JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Апрели 2019 07:22

Фалсафаи тоҷик дар замони Шӯравӣ

Муаллиф: Комил Бекзода
Комил Бекзода Комил Бекзода Аксбардор Исфандиёри Одина
  1. Муаллиф: Беков Комилҷон (Комил Бекзода)-аспиранти шуъбаи фалсафаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон. Тарҷумони забони русӣ ва арабӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман (ҶАЯ.) дар солҳои 1969-1970. Барномаи муштараки зироатии СССР ва ҶАЯ, дар минтақаи Сурдуд, деҳаи Ал-Кадан, шаҳри Ҳудайда дар Ямани Шимолӣ.
  2. Номи рисола: Номи пурраи рисола чунин аст: “Табиати вуҷуд ё хотироти мутарҷим аз Яман”.
  3. Ҳаҷми рисола: Рисолаи мазкур дар ҳаҷми 26 саҳифаи дастнавис буда, бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудааст. Дар дафтари талабагии ростхатта (забон), дорои нишонаи рамзии “Shebani”. Муқоваи дафтар ба ранги зарди баланд аст.
  4. Оғози таълифи рисола: 2-юми августи соли 1969, рӯзи шанбе, соати 10 ва 12 дақиқаи бегоҳӣ.
  5. Анҷоми таълиф: Соати 10 ва 37 дақиқаи шаби 18 моҳи майи соли 1970.
  6. Макони таълиф: Деҳаи Ал-Кадан дар минтақаи Сурдуд, 80 километр дуртар аз шаҳри соҳилии Ал-Ҳудайда воқеъ дар Ямани шимолӣ (ҶАЯ).
  7. Ҳадафи таълиф: Муаллиф дар навиштани ин рисола ҳеҷ даъвое надоштааст ва ҳоло ҳам надорад. Ба ин маъно, ки як ҷавони 24-солаи тоҷик, ки дар риштаи фалсафа таҳқиқ мекарда, хостааст, ки ба таври маҳрамона маҳорати илмии худро дар таълифи осори фалсафӣ бисанҷад. Ва санҷидааст.

     Ин санҷишро мо ба қазоват ва муҳокимаи хонандагон вогузор менамоем. Ҳамин ва тамом.

Муаллиф: Комил Бекзода.

Таърих: 17 феврали соли 2019, рӯзи якшанбе.

Макон: Маҳаллаи “Меҳробод”, кӯчаи Сафарзода Зафар Абдулло, хонаи 3, дар шаҳри Душанбе.

 

ТАБИАТИ ВУҶУД

(Рисолаи фалсафӣ)

 (Ба ҷои сарсухан)

  1. Хотиранависӣ ва хотирахонӣ дар ин рӯзҳо дигар равнақе надорад.

Оре, ҳаминро дидаву дониста ман хотиранависӣ оғоз намудам... Чаро ки хотира чизи нав нест ва чизи куҳна ҳам намебошад. Хотира ин-бемаънигиҳои гузаштаро аз сари нав намоиш додан аст. Асоси ин сухан дар он аст, ки инсон, чуноне ки бояд бошад, нест. (-С-1). Ва аз роҳи хотира худро ислоҳ карданист... Ва ё дигаронро огоҳ мекунад, ки иштибоҳоти ӯро такрор накунанд.

  1. Дар китобе хонда будам, ки калимаи “Одам” аз калимаи яҳудӣ-ибрии қадим ба вуҷуд омада, маънояш “хок” мебошад. Ҷавҳари одам фақат дар ҳамин маънӣ дуруст меояд. Зеро қонунҳое, ки дар хок амал мекунанд, дар Одам низ таъсир доранд. Қонунҳои хок ва олами ҷамод (олами ғайризинда) иҷборӣ ва ғайришуурона амал мекунанд ва ин бадеҳӣ аст. Лекин ин қонунҳо дар олами инсон низ амал карда (ва мекунанд). Вале дар шаклҳои хеле разилона (аз ҷумла). Чун кореро надониста кардан аз беақлист, вале кореро дониста кардан, агар нек бошад, аз донишмандӣ ва агар бад бошад, аз пастфитратӣ (хоҳад буд). Вале аксаран одамон дидаю дониста кори номақбул мекунанд...Яъне ин исботи он аст, ки инсоният “Одам” аст (аз хок аст!), на инсон ба маънои фарҳангиаш. Зеро инсон аз калимаи “Инс”-и арабӣ реша дорад, ки бо “Ҷин” муқобил ва мухолиф мебошад. Агар касе ин хулосаҳоро хонад, хоҳад хандид, ки одами асри 20 ба чунин хулосаи содалавҳона омадааст, ки ин хулосаҳо кайҳо гуфта шуда ва куҳна шудаанд...
  2. Барои ман [ҳоло] аҳамияте надорад, ки ин масъаларо пеш аз ман кӣ ҳал карда буд ва баъд аз ман, кӣ ҳал мекунад. Ҳалли ҳар масъалае барои ҳар яки мо бебозгашт аст! Ҷаҳон барои ман чунон аст, ки ман онро тасаввур мекунам...Ва агар дигархелтар бошад, ба ман чӣ?
  3. Афкори иҷтимоӣ гуфта ман маъмӯаи фикрҳои дурушту дағал ва бемаъноеро мефаҳмам, ки шири сафедро сиёҳ ҳукм мекунад.
  4. Барои одам қариб ҳеҷ чиз дастрас нест...Ва агар муваффақ шавад, ки ақаллан дар умраш як бор бо каллаи худаш фикр кунад, аз ҳама давлати бузург аст. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки гӯё ҳама кору кирдорашон аз они худашон мебошад, вале дар асл, аз рӯи нусхаҳои кайҳо куҳнашуда [кор] ва зиндагӣ мекунанд...
  5. Касоне, ки доир ба олам фикр рондаанд, ба хулосаи муайяне омада натавонистанд. Яъне аслу моҳияти вуҷудро фаҳмида натавонистанд. Ва чун ин кушиши онҳо барор нагирифт, ба шарҳу баёни олам аз рӯи хоҳишу ғаразҳои шахсии хеш пардохтанд (-С.2).

 

ИБТИДОИ РОҲ

(3 августи соли 1969-и мелодӣ, соати 1-и баъд аз нимарӯз)

 

  Дар нимаи моҳи май (1969) аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ман амр шуд, ки барои ба Ямани Шимолӣ сафар кардан,  омода шавам. Бо вуҷуди он ки ман ин даъватро се маротиба рад карда будам, ин дафъа аз Москва барқия гирифтам. Ёру дустон ташвиқ намуданд, ки ба сафар омода бошам. Вале худам майли мусофират надоштам. Зеро хуб медонистам, ки маро ба куҷо мефиристанд. Вале хоҳиши ёру дустон (махсусан, Карим Юлдошев)-ро ба назари эътибор гирифта, 26 моҳи майи соли 1969 ба Маскав парвоз намудам. Баъди андак муддат, 31 моҳи май бо ҳавопаймои “ИЛ-18” аввал ба шаҳри Қоҳира ва баъд ба сӯи шаҳри Ҳудайдаи Ямани Шимолӣ парвоз намудам. Аз аввали моҳи июн ба кор сар карда ва то ҳол ин кор давом дорад (-С.3).

 

Боби аввал

ИБТИДОИ  ФАЛСАФА

Барои фаҳми дақиқ ва ҳақиқии фалсафа ду шарти зарурӣ бояд вуҷуд дошта бошад:

  1. Аз манфиати шикам даст кашидан, дар маънии васеъ ва (густурда)-и ин калима, ба мисли Диогени калбӣ-файласуфи Юнони қадим.
  2. Аз ҳалокати шахсӣ сарфи назар кардани мутафаккир, чуноне ки Суқрот дар замони худ карда буд.

Моҳияти ҳастӣ ба будан ва набудани мо, одамон тағйир намепазирад.

Моҳияти ҳастиро бо ҳаёти иҷтимоӣ алоқаманд маънидод кардан, аз асли масъалаи фалсафа даст кашидан аст (-С.3).

 

Боби дуюм

МОҲИЯТИ  ФАЛСАФА

(4-уми августи соли 1969, деҳаи Ал-Кадан.

ҶАЯ (Ҷумҳурии Арабии Яман)

1.Фалсафа дар беҳтарин ҳолат оламдарккунии шахси алоҳида мебошад.

2.Фалсафа аз илм дида ба орзу ва ё идеал наздиктар аст.

3.Бисёре аз мардуми асри 100-ум ба дараҷа ва мақоми Афлотун нахоҳанд расид.

4.Дар асри 20 зиндагӣ карда, дар фаҳмидани ақидаҳои мутафаккирони қадим, сардаргум ва парешон мешавем. Куҷост афзалияти асри 20, аз асрҳои гузашта?

5.Агар Арасту дар асри мо (асри 20) пайдо шавад, бо ҳамон дониши қадимааш ҳамаи фалсафаи асри моро ба ҳамоқат ҳукм хоҳад кард (-С.4).

Боби сеюм

ФАЛСАФА ВА ҶАМЪИЯТ

 

1.Моҳияти фалсафии олам ба будан ва набудани ҷамъият вобастагӣ надорад.

2.Фалсафа идроки назариявии ҳастӣ бо тамоми ҷузъиёташ мебошад. На ин ки василаи манфиатҷӯӣ [субъективизм].

3.Ҷамъият дар беҳтарин ҳолат, зарраи хурдтарини [олами ҳастӣ] буда, бо худии худ арзиши чандоне надорад.

4.Фалсафа ва ҳастӣ пеш аз инсоният вуҷуд доштанд, [ чаро ки] фалсафа, бозтоб ва инъикос аст. [ Яъне вуҷуди олами ҳастӣ ва моҳияти фалсафии он пеш аз пайдоиши ҳаёт ва ҷомеаи инсонӣ].

5.Бо омадани инсоният ин ду чизи бо ҳам сахт алоқамандро сахт дарҳаму барҳам намуданд (-С.4)

 

Боби чорум

[ФАЛСАФА ВА СИЁСАТ]

(10 августи соли 1969)

 

1.Фалсафа чуноне, ки дар ҳақиқат аст [бозтоби олами вуҷуд], барои ҳеҷ кас лозим нест. Асри мо барои фалсафа замина надорад. Поруи сунъии сиёсат, дарахти пурсамари фалсафаро рӯз то рӯз хушк карда истодааст. Бисёр ақидаҳои муътабар, ки мо аксарияти ҳаёти худро дар амалӣ намудани онҳо сарф кардаем, агар ба чашми ҳақиқат нигоҳ кунем, худфиребии маҳзанд (инҷо ақидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, урфу одатҳо ва ғайра дар назар дошта шудааст).

2.Орзую умед, ҳам комёбӣ ва ҳам бадбахтии башар гардидааст. Комёбӣ аз он ки бо умед зиндагиашро давом медиҳад. Бадбахтӣ аз он ки бо орзуҳои ҳосилнашаванда умри азизи худро ҳар инсоне зоеъ мекунад (-С.5).

 

Боби панҷум

ФАЛСАФАИ ТАМАЪ Ё ТАМАЪИ ФАЛСАФӢ

 

1.Фалсафаи ҳақиқӣ бояд аз тамаъ [корыстолюбие] озод бошад.

2.Мафҳуми “тамаъ” дар инҷо дар маънии васеаш омадааст. Яъне ба хотири  ҳақиқат шуда, одам бояд аз ҳамаи урфу одат ва қонунҳои мавҷудаи иҷтимоӣ сарфи назар намояд.

3.Шарт нест, ки фалсафа барои ҷамъият пешгӯиҳо кунад. Барои ҷамъият ақидаи муайяне ба вуҷуд овардан мумкин аст, аммо на ақидаи фалсафӣ (-С-5) Зеро бо як сабаби ночизе фалсафаро маҷбур мекунанд, ки дар пеши бисёре аз масъалаҳои аз он ночизтар сари таъзим хам кунад.

4.Чуноне ки аз ин пеш гуфтем, дар фалсафа ду ҳадду ҳудуди мушаххас вуҷуд дорад:

-Яке аз марги шахсии худ сарфи назар кардан ва дигаре аз манфиати шикам ба маънои густурдаи (васеъи он) сарфи назар кардан аст.

Дар он сурат мутафаккир метавонад ҳақиқати вуҷудро чи тавре, ки дар воқеият ҳаст, баён кунад. Ҳарчанд, ки ҳақиқати вуҷуд, чунонки ҳаст, ба ҳеҷ кас маълум нест. Вале донистани он барои инсоният лозим ва зарурӣ мебошад.

5.Аввалан нолозим будани ҳақиқати вуҷудро исбот кардан зарур аст. Ва баъд, бояд ақидаҳои лозимиро пешниҳод кард. Бисёре аз мутафаккирон, аввалан хеле ҷиддӣ ва амиқ фикру андеша рондаанд. Вале  чун диданд, ки ин кор ҳеҷ фоидае надорад, пас ба эҷод ва ихтирои ақидаҳои сохта ва бофтаи худ шуруъ кардаанд.

6.Фалсафаи гузашта  ва ҳозираи сайёраи мо (Замин) дар байни хасрубаҳои тамаъҷуён, чунон ғӯтавар гаштааст, ки барои онро аз он ҷо берун овардан, дар шароити ҳозира қариб ҳеҷ имконияте ба назар намерасад. Ҳар кушише, ки дар ин роҳ карда шавад, аҳли замони мо онро, беҳудагии маҳз хоҳанд шуморид.

Хулоса ҳамин аст, ки мо ба зиндагӣ кардан маҳкум шудаем ва хоҳӣ ё нахоҳӣ, аҳамияте надорад ва бояд ба таври маҷбурӣ зист ва зиндагӣ кард.

Хеле хуб аст барои шахсоне, ки орзуҳо ва идеалҳои онҳо аз доираи зиндагии заминии мо берун нестанд. Онҳо бо ғофилии том ва тамом умри худро сарфи ин орзуҳои ночиз намуда ва мумкин аст ба ин орзуҳояшон ҳам бирасанд. Ва шояд гумон кунанд, ки гӯё оламро ба коми худ гардонидаанд. Аммо ҳайҳот ва боз ҳам ҳайҳот!

7.Тамаъ дар шакли ошкор, пинҳон ва намудҳои дигари тасвирнопазираш фалсафа ва илмро ба бозӣ мегирад. Инсониятро метавон танҳо ва танҳо бо кӯтоҳандешиаш таъриф ва тавсиф намуд. Масъалан, агар дар сатрҳои болои ин навиштаи ман тамаъ ё ғаразе [корысть] шахсӣ ҷой медошт, ман ҳеҷ гоҳ инсониятро чунин тавсиф намекардам. Чунки маъниҳои зерин дар пеши назар буд:

А. Аввал ин ки ман низ ба мафҳум ва истилоҳи инсоният дохил ҳастам.

Б. Кӯтоҳандешии инсоният дар навбати худ ба ман ҳам дахл дорад.

В. Агар мақсади ман ин навиштаҳоро чоп кардан ва ошкор кардан мебуд, албатта, ин суханҳоро наменавиштам. Зеро бо чунин суханҳо ҳеҷ кас розӣ ва хурсанд намешавад, ба ин маъно, ки ҳеҷ кас намехоҳад аз номи  худаш чунин суханони таҳқиромезро чоп кунад.

Г. Аз ин гузашта, агар ягон нишона ва ҳадафи ҷоҳталабӣ ва мансабталошӣ медоштам, ба гуфтани чунин суханҳое ҷуръат намекардам (-С.7).

Боби шашум

[ДУ ҶИҲАТИ ФАЛСАФА]

 

1.Баёни фалсафа бояд ду ҷиҳат дошта бошад:

А. Аввал бояд аз нуқтаи назари абад ва ҷовидонагӣ дида баромада шавад.

Б. Дуввум аз нуқтаи назари нисбӣ (на мутлақ ва на мутлақгароӣ). Агар ин ду чиз (ҷиҳат) дар якҷоягӣ дида баромада шавад, ҳамеша дарҳам барҳамии бепоён ҳосил хоҳад шуд.

2.Ҷиҳати абадии масъала ба ҳақиқати вуҷуд дахд дорад.

3.Ҷиҳати нисбии масъала доир ба ҳаёти инсоният баҳс мекунад (-С.8).

Боби ҳафтум

ФАЛСАФА ВА ДИН

 

1.Фалсафа тамаъкор [корыстный] вобаста ва парастандаи ин дунёст.

2.Дин тамаъкор ва талабгори ин дунё ва он дунё мебошад.

Файласуф ба номи ин дунё қасам мехӯраду диндор ба номи он дунё.

3.Дар байни ин файласуфон ва диндорон нафароне низ ёфт мешаванд, ки мехоҳанд ҳам ба ин дунё ва ҳам ба он дунё хидмат кунанд. Онҳо нафарони мунофиқ,  риёкор ва  фурсатталабанд.

4.Ин ду гурӯҳ дорои таассуби хос мебошанд.

5.Фалсафа ҳарчанд ки ҳақбаҷониб аст (асосан, воқеъбин аст), вале аксаран [фалсафа] ҷиҳати сатҳии масъаларо дар бар мегирад. (Ин аст, ки касе ба хотири фалсафа рӯза намегирад ва намоз намехонад).

6.Дин ҳарчанд, ки ночаспон (ғайри мантиқӣ), хаёлӣ ва фантастикӣ аст, ҷиҳати амиқтари мушкилоти башариро дар бар мегирад. Яъне масъалаи зиндагии баъд аз марги инсонро. Ва дар ин робита масъалаи зиндагии ҷовидонаро ба шакли куллӣ.

7.Фалсафа ба ҷиҳати нисбии (рӯзмарраи) масъала бештар рағбат дорад.

8.Майли дин ба ҷиҳати мутлақ ва абадии масъала аст. Яъне зиндагии ҷовидона дар он дунё.

9.Файласуф аз дунё лаззати моддӣ мебарад, [Инҷо файласуфи асри миёна дар назар аст, на файласуфи асри ХХ].

10.Насиби диндор (бештар) лаззатҳои маънавӣ ва руҳонӣ аст. Ва аз лаззатҳои ҷисмонӣ низ парҳез намекунад.

Хулоса: дар ҳарду гурӯҳ ҳам яке аз лаззатҳо намерасад. Таърих файласуфҳои хаёлпараст (яъне ҷиҳати маънавии масъала) ва диндорони шикампараст (ҷиҳати моддии масъала)-ро низ медонад. Бо вуҷуди ҳамаи ин шаҳодатҳои таърихӣ, моҳияти масъала тағйир намеёбад (-С.9).

 

Боби ҳаштум

АҚИДАИ  ФАЛСАФӢ  ВА  ШАХСИЯТИ  ИҶТИМОӢ

(14-8-1969)

1.Мумкин аст мутафаккир нисбат ба ҷамъият бо чашми некбинона нигоҳ кунад, вале ақидаҳои фалсафии ӯ иртиҷоӣ ва реаксионӣ бошанд.

2.Ақидаи фалсафӣ бо шахсияти иҷтимоии файласуф як чиз нестанд. Масалан, агар касе ҳалокати сайёраи Замини моро исбот ва асоснок кунад, дар он ҳолат вай иртиҷоӣ ва зидди ҷамъиятӣ набуда, балки ин фарзияи худро дар асоси далелҳои илмӣ пешниҳод намудааст (-С.9). Ақидаҳо иртиҷоӣ нестанд, балки аз нигоҳи илмӣ саҳеҳ ва дуруст намебошанд. Ҳар як файласуф ба ростии ақидаи худ боварии комил дорад. Албатта, мо ҳар гуна ҳазаёни сиёсатмадоронро фалсафа гуфта наметавонем. Сиёсат аслан илми бардурӯғ ва ғаразнок аст. Ба хотири манфиати шахсӣ,  гуруҳӣ,  ҳизбӣ ё давлатӣ мебошад. Одамони разил барои худро муҳофизат кардан,  ба андешаҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ такя ва истинод мекунанд.  Сиёсатмадорон  ба фалсафа маҳз ба ҳамин хотир хушомад ва тамаллуқкорӣ менамоянд.

Бо пайдо шудани матбуот ва хатти чопӣ, сиёсат фалсафаро тамоман аз майдони иҷтимоӣ танг карда баровард (-С.10).

 Боби нуҳум

ФАЛСАФАИ  АХЛОҚ

(22-8-1969)

Агар ахлоқ намебуд, мардум ба ин дараҷаи бадахлоқӣ намерасиданд. Таърихи ахлоқ, таърихи бемаънигии куллии башар будааст. Касеро ба асоснок кардани ахлоқ маҷбур кардан, мисли он аст, ки бодянишинонро ба сохтани бино ва иморати бистошёна маҷбур карда бошем. Ман ба ҳамаи қонуну қоидаҳои ахлоқӣ итоат мекунам, вале замиран (аз таҳти дил) нисбат ба ҳамаи ин қоидаҳо нафрат дорам (-С.10)

Ки метавонад ба ман гӯяд, ки кадом ахлоқ хуб асту кадомаш бад? Дар асри мо ахлоқ гуфта, тамаллуқ ва хушомадро мефаҳманд. Аз ҳеҷ кас пинҳон нест, ки ахлоқ муваққатӣ ва даргузар аст. Вале мо ҳамаи инро дидаю дониста, кӯр-кӯрона ва ғуломвор итоат мекунем. Дар ин масъала ҳеҷ ҷои тааҷҷуб ҳам нест. Вале чизи асосӣ ин аст, ки мо одамон, одам будани худро, исбот карда натавонистем. Яъне чун табиати беҷон маҳкуми амру фармони қонунҳои зарурии ҳаёти ҳаррӯзаи худ будем ва ҳастем. Чӣ қадар хунҳо рехта ва чӣ қадар азобу шиканҷаҳо ба амал омада ва ҳамаи ин ба ном ва хотири фармудаҳои ахлоқӣ анҷом гирифтааст! Агар аз рӯи “ахлоқ” ҳукм кунем, зиндагии башар ҳеҷ лоиқи ахлоқ нест! Ҳамон қонунҳои оҳанине, ки дар табиат амал мекунанд, дар ҷамъият низ вуҷуд доранд. Файласуфони асри мо заковатмандӣ зоҳир намуда, гуфтаанд, ки “қонунҳои табиат аз ҷамъият сифатан (!) фарқ мекунанд” ва дар ҳамин нуқта таваққуф намудаанд (-С.11).

  Боби даҳум

ҲУДУДИ  МАЪРИФАТИ  ФАЛСАФӢ

(12-9-1969, сентябр)

 Маърифати олам аз ҳама ҷиҳат ба сӯи абадият мебарад. Дар олам мушкилот ва заминаҳое аст, ки метавон то ба дараҷаи ҷунун ва девонагӣ расид ва ғарқи хаёлот гардид (-С.11). Ва инчунин метавон то ба дараҷаи одами содалавҳ ба таври сатҳӣ мулоҳиза ронд. Ҳаминаш бояд аламовар бошад, ки ба ҷуз як гӯшаю канори ин олами нопайдоканор,  дигар ба ҷойе умеди расидан нест. Мо одамон маҷбуран маҳкум ба зистан дар ин ҷаҳон гаштаем. Ташвиш ва изтироби бардавом ҳамсафари ҳамешагии мост. Ҳама гуна даъвоҳое, ки гӯё онҳо ҳақиқати оламро фаҳмидаанд, дар асл худфиребиҳои маҳзанд. Даъвое низ ҳаст, ки гӯё агар мо имрӯз чизеро нафаҳмида бошем, фардо хоҳем фаҳмид. Ин фикр дуруст аст. Вале мепурсам, ки ин даъво аз ваъдаву умедворкуниҳои динӣ чӣ фарқ дорад? Албатта, чизеро, ки ман ҳангоми зинда буданам талаб дорам, фаҳмида наметавонам ва худро тасалло дода мегӯям, ки наслҳои оянда ва баъд аз ман ин масъаларо хоҳанд фаҳмид. Оё кафолате ҳаст, ки онҳо ба масъалаҳои дилхоҳи ман таваҷҷуҳе зоҳир мекарда бошанд?

Гузаштагони мо кайҳо орзу карда буданд, ки чизҳои нафаҳмидаашонро ворисонашон хоҳанд фаҳмид. Бо вуҷуди ин чандин асрҳо гузашту мо то ҳол сардаргуми масъалаҳои пешгузоштаи онҳо мебошем. Моро талқин мекунанд, ки гӯё мо ворисони ҳақиқии беҳтарин асарҳои илмӣ ва фарҳангии башар ҳастем (-С.12). Вале дар воқеъ, мо ба мероси башарият аз пушти айнаки сиёҳи шакку шубҳа нигоҳ мекунем. Башарият ба мо бегона нест, балки моро нисбат ба башарият бегона будан таълим додаанд (-С.13).

Боби ёздаҳум

ФАЛСАФАИ  ИШҚ

(17-9-1969-и мелодӣ, деҳаи Ал-Кадан)

Ишқро маҳз ҷиҳати иҷтимоии масъала болобардор ва муболиға мекунад. Ва дар воқеият ҳам сазовори таҳсин ва муболиға аст. Вагарна ҷиҳати ғаризии (инстинктивӣ)-и масъала байни инсону ҳайвон муштарак мебошад.

Ҳама гуна ишқ, хоҳ ин тавр ва хоҳ он тавр (ҳайвонӣ ва инсонӣ) талаботи шахсии худро парастидан аст. Агар лаззати моддӣ ва маънавиро, ки аз ҷинси муқобил ва аз гуфтугузор бо вай ҳосил мекунем, тарҳ карда шавад, дар ин байн ба ҷуз ғариза ҳеҷ чизи дигаре боқӣ намемонад (-С.13). Инсон дар шахси маҳбуби худ нусхаи дуюми худро мебинад. Аз ҳамин сабаб ҳам муносибати ошиқон то ин дараҷа самимӣ ва амиқ аст. Фақат одамнамоёни асри мо ҳастанд, ки дӯстдорӣ ва муҳаббат гуфта, муносибатҳои дурушти шаҳвонии ҳаррӯзаро унвони ишқу ошиқӣ додаанд. Ишқи ормонӣ ва идеалие, ки мутафаккирони Шарқ нисбат ба Худо дар дил мепарвариданд, ин ишқ дар асл иборат буд аз ҳамон майлу хоҳишҳои фитрии башарӣ, ки бо ҳеҷ ягон роҳи дигар зуҳур кардан наметавонистанд ва дар охир худро ба ин шакли орифона зоҳир намудаанд. Чаро ки Маҳбуби азалии ориф образи ҳамон умри ҷовидонаи динӣ дар он ҷаҳон буд, ки ба воситаи Худо амалӣ мешуд. Онҳо ба ҳар гуна майда-чӯйдаҳои олами моддӣ эътимод карда наметавонистанд. Зеро ақли бузург ва  дили дардошнои онҳо наметавонист худро ба он чи ки дар гирду атрофи он ба вуҷуд меомад, бовар кунонад (-С.13). Онҳо баҳсу мунозираро доир ба модда ва дигар масъалаҳои моддигароёна дар шаъни худ лоиқ намедиданд. Зеро модда (материя) аз назари онҳо ҷавҳари паст ва ночиз ба ҳисоб мерафт. Ҳатто камистеъдодтарини онҳо (орифон), ки майли моддигароӣ зоҳир мекард, аз он ҷиҳат набуд, ки онҳо ҳақиқатан, бо роҳи солим ва дуруст мерафтанд, балки аз он ҷиҳат буд, ки онҳо мисли дигарон қобилияти фикри баландпарвоз надоштанд (-С.14).

[ЯК  САРГУЗАШТ]

(15 октябри соли 1969)

То ба дараҷаи ҷунун духтареро дӯст доштам ва гумон мекардам, ки олитарин инсони рӯи замин аст. Ва дар баробари ин аз ҳама одамон мешунидам, ки онҳо дӯстдоштаи маро бадфеъл, дағал, густох ва бепарво меномиданд (-С.14). Бо вуҷуди ҳамаи ин, дидаю дониста, ман ӯро дӯст медоштам. Чаро? Ба ин сабаби одӣ, ки гӯё ман ҳамаи орзуҳои шахсии худро дар шоҳидии вай ба амал мебароварда бошам. Гӯё маҳз вай метавонистааст маҳрами рози ман бошад. Ин ҳодиса дар ҳамон даврае буд, ки ҷиҳати моддӣ ва маънавии зиндагии шахсии ман баробарвазн ва дар як сатҳ қарор дошт. Вале баъдҳо, вақте ки ҷониби маънавӣ бар ҷониби моддӣ афзалият пайдо намуд, ҳама гуна орзуҳои ошиқонаи пешина дар назарам хира ва тира намуданд. Вақтҳои охир ва ҳоло он чизеро, ки ақл талаб мекунад, воқеияти зиндагӣ ва ҷисм иҷро карда наметавонад. Ин ҳолати зиддиятнок на танҳо дар ҳаёти шахсӣ зоҳир мегардад, балки худи ҷомеаро низ фаро мегирад (-С.15).

[ҲИКМАТИ  ИШҚ]

(31 октябри 1969)

Ишқ дар маънои хеле ва хеле амиқ ва дақиқаш падидае шахсӣ ва фардӣ мебошад. Аз ин сабаб аст, ки ҳамаи миллатҳои рӯи замин ҳамеша мақоми ишқро ситоиш намудаанд. Ақл метавонад дигаронро фиреб диҳад, аммо ишқ дар аксар ҳолатҳо соҳиби худро фиреб медиҳад. Аз ҳамаи худфиребиҳои олам, худфиребии ишқ амиқтар ва пурмаънотар аст (-С.16). Шахси ошиқ дар маъное дигар як ҷаҳони алоҳида мебошад. Ақл агар калла (сар)-ро гумроҳ кунад,  ишқ тамоми баданро гумроҳ мекунад. Ишқ қоидатан одамонро ба бадбахтӣ расонида, тасодуфан онҳоро хушбахт мегардонад. Вале ин хушбахтии тасодуфӣ аз ҳамаи он бадбахтиҳои қонунманд баландтар ва арзандатар мебошад. Мардум гумроҳиҳои дигарро нисбат ба худ авф намекунанд, ба ҷуз гумроҳии ишқро. Дар ишқ  аз ҳақиқат дида худфиребиҳо бештар аст, вале ин худфиребиҳо чунон арзандаанд, ки бо ҳазорон ҳақиқат иваз шуданӣ нестанд.

[РИСОЛАТИ  ИШҚ]

(10 ноябри соли 1969)

Чаро муҳаббат пуриқтидор аст? Ба назари мо ҷавоб ин аст, ки ишқ ҳастии одамро ба куллӣ фаро мегирад. Яъне инсон дар зиндагӣ (ҳар инсоне) аз табиат ва ҷамъият фишорҳои гуногун эҳсос мекунад. Ҳама гуна орзуҳои шахсии ӯ дарҳам шикаста мешаванд. Ва ягона роҳи наҷот аз ин шикастҳои бардавом, муроҷиат ба олами шахсӣ ва ботинии худи ошиқ мебошад (-С.16). Ана дар ҳамин лаҳзаҳо аст, ки муҳаббат ба майдони амал ворид мегардад. Ошиқ дар симои маъшуқ нусхаи дуюми худро дида, кӯшиш мекунад, ки ба ибораи маъруф “худашро худаш қадрдонӣ намояд!”. Ин охирин шанс ва имкони ошиқ аст, ки худро дар муқобили носозгориҳои рӯзгор ҷасурона дифоъ карда метавонад (-С.16).

Боби дувоздаҳум

ФАЛСАФАИ  ҶУНУН  Ё  ҶУНУНИ  ФАЛСАФӢ

(10 декабри 1969, деҳаи Ал-Кадан)

Девори ақидавие, ки мо тифлони навзод ва навсафар даст-даст карда меравем, аз маҷмӯи хиштҳои нисбии фарсуда иборатанд. Ва дар сари ҳар қадам, ки мо даст мерасонем, он хиштҳо меафтанд ва моро ҳаросон мекунанд (-С.17).

     Замони мо ҳама гуна ақида ва масъалаҳои динӣ ва дунявиро ба бемаънигӣ баровард ва маҳкум кард. Ва ба ин кор ҳам ҳақ дорад. Ҳамзамонони ман на ба Худо бовар доранду на ба ҳизби худ ва на ба шахсияти хеш. Харобии маънавӣ рӯз то рӯз ба вай [инсони муосир] фишор меоварад. Гӯё ҳақиқати мутлақ ба ӯ дастрас ва муяссар шуда бошад, ки он ҳам аз ин иборат аст: ҳастии мо ҳеҷ маъное надорад. Ба ҷои сидқ, боварӣ ва имон-риёкории расмӣ ҳукмфармо гардидааст (-С.17). На аз буданамон шод ҳастему на аз мурданамон афсӯс мехӯрем. Зеро мо на чун шахсият аз дунё меравем, балки чун ҷузъ ва пораи ночизи чизи бутун ва том ҳастем, ки аз рафтани мо ба ин чизи том ва тамом халале ворид намегардад. Ҳама гуна кӯшишу ҷустуҷӯҳои мо дар роҳи ҳақиқат ба он меанҷомад, ки дар дили мо ҳасрати хеле ва хеле амиқро шуълавар мекунад ва мо дар нимароҳи маърифати ҳастӣ,  ҳайрону саргардон шуда мемонем. Роҳи мо на ба пеш кушода асту на ба қафо (-С.18). Мо на ба гузашта ҳисобамонро баробар карда метавонему на ба ҳозира ва оянда. Ҳар се тарафро мо фақат фикран сайр мекунем. Ин се ҷиҳат риштаи сардаргумеро мемонад, ки мо як умр овораи ҷустуҷӯи бесамар мебошем. Бояд аз худ пурсид:

-Охир чӣ маъно дорад ин ҷаҳон, бо худии худаш?

-Оё олам маҳз дар ҳамин шаклу намуди  ҳозира  зоҳир шуданаш лозим буд?

-Агар дар шакли дигаре биояд,  ин чӣ маъное хоҳад дошт?

-Агар ҳастии инсон тасодуфи олами вуҷуд бошад, пас ҳастии олами вуҷуд ба кадом тасодуф мансуб аст?

-Агар олам абадист, пас худи абадият чист?

-Абад ва абадият ҷавоб нест,  балки бо худии худ савол аст. Саволи асосӣ ва ҷавҳарӣ. Ин саволро бояд пайгирӣ кард!

-Гумроҳиҳои мо одамон аз ҳаракат аст, вале ҷавоби олами ҳастӣ ба он сукуту хомӯшии мутлақи худ аз чӣ иборат аст? [ Ҷаҳони хомӯши аз хирад бегона].

-Худфиребиҳои мо дониш аст ва дониши вижа ва тасвирнопазир аст. Донише беназир ва хос танҳо ба худи мо одамони миранда.

-Ҳама чизро донистан имкон надорад ва агар имкон дошта бошад ҳам, он дониш ба касе лозим нест. Яъне баъди он ки ҳама чиз фаҳмида шуд, онгоҳ саволе ба миён меояд, ки пас, чӣ бояд кард? Наход ки ҳастии олам аз ҳамин иборат бошад? (-С.19) То худи инсон ба абадият нарасад, раванди саволгузорӣ қатъ намегардад.

 

[ФАЛСАФАИ ҲАСТӢ ВА ФАЛСАФАИ ИҶТИМОӢ]

(23 декабри 1969, Ал-Кадан)

Бисёре аз донишмандон, ҳангоме ки ба масъалаҳои фалсафӣ даст мезананд, пеш аз ҳама, онҳоро ҳаёти ҳаррӯзаи ҷамъият ба худ ҷалб мекунад (-С.19). Ҳақиқатан ҳам, фалсафа бе ҷамъият ва бе одамон ба кӣ даркор аст? Албатта, ба ҳеҷ кас! Аз ин ҷиҳат онҳо (донишмандон) кӯшиш мекунанд, ки роҳе ёфта, мардумро аз машаққату азоб наҷот диҳанд. Чуноне ки гуфтем, онҳо ҳақиқатро дар кори хайри мардум ба кор мебаранд.

Вале ба фикри ман дар ин масъала ду ҷиҳати асосӣ вуҷуд дорад, ки агар он ду ҷиҳатро бо ҳам омезем, ба нокомӣ дучор хоҳем шуд:

  1. Фалсафаи ҳастӣ ё худ вуҷуди олам новобаста аз одамон ва ҷомеа, бояд мавриди таҳлил қарор дода шавад.
  2. Фалсафаи иҷтимоӣ бояд вобаста ва тобеъи фалсафаи вуҷуд бошад. Ин, албатта, сухани нав нест, вале бояд гуфта шавад. Ба ин маъно, ки бояд ин сухан дорои фаҳмиши нав бошад (-С.19).

Фалсафа аз қадимтарин замон то имрӯз дар шакли омехта бо фалсафаи табиат ва ҷамъият буд ва ҳоло низ чунин аст. Ин ҳам сухани нав нест. Агар касе аз ҳамзамонони ман ин сатрҳоро хонад (бовар дорам, ки ин сатрҳо ба ҳеҷ кас дастрас нахоҳад шуд), чаро ки ин сатрҳоро ба расми маҳрамона танҳо барои худ навиштаам, бе шакку шубҳа, маро аҳмақ хоҳад хонд. Албатта ҳақ ба ҷониби вай аст. Инро ҳам бояд гуфт, ки на ҳама кас метавонад сазовори чунин унвоне бошад!

Аввалан: лозим меояд, ки фалсафаи ҳастиро чунон хунсардона баён кунем, ки гӯё мо худ ба ин ҳастӣ мансуб нестем. Ҳарчанд ки ҳақиқат талх аст, вале онро рӯирост гуфтан афзалтар ва муҳимтар аст, нисбат ба пинҳон доштанаш (-С.19-20). Ҳамаи ин дарҳамбарҳамиҳое, ки дар фалсафаи ҷаҳонӣ ҳукмфармо аст, аз он сабаб буда, ки файласуфони ҳамаи миллатҳо хеле нармдилӣ зоҳир намудаанд. Ман дар назди нармдилӣ ва хайрхоҳии ҳамаи файласуфҳо сари таъзим фуруд меорам. Вале инро ҳам бояд гуфт, ки нармдилӣ набояд риёкорона бошад. Ва набояд аз гумроҳиҳо замина ва сарчашмаи худро пайдо кунад (-С.20).

Сониян: на ин ки ба мисли рӯбоҳ ангури пухтаи ширинро, ки гирифтан натавонист, дурӯғи риёкорона гуфт, ки: “ин ангур турш аст!” Ҳамин тавр, мо одамон низ дар аксар вақтҳо дар фаҳмиш ва шинохти табиат оҷизӣ ва нотавонии худро эҳсос намуда, ба таври огоҳона ва ё нохудогоҳ мегӯем, ки: “олам фаҳмиданашаванда аст” (-С.20-21).

 

[ҶУНУНИ ФАЛСАФӢ]

(5 апрели 1970. Ал-Кадан. Комил Бекзода. Имзо)

 

Ҷунуни фалсафӣ чист? Ҷунуни фалсафӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи худи фалсафа аст. Вақте ки душман туро дар ҳангоми хоб буданат, ба ҳалокат мерасонад, аз ҷониби ту ягон осори муқовимати ҷисмонӣ ва фикрӣ зоҳир намешавад. Ва агар зоҳир шавад ҳам, ин маънои онро дорад, ки ту дер кардаӣ! Муқобилиятат бенатиҷа аст. Ҳамин тариқ, аксари мардумро табиат дар хоби ғафлат ба ҳалокат мерасонад. Вале шахси бедор ва огоҳ ба қадри имкон илман ва амалан ба муқобили душмани ғаддор ва маккор нақшаи амалиёти худро пешакӣ омода мекунад. Ҳамин тариқ, файласуф ва шахси бедорфикр ба муқобили табиати ҷаббор ва бераҳму шафқат, ки мисли қаҳрамони мо (яъне файласуф) сари чандин ҳазоронро аз даст додааст, шӯру исён мебардорад ва вай (табиат)-ро фош мекунад. Ва ба муқобили он аслиҳаи моддӣ ва маънавиро омода месозад. Муҳимаш ҳамин ки файласуф таслим намешавад. Ва бо умеди он ки аслиҳаи моддӣ ва маънавии вай дар оянда ин душман (олам)-ро хароб хоҳад кард, ҳатто ҳаёти шахсии худро ҳам дареғ намедорад.  

Аммо таслимшудагон (диндорон) дар зери бор ва шиканҷаи табиат ҳаёти худро ба анҷом мерасонанд (-С.22). Чаро ки бедор ва фаъол нестанд. Тарсӯ ва хушбоваранд. Ирода ва ҷасорати фикрӣ надоранд. Пассив ва зоҳидмашрабанд.

-Аслиҳаи моддӣ чист? Аслиҳаи моддӣ, пеш аз ҳама, ақидаи файласуф аст, ки оммаи мардум онро сармашқи кори худ карда, ба муқобили табиат ба по хестаанд. Ин муқовимат ифодаи моддии худро дар инқилобҳои мардумӣ ба муқобили низомҳои мавҷуда, ки таҷассуми ҳукмронии табиат аст, меёбад. Зеро низомҳои мавҷуда, пеш аз он ки одамон оянд ва ба чӣ буданаш фикр кунанд, ба вуҷуд омада буд. Шояд  мардумон ин низомҳоро давоми мантиқии ин табиати золим мешумориданд.

-Аслиҳаи маънавӣ чист? Аслиҳаи маънавӣ он аст, ки файласуф дар асоси далелҳои илмӣ, хато ва бемаънӣ будани итоаткориҳои мардумро дар назди олами вуҷуд исбот карда, онҳоро дар оянда ба мубориза бар зидди ин душмани хатарнок бармехезонад. Яъне вобастагии рӯҳии мардумонро, ки аз тарс нисбат ба ин олами даҳшатнок доранд, аз дили онҳо берун мекунад (-С.22).

[МОҶАРОИ ҲАҚИҚАТҲО]

(9 майи соли 1970, деҳаи Ал-Кадан)

 

Барои девонагӣ далелҳои басанда вуҷуд дорад. Дар зарбулмасали арабӣ гуфта шудааст, ки: “Ал-айну басиратун вал-яду қасиратун”-яъне: “Ба чашм дастрас аст, вале ба даст оварданаш аз имкон берун мебошад” (-С.23).

Андешаи маҳдуди (мағзи ночизи) одамӣ наметавонад бузургӣ ва азамати олами берунаро бо тамоми ҷузъиёташ  фаро гирад ва инъикос кунад. Фикри мо дар як лаҳза тамоми олами ҳастиро сайр менамояд, вале пои мо аз саҳни хонаи тангу тор берун рафтан наметавонад. Ин аз як тараф аст. Аз тарафи дигар, аҳли олам дар назди ҳақиқат сари таъзим хам мекунад. Аз ин гузашта, дар назди ҳама чиз сари таъзим фуруд овардан, шеваи меросии ғуломонаи қадимии башарият аст. Ҳақиқатҳои то ин вақт ба дастоварда, ҳамчун маъданҳои гаронбаҳое ҳастанд, ки барои коркарди онҳо дар Замини мо корхонаҳои коркарди ин маъданҳо, то ҳол ба вуҷуд оварда нашудааст. Ин маъданҳо ҳоло ҳам дар шакли хом дар анборҳои серхоку чанг гузошта мешаванд. Ҳарчанд ки аз судманд будани онҳо ҳама кас хабар дорад, вале то имрӯз касе аз онҳо фоидае надидааст (-С.23). Ҷустуҷӯи маъданҳои ҳақиқат ҳоло ҳам давом дорад. Ва ҷӯяндагон ҳам, ба умеди оянда машғули коранд.

Музди онҳо танҳо ин аст, ки маъдан ҳосил мекунанд. Ва аз арзиши он танҳо бовар доранду бас. Вале онро дар зиндагии воқеӣ мавриди озмоиш ва санҷиш қарор надодаанд. Вале ҳайҳот!!!

Мардум беҳуда ҳақиқат ҷустуҷӯ кардаанд. Чаро ки олам бо худии худаш ҳақиқат аст. Ҳақиқати воқеъӣ, реалӣ ва объективӣ. Дар олам чизи дурӯғ вуҷуд дошта наметавонад. Вуҷуди ҳақиқат аз ҳама ҷониб моро фаро гирифта аст. Дурӯғ ҳам дар навбати худ ҳақиқат дорад. Дар доираи ҳақиқатҳо чарх мезанад. Яъне: дурӯғи ҳақиқат! (-С.24).

Фақат мо одамон ҳастем, ки ин ҳақиқатҳоро дар забони заминии худ пасопеш (омехта) намуда, якеро бар дигаре афзалият медиҳем. Ин имтиёздиҳиҳо ва афзалиятдиҳиҳо аз табиати ботинӣ ва сиришти ашёҳо бар намеоянд, балки аз табиати инсонии мо сокинони Замин сарчашма мегиранд. Ҳақиқатҳоро ҳеҷ кас намеофарад, онҳо бо худии худ ва мустақилона вуҷуд доранд. Инсонҳо мувофиқи тамоилоти иҷтимоии худ аз олами ҳақиқатҳо барои худ мувофиқашро интихоб мекунанд (-С.24). Аммо дурӯғ аз куҷо пайдо мешавад? Дуруғ аз шикастапораҳои ҳақиқатҳо сохта мешавад. Худи ҳамин андеша, ки дурӯғ аз шикастапораҳои ҳақиқатҳои реалӣ сохта мешавад, бо худии худ ҳақиқат аст. Рӯи дигари ҳақиқат. Ҳақиқате, ки барои мо одамон дар ҳамин лаҳзаи мушаххас зарур ва лозим нест. Дар лаҳзаҳои дигар ин дурӯғ шояд дар либоси ҳақиқати лозим ва зарурӣ ҷилвагар шавад (-С.24). Ин ҳама бастагӣ дорад ба ҳолат ва вазъи зиндагии башарии мо дар ин олами сангу хишт. Ин олам даъвое надорад. Вале олами одамӣ саропо даъвост...Ҳамин даъвоҳои бе аввалу охири одамӣ, низоми ҳақиқатҳои ҷаҳонро ба ҳам мезанад ва интихоби инсониро пеш мегузорад.  Яъне инсон аст, ки арзишҳоро муайян мекунад. Ин арзишҳои инсонӣ ҳақиқатҳои баргузидаи инсоният ба шумор меоянд.

Пас, ҳақиқатҳо аз ду навъ иборатанд:

Якум: ҳақиқатҳои кайҳонӣ.

Дуюм: ҳақиқатҳои инсонӣ. Яъне: ҳақиқатҳои мурда (кайҳонӣ) ва ҳақиқатҳои зинда (инсонӣ).

Мо ҳаводори ҳақиқатҳои зиндаи инсонӣ ҳастем.

Хулоса: парастиши ҳақиқат ҳеҷ маъное надорад. Ҳақиқатро ба вуҷуд овардан мумкин нест. Вай бо худии худаш вуҷуд дорад. Дари кушодаро аз нав намекушоянд. Ин кор аз рӯи ақл нест (-С.24).

ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

 

(Ҷумҳурии Арабии Ямани Шимолӣ. Барномаи зироатии минтақаи Сурдуд. Деҳаи Ал-Кадан. Шаҳри Ҳудайда. 18-уми моҳи майи соли 1970 (Имзо). Соати 10 ва 37 дақиқаи шаб).

1.Он чи ки пеш аз навиштани ин хотирот дар дил доштам,  бар рӯи дафтар наомад.

2.Гӯё ин 26 саҳифаи дастхати дафтар ба куллӣ ба ман бегонаанд. Ва ба ин хотирот худам ҳам боварӣ надорам. Аммо навишта шудани онҳо ба ман вобаст набуд. Мисли он ки кадом як неру ва илҳоми ботиние маро водор намуд, ки ин сатрҳоро бинависам (-С.25).

3.Афкори умум моро чунон пахш ва ба хок  яксон намудааст, ки ҳатто шахс фикрҳои хусусии хешро низ бе олудагӣ аз афкори умум баён карда наметавонад.

4.Навиштани ин “Хотирот” санҷиши аввалин буд, ки мехостам худро имтиҳон кунам: оё ман метавонам бо каллаи худам фикр кунам? Ҷавоб ин аст, ки ман то ҳол барои ба каллаи худ фикр кардан, омода нестам. Вале муҳимаш ҳамин, ки барои бо каллаи худ фикр кардан, гӯё малакаи андаке дар ман вуҷуд доштааст (-С.25).

5.Бо ин навишта мехостам, ки диламро андаке сабук кунам. Ин сатрҳо мансуб ба фаъолияти ақлии ман буданд. Вале он чиро, ки эҳсос мекунам, дар ин дафтар навишта натавонистаам. Чаро ки барои ман аз ҳама муҳим ЭҲСОС аст. Фикр кардан барои ман-ин яъне эҳсос кардан аст (-С.26).

6.Ин “Хотирот” дар беҳтарин ҳолат баёни печида ва дурушти он китобҳоест, ки то ин замон хонда будам. Ва ҳоло ки дар деҳаи ямании Ал-Кадан барои хондан китобе вуҷуд надорад, ин фурсатро ғанимат дониста, ин ёддоштҳоро сабт кардам.

7.Дар ин “Хотирот” аз ақидаҳои шахсии муаллиф ному нишоне нест. Ҳамагӣ такрор ва бозгӯи мавзӯъҳои китобҳое ҳастанд, ки аз ин пеш дар шаҳри  Душанбе хонда будам.

8.Дар таърихи 3-юми моҳи июни соли 1970 муддати иқоматам дар Ҷумҳурии Арабии Яман (Ямани Шимолӣ) ба охир мерасад. Ва ба Маскав парвоз хоҳам кард. Ва бо ҳамин ба хотиранависӣ ҳам хотима медиҳам (-С.26).

Нависандаи ин рисола: Комил Бекзода, тарҷумони забони арабӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман аст. Шаҳри Ҳудайда, барномаи зироатии муштараки Яман-СССР дар Сурдуд,  деҳаи Ал-Кадан. Таърих: 1969-1970-и мелодӣ. Имзо: Комил Бекзода (-С.26).

¯¯¯

P.S. (Иловаи баъд аз баргардон аз хати форсӣ ба хати кириллик)

а) дар матни баргардоншуда чизе илова накардаам.

б) калимоти мушкилро дар қавсайн шарҳ додаам. Қавсайни ҳилолшакл: ();

в) калимоти иловашуда бар матнро дар байни қавсайни квадратӣ [ ] ҷой додаам;

г) сабки навишти матни аслӣ пурра нигоҳ дошта шудааст. Ба ҷузъ чанд маврид, ки ибораҳои такрориро мухтасар намудаам;

ғ) таърихи баргардон: субҳи 3-уми моҳи декабри соли 2018, рӯзи душанбе, дар маҳаллаи Меҳробод (Калинини собиқ), кӯчаи Сафарзода Зафар Абдулло, хонаи №3, шаҳри Душанбе.

Бо иштироки аҳли хонаводаам:

Нозанин Бекзода-духтарам.

Дидавар Бекзода-писарам.

Зулфонаи Саламшо-оилаи Дидавар.

Зебанда ва Бедор-фарзандони Дидавар.

Таърихи чопи компютерӣ:

16 феврали соли 2019, рӯзи шанбе.

Чопи компютерии рисола аз ҷониби Дидавар Бекзода иҷро гардид.

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (14), 2019

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

 

Хондан 2134 маротиба