. Таҷрибаи дунё нишонгари он аст, ки ин ҳадаф фақат тавассути тарбия, таълим ва ҳамчун натиҷаи он - ташаккули рӯҳи инсони комил метавонад амалӣ гардад.

  Дар асари дигаргуниҳои фавқулодаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар се даҳсолаи охир, тавассути Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик дар мамлакат ба вуқӯъ пайваст, рӯҳи миллӣ дар сарзамини тоҷикон "паноҳгоҳи худро ёфт ва дар он зиндагӣ мекунад" (таъбири Гегел).  Акнун барои мо ҳаётан муҳим аст, ки "шуълаи ин шамъи муқаддасро эҳтиёт намоем, ба он ғизои маънавӣ диҳем. Ғамхорӣ кунем, ки хомӯш нашавад. Ва олитарин зуҳурот - шуурнокӣ ва худшиносӣ завол наёбад" (В.Ф. Гегель. Наука логики: Т.1. -М.: 1974. -С. 81).

  Бояд маълум бошад, ки ин кори осон нест. Осон ҳаст, фақат барои қлҳо ва характерҳои рӯякӣ..., ки холигӣ ва донишҳои сатҳии худро ҳамчун афзалият, моил ба мақсад ва натиҷаи фаъолияти интеллектуалии худ қаламдод карданӣ мешаванд" (таъбирҳои В.Ф. Гегел дар боби сифати андеша. Ҳамон ҷо, саҳ. 82). Баръакс, ин амал заҳмати системавии дарозмуддат, тахассусмандона ва мақсаднокро тақозо дорад.

  Дар маркази ҳалли масъала Инсон, Шахс меистад. Ин кашфиёт нест. Ҳамсин ва ҳамқадами одамизод аст. Ҳар миллат ба дараҷаи рушди тафаккур, талаботи рӯзмарра, пешбинӣ, ояндасозии миллӣ, дидгоҳу тасаввурот оид ба ин омили ҳаётан муҳим, омӯзиш ва тадқиқоти хешро  баён кардааст.

Арзишмандӣ ва пойдории миллат баробар ба шумора ва сифати андешамандони миллӣ аст, ки дар сухану амал тавони пешбурд ва таъмини рушди миллиро доранд.

  Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси мақола таҳлил ва баррасии баъзе аз ақидаҳои файласуфи маъруфи немис Иммануил Кант (1724-1804) оид ба  ташаккули тарбия ва ба камол расонидани шахсро дар бар мегирад. Моҳияти масъала, аз тарбия намудан ва ба воя расонидани субъекти воқеии сиёсӣ, ки тавони таъмини манфиатҳои миллиро "дар ин дунёи оҳандил" (таъбири Ҳофиз) дошта бошад, иборат аст.

  Яке аз принпсипҳои асосие, ки И. Кант эҷод ва ба он такя кардааст, "қонуни асоснокии басанда - равон кардани тафаккур ба ҳадди (манзалати) донишҳои воқеӣ (дар амал санҷидашуда)" мебошад. Дар ҳамин асос, олими немис дар ҳама намуди фаъолият, пеш аз ҳама, сохтани инсон, мақсадгузориро дар мадди аввал мегузорад.

 

Мақсад ҳамчун асос барои ташаккули субъект

 

  Ҷавҳари давлатро, тавре Арасту таъкид кардааст, Инсон дар бар мегирад. Ба ҳамин хотир, сохтани Инсон аз муҳимтарин лоиҳаи инсон  ва албатта, худи давлат мебошад.

Дар чунин лоиҳа мақсадгузорӣ нақши асосиро иҷро мекунад. Яъне падару модар, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ин ва ё он одамро барои шуғли муайян омода месозанд.

  Ҳамин тариқ, мақсади тарбия "сараввал ҳамчун натиҷаи ниҳоӣ дар майнаи инсон дар шакли орзу, умед, ният, нақша вуҷуд дорад". Дар чаҳорчӯби тафаккур тасаввур карда мешавад. Хайрият, ки ин амал, дар муқобили дигар мавҷудоти биологӣ инстинктивӣ нест. Бошуурона аст. Ақаллан, ба хотири он ки дар дараҷаи мақсадгузорӣ тасаввурот дар бораи сифати объекти мавриди назар (айни ҳол одамва  шуғли ояндаи он пайдо мегардад. Муайян мешавад, ки вобаста ба он, ба чӣ гуна таълим, тарбия, таҷриба, санҷиш ва хулосабарорӣ ниёз дорад. Ва таъмини мақсад аз кадом мундариҷа, зинаҳо, шароит ва муҳит,  имконот, фазову вақт вобаста аст. Дараҷа ва муҳиммияти мақсади ниҳоӣ - баробар ба масъулияти таъмин ва омода кардани матои инсон аст.  Муҳтавое, ки барои таъйиноти иҷтимоии шахс мувофиқ, тобовар ва самаранок бошад.

  Маҳз дар асараш "Дар бораи педагогика" (соли 1803), И.  Кант дар бораи идея сухан ронда, бо ишора ба сохтани инсон таъкид мекунад: "Идея мафҳум дар бораи ба камолот ва рушди муайян расонидан аст, ки то ба ҳол он дар ин поя нест" ва орзу мекунад: "Шояд тарбия зина ба зина ба дараҷаи боло мерасад ва ҳар як насл қадаме ба пеш, барои камолоти инсоният мегузорад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 448).

  Ҷои шубҳа нест, вақте чунин мақсадгузорӣ ҳаст, субъекти масъул эътиқодманд аст, ки объекти таъсир (инсон) айни замон  комил нест. Ниёз ба барномарезӣ, таваҷҷуҳ ва парасторӣ дорад. Ба тарзи дигар, аз  ибтидо то  интиҳо - бадастории мақсад заҳмати зиёдро тақозо менамояд. 

  Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ  наметавон масъалаи шахсӣ номид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи  аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст, яъне давлат дар назар дошта мешавад. Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия -  пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошад.

  Он мушкилотро ҳам эътироф бояд кард, ки аз гузоштани мақсад (муайянкунии идея) то расидан ба воқеияти баробар ба натиҷаи дилхоҳ, фосила тулонӣ ва ниҳоят мушкил аст. Сабаб он аст, ки муҳити атроф, аз ҷумла алоқаҳо, муносибатҳо, миёнҷигариҳо, воқеияти ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, саҳнаи ҳаёт, қонуният ва равандҳои хоси худро дорост. Ҳадаф гоҳо номуайян, ғайрихоҳиш метавонад зери суол монад.

  Ба ин нигоҳ накарда, И. Кант дилгармона таъкид мекунад: «Мақсад - ҳама вақт мавзӯи майл, шавқ, рағбат ва машғулият аст. Он мустақиман, тавассути амал ба даст овардани чизеро дар назар дорад. Ҳаммонанди қонун (фармонравоӣ ва таъмини амал - С.Я.) зарур аст эҳтиром дошта бошад» (И. Кант. Дин фақат дар доираи ақл. -М.: 1980. -С. 31).

  Олими бузург на ҳама мақсадро барои инсон мусоид ва мувофиқ шуморида, қотеона таъкид мекунад: "Ҳамон мақсадро (оне, ки дар назар дорем - С.Я.) воқеӣ шуморидан мумкин аст, ки Ақл дар назди мо мегузорад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 31).

  И. Кант хотирнишон месозад, зуҳуроти субъективӣ он аст, ки инсон дар вобастагӣ ба ҳиссиёт, ҷаҳонбинӣ ҷавҳари мақсадро чӣ гуна тасаввур мекунад. Хушбахтии хешро дар кадом шакл дидан мехоҳад. Аммо гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки "мароми олии ҳар шахс бояд некӣ ва некукорӣ бошад. Гарчанде худи мақсад маҷмӯи синтетикӣ (баҳамовардашудаи ҷузъҳои тасаввурот - С.Я.) маҳсуб мегардад. Он маҳсули абстраксияи таҷрибаи мусбӣ (санҷидашуда - С.Я.) буданро мадди назар дорад».

Ҷолиби таваҷҷуҳи маҳз аст, ки мутаффаккири сатҳи ҷаҳонӣ ин гуна суханҳоро дар асараш "Дин фақат дар доираи ақл" таъкид месозад. Дар омади сухан, месазад таҳти ин ном даҳҳо китоб навишт.

 

Оид ба мантиқи тарбия

 

  И. Кант муътақид аст, ки "ҳама мавҷудот дар табиат, чӣ зинда ва чӣ ғайризинда, тибқи қоида арзи ҳастӣ мекунанд. Об мувофиқи қонуни кашиш ҷорӣ мешавад..., моҳӣ дар об, парранда дар ҳаво, ҳама дар асоси қоидаи муайян ҳаракат мекунанд" (И.Кант. Логика. -М.: 1980. -С. 319.). Аммо файласуфи немис таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот дониш нест. Биниш аст. "Агар дар назари мо намояд, ки чунин фаҳмро  дарёфтем, мо гуфта наметавонем, ки қонуниятҳои ин тавр шакл гирифтани зуҳурот бароямон маълуманд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 319).

  Дар ин маврид, Кант байни тасаввуроти омӣ (сода, одӣ, рӯзмарра, авомона) ва донишҳои илмӣ (қонуниятҳои пайдоиш ва тараққии зуҳуроти табиат ва ҷамъият, ки таҷрибаи зиндагӣ онҳоро тасдиқ кардааст) тафовути ниҳоят ҷиддӣ мегузорад. Маҳз ба ҳамин хотир, файласуф ба Одам - хусусияти физиологии ӯ, ҳамчун комилтарин мавҷудоти табиӣ умед мебандад: "Инсон ягона мавҷудест, ки воқеият ва зарурияти тарбияи ҳатмии ӯ аз муҳимтарин амал маҳсуб мегардад. Зери маънои тарбия, мо парасторӣ (нигоҳдорӣ, дастпарварӣ - С.Я.), интизом (истодагарӣ, тобу тоқат, тамкин, худдорӣ, таъмини амали муайяншуда - С.Я.), омӯзиш, ҳамзамон маърифатнок карданро дар назар дорем" (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 445).

  Донишманди олмонӣ бовар дорад, ки мавҷудоти биологии ғайри соҳиби шуур, аз замони тавлид ба тарзи инстинктивӣ барои тозагӣ, ҳолати гигиении худ кӯшиш мекунад. Барои таъмини амнияти худ, то ҳадди имкон, саъй менамояд. Барои мисол, агар бачаи ҳайвон ҳангоми тавлид гаштан бо овоз (мисли гиряи кӯдаки навзод)  дар бораи ба дунё омадани худ дарак медод, дар шароити ҷангал ягонтои онҳо зинда намемонд. Тӯъмаи дигар ҳайвонҳо мегаштанд. "Дуруст аст, ки бисёре аз ҳайвонот ба ғизо ниёз доранд, аммо на ба парасторӣ" (Ҳамон ҷо, саҳ. 445). Новобаста аз он ки бо таваллуд гаштани одам - мукаммалтарин ҷузъиёти табиӣ рӯи олам меояд, он ба ғамхорӣ, нигоҳубин, тарбияи ниҳоят ҷиддӣ ниёзманд аст. "Зери маънии "ғамхорӣ" кӯшиш ва заҳмати падару модар дар назар дошта мешавад, ки фарзанд натавонад қувва ва имконоти худро бар зарари худ истифода намояд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 445)".

 

Мавқеи шахс дар тарбия

 

  Файласуфи машҳур, ки  фаҳм ва дарки мантиқи сухани илмии ӯ дар мавзӯоти табиат, ҷамъият ва тафаккур ниёз ба истифода аз фарҳангҳои тафсирии илмҳои гуманитарӣ, дақиқ ва пешомӯзии чандин адабиётро  дорад, дар мавзӯи тарбияи инсон кӯшиш мекунад мақсадашро хеле одӣ, бо мисолҳои равшан ба хонанда расонад.

  Ӯ дар мавҷудоти биологии бешуур зарурати ҳатмии  тарбияро намебинад. Тавре хотиррасон гардид, онро туҳфаи табиат, ҳамчун инстинкт мешуморад. Аммо нақши Одамро дар тарбияи шахс ниҳоят бузург меҳисобад. Ва медонад, ки "ҳеҷ кас тасодуфан инсони нек нагаштааст" (Афлотун). Олими немис дар муқоиса бо ин ду зуҳуроти биологӣ ҳам, имкон барои мисоли ибратомӯз пайдо мекунад. Кант муътақид аст, ки ҳайвонот аз якдигар ҳеҷ чизеро намеомӯзанд, ба хотири барномарезӣ шудани амали онон аз нигоҳи ирсият, аммо ба ғайр аз паррандаҳои хушхон. Ба ақидаи ӯ, агар тухмҳои гунҷишкро зери боли булбул гузоранд, ҳангоми чашм ба дунёи ҳастӣ кушодан онҳо дар ҳақиқат гунҷишк мемонанд, аммо сарояндагии булбулро шунида, ҳамчун натиҷаи таълим, якумр ба он тақлид мекунанд.  На ба авлоди худ - гунҷишк. Кант таъкид менамояд: "Онҳо сурудхониро аз калонҳояшон меомӯзанд. Мароқангез аст. Гӯё дар мактаб бошад. Паррандаи бузург бо тамоми қувват назди бачаҳои нав аз тухм баромадаи худ месарояд. Паррандаҳои навзод бошанд, бо гулӯи ниҳоят заифи хеш он гуна  овозҳоро аз худ мебароранд... . Ҳамин тариқ, чун анъана паррандаҳо аз насл ба насл садоҳои худро ба якдигар меомӯзонанд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 447).

  Хулосаи олими машҳур он аст: "Бояд таъкид сохт, ки  одамро фақат Одам  тарбия мекунад - одаме, ки айнан мисли худаш тарбия гирифтааст" (Ҳамон ҷо, саҳ. 448 ).

  И. Кант дар  бораи сифати одаме, ки касеро роҳ нишон медиҳад, ислоҳ карданӣ мешавад, раҳбарӣ ва тарбия мекунад, ниҳоят сахтгир аст: "камбудие, ки дар таъмини интизом ва тарбияи баъзеҳо содир карда мешавад, дар навбати худ шахсро тарбиятгари бад... мегардонад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 447). Мантиқи аслии талаботи файласуфи бузург масъалаи мураббӣ, муаллим ва тарбиятгар аст. Устодро И. Кант меъмори бузурги қасри манзалати маънавии инсон мешуморад.

Албатта, ҳар кас нишона, баранда ва давоми умри маънавии авлод ва падару модари хеш аст. Муҳим он аст, ки тарбияи фарзанд дар ихтиёри ашхоси тасодуфӣ наафтад.

  Таърихи миллатҳо ҳазорҳо мисол дорад, ки ҳангоми ба дасти ашхоси ифротӣ афтодани фарзандон, онҳо на танҳо ба бегонагон, балки ба падару модар ва хоҳару бародари хеш раҳм накардаанд.  Қотили  падару модар ва хоҳару бародари хеш гаштаанд. Сари Мирзо Улуғбеки 56 соларо, 27-уми октябри соли 1449 дар Самарқанд, ҳангоми адои намоз,  фарзандаш Абдулатиф ваҳшиёна бо ханҷар аз тан ҷудо кардааст. Ҳисси таассуби динӣ бар қотил аз меҳри фарзандӣ, муносибати эҳтиромона ба яке аз бузургтарин олимони риёзидон, ситорашинос, ки дар қатори шаш донишманди сатҳи ҷаҳонӣ дар Аврупо эътироф гаштааст, шахсияте, ки зиёда аз 40 сол амири Мовароуннаҳр буд, ғолиб омадааст.

  Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки устоди Мирзо Улуғбек олими машҳур ва шоири шинохта Ориф Озарӣ ва устоди писари қотилаш шахси ниҳоят мутаассиби дин Аббос буд. Барои асоснокии қатли падар, писар аз муллоҳои замон фатвои хаттӣ ҳам гирифтааст. Ба тарзи дигар, амали манҳуси ҷинояткорона на дар ҳолати саросемагӣ, ҳиссиёт, қаҳру ғазаб (аффект), балки мақсаднок, бошуурона роҳандозӣ гаштааст. Маҳз ба ҳамин хотир, И. Кант таъкид кардааст: "Тарбиядидаи бадахлоқ, шахсияти бадахлоқро тарбия мекунад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 451).

  Дар рӯзҳои мо Алӣ Сакра, ҷавони 20 сола, узви "Давлати исломӣ",  дар шаҳри Раққаи Сурия, тибқи фармони роҳбари дастаи террористӣ, бо истифода аз силоҳи оташфишон модари худро, ки муқобили бедодгариҳои писараш ва ҳаммаслакони ӯ ибрози норозигӣ карда буд, дар майдони марказии шаҳр, намоишкорона ба қатл расонид. Ва ин наворро маҳз ба хотири пайравӣ кардани дигарон ба ин амали ваҳшиёна, дар саҳифаҳои интернетӣ гузошт.

  Баъд аз ин, чӣ гуна метавон дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихии миллати тоҷик мисли Осимӣ, Исҳоқӣ, Ғуломов, Ҳайдаршо, Шерализода, Латифӣ, Олимпур, Назаршоев ва ҳазорҳо нафар орифони кишвар, ки дар ақлу хирад, илму дониш ифтихори сарзамини тоҷикон буданд, сухан гуфт. Онҳо бо супориши бегонагон, аз ҷониби фарзандони ҳамин миллат кушта шуданд. Ин нақшаҳоро душманони миллати тоҷик бо дасти худи тоҷикон амалӣ карданд. Роҳбарони маҳаллии ин гурӯҳҳои террористӣ, худ дуруст хондаву навишта наметавонистанд. Дар ҷамъият, ҳатто дар хонадони худ, одитарин эҳтиром ва манзалат надоштанд. Мисли воқеияти  имрӯз.

  Мақсади Заҳҳок рабудани ақлу хиради инсонӣ буд, тавассути морон.  Ҳанӯз ҳам ин нақшаҳо хеле дақиқ, беш аз пеш фаъол ва боиси нигаронианд.  Мубориза байни торикӣ ва рӯшанӣ, ҷаҳл ва дониш, некӣ ва бадӣ, садоқат ва хиёнат, ҳақиқат ва дурӯғ мавзӯҳои абадӣ ва беохири таърихи инсоният ҳастанд. Аммо,

 

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр, 

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

(Сайидо)

 

 Интизом дар доираи тарбия

 

  Муҳимтарин истилоҳе, ки И. Кант дар мавзӯи тарбия ва ташаккули шахсият истифода мебарад, "интизом" аст. Яъне меъёрҳое, ки қоидаҳои рафтори шахсро ҳамон тарзе, ки ҷамъият эътироф кардааст, ба таври дигар, риояи низом, тартиби муайянгашта дар назар дошта мешаванд.   

  Файласуфи маъруф барои таъкид ва тақвияти фикри худ ба хотири он, ки хонанда ба мантиқи сухани ӯ ҳарчӣ амиқтар ворид гардад, амали инсонро ба рафтори ҳайвон дар муқоиса мегузорад. Яъне, "яке аз методҳои асосии мантиқии донистани олами беруна ва арзишҳои маънавӣ. Дарки ҳама гуна предмет ва зуҳурот аз он оғоз мешавад, ки мо онро аз  дигар предметҳо фарқ мекунем. Умумияти онҳоро муайян месозем" (С. Кондаков. Логический словарь-справочник. - М.: 1976. -С. 232-233).

  Файласуфи бузург вазни семантикии ин калимаро нишонрас, принсипиалӣ, мақсаднок ва муътақидона кор мефармояд: "Интизом, ё истодагарӣ (тобу тоқат, таҳаммул, тамкин - С.Я.) инсонро аз ҳолати ҳайвонӣ мебарорад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 445).

  "Интизом" дар доираи фаҳми И. Кант, қоидаҳои рафтори шахс мебошад, ба пуррагӣ ба он талаботе, ки ҷомеа ниёз дорад, муқаррар намудааст, мувофиқат мекунад. Инсон ҷузъи ҷомеа аст. Ва дар амали худ, зарур аст манфиатҳои онро ба инобат бигирад. Албатта, бидуни шак, одам дар ҷомеа мухторият, мустақилият ва ташаббусро дорост. Аммо ин сифатҳо дар доираи азбаркунии маърифат, ки фақат дар асосҳои илмӣ сурат мегирад, манфиатҳои миллиро бояд дар назар дошта бошад. Агар ҷузъиёти биологии муқобили инсон тибқи инстинкт амал кунад, "дар бораи ӯ табиат ғамхории ирсиро таъмин карда бошад, барои инсон зарур аст, ки худаш ақл дошта бошад. Фақат ба он такя намояд. Инсон инстинкт надорад, худи ӯ нақшаи амалашро коркард ва муайян месозад".

  И. Кант нақши тарбиятгарро муҳим дониста, таъкид карданӣ мешавад, модоме, ки инсон аз рӯзи аввали чашм ба дунё кушодан дар ҳолати ғайриқобили худкифоӣ аст, ниёзи зарурӣ ба парасторро дорад.  Файласуфи олмонӣ бо умед хотирнишон карданӣ мешавад, ки "банни одам тавассути заҳмати худ, давра ба давра, бояд кӯшад то дар худ сифатҳоеро ба бор орад, ки мансуб ба табиати одамӣ бошанд". Муҳиммияти масъаларо на дар бозгашт, ақибравӣ, пасмонӣ, балки дар рушди доимии инсон мебинад. Ба монанди он ки сароғоз одам ҳамчун ҷузъи маҳсули таҳаввулоти биологӣ аз доираи ҷоҳилӣ, ваҳшоният ба фарҳангсолорӣ, маданиятпарварӣ ва дунёи тамаддунӣ ворид гаштааст. Хулосаи олими барҷаста он аст, ки хирад ва таҷрибаи зиндагӣ, мафҳумҳои устувори ба наслҳо, ба мерос гузошта мебошанд. Сухани И. Кант давоми мантиқии лафзи бузурги Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст, ки мардумони бохирад дар ҳар давру замон маърифат, донишро гирд карданд, гиромӣ доштанд ва ба наслҳои оянда пешкаш намуданд (Ҳамон ҷо, саҳ. 444). Яъне, ҳар давра ба дӯши одамони замони худ  масъулияти бузургро вогузор мекунад. Онҳоро масъул месозад. Набояд шубҳа кард, ки олими немис дар ин  маврид бозгашт ба "гузаштаи ноб"-ро дар назар дорад. Он мантиқе, ки ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон асос гузошт, идеологияе, ки бисёре аз манотиқи мусулмоннишинро ба хонаи "бедоду ситам", "маҳкамаи ҷабр" ва "мазористон" (таъбирҳои С. Айнӣ) мубаддал сохт. Ин гуна тарзи тафаккур ба характери миллии мардуме, ки "манзалати дили дунёи куҳани мутараққиро бо илми хештанофаринӣ, на бо ормонҳои бепояи бегонапарастӣ касб кардааст (таъбири Х. Моргентау дар ворастани Пруссия аз таъсири Папаи Рим), хос нест. 

  Баръакс, хатари бозгашт ба ҳолати ваҳшоният И. Кантро доим хавотир мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир таъкид менамояд, ки дар ҷавҳари инсон табиати ваҳшигӣ доимо боқӣ мемонад, аммо "интизом намегузорад, ки одам аз таъйиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат  бозгардад". Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 446).  Ба андешаи ӯ, "низом ҳаст, ки инсонро аз ваҳшоният халос мекунад".

  Файласуф таълимро ҷузъи тарбия мешуморад. Онро қисмати ниҳоят муҳим ва фоидаовари тарбия медонад. Аммо ақл, хирад, маънавиёти инсониро дар мадди аввал мегузорад. Онро асоси зиндагӣ меҳисобад. Омили дигари расидан ба хушбахтӣ ва комгориро намебинад. Баръакси ин амалро фоҷиабор арзёбӣ мекунад. Ҳамнавои ин фикр аст: "барои он ки инсон ба тарзи шоиста зиндагӣ кунад, ӯ бояд Ақлро пеша намояд, вагарна роҳи халосӣ ҳалқа мемонад" (Диоген Синопский, файласуфи Юнони қадим).

  И. Кант, ҳамчун шахсияти содиқ ба анъанаи илмпарварӣ, маърифатсолорӣ ва  дақиқкории мардуми хеш, ки аз худ намунаҳои бузурги ақлонии инсониятро, ҳам дар илмҳои дақиқ ва ҳам дар соҳаҳои гуманитарӣ, дар хидмати  ҷаҳониён гузоштааст, риояи қонун, тартиб ва низоми давлатиро дар ҷойи аввал мегузорад. Берун аз қонун зистанро барои инсон таҳқир ба худи инсон мешуморад: "Ваҳшигарӣ - берун аз қонун зистан аст" (Ҳамон ҷо, саҳ. 446). Дар ин раванд, ба ҳаётан муҳим будани интизом таъкид мекунад: "Интизом маҷбур мекунад, ки инсон дар чаҳорчӯби қонуни инсонгарӣ зиндагӣ кунад ва ҳукумати қонунро дарк намояд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 446).

  И. Кант таъкид месозад, ки бо гузашти айём инсон дар назди худ ҳисобот медиҳад. Аз сарчашмаҳое, ки таълим гирифтааст, тарбия дидааст, ёдоварӣ мекунад. Камбудӣ ва муваффақияти зиндагии худро дар назди виҷдонаш таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Хулоса мебарорад: "Одаме нест, ки дар овони наврасӣ ва ҷавонӣ бепарастор монда бошад. Дар синни камолот инро худаш мушоҳида мекунад: ҳам камбудиро дар интизом ва ҳам дар пояи бархӯрди фарҳанги зиндагӣ".  Баҳои файласуф дар ду қисмати муҳимтарини зиндагӣ ба характери миллии ӯ ҳамчун олмонӣ, мушаххас ва қотеона аст: "Камбудӣ дар интизом - бадии бузургтаре аст нисбат ба норасоӣ дар фарҳанги рафтор. Охиринро метавон батадриҷ ислоҳ кард. Аммо ваҳшигиро наметавон решакан намуд. Беинтизомро дар синни камолот ислоҳ кардан ғайриимкон аст" (Ҳамон ҷо, саҳ. 448). 

Ба ақидаи файласуфи бузург, мантиқ ва муҳтавои интизом, оне ки ӯ дар муваффақияти ҳар амал омили аслӣ мешуморад, бояд  хеле барвақт  вориди батни инсон гардад.

  Ба фикри ӯ, одам аз хурдӣ, аз наврасӣ зарур аст эҳсоси ҷиддӣ кунад, ки дар зиндагӣ на ҳама чиз барои ӯ иҷозат дода мешавад, ки дар тасаввур ва дараҷаи майлу хоҳиши ӯ меғунҷад. Ҳаётан муҳим аст, ки ин ақида як умр дар зершуур, дар ҷаҳоншиносии ӯ, дар муносибат ба атроф маҳфуз бошад. Инсон дар ягон ҳолат андоза, меъёр ва ҳадди амалро фаромӯш накунад. И. Кант дарки ин фаҳм, натиҷаи чунин тарбияро аз илм ҳам болотар мешуморад. Маҳз ба ҳамин хотир иброз медорад: "Дар аввал кӯдакро ба мактаб на барои он мефиристанд, ки онҳо чизеро омӯзанд. Барои он равон мекунанд, ки наврасон, аз ҳама муҳим, батадриҷ ба ором нишастан одат кунанд. Дақиқан он тартиберо риоя намоянд, ки барояшон муайян шудааст" (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 445)Баъдан, сабаб ва муҳтавои ин гуна талаботро хулосабандӣ карда, файласуфи маъруф хотиррасон мекунад - ҳамаи ин корҳо маҳз ба хотири он аст, ки "... дар оянда инсонҳо, ҳатто ба майнаашон наояд, натавонанд тасаввур кунанд, ки барои онҳо  ҳар кореро дилашон мехоҳад, эб (муносиб, мувофиқ, сазовор, арзанда) дониста мешавад, раво бинанд".

Тавон ва дар арсаи вақт қудрати даст кашидан аз амали ғайри қобили қабулро барои инсон, шарт ва натиҷаи муҳими тарбияи инсон  мешуморад.

 

Шахс ва ҷомеа

 

  Тавре ки маълум аст, аз замонҳои қадим муносибати шахс ва ҷомеа аз мавзӯоти муҳимтарини илмҳои ҷамъиятшиносӣ маҳсуб мегардад. Он дигар илмҳои инсониро низ дар доираи салоҳияти худ дар бар мегирад.

Ақидаҳо дар ин маврид гуногунанд. Кӯшиши мутлақияткунонии бартарии муносиботи субъектӣ - объектӣ ва баръакс ба назар мерасад.

  И. Кант барҳақ хулосабарорӣ мекунад, ки одам, табиатан, майли ниҳоят ҷиддӣ ба озодрафторӣ дорад. Ӯ муътақид аст, ки мухторияти амалро ҳар кас дар доираи эҳсос, дарк, фаҳм,  ҷаҳонбинӣ, хислат, масъулият ва дониши худ тасаввур менамояд. Худро ҳақ мешуморад. Аз рӯи он амал карданӣ мешавад. Аммо олими  немис зидди мутлақсозии ин муносибот аст. Ӯ бовар дорад, ки асоси ҳама гуна муносибатро манфиат ташкил мекунад. Тарбия низ бояд инро  ба назар бигирад. Бидуни чунин ҷузъиёт тарбия наметавонад  пурра ва муассир бошад. Мавқеи Кант дар ин маврид ниҳоят ибратомӯз аст: тамоми кӯшишро бояд ба харҷ дод, ки мантиқи омӯзиши "манфиат"-и шахс ба тарзи ҳатмӣ манфиати умумиинсониро дар назар дошта бошад, барои он ки "дар бораи хушбахтии дигарон кӯшиш карда, мо хушбахтии хешро дармеёбем" (Афлотун).

  Ба хотири он ки одам ба эътироф ва назардошти чунин манфиат одат кунад, онро чизи ҳатмӣ шуморад, "ба ин низом бояд аз овони хурдӣ одат кунонида шавад. Вагарна дер мешавад, ислоҳи ӯ имконнопазир мегардад. Дар ӯ эҳсоси худписандӣ, мағрурӣ, ман-манӣ ғолибият пайдо мекунад" (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 446).  

Чунин муносибат тасдиқи суханҳои Саъдӣ аст, ки мефармояд:

 

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунанд,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ӯ бархост.

Чӯби тарро чунонки хоҳӣ, печ,

                                        Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.                                     

(С. Шерозӣ. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 163)

 

  Бархилофи тасаввуроти ғалат дар бораи озодрафторӣ, И. Кант аз тарзи ҳаёти қабилаҳое, ки дар дараҷаи шуури ваҳшигӣ ба сар мебаранд, ёдовар мешавад. Ӯ хотиррасон мекунад, ки гарчанде онон солҳо бо аврупоиҳо якҷо рӯзгор мебинанд, ҳаргиз ба ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёту рафторашон ҳамрайъӣ ва монандии барояшон судманд пайдо намекунанд. "Майл ба озодӣ" доранд. Озодие, ки аз мавқеи аврупоиҳо, аз пояи ваҳшигӣ болотар нест. Дар тасаввури И. Кант "арзишҳои умумиинсонӣ" аз тафаккури содалавҳонаи мафкураи танги динӣ-мазҳабии иртиҷоӣ, ки аз он "шамси фалак хиҷил шудааст" (таъбири Ҳофиз), куллан фарқ мекунад. Барои ӯ ҳар дастоварде, ки инсониятро дар рӯзгори айнӣ (воқеӣ, имрӯзина) ба зиндагии наку расонидааст, соҳибтамаддун гардонидааст, барои донистани муаммои табиату ҷамъият водор ва ғолиб кардааст, бояд дастрас ва мавриди эътирофу қабули ҳамагон бошад. И. Кант мантиқан суол мегузорад: "Озодӣ! Аммо ба кадом самт?". Олими барҷаста маҳз зуҳуроти болозикрро ҳамчун "майл ба озодӣ" эътироф кардааст. Хулосаи таҳлили ӯ барои баъзе аз тоифаҳои мардум, ҳамчун хулосаи бади ташхиси тиббии бемории сиҳатнопазир аст – оне, ки дар ҷавонӣ, сарфи назар аз сифати физиологии майна тарбияи носолимро дид, ғайри имкони ислоҳ мебошад. Чунки "дами гарм ба оҳани сард таъсир натавон кардан" (таъбири Саъдӣ).

  Дар шароити имрӯза ҳаракатҳои “маъруф”-и террористӣ – экстремистӣ ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи онон далели ин даъво мебошанд. Таъсири шаҳди мухаддирии ақидаҳои ифротии маълум қобили муолиҷа нест. Таърихи замони истиқлол ҳам шаҳодат аз он аст, ки агар майнаи баъзе аз ашхос аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ ба догматизми ақидатӣ моил намегашт, номи онҳо ҳатман дар қатори на сӯзанда, балки бо потенсиали ақлоние, ки аз табиат ба онон дода шудааст, ба созандагӣ муаррифӣ мешуд.

  Қувваҳои геополитикӣ аз маводи нашъадор ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ (маънавӣ, ақлонӣ, ифротгароӣ) ба навъи аҳсан истифода мекунанд. И. Кант хотирнишон мекунад, ҳар кӯшиши фард барои озодӣ, ки манфиати ҷомеаро сарфи назар мекунад, навъи амал аст, "аммо ин майли нек барои озодӣ нест, тавре, ки Руссо ва дигарон гумон мекунанд, балки ваҳшигист. Маҳз барои ҳамин ниҳоят зарур аст, ки инсонро  хеле барвақт барои ба талаботи ақл тобеъ кунонидан омӯзиш кард" (Ҳамон ҷо, саҳ. 446).

  Файласуф муътақид аст, ки асоси маънавиёт, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ, муносибати шахс ба ҷомеа низ аз овони бачагӣ, наврасӣ  муайян мешавад. Низоми ҷомеа маънои онро дорад, ки ҳар фард дар зиндагӣ, дар рафтор ва ҳам "гуфтор ҳамчун навъи рафтор" (Гегел) ҳадди худро донад. Надонистани ҳудуд, салоҳияти маънавӣ ва риоя накардани он дар муносибатҳо мушкилӣ ва бадбахтиҳо ба бор меорад. Ба ақидаи ӯ, зиндагии воқеӣ қонуният ва равандҳои худро дорад. Дар олами атроф на ҳама чиз ба хостҳои фард сохта шудааст. Чунин шароит, мушкили рӯзгор як умр одамро таъқиб мекунад. И. Кант ба ҳамин муносибат таъкид месозад: "Агар дар овони ҷавонӣ ҳама чиз ба хоҳиши одам ранг бигирад, амалӣ шавад, ба ӯ ягон муқобилият, эътироз ва вокуниши донистани ҳад омӯзонида нашавад, он вақт дар инсон як навъ хислати ваҳшигӣ боқӣ мемонад. Чунин ҳолати рӯҳӣ тамоми умр ӯро дунболагирӣ мекунад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 446).

Фарзанди солеҳ бояд донад, ки зиндагӣ яксон, якмаром нест ва "ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ баҳаманд" (С. Шерозӣ. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 186).

  Ду мафҳумро олими немис хеле устодона, бамавқеъ ва барҳақ истифода мекунад: "меҳрубонии (нармӣ, навозиш, шафқат, лутф) модарӣ" ва "воқеияти рӯзгор"-ро: "Ниҳоят бад мешавад аҳволи касе, ки дар наврасӣ ба эрка кардани (нармӣ, мулоимӣ, аз худ  равонидан - С.Я.) волидайн "сарфароз" гардида бошад. Зеро, вақте ки фарзанд мустақилона вориди дунёи ҳастӣ мегардад, аз чор тараф ба мушкилот, монеаҳо рӯ ба рӯ мешавад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 446).

  Фарзанд аз неъмати мавҷуд бояд шукргузор бошад. Аз он тибқи ақлу андеша истифода кунад. Андоза ва меъёрро фаромӯш нанамояд, чунки "дахл (даромад – С.Я.) оби равон асту айш осиёи гардон" (С. Шерозӣ. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 164).  Ӯ ҳушдор медиҳад: "Чун неъмат сипарӣ гардад, сахтӣ барию пушаймонӣ хӯрӣ" (Ҳамон ҷо,  саҳ. 164).

  И. Кант  бо таҳлил аз рӯзгори оилаҳои сарватманд изҳори нигаронӣ мекунад. Мутафаккири озмуда, бо афсӯс таъкид менамояд: "фарзандони онон гумон мекунанд, ки ҳама вақт зиндагиву рӯзгорашон мисли он аст, ки гӯё дар хонаи падару модарашон бошанд. Бе ягон азобу машаққат мехӯранд, менӯшанд" ва мепӯшанд. Агар  тарбия мақсаднок набошад, "махсусан насли одамони сармоядор якумр мисли кӯдак боқӣ мемонад, ба монанди бошандагони ҷазираи Таитӣ" (корбезор, ақибмонда, нотавон, дастнигар, ҳақир, аммо мағрур ва худпараст – С.Я.), (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 459). Ин ҳолатро Саъдӣ ҳам таъкид кардааст:

 Ҳарифи сифла дар поёни мастӣ,

Наяндешад зи рӯзи тангдастӣ.

Дарахт андар баҳорон бар фишонад,

Зимистон лоҷарам бебарг монад.

(С. Шерозӣ. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 165)

    

  Маҳз ба ҳамин хотир Кант хулоса мебарорад,  одамоне, ки тавассути рӯзгори пурмашаққат ва меҳнати ҳалолу пурбаракат ба рӯзгори нек расиданд, фарзандонашонро ба дояи пурэътимод месупориданд. Ба тарзи дигар, "Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар"-ро (Саъдӣ) авлотар медонистанд ва "Устухонҳояш аз ман ва гӯшту пӯсташ аз Шумо" (С. Айнӣ, таҷрибаи падар дар парвариши шахсияти ӯ) мегуфтанд. Андешаи онро мекарданд, ки дар рӯзгори серу пур ва мутантани онон мабодо фарзанд "аз даст наравад".

  Давоми мантиқи сухани И. Кант иборат аз он аст, ки инсон ба донистани қадри арзишҳои молӣ ва маънавӣ, ки ҷамъият, падару модар  ва наздиконаш дар натиҷаи меҳнати рӯзмарра ба он ноил гаштаанд, ӯ аз онҳо истифода намудааст ва истифода менамояд, бирасад. Ба он арҷгузорӣ кунад. Агар тарбия, таҳсил, омӯзиш, насиҳат, маслиҳат, таъмини низоми рафтор, ахиран, намунаи рафтори худи падар дар зиндагӣ таъсир расонида натавонад, охирон ҳадде, ки ӯро метавонад аз нобудии маънавӣ ва албатта ҷисмонӣ ҳам наҷот диҳад, ба писар омӯзонидани тавони фаҳми таҷрибаи зиндагии инсонист. Инро Кант охирин имкони аз махлуқи (матои) одамӣ сохтани шахсият дар ҷодаи донистани меъёри рафтор медонад. Кант бисёр хоҳони он аст, ки ин гуна шахс ҳарчӣ барвақтар ба "пешпохӯрӣ" ва мушкилоти "бепарастории модарӣ" дар зиндагӣ, дар амал рӯ ба рӯ шавад. Мустақил гардад. Дар ин маврид, олими барҷаста ба эҳтимолияти бедор гаштани "шуурнокии хобида", ки шояд дар ирсияти (генетикаи)  он боқӣ монда бошад, умед мебандад. Ба ақидаи ӯ,  рӯ ба рӯ гаштан бо мушкилиҳои зиндагӣ аз назди пойгоҳи дари иҷрои хоҳишҳо, майлҳо, ронданҳо ҷавонро ваъдаи сарватманд шудан надиҳад ҳам, бояд дар ботини ӯ ақл, масъулият, ҷузъиёти хештаншиносиро ба кор дарорад. Омӯхтан аз таҷрибаи рӯзгор, охирин умеди файласуфи немис аз марди ҷавон аст.

             

Тарҳи озодӣ ва тарбияи ахлоқӣ

 

  Дар ҳар сурат, "озодӣ" аз мавзӯоти ниҳоят муҳиммест, ки И. Кантро водори андеша мегардонад. Вай ба худ савол медиҳад: "Яке аз мушкилтарин проблемаи тарбия аз он иборат аст: чӣ гуна "итоат кардан ба маҷбурии қонунӣ" бо масъалаи "истифода аз озодии дар ихтиёрдошта" омезиш дода шавад" (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 458). Ӯ хотиррасон мекунад: "маҷбуркунӣ худ як зарурат аст. Ҳар замоне, ки менигарам, маҷбуркуниро дар баробари озодӣ мебинам" (Ҳамон ҷо, саҳ. 458).

  Маълум аст, ки мутафаккири бузург, новобаста аз қадру манзалати сатҳи ҷаҳонӣ доштан ва эътирофи ҳамагон гардидан, дар  иҷрои вазифаи падарӣ худро ниҳоят ҷиддӣ ва масъулиятнок мешуморад. Ё маҳз ба ҳамин тарз ба дигарон мақсад ва роҳу усули тарбияи фарзандро фаҳмонданӣ мешавад: "Ман бояд фарзанди худро ба он одат кунонам, ки чӣ гуна вай ба маҳдудияти озодии худ одат кунад, онро паси сар намояд. Ҳамзамон, аз ҳамин гуна маҳдудиятҳо хуб истифода карда ҳам тавонад. Агар ин тавр нашавад, ҳама корҳо беҳудаанд. Фарзанде, ки аллакай аз тарбияи падару модар берун рафтааст, наметавонад аз озодии худ истифода кунад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 458).

  Олими дақиқкори олмонӣ ба воқеияти рӯзгор объективона муносибат мекунад. Медонад, ки зиндагӣ роҳи ҳамворе нест. Одат кунонидан ба фаъолияти пурсамари инсониро тавассути кулли имконот мадди назар мегирад. Маҷбуркуниро на танҳо истисно намешуморад, баръакс, қотеона таъкид мекунад: "Маҷбуркунӣ зарур аст!" (Ҳамон ҷо, саҳ. 458). Дар ин маврид, чизи ҷолибе андешаро  фаро мегирад. Ӯ ба хонандаи асари худ, ки шояд аз мардуми нисбатан камҳавсала ҳам бошад, гуфтанӣ аст, ки: "Ҳар кӣ тарсад зи малол, андӯҳи ишқаш на ҳалол" (Ҳофиз).

  И. Кант "истифода аз маҳдудиятро барои озодӣ" ба тарзи фалсафӣ, ниҳоят дурандешона ва мақсаднок истифода менамояд. Ба андешаи мо, сарфи пурсамари вақт, фаъолияти тахассусмандона, тавъам (ҳамроҳ, якҷоя) донистани фаъолияти корӣ бо сайқал додани донишу малакаи касбӣ, ҳатман боиси натиҷаҳои барои инсон қонеъкунанда, ки худ озодии мантиқии инсон аст, мегардад. Қаноатмандӣ аз натиҷаи фаъолияти касбӣ навъи озодии гуворои шахсият аст.

  И. Кант арзишмандии натиҷаи тарбияро дар он мебинад, ки агар фарзанд тавонад, ҳолатҳои ғайричашмдошти рӯзгорро мардонавор паси сар намояд: "Ӯ бояд хеле барвақт муқовимати ҳатмиеро, ки ҷомеа (атроф) ба вай нишон медиҳад, бинад, эҳсос намояд. Барои он ки аз уҳдаи вазифаи мушкили дар пешистодааш барояд, худро эҳтиёт карда тавонад, қудрати тоқат карданро дар рӯ ба рӯи маҳрумиятҳо дошта бошад, меҳнат кунад, заҳмат кашад, ба дастмузд муяссар шавад, ки дастнигар намонад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 458).

  Андешаи файласуфи маъруф нисбати муносибат ба мушкилӣ, саҳлкорӣ ва саҳлҷӯӣ дар рӯзгор ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Дар ин мавзӯъ  омирона таъкид мекунад: "Моил будан, ҷустани роҳи осони ҳаёт - аз ин бадтар дар зиндагӣ дигар коре нест" (Ҳамон ҷо, саҳ. 482).

  Андешаи фаҳми мушкилӣ, ҷустуҷӯи ақлонии роҳҳои ҳаллу фасли он ба тарзи системавӣ, зиндагии инсонро дунболагирӣ мекунад.

  И. Кант ҷавҳари аслии заҳматҳои шахсро дар нексириштӣ мебинад. Дар ин маврид мутафаккири бузург таъкид мекунад, ки "инсон на танҳо барои тамоми намуди фаъолият омода бошад, балки чунин тарзи тафаккурро бояд интихоб намояд, ки ҷавҳари онро фақат некӣ ва накукорӣ дар бар гирад. Кори нек он аст, ки мавриди пазириши ҳамагон аст. Ва ин гуна рафтор, мақсади ҳар шахс дар алоҳидагӣ аст" (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 454).

  Тарбияи ақлониро И. Кант аз муҳимтарин ҷузъиёти фаъолияти самараноки инсонӣ мешуморад. Ба ақидаи ӯ, онеро ҳушманд ва боақл шуморидан мумкин аст, ки дар ҷомеа, дар байни мардум, дар миёни кормандон бо фарҳанги гуфтор, рафтор, муносибат ба кор манзалати шоиста дошта бошад.  Ӯро муҳим ва муассир шуморанд. Ҳамзамон, "эҳтиром гузоштан ба дигарон, доштани шеваи неки муошират, риояи сабк ва арҷгузорӣ ба инсонҳо шароит фароҳам меорад, ки имконоти ононро мақсаднок истифода кунанд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 454). Айни чунин мантиқи ахлоқӣ, ки маънии "Хизмат кун, то хизматгор ёбӣ"-ро дорад, Саъдӣ беҳтар ва бо сабки бадеӣ иброз доштааст: "Муроди ҳар кӣ барорӣ, мутеи амри ту гашт" (С. Шерозӣ. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 173).

Ба андешаи ин ҷониб, аслан ҳарф сари муносибати одии одамӣ, одамигарӣ ва некукорӣ меравад.

 

Оид ба тарбияи характер

 

  Тибқи андешаи И. Кант, характер маҷмӯи нисбатан устувори ҳолатҳои рӯҳиву равонии инсон аст. Дар баробари  факторҳои иҷтимоӣ омилҳои физиологии инсон, вазъи иҷтимоӣ, воқеияти зиндагӣ, муҳити атроф, алоқаҳо ва миёнҷигариҳо аз омилҳое ҳастанд, ки моҳият, мундариҷа ва самтгирии хислати инсониро муайян мекунанд.

  Таҳлили эҷодиёти И. Кантро дар муносибати гносеолигии ӯ нисбати характери инсон, дар маҷмӯъ, ба чор унсур ҷудо кардан мумкин аст: Аввалан, хусусиятҳое, ки рафтори инсонро дар умум мадди назар мегиранд. Аз қабили доштани масъулият, нангу номус, ҳисобот додан дар назди виҷдони хеш, падару модар, наздикон ва ҷамъият оид ба он ки дар чаҳорчӯбаи ин талабот ӯ то кадом андоза интизории шахсони мавриди назарро ҳамчун инсони аз лиҳози иҷтимоӣ масъул ба ҷо овардааст, ба боварии онон сазовор гаштааст; дуюм, муносиботи инсон бо наздикон, дӯстон, ҳамкорон, ҷомеа; сеюм, ҷаҳонбинӣ, тарзи муносибат ба воқеъияти ҷомеа, самти афзалиятноки мавқеъгирии идеявӣ, эътиқодӣ ва асосноккунии он аз нигоҳи илм, маърифат; чаҳорум ва муҳимтар аз ҳама, муносибати инсон ба меҳнат, мушкилот, тавоноии паси сар кардани монеаҳо. Ин қисмати характери инсониро И. Кант моҳият ва мундариҷаи зиндагӣ - ягона меъёри баҳо додани сифати инсон, "матои бофташудаи он" мешуморад. 

  Файласуфи барҷаста муътақид аст, ки асоси характерро принсипҳо ташкил мекунанд. Яъне, одам дар зиндагӣ ба кадом авлавиятҳо афзалият  медиҳад, чӣ чизро муҳимтарин, асоситарин, таҳкурсӣ, арзишманд, асос мепиндорад, ба он эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад, онро сароғози амал ва муқаддасот мешуморад. Аз кадом зуҳурот фосилагирӣ кардан мехоҳад. Барои ҳамин,  дар олам сухани ҳикматомези И. Кант "Характер - амал кардан аз рӯи принсипҳост" аз машҳуртарин ҷузъиёти шинохти структуравии характери инсонӣ эътироф карда мешавад. Ба ақидаи ӯ, "принсипҳо ба таври худ ҳамон қонунҳо мебошанд, аммо характери субъективӣ доранд". Сарчашмаи чунин принсипҳоро ҷавҳари шуури худи шахс мешуморад: "ин гуна принсипҳо аз ақли инсонӣ бармеоянд".

  Файласуфи немис таъкид месозад, ки як амал, як рафтори хуб ва ё номатлубро набояд иштибоҳан характери шахс номид, хулосаи нодуруст баровард. Баръакс, хислат ва сифати инсон гуфта, маҷмӯи гуфтор, рафтор ва амали ӯ дар назар дошта мешавад. Борҳо такрор гаштани сабки рафтор - ишораи ҷиддӣ ва хулоса дар бораи характери инсон аст.

  И. Кант муҳимтарин ҷузъиёти характери фаъолияти фикрии майнаи инсонро дар иродаи ӯ мебинад. Ирода гуфта, амали бошууронаи инсонро мадди назар дорад, ки ӯ мушкилоти дар пешаш истодаро сарфи назар карда, амали мақсадноки худро ба даст меорад. Ба тарзи дигар, ирода - қудрат ва тавоноии инсон аз болои худи инсон аст. Дар ҳаракатҳои шахс ҳамон вақт вуҷуд доштани ирода эҳсос карда мешавад, агар ӯ тавонад монеа, мушкилоти пешомадаро паси сар кунад. На бо эҳсосоти номатлуб, беасос, зери таъсири омили бегона, балки дар асоси дарк, фаҳми бозсанҷишуда аз рӯи андеша ва хирад амал намояд. Ва натиҷаи тасмимаш баъдан боиси озори хотираш нагардад. Хиҷолат накашад. 

  Шахсеро, ки камбуди иродаро аз худ ба намоиш гузоштааст, сарфи назар аз малака, дониш, таҷрибаи зиндагӣ, наметавон  марди муваффақ номид.

  Сифати мардонагӣ ҳамрадифи иродатмандии инсон аст. Маҳз барои ҳамин Ҳофиз қотеона иброз доштааст, ки аз талаб даст намедорад, то коми ӯ ба даст наояд. Ё ҷони ӯ ба ҷонон мерасад, ё доштани ҷонро сарфи назар мекунад. Ба тарзи дигар "ғолибият насиби касест, ки ҷонбозӣ мекунад". Мутафаккири олмонӣ фақат ҳамин гуна шахсро мард номидааст.

  И. Кант таъкид месозад, ки "маънавиёт мансуб ба характер аст: "Sustine at abstine" - сабр намо, худдорӣ кун. Ин аст омодагӣ барои хирадмандии бурдборона (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 491). Чунки "тоқат кардан, сабру таҳаммул намудан - асоси хиради инсонист" (Афлотун). Ӯ таъкид менамояд, шахсе мехоҳад дар худ хислати некро тарбия кунад, бояд тавони онро дошта бошад, ки аз майл, шавқ ва рағбате, ки ба обрӯи ӯ халал ворид месозадхуддорӣ намояд. Аз баҳри рағбати ҳиссиётӣ барояд. Ҳангоми эҳсоси мушкилот, нобарорӣ тавонад худро идора кунад. Файласуфи машҳур хотиррасон менамояд: "Sustine - яъне тоқат кун, одат кун ба хирадмандии таҳаммулпазирона".

  Файласуфи номӣ характери таҳаммулпазирӣ, пуртоқатӣ ва маҳз дар ҳамин асос расидан ба сарбаландӣ ва мустақилияти шахсиро кори саҳл намешуморад: "Агар хоҳӣ, ки муҳтоҷи дигарон набошӣ, бояд мард бошӣ, ҳадди ақал ба ҳамин гуна хислат моил бошӣ" (Ҳамон ҷо, саҳ. 491)И. Кант барои ноил гаштан ба чунин хислат роҳ нишон медиҳад: "Барои ин худро ба он омода намой, ки ба дархост ва хоҳиши ту "не" мегӯянд, ба ту муқобилият нишон медиҳанд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 491).

  Омӯзиши забон ва услуби эҷодӣ, сабки иншои асарҳои И. Кант дар бораи хислату характери худи ин шахсияти бузург беҳтарин мавод аст.

  Маълум аст, ки файласуф як умр ранҷ дидааст ва заҳмат кашидааст, то маъруфияти ҷаҳоншумул пайдо кунад. Маҳз ба ҳамин хотир, вақте дар бораи шахсоне, ки соҳиби иродаи қавӣ нестанд, интизоми онон ниёз ба ислоҳи ҷиддӣ дорад ибрози андеша менамояд, оҳанги гуфтораш омирона, суханҳояш нишонрас ва қотеона садо медиҳанд. Мехоҳад гӯяд, ки "вафо хоҳӣ аз умр, ҷафокаш бош" (Ҳофиз).

  Ӯ нисбати шахсе, ки кори имрӯзро  ба фардо мегузорад, хушбин нест. Зеро одами танбал як умр дар тараддуди оғози кадом як коре ҳаст. Ба ҳамин маъно, И. Кант маломатомез мефармояд: "Ба шахсе, ки корашро мудом ба рӯзи дигар мемонад, одамон чандон эҳтиром намегузоранд. Чунин амал мансуб ба ислоҳи замони оянда аст. Рафъи хулқи бад корест маҳол. Ин гуна одамро на ҳаҷ ислоҳ мекунад, на рӯза" (Ҳамон ҷо, саҳ. 492). 

  Муҳимтарин ҷузъи шахсият коркарди характер аст. "Агар хулоса карда гӯем, характер он аст: чизеро қавл додем, гуфтем, бояд онро амалӣ созем. Vir propositi tennax - мегӯяд Гораций - ана ин аст характери аслӣ!" (Ҳамон ҷо, саҳ. 492).

  Масъалаи ҷолиби таваҷҷуҳи махсусе, ки И. Кант мехоҳад диққати хонандаро ба худ ҷалб кунад, вазифа, масъулият ва уҳдадорӣ аст. Талаби онро дорад, ки марди ҷавон ба он сарфаҳм равад: "Амал, кор, фаъолият барои ман қимат аст, на барои он ки мувофиқ ба хоҳиши ман аст, балки барои он, ки бо иҷро кардани ин кор ман вазифаи худро адо мекунам" (Ҳамон ҷо саҳ. 503).

  И. Кант таъкид месозад, ягона восита, роҳ ва усуле, ки сифати шахсияти инсон, дараҷаи камолоти ӯро фаҳмидан мумкин аст, меҳнат ва натиҷаи кори ӯст. Фақат амал, фаъолият, ки самаранокии он ба дониш, малакаи касбӣ ва ақлу фаросати шахс вобаста аст, кӣ будани инсонро муайян месозад. Сатҳи дониш, натиҷаи кор қодир аст  "бандаро озод ва хоҷаро пойбанд дар мушкил гардонад" (маънӣ аз Саъдӣ).

  Дар вобастагӣ ба чунин масъулият, мутафаккири оламшумул хотиррасон мекунад: "Дар ниҳоди мо чизе ҳаст, ки таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб месозад: 1) худи мо, 2) онҳое, ки мо бо онҳо бузург шудем, ба  воя расидем, 3)  имконоте, ки ба мо шароит фароҳам меоварад, то мо ба раванди хушбахтии мардум амале иҷро намоем" (Ҳамон ҷо, саҳ. 504).

                

Генетика ва тарбия

 

  Дарк  кардан амали беохири ворид гаштан ба моҳияти масъала аст. Фаҳми қонуниятҳои ташаккули инсон, махсусан, аз лиҳози ақлонӣ, маънавӣ, аз мафҳуми "одам" то муайян кардани "сифати шахсият" ҷараёни беохири "таҷассум ёфтани материя дар худи инсон" мебошад. Дар ин ҷараён ҳис, дарк ва пайдо гаштани тасаввурот  мавқеи калидиро ишғол мекунанд.

  Ба ғайр аз он ки инсон дар вақт, фазо ва муҳити муайян ташаккул ёфта ба камол мерасад, ҳамчунон мо муқобили "тасаввуроти содалавҳона нисбати он ҳастем, ки дар инсон фактори биологии муайянкунанда умуман вуҷуд надорад. Инсон зуҳуроти ҷамъиятӣ аст, аммо ҳамчун қисми табиат  мавҷуди биологӣ мебошад" (П.Н. Федосеев. Проблема социального и биологического в философии. -М.: 1977. -С. 19). Дар батн, зери таъсири вазъ,  ҳолат ва вақти хоса, ҷудогона пайдо шудааст, шакл гирифтааст. Яъне ҳарф сари матои инсонӣ меравад, ки дар  кадом муҳит, шароит, аз чӣ гуна мавод "бофта" шудааст. Оё ин матоъ, на танҳо тавони муқобилият, истодагарӣ, балки инкишоф карданро ҳам дорад, ё не. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, омӯхтани фактори ирсият аз ҷузъиёти муҳимми ташхиси инсон  мебошад. Дар ҳар сурат, онро сарфи назар кардан ҳаргиз мумкин нест, чунки "тарбият яксон асту табиат мухталиф" (Саъдӣ).

  Оид ба омили генетикӣ дар шинохт ва тарбияи шахс андешаҳои ҷолиби диққат вуҷуд доранд. Барои мисол, агар шахс аз лиҳози зоҳирӣ монанд ба падару модари худ бошад, пас барои чӣ ин гуна шакл гирифтани ҷузъиёти ботини инсон мавриди назар аст, маводи олитарини табиат - органи материалии фикрронии одам - майна, хуҷайра ва нейронҳои он ҳам монандӣ  надошта бошад?

  Маълум аст, ки вазъи материалӣ-физиологии майна барои тақдири ояндаи инсон мавқеи ҳалкунанда дорад. Ҳарф сари имконоти (тавони) материяи шакли олӣ меравад. Оё он омода аст, қудрати қабул, коркард (андеша, мулоҳиза), фаҳми муҳиммияти масъаларо дошта бошад? Мо бояд муътақид бошем, ки одам наметавонад ба пуррагӣ хислати бад дошта бошад. Ва ё баръакс. "Майнаи инсон қудрати бузурги моил будан ба инъикоси тамоми шаклҳои маълумотро дорад. Ин ҳолат барномаи фоҷиавии генетикиро сарфи назар мекунад" (Д.К. Беляев. Современная наука и проблемы исследования человека. - Вопросы философии. 1981. Т.3. -С. 15). Яъне дар тамоми ҳолат имкони таъсири мусбӣ расонидан ба фарзанди одам ва аз ӯ натиҷаи дилхоҳи иҷтимоиро интизор шудан мумкин аст. Аммо "ҳамаи ин мансуб ба шахсе аст, ки барномаи генетикии он нуқсон надорад. Ба меъёр мувофиқат мекунад. Дар ҳолати вайрон гаштани барномаи генетикӣ, ниёзҳои иҷтимоӣ бо имконоти биологӣ дар зиддияти ниҳоят ҷиддӣ қарор мегиранд" (Н.П.Дубинин, И.И. Карпец, В.Н. Кудрявцев.  Генетика. Поведение. Ответственность. М.: 1989. -С. 20).

  Комилан мувофиқат накардани эҳсос, дарки рӯйдод ва ҳодисаҳо, шаклгирии тасаввурот, ҳамчунон фаҳми муҳити атроф, инъикоси раванди зуҳурот, агар он баробарвазн ба воқеият набошад, комилан мувофиқат накардани хислат, характери фарзанд ба падару модар, агар аъмоли онҳо ба некномӣ эътироф гардида бошад, нишонаи ниҳоят ҷиддии хароб гаштани барномаи генетикӣ  миёни падару модар  ва фарзанд аст. Далел он аст, ки фарзанд наметавонад зери қаноти падару модар парвариш ёфта, ҳар лаҳза, ҳар сония рафтори ононро бубинад, суханонашонро шунавад, зиндагиашонро назорат кунад, аммо чизе аз волидайн наомӯхта бошад. Баръакс, таъсири муҳит, ашхоси беруна бар ӯ ғолибият пайдо мекунад. Сухани Фирдавсӣ:

            Писар, к-ӯ надорад нишон аз падар,         

Ту бегона хонаш, махонаш писар,-

танҳо маънои монандии зоҳирии писарро дар назар надорад. Ба ду маънӣ ифода шудааст. Ҳам аз ҷиҳати шаклӣ (зуҳуротӣ) ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ (сиратӣ ва моҳиятӣ). Дар ин байт оҳанги эътироз низ вуҷуд дорад, нисбат ба фарзанде, ки интизории падар ва атрофиёнро дар хислат рафтор, кирдор, махсусан нисбат ба меҳнати ҳалол ба ҷо намеорад, ба ӯ монандӣ, пайравӣ намекунад. Рафтораш боиси таассуф аст. Ин ҳолат шоир ва мутафаккири бузургро ба он водор кардааст, ки вобаста ба мансубияти ҳақиқии фарзанд ба падар, хулосаашро дар шакли шубҳа баён созад.

  Боиси нигаронист, ки чунин натиҷа - дар барномаи генетикӣ рух додани тазоди материалии манфӣ ислоҳнопазир аст. Гоҳо шаклҳои гуногуни номуваффақии иҷтимоӣ ба бор меорад. Дар баъзе ҳолат оқибати фоҷиабори иҷтимоӣ дорад. Боиси таассуф аст, ки дар ин ҳолат бешуурӣ ҳамчун навъи шуур вориди иҷрои вазифаҳои функсионалии органи қабули маълумот, коркард ва тасмимгирӣ (майнаи инсон) мешавад. Аз ин мисолҳо дар таърихи инсоният ва рӯзгори мо ҳазорҳо метавон овард.

  Маълум аст, ки дараҷаи номувофиқатии ирсият дар наслҳо бештар ба структураҳои физиологияи нейронҳо, ки асоси функсияи майнаи инсонро ташкил мекунад, вобастагӣ дорад. Ба ғайр аз ин, дар муносибати нейронҳо ҳазорҳо омилҳои дигари узвҳои дохилии инсон амал мекунанд. Ҳамаи онҳо вобаста ба ҷараёнҳои функсионалии дохилӣ, сифати мубодилаи моддаҳо дар ҳолатҳои гуногун қарор доранд. Ин вазъият, ки шояд аз миллиардҳо ҷузъиёти функсионалӣ иборат бошад, "нусха"-и пурра шудани  одамро аз одам дар дараҷаҳои гуногун сарфи назар мекунад. Ба ҳам наомадани инсонҳо   ("мувофиқат накардани ситораҳо") маҳз аз ҳамин ҷиҳат ба омили ботинӣ вобастагӣ дорад.  На берунӣ.

  Дар доираи вазъи тафсиргардида, нафароне, ки дар ирсияташон бемориҳои рӯҳӣ доранд, умуман дар назар дошта намешаванд. Эҳтимоли ғайри меъёрҳои солим рафтор кардани наслҳои онон сабабҳои воқеӣ ва интизоршаванда дорад.

  Дар ҳар сурат, инсон наметавонад нусхаи генетикӣ бошад. Аз ӯ ин натиҷаро набояд интизор буд. Майнаи инсон қобилияти беохири ифодагарии рангоранги табиат ва ҷамъиятро дорад. Дар вобастагӣ бо шакл, мундариҷа ва тарзи таҷассумёбии воқеияти атроф ва муҳит маводи биологӣ "гирифтори" муҳити иҷтимоӣ мегардад.

  Ҳамзамон, эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки  фарзанд, аз ҳама пеш бо падару модар омӯхт мешавад, унс мегирад, одат мекунад. На ҳама рафтори волидайн, махсусан намунаи рафторе, ки лоиқи пайравӣ ҳаст, барои ӯ чун омили муассир боқӣ мемонад.

  Маҳз барои ҳамин, намунаи мушоҳида, рафтори алоқаҳои берунаи шахсӣ - дӯстон, рафиқон, устодон, қаҳрамонони асарҳои бадеӣ, маълумоти васоити ахбори умум дар майнаи ҷавон вокунишро дар шакли эҳсос, дарк ва тасаввурот ҳамчун чизи нав, ҷолиб инъикос мекунад. Алоқаҳо, дӯстон, рафиқон, ҷаҳонбинӣ ва хислати онон дар шаклгирии наврасон ва ҷавонон гоҳо нақши ҳалкунандаро мебозад. Саъдӣ дар ин маврид ишораҳои хирадмандона ва асосноки илмӣ овардааст, ки дар тасвири бадеӣ ниҳоят дилчасп, гуворо ва хушоянданд:

 

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд,

Ӯ на аз кирми пилла номӣ шуд,

                                 Бо азизе нишаст рӯзе чанд,                                        

Лоҷарам, ҳамчу ӯ гиромӣ шуд.

(С. Шерозӣ. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 167)

 

На аз ин камтар қимати бузурги андешамандӣ дорад, шеъри дигари Саъдӣ, ки матлааш ин аст:

 

Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам...  

 

Эътиқоди ҳатмӣ он аст, ки хонанда давоми ин шеърро ба пуррагӣ медонад. Ва  овардани матни комили он, шояд, чандон зарурат надошта бошад.                                                

  Падару модар, муассисаи ба санҷиш ва истифодаи захираҳои инсонӣ ниёздошта, зарурат барои донистани алоқаҳои фарзанд ва дуюмӣ - шахси муайяни мавриди назарро доранд. Дар ин ҳолат, алоқаҳои муайянкунанда ва муайяншаванда, якҷониба, дуҷониба ва бисёрҷонибаро фарқ бояд кард. Ва омӯхт. Аммо дар ҷамъият, бисёр вақт сифат ва структураи алоқаҳо тағйир меёбанд. Ононе, ки вориди алоқа дар ҳолати бетарафӣ, аммо мақсаднок мегарданд, дар оянда метавонанд вобаста ба имконоти  ақлонӣ, ақидатӣ ва материалӣ, худ бо мақсади ғаразнок структураи нақшҳоро тағйир диҳанд. Худашон муайянкунанда гарданд ва аввалӣ муайяншаванда бошад. Рӯшод ва ё пасипардагӣ истифодагар ва корфармой шаванд. Ин ҷузъиёт барои шаклгирии одам ҳамчун шахсият ва дурнамои маънавиёти он хатари ҷиддӣ дорад. Албатта, шахсони зирак, айёр, ғаразкор алоқаҳои муассирро ба ҳар роҳ меҷӯянд. Мақсаднок бо онҳо "дӯстӣ" "рафоқат", "садоқат"-и шахсӣ ва "аҳди хоҳариву бародарӣ" ба намоиш мегузоранд. Ба боварӣ сазовор мегарданд. Маккорона, пинҳонӣ мақсад ва нияти худро амалӣ месозанд. Аммо суиистифода кардани чунин алоқаҳо ба шахсе муяссар мешавад, ки ҳадафи интихобкардааш ниёзи ҷиддӣ ба илм, маърифат ва ақлу фаросат дошта бошад. Чунин норасоиҳо бар ӯ аён гардад. Маҳз ҳамин ҳолатро Антисфен Афинский (солҳои 444\435 - 370\360 то замони мо, аз шогирдони ниҳоят эътирофгардидаи Суқрот) бо чунин тарз шарҳ медиҳад: "Инсонеро, ки боақл, соҳибилм, соҳибмаърифат аст, "аз ҷои худаш гирифта ба ҷои дигар гузоштан" (яъне фиреб кардан, гумроҳ намудан, аз роҳ баровардан, ғаразнок истифода бурдан) ниҳоят мушкил аст. Зеро ақл, дониш, хирад худаш вазн дорад. Нафаре, ки ақл надорад, сабук аст. Дар ӯ  чизе, ки номбар шуд, яъне вазн дар шакли  ақл, нест. Ӯро осон аст аз ҷо ҷунбонидан ва истифода бурдан. Ақл бошад, худаш қувва аст, қудрат аст. Вазни он имкони ба ҳар роҳ бурдани шахси соҳибақлро намедиҳад. Ӯ мустақил аст. Муҳтоҷ ба орияти (қарз гирифтани) ақли бегона нест. Устувор аст. (Большая книга мудрости. М.: 2015. -С. 55).

Ба ҳамин хотир, алоқаҳои инсон дар шакли дӯст, рафиқ, ҳамнишин бояд шаффоф, ба тарзи одӣ омӯхта шаванд. Надонистани алоқаҳо, муносибатҳо гумроҳӣ аст.

Аз рӯи хислати дӯст, рафиқ ҳатман сифати шахсияти инсон, фарзанд, ҳар касе, ки бошад,   ошкор  мешавад. Яъне "рафиқи ман - худи ман ҳастам. Аммо дар симои дигар".

  Шакли таҷассум ёфтани воқеият дар майнаи инсон ва ҷараёни аз рӯи он интихоб кардани навъи рафтор, барои пайдо кардани тасаввуроти эътимоднок нисбати сифати шахс ниҳоят мушкил аст. Таҳлили таҷриба, мутаассифона, баёнгари он аст, ки рафтори номатлуб ва пайравӣ ба он дар таҷрибаи ҷомеа воқеияти бештар дорад. Баръакс, омӯзонидани сифатҳои неки инсонӣ ҳама вақт заҳмату ҷигархуниро талаб мекунад. 

  Вақте ки ба омӯзиши алоқаҳо ва муносибатҳо ниёз пайдо мешавад, зарурати муайян кардани умумият дар шахсияти инсонҳо, сифат, характер ва нуқтаи манфиатҳо, тамоюлҳо низ зарурат ба дақиқ карданро доранд. Инро ташхиси сабабии зуҳур кардани алоқаву муносибатҳо номидан мумкин аст.

  Мансубияти генетикӣ ҳамчун навъи алоқа ва муносибатҳо омили ҷиддии шинохти маводи инсонӣ аст. Аммо он ҳаргиз ҳалли пурраи масъалаи шинохти субъект буда наметавонад. Ин ҳолат вазифаҳои тарбияро, ки яке аз мақсадҳои муҳимтарини он сохтани ҷомеаи мутамаддин ва солеҳро  дар назар дорад, мушкил мегардонад.

Аммо барои И. Кант ҳама гуна тафовутҳо (ғайр аз ирсияти мувоҷеҳ ба мушкилоти равонӣ), ки дар майнаи инсони солеҳ ҳаст, барои тарбия мушкил надорад. Ӯ қотеона таъкид мекунад: "Тарбия санъат  аст... ҳар як насл метавонад зина ба зина ҳамон намуди тарбияро  ба роҳ монад, ки тавассути кушодани имконоти табиии он, мутаносибан ва мақсаднок инсониятро ба таъйиноти худи инсон расонад" (И. Кант. Трактаты и письма. М.: 1980. -С. 449).

Хулоса

 

  Иммануил Кант, асосгузори идеализми классикии немис, аз бузургтарин шахсиятҳое аст, ки фалсафаи Ғарбро бо афкори фавқулода нодири худ ғанӣ гардонидааст. Умри тӯлонии хешро сарфи мусолиҳати материализм ва идеализм кардааст.

  Мо мақсаднок аз таҳлили афкори И. Кант оид ба тадриси дин дар айёми наврасии бачагон сарфи назар кардем. Фақат як нуқтаро ёдовар шуданӣ ҳастем, бо вуҷуди он ки номбурда шахсияти тақводор буд, асарашро маҳз ба тарбияи инсон бахшидааст ва тавсия медиҳад, ки дар айёми наврасӣ аз омӯзиши рукнҳои мазҳабӣ худдорӣ кунанд, беҳтар аст. Ба ақидаи ӯ, вақте ки кӯдак аз илми дунявӣ хуб баҳравар нест ва бо қонуниятҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур ошноӣ надорад, чун аз нигоҳи мазҳабӣ фаҳмид, ки дар дунё қуввае ҳаст, ки ба ҷои инсон фикр мекунад, ғами ӯро мехӯрад, тақдири ӯро муайян месозад, шояд дигар дилаш аз илм хунук шавад, мустақилиятро гум кунад. Олими немис чунин кори муҳимро баъди расидан ба синни балоғати насли одам тавсия мекунад.

  Мутафаккири бузург мантиқи тарбияро дар шахсе мувофиқи мақсад мебинад, ки ӯ барои ҷомеа манфиатовар бошад, қувваю қудраташ барои омӯзиши илм, донише, сарф гардад, ки зиндагии рӯзмарраи инсонро осон гардонад.

И. Кант қимати тарбияро аз таълим болотар медонад. Барҳақ, таълимро мутеъ ва ҷузъи тарбия мешуморад.

Ба ақидаи ӯ, интизом, тартиб, масъулият аз бузургтарин ҷузъиёт дар системаи ягонаи раванди сохтани инсон аст.

  Олими бузург нисбати шахсияте, ки тарбия ва таълим ба ӯ бовар карда шудааст, талаботи ниҳоят ҷиддӣ пешниҳод мекунад. Муътақид аст, тарбияи фарзандро набояд ба ашхоси носанҷида, ки худ ниёз ба тарбия доранд, бовар кард. Таъсири ақидаи ифротӣ, бегона, ғайриилмӣ фарзандро аз он маърифате, ки падару модар доштааст, ҷудо мекунад. Ӯро бегона мегардонад.

  И. Кант ба шахсони сарватманд ҳушдор медиҳад, ки маҳз онҳо ба тарбияи фарзанд бештар таваҷҷуҳ намоянд. Агар ҷигарбанди онон дар овони кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ истилоҳоти "не", "нест", "чунин имкониятро оилаи мо надорад", "барои чунин шароит мо бояд боз андак заҳмат бикашем" ва монанди инҳоро нашунида бошад, маҳдудиятро дар хоҳишҳо, қонеъ кардани талабот,  рафтор, тарз ва сабки гуфтор, эҳтироми ҷиддӣ ба калонсолон, тоқати шунидан ва эътироф кардани далели муқобилро аз хурду бузург надошта бошад, дар оянда, ҳангоми бо воқеияти зиндагӣ рӯ ба рӯ гаштан  ба мушкилоти ҷиддӣ дучор хоҳад  шуд.

  Ба фикри ин ҷониб, бояд кашфиёти И. Кант ҳисобид андешаеро, ки дар ҳоли заҳмати маҷбурӣ (режими одии корӣ), марди ҷавон имкони озодиро тавассути меҳнат, заҳмат, фаъолияти пурсамари эҷодкорона ёбад. Зиндагиашро ободтар кунад. Озодиеро, ки ӯ орзу мекунад, ҳамин тариқ, бо беҳтар кардани рӯзу рӯзгораш ёбад.

  Озодиро И. Кант, ки чил соли ҳаёти худро дар рӯзгори пурмашаққати устоди донишгоҳ гузаронидааст, дар риояи қонун, меҳнату заҳмате, ки ба манфиати ҷомеа равон карда шудааст, мебинад.  На дар чизи дигар.

  Ҳамзамон И. Кант муваффақияти амали инсонро дар доштани характер медонад. Файласуфи бузург гаштаву баргашта таъкид месозад, ки ҳар фард барои шахсияти комил шудан, бояд "таъйинот"-и худро фаҳмад.   Тасаввуроти дақиқ дошта бошад, ки дар оянда кӣ мешавад.

  Эътиқоди муаллифи ин сатрҳо иборат аз он аст, ки талаботи И. Кант нисбати муҳтаво, роҳ, усул ва методҳои аз одам сохтани шахсият, талабот нисбати матои инсон, ки бешубҳа субъекти муҳимми сиёсӣ хоҳад шуд, тақозои замон аст.

  Дар хулосаи асараш файласуфи машҳур бо дарки масъулияти бузург талаб мекунад: "Дар охир таваҷҷуҳи ҳар як ҷавонмардро ба зарурати додани ҳисоботи ҳаррӯза дар назди худ  водор бояд сохт, ки ӯ дар охир имкони дурусти ҷамъбасти зиндагиашро дошта бошад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 504).

 

Охирсухан

 

Кулли мавҷудоти олам, ки дар фазо ва вақт, ба ҳар навъе ки бошад, бо якдигар дар алоқаи диалектикӣ ҳастанд. Аз рӯи принсипи системавӣ ва функсионалӣ амал мекунанд.

  Оне ки мо шоҳиди ҳаррӯзаи "хушбахтӣ" ва "бадбахтӣ"-и миллатҳо ҳастем,  шодем, аммо мехӯрем ғамҳои халқи дигаре ва макону маскани тороҷгаштаи онон пеши назари мост (М. Турсунзода), падидаи фавқулода ва фавқуттабиӣ нест. Сабабҳои одӣ, сирф заминӣ дорад.  Маҳсули майна, мақсадгузорӣ ва натиҷаи амали инсон аст. Маърифатнокӣ, нангу номуси ҳар фард дар алоҳидагӣ меъмори зиндагии шахсии ӯ ва миллат дар маҷмӯи шаҳрвандон муайянкунандаи тақдири хеш мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, Абуалӣ Ибни Сино фармудааст: "Моҳияти ҳастиро дар худи ҳастӣ бояд ҷуст".

  Сифати шахсият ва дар умум миллат, ҳангоми бурду бохти давлатҳо ҳамчун омил ва сабаб, ҳазорсолаҳо мадди назари таҳлилгарони сиёсӣ ва олимон қарор доранд. "Вақте ки мо омилҳои моддӣ, материалиро пурра сарфи назар мекунем ва фақат омили инсониро ҳамчун муайянкунандаи иқтидор ва тавони миллӣ ба ҳисоб мегирем, албатта, шумора ва сифати миллатро дар назар дорем. Дар ин ҳолат характери миллӣ, ахлоқ ва маънавиёти миллӣ ҳамчун сифати миллат маҳсуб мегардад" (H. G. Morghentay. Politics among natioms. N.York.: 1964. -Р. 121). Ҳамзамон,  олими маъруфи олмонитабори амрикоӣ қудрати миллатро (давлатро) на дар шумораи зиёд, балки дар сифати он қл, хирад, тахассусмандӣ, масъулиятнокӣ, омодагӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ) мебинад: "эътироф кардани он нуқта, ки миқдори аҳолӣ омил ва нишонаи пурқувватии давлат мебошад, фикри хато аст" (Ҳамон ҷо, саҳ. 121).

  Зуҳури як нафар фарзанди одии миллат, ки аз наврасӣ то камолот дар кураи оташи зиндагӣ обутоб ёфта, аз имтиҳоноти тоқатфарсои ӯзгори пурозори сангдил" мегузарад, "боғбонии боғи хазонро" ба уҳда гирифта, онро сарсабзу хуррам мегардонад,  мардумашро аз "раҳзани нахуфтаи даҳр эмин мебарад", бо "илму фазле, ки дар чиҳил сол дароварда буд" (Ҳофиз) ӯро наҷот мебахшад, намунаи ибрат аст:  барои наврасон, ҷавонон, ҳар нафаре, ки хуни нофи ӯ ба ин сарзамин саҷда кардааст. Мушкилнописандӣ, сабру тоқат, таҳаммулпазирӣ, ҷавонмардӣ, ақлу хирад, соҳибназариро аз Ӯ бояд омӯхт. Давра ба давра, насл ба насл ин маънавиётро, ҳамчун мароми пойдории миллат, ба ояндагон бояд расонд.

  Ин зиндагӣ ва таҷриба одӣ нест. Маҷмӯи хирад ва ифодагари ақлу заковати миллат дар тӯли садсолаҳост, ки дар сухан ва амали як Шахсияти бузурги он таҷассум ёфт. Аз ин падида ифтихор бояд дошт. Ба Ӯ пайравӣ кард. Аз Ӯ намуна гирифт.  

                                        

С. Ятимов

доктори илмҳои сиёсӣ,

узви вобастаи Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№2 (10), 2018

Хондан 2715 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр