JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 26 Июли 2018 05:49

Шоири яктои миллат

Муаллиф:

ШОИРИ ЯКТОИ МИЛЛАТ
(Дар сӯгвории устод Бозор Собир)

 

Аз Ватан то бар Ватан,
Як шоире буд,
Шоире бо шеъри бозоргир,
Шоире бо шеъри оламгир.
Шоире буд,
Шоири яктои миллат буд.

Аз Ватан то бар Ватан,
Як шоире буд,
Шоире бо шеъри рангин,
Шоире бо шеърҳои дилбарию дилнишин,
Шоире бо шеърҳои нозанин,
Шоире ашъори ӯ бо сатрҳои оташин,
Шоире буд,
Шоири яктои миллат буд.

Аз Ватан то бар Ватан,
Як шоире буд,
Бо Ватан буд,
Бо Ватан ҳамҷону тан буд,
Шоире, ки мисраҳои шеъри ӯ,
Худ як Ватан буд.
Шоири яктои миллат буд.

Аз Ватан то бар Ватан,
Як шоире буд,
Шоири бозорие ҳаргиз набуд ӯ,
Шоири бедорӣ буд ӯ,
Шоири рустоӣ буд ӯ,
Шоире, ки ифтихори шаҳриён шуд,
Шоире, ки ифтихори шаҳриён буд,
Шоире, ки шеъри ӯ ҳар маҳфилеро дар миён буд.
Шоири яктои миллат буд.

Аз Ватан то бар Ватан,
Як шоире буд,
Шоири яктои миллат буд,
Фахри миллат буд.

                                      Ҷумъахон Сайидалӣ

Хондан 1513 маротиба