Нусхаи чопи
Душанбе, 03 Сентябри 2018 07:05

Даҳ дастоварди беназири Истиқлолият

Муаллиф:

  Дар таърихи 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои Олии ҶТ), қарор ва изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

  Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

  Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 27 сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастоварҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шавад. Ҳамаи дастовардҳоеро, ки мо дар ин муддат ноил гардидем, номбар намудан ғайриимкон аст, вале ба назари мо, муҳимтарини онҳо аз инҳо иборатанд:

 1. Давлатдории миллӣ

 Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

 2. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа

Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳайё карда шавад.

 3. Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёкони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гириромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон дода шуданд.

Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо, аз як тараф, бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд доранд ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.

 4. Истиқлолияти давлатӣ – заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.

Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср - НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ба ғайр аз ин, дар сохтори иқтисодиёти кишвар, куллан дигаргунӣ ворид гардида, дар он асоси боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ гузошта ва фазои муътамади инвестиосионӣ фароҳам оварда шуд. Масалан, мувофиқи «Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», агар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2010, 107% бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2017, 121,3%-ро ташкил дод. Ҳамчунин содироти маҳсулот ба кишварҳои дигар, ки дар соли 2010, 77% буд, дар соли 2017, 146,3%-ро ташкил дод (Основные макроэкономические показатели Республики Таджикистан, (1995-2017). http://www.cisstat.com/rus/macro/tad.htm. Рӯзи муроҷиат – 31.08.2018).

 5. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги Истиқлолияти давлатӣ

Ироа гардидани паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, Паёмҳое, ки дар давоми 17 сол ба Маҷлиси Олии ҶТ ва метавон гуфт ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд. Албатта, ироаи Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон чанд масъалаи усулии онро баён намуд:

Якум, Паёмҳои Сарвари давлат дар худ ҷанбаи сафарбаркунандагӣ доранд. Яъне Паёмҳо ҳамасола ба Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод мегарданд ва худ ифодакунандаи ҳамон се ҳадафи стратегӣ мебошанд.

Дуюм, дар Паёмҳо хусусияти раҳнамоикунанда ифода ёфтааст. Воқеан, дар Паёмҳо фаъолияти яксолаи тамоми сохторҳои ҷомеа таҳлил ва ҷамъбаст ва вазифаҳои нав барои рушди соҳаҳо пешниҳод мегарданд.

Сеюм, Паёмҳо ҷанбаи барномавӣ доранд. Паёмро метавон ҳамчун барномаи солонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ шинохт.

Чорум, Паём ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ ва таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ дорад. Дар онҳо нуқтаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки онҳо ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд. Ин омил метавонад баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид шуран ва баҳри ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастани қишрҳои иҷтимоиро дар кишвар мусоидат менамояд.

 6. Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо да Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани Қонуни танзим нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму ойинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросимҳои воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан, равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор шур. Ҳамзамон дар ин муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад.

Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросимҳо ва анъанаҳо аз насл ба насл гузашта дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир сомон доран хеле зарур аст.

Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.

 7. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон – сиёсати хориҷии муваффақ

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

Инчунин дар давоми 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғ. мебошад.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо - Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.

8. Рушди маориф – дастоварди бузурги сиёсати дохилӣ

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи      амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас,баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия  намудани наслҳои наврасу ҷавон ҷомеа равона шудаанд.

 9. Истиқлолият ва таъмини озодии виҷдон

Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрӯияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Конунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар да ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд. Ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, ки бо риояи қонунуниятҳои амалкунанда фаъолияти худро пеш баранд. Албатта, принсипи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад. Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Ҳамин тариқ, Модели ҳамзистии муваффақи пайравони дину мазҳабҳо дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар ҷумҳурӣ пайравони динҳои гуногун ба масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои мазҳабии худ озодона мераванд.

 10. Ҷавонон ояндаи миллатанд

Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд.

Ҳамин тариқ, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳо зиёд бошанд ҳам, муҳимтаринашонро зикр намудем. Албатта, дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар муваффақиятҳои зиёде ба даст омада бошанд ҳам, вале барои рушди кишвар корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонд. Дар ин раванд яке аз иқдомоти муҳим мубориза бо фасод, хурофот ва дигар амалҳои нангин бояд бошад. Танҳо низоми афзалиятноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи камбизоатии мардум воситаи муҳим барои ба роҳ мондани ислоҳоти бузурги иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва тақвияти ваҳдати миллӣ буда, омили муҳимест барои давраи гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ бошад.

          

           Нусратулло ЗОКИРОВ,
котиби илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи илмҳои 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа

Хондан 4035 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр