JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 09 Апрели 2018 11:13

Айнӣ ва маорифпарварии миллӣ

Муаллиф:

  Масъалаи маорифпарварӣ ва мунавварфикрӣ дар аморати Бухоро, ки маркази тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб меёфт, аз ҷумлаи масоили муҳиму мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буда, дар доираҳои улуми филологӣ ва фалсафӣ солҳост, ки матраҳ шуда, пайваста мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи аморати Бухоро, ки қисмати зиёди нуфуси онро тоҷикон ташкил медоданд, бар асари ҷаҳлу нодонӣ ва хурофотпазирӣ вазъи буҳрониро аз сар мегузаронид ва фақри фикрию маънавӣ бар баданаҳои иҷтимои сахт тасаллут ёфта, роҳи наҷотро душвор намуда буд.

  Дар ин миён рӯшанфикрону донишмандони қаламрави Бухоро, ки худро дар рафъи буҳрони амиқи фикрӣ масъул медонистанд, бар он кӯшиданд, ки бо фаъолияти густурдаи фикрию фарҳангӣ ин мушкилоти саросариро ҳаллу фасл намоянд. Яке аз саромадони ин ҷараёни ба истилоҳ маорифпарвар ва ҳувиятсоз устод Садриддин Айнӣ буд. Устод Айнӣ, бо такя ба иттилоот ва манобеи дастрас китобҳое таълиф намуд, ки ҷомеаро  дар рафъи буҳрон ҷиддан кумак намуда, роҳи наҷоти ҷамоаи Бухорои амирсолориро мушаххас кард. Яке аз асарҳои калидии устод Айнӣ, ки ба мавзӯи танвири фикрӣ ва рӯшангарӣ дар Бухоро ихтисос ёфтааст, «Таърихи инқолоби фикрӣ дар Бухоро» унвон дошта, дар таъйини масири инқилоби фикрӣ дар қаламрави Бухорои амирӣ муътамадтарин манбаи таърихӣ ва илмӣ-таҳқиқӣ  маҳсуб мешавад.

  Устод дар китоби ихтисосии худ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», пеш аз ҳама, ба мубрамтарин масъалаи инсонӣ – бедорӣ ва инқилоби фикрӣ ҷиддӣ ва муфассал таваҷҷуҳ мекунад. Таъбири  «танвири  фикрӣ»,  ки мо аз он ҳамчун мафҳуми калидӣ истифода намудем, дар китоби мазкур сарандеша аст. Айнӣ тағйироти куллӣ, бедорӣ, рӯшангарӣ ва билохира озодии мардум (омма) – ро маҳз дар танвири фикрӣ мебинад. «Бе ҳузури раият, - мегӯяд устод Айнӣ, - ва бе танвири афкори омма инқилоби нофеъро мумкин намедонистам». Устод Айнӣ ба воситаи ин асар ҷузъиёту куллиёти ақибмондагии мардуми Бухороро бо далоили мушаххас нишон додааст. Сабаби ақибмондагӣ ва ҷаҳолати саросариро дар қаламрави аморат, Айнӣ дар бесаводӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, танпарварӣ, истибдод, золимӣ ва беадолатии амирону ҳокимон ва мударрисону қозиён дидааст. Вай бо афсӯсу надомат аз ин вазъи ногувор ёд мекунад: «Аз тарбияи авлод, аз таърихи олам, аз сиёсати дунё, аз тадбири манзил, аз маданияти ислому Аврупо бехабар будани ин фирқа (уламои дин) ва пайравонашон ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳамин бехабарӣ буд, ки дар аҳди амир Музаффархон вақти вуруди аскари Русия фоҷиаҳои зиёде ба амал омад».  Дар ин замина пурсише матраҳ мегардад бад-ин мазмун: бо он донишу маърифати маҳдуду костае, ки аз амиру кабир то раияти хокпош дар Бухоро доштааст, оё  мунтазир шудани  ислоҳот  имкон дошт? Гузашта аз ин, вазъ дар мадориси Бухоро, ки макони омода намудани мутахассисони коршоям будааст, хеле ва хеле нигаронкунанда ба назар мерасидааст. 
  Устод Айнӣ ҳамчун рӯшангари бузург ва маърифатпарвари миллӣ ҳанӯз хеле барвақт пай бурда буд, ки ягона роҳи мусоид ва муътадил барои расидан ба ҳадаф танвири афкори ҷомеа аст. Танвири афкор ба мактабу маориф ва мутолиаи ҷароид  сахт бастагӣ дорад. Ҳар қадар рӯзномаю ҷароиди гуногунмазмун ва пурмуҳтаво  дастраси ҷомеа гардад, ҳамон қадар сатҳи маорифпарварӣ ва танвири фикрӣ дар ҷомеа боло меравад.
Ҳамин тариқ, роҳи наҷоти ҷомеаи Бухороро устод Айнӣ дар илмомӯзӣ ва мутолиоти густурдаи рӯзномаю ҷароиди ҷадид медид. Устод дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» масъалаи маорифпарварӣ ва танвири афкори мардумро дунболагирӣ намуда, менависад: «Мутолиаи кутуб ва расоил, аз кадом қисм, ки бошад, ба танвири афкор хидмат мекунад». Устод Айнӣ ҳамчун маорифпарвар ва рӯшангари воқеии замон барои раҳоӣ бахшидани оммаи Бухоро аз ҷаҳолати саросарӣ дар баробари уламои мутаассиб ва ҳуккоми мустабид, ки дар он давр шуморашон рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш дошт, қад алам карда, дар ин роҳи душвору пуртаҳлука, ҳамчун марди ҷасуру шуҷоъ қадам зада, рисолати маорифпарвариашро муваффақона иҷро ва ба ин васила номашро дар таърихи фарҳанги миллӣ абадан сабт сохт. Ӯ аз миёни тараққихоҳони Бухоро аз нахустин шахсиятҳое буд, ки аз ақидааш дар мавриди босавод сохтани мардум барнагашт ва ягона роҳи тағйирот ворид кардан дар афкори умумро аз тариқи илму маърифат имконпазир донист. 
Дар марҳилаи дуюми фаъолияти созанда ва густурдаи худ устод Айнӣ (солҳои 1920 - 1954) масъалаи маорифи миллиро ба унвони масъалаи калидӣ дар низоми зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мадди назар қарор дод. Махсусан, солҳои барои миллату ҳукумати тоҷикӣ ҳассос (нимаи дуюми солҳои бистуми садаи бист) устод Айнӣ  тавассути мақолоти публитсистии худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (соли 1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (1924), «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон» (1925), «Кори Тоҷикистон гул карданист» (1925) ва амсоли инҳо муҳим ва калидӣ будани мактабу маорифи миллиро дар замони сохтмони ҷомеаи нави сотсиалистӣ арзёбӣ кардааст. Иқдому ташаббусоти устод Айнӣ дар самти маърифатнок кардани ҷомеа дар ду давра – дар давраи амирӣ ва давраи шӯравӣ ҳадафмандона пайгирӣ шуданд. 
  Боиси нигаронӣ он аст, ки дар шароити феълӣ як андоза ба буҳрони амиқи фикрию маънавӣ мувоҷеҳ шудани ҷомеаи тоҷикӣ, махсусан насли ҷавон ба назар мерасад ва ин камбуди ҷиддӣ аҳли дониш ва зиёи кишварро бетафовут гузошта наметавонад. Ба домани хурофоту таассуби асримиёнагӣ печидани насли ҷавон, ки ояндасозони Ватан маҳсуб меёбанд, боиси нигаронии амиқ аст. Маҳз насли ҷавони вақти Бухоро дар симои устод Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Ҳайрат, Ҳомидхоҷа ва дигарон бо истифода аз неруи илму дониш ва маърифат тавонистанд дар фазои тираву торики аморати манғитӣ чароғи бедории фикриро барафрӯзанд. Ба маҳофили адабӣ ва маърифатии насли ҷавони Бухоро майл кардан ва нисбат ба кори онҳо муҳаббат ва самимият варзидани иддае аз насли миёнсоли маърифатпарварони вақт боиси ҷони тоза гирифтани ҳаракатҳои маорифпарварӣ гардид. Устод Айнӣ аз забони яке аз чеҳраҳои озодандешу тараққихоҳи Бухорои вақт Мулло Амон, ки бо насли ҷавони пешқадам робита дошта, алайҳи бедодӣ, бесаводӣ, нодонӣ ва ҷаҳолати саросарии амирсолорӣ қад алам карда буд, овардааст: «Ман, ки фарзандони ватани худро дӯст медорам, беҳтарини онҳоро сахттар дӯст медорам, ки дил канда наметавонам». Ин қабил шахсиятҳои ҷасури миллӣ имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд ва бо ибтикору ташаббуси инфиродӣ метавонанд дар роҳи рушду тавсеаи илму маърифат саҳм бигиранд. 
Аксари мо, ки имрӯз дод аз зиёию зиёигарӣ мезанем, дар шароити феълии буҳрону бархӯрдҳои сиёсӣ ва тамаддунӣ ҳаққи бетараф ва тамошобин буданро надорем ва барои нишон додан ва ташхис намудани сабабу авомили таҳрикдиҳандаи ҷаҳолату хурофоти иҷтимоъ бояд аз осори арзишманди устод Айнӣ васеъ истифода намоем, то як дараҷа сатҳи буҳронҳои амиқи фикрию идеологиро, ки аз ҳар ҷиҳат ҷомеаи моро таҳдид мекунанд, коҳиш диҳем.

Нозим НУРЗОДА

Бознашр аз "Ҷумҳурият", http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=25040

Хондан 413 маротиба