JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Феврали 2018 03:51

«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ва зарурати бозшиносии ҳаводиси таърихӣ

Муаллиф:
Садриддин Айнӣ Садриддин Айнӣ

 Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.:Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сари кор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид.  Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ сар дароваранд ва дар рафъи буҳронҳои гуногуни мунтазира ва ғайримунтазира бо тасмимоти шахсӣ ва инфиродӣ саҳм бигирад.

 Дар шароити муосири бархӯрдҳои қудратҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шинохти илмӣ,  воқеӣ ва ҳирфавии меросу арзишҳои гузаштаю имрӯзаи миллӣ ва башарӣ стратегияи рақами як маҳсуб меёбад, зеро ки бидуни ташхиси дурусти осори пешина ва татбиқи илмии он дар вазъияти имрӯза сатҳи имкони поистан ва давом бахшидани фарҳангу сиёсати миллӣ пойин меравад. Иммунитет ё сироятнопазирии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ, мафкуравӣ ва билохира маънавӣ бо даст ёфтан ба илми зинда ва андӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд, дар баданаҳои ҷомеа маҳкам ҷой мегирад, қолаби ҷимонӣ ва равониро дар баробари вирус ва бактерияҳои гуногуни фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ ва мафкуравии бегона, ки тариқи таблиғоти рӯзафзуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар даҳсолаҳои ахир бар афкори наслҳои ҷавону миёнсоли ҷомеаи тоҷикӣ тасаллут пайдо карда истодааст, қудратманд месозад.

Қатъи назар аз он ки зиндагинома ва мероси арзишманди устод Айнӣ аз нимаи дуюми садаи бист то имрӯз зиёд пажӯҳиш шуда, роҷеъ ба шахсият, андешаву афкор, биниш, таълифот ва дар маҷмӯъ, насру назми устод китобу расоили бешумори илмӣ, илмӣ-оммавӣ, бадеӣ навишта шудааст, ҳоло ҳам зиндагӣ ва мероси нависанда ба таҳқиқ ва баррасӣ ниёз дорад ва бисёр паҳлуҳои дид, завқ, фаҳму фаросат, андеша, диққат, мушоҳида ва сабки нигариши иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафии ӯ ҳанӯз ношинохта боқӣ монда, интизори омӯзиш ва таҳкиқи ҷиддианд. Ҳатто дар зиндагиномаи устод Айнӣ ҳам метавон нукоти ҷолиби таваҷҷуҳи зиёде пайдо кард ва вобаста ба вазъу ҳол омӯзишу ташхис кард. Адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи тоҷик С. Табаров ҳамин масъаларо мадди назар қарор дода, таъкид карда буд, ки: «пажӯҳандагони эҷодиёти С. Айнӣ ба тарҷимаи ҳоли ӯ ҳаматарафа ошно нестанд»(Табаров С. Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ(1875-1899). –Душанбе: Матбуот, 2009. -С.2). Ин аст, ки устод Айнӣ нависанда, адиб, адабиётшинос, муаррих, донишманд ва мутафаккири миллист, ки миёни ҷаҳони кӯҳна (давраи амирсолорӣ) ва олами нав (замони ҳукумати Шӯроӣ) мунсифона доварӣ намуда, мушаххасоту муҳтавиёти расму маросим, одату эътиқод, маданияту маърифат ва тарзи зиндагии табақоти гуногуни иҷтимоии Бухорои амириро барои насли наврас ва ҷавони замони нав бозгӯ намуда, дар баёни матолиб ҳеҷ гоҳ ҳадди инсофро убур накардааст. Мушоҳида, диққат, дониш, биниш, завқу салиқа ва мунтаҳо, таҷриботи шахсии устод Айнӣ дар китоби «Ёддоштҳо» натиҷагирӣ шудааст. Муҳим он аст, ки устод Айнӣ бо зеҳни ҷӯёву пӯё, ҳунари мушоҳидакорӣ ва дақиқназарӣ ҷараёни воқеоту ҳаводиси замонро мушикофона пайгирӣ ва дар ин замина хомафарсоӣ карда, ҳаёти мардуми аморати Бухороро, ки худ ҷузъи он салтанати қафомондаи феодалӣ буд, бо мушоҳидакорӣ, дақиқсанҷӣ ва ҷиддияти ҳунарӣ муваффақона ба риштаи тасвири бадеӣ баркашидааст. Аз ин ҷост, ки «Ёддоштҳо» танҳо то нимаи аввали садаи бист (то солҳои 50-ум) ба 21 забони дунё пурра тарҷима шуд(ниг.:Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. –Душанбе: Дониш, 1966. -С.9).

«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ (1948-1954) асари ҷамъбастии нависанда буда(Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2010. -С.80), таҷрибаи ҳафтодсолаи таърихӣ, фикрӣ, сиёсӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии устодро дар бар гирифтааст. Дар ин хусус устод навиштааст: «Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас, дар ҳар кор дар охирҳои кораш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзоҳо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор… расидааст» (Айнӣ С. Ёддоштҳо. –Қисмҳои 1-2. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. –С.5). Доираи мутолиот, диду мушоҳидот ва донишу таҷрибот кифоят кард, ки устод Айнӣ дар таърихи адабу фарҳанги муосири тоҷикӣ дар қолаби ёддошт асаре гаронмоя побарҷо гузорад(ҳарчанд он нотмом аст). «Ин аст, ки,-менависад айнишиноси маъруфи тоҷик М. Шакурӣ,- дар «Ёддоштҳо» на танҳо таҷрибаи ёддоштнависии Айнӣ, балки умуман, таҷрибаи роз ва пурҷӯшу хурӯши ин пири хирадманд, таҷрибаҳои адабии ин нависандаи номдор ҷамъбаст шудааст» (Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. –Душанбе: Дониш, 1966. -С.11).

Дар доираи «Ёддоштҳо» ба риштаи тасвири бадеӣ баркашидани маҷмӯаи масоили муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ, таълимӣ-тадрисӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ кори саҳлу осон набуд ва устод Айнӣ силсилаи мушкилоти мубрами рӯзгорашро дар ин асар батартиб баён дошта, насли ҷавонро ба вуқуфи комил пайдо кардан аз ҳаводиси таърихӣ ва дарёфти воқеияти таърихӣ раҳнамун сохт. Дар зимн, муҳаққиқон яке аз сабабҳои таълифи «Ёддоштҳо»-ро ин нукта донистаанд, ки чашми ҷавонон ба таърих ва ҳаводиси таърихӣ беҳтар кушода шавад (Раҷабӣ Маъруф. Тадқиқи таърих – тадқиқи характер. –Душанбе: Адиб, 1990. -С.66). Сабақи таърихӣ ва дарси таърих гирифтан (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. –Душанбе: Дониш, 2012. -С.394) аз воқеиятҳо ва ҳаводиси нангину фалокатбор нишонаи масъулиятшиносӣ ва фарҳангсолории мардум маҳсуб меёбад.

Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки устод Айнӣ ба воқеияти даврони амирсолорӣ то фарорасии Инқилоби Октябрии русӣ (соли 1917) баҳои сиёсӣ додааст(ниг.:Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2010.-С.40). Фаротар аз ин, устод бо диди густардаи худ дар қолаби насри бадеӣ на танҳо ба масоили сиёсӣ, балки ба куллияи матолиби замон ва макони мушаххас (манзур Бухорои амирӣ аст) бархӯрди воқеӣ-реалӣ ва таҳлилӣ-таҳкиқӣ кардааст. Ба назари устод Шакурӣ, «фикри амиқи замонӣ, чашмандози пурвусъати маънавию фалсафӣ шакли адабиётро тағйир медиҳад ва бадеияти нав ба он фикри муҳим, ба он ҷустуҷӯҳои маънавию фалсафӣ қувваи азиме ато карда, барои таъсири амалии эстетикӣ замина тайёр менамояд»(Шукуров Муҳаммадҷон. Мактаби одамият. –Душанбе: Адиб, 1991. -С.191). Бо таваҷҷуҳ ба ин, устод Айнӣ ба «он фикри муҳим» ва «қувваи азим» тамаркуз карда, ин ду иборати меҳварии адабӣ-бедеиро дар инсиҷом оварда, ба сарманзили ҳадаф – бедории фикрӣ ва маънавии хонанда расидааст.    

Айнӣ ҳангоми тасвир ва баррасии мушкилоти замон ва беинзиботии аморат аз чеҳраҳои мунавварфикре мисли Аҳмадмахдуми Дониш, қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, Исомахдум, Шарифҷонмахдум, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Абдулхоҷаи Таҳсин, Мирзо Азими Сомии Бӯстӣ, Азизхоҷаи Азиз, Ҳомидбеки Ҳомид, Мирзо Ҳаити Саҳбо, Шамсиддинмахдуми Шоҳин, Мулло Амон ёдовар шуда, муқовимати ҳадафмандонаи ононро ба муқобили зулму истибдод ва ҷаҳолату таассуби замон дар сатҳи баланди бадеӣ ва маърифатӣ таҷассум намудааст. Яке аз қаҳрамонони маъруфи «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ Мулло Амон, ки ӯро метавон шахсияти ҷуръатманди мактаби равшанфикрии замон унвон кард, дар муқовимат алайҳи беинсофӣ, беадолатӣ, бетартибӣ, нодонӣ, ҷаҳолату хурофот ва таассуби мазҳабии ниҳоди ба истилоҳ, «муллоии амирсолорӣ»(нерумандтарин ниҳоди аморат муллоҳо маҳсуб меёфтанд, ки амир бевосита аз онҳо ҳимоят мекард) аз тамоми имконот истифода мекард. Устод Айнӣ дар боби «Набераи Файзӣ-авлиё»-и «Ёддоштҳо» дар мавриди ин шахсияти ҷасури миллӣ (Мулло Амон аз деҳаи Розмози тумани Вобканди Бухоро буд) мушаххас ёдовар шуда, аз улуми мантиқ ва ҳикмат огаҳ будани ӯро таъкид карда, навиштааст: «Мулло Амон аз илмҳои мадраса бештарин ба мантиқ ва ҳикмат машғулӣ мекард, илмҳои диниро – Қуръон, ҳадис ва фиқҳро «инҳо илм нестанд, инҳоро ҳар кас метавонад омӯзад, чунки ҳамагӣ дар китоб навишта шудааст. Илм он  аст, ки ақл дар вай кор кунад ва майдони фикрдавонӣ кушода шавад»(Айнӣ С. Ёддоштҳо(чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.–С.491-492). Мулло Амон ҳассосияти пурқувват ва эҳтиросоти пуртуғён дошта (ниг.: Шукуров М. Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ. –Душанбе: Ирфон, 1973. -С.35), дар баробари беадолатӣ ва таассуби динӣ меҷӯшаду мешӯрад ва мехурӯшад. Чунин шахсиятҳо, ки дар мактаби фикрию эҷодии Аҳмадмахдуми Дониш мунсаҷим шуда буданд, муфассал дар боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсуҳбатони ӯ»-и қисми сеюми «Ёддоштҳо» зикр ёфтаанд»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо(чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.–С.268-284). Устод Айнӣ дар муҳити Бухоро Аҳмади Донишро ба унвони раҳбари инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ёд карда (Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик. –Душанбе: Адиб, 2010. –С.200), дар чо-чои осораш, мувофиқи мақсад ва муносиби ҳол аз ӯ ҳамчун равшангар ва маорифпарвари беназир тамҷид намудааст. Мушаххасоти ниҳоди равшанфикрии миллӣ, ки раҳбараш Аҳмади Дониш буда, дар «Ёддоштҳо» батафсил дарҷ гардидааст, бояд имрӯз ҷиддӣ омӯхта шавад ва таҷрибаи муқовимати фикрӣ ва сиёсии он ба муқобили хурофоту таассуби динӣ-мазҳабии давр  ҳоло ҳам дархӯр ва омӯзанда аст.

Бо ҷиддият метавон тазаккур дод, ки имрӯз, бо назардошти вазъи геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талабот ба мутолиа ва омӯзиши бардавоми осори устод Айнӣ, махсусан «Ёддоштҳо» ба миён омадааст. Чаро омӯзиши осори Айнӣ, бавижа «Ёддоштҳо» имрӯз  ба зарурати таърихӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст? Чунки раванди ҳаводиси таърихӣ ва сиёсию фарҳангии охири садаи бист ва ибтидои асри бисту як дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон собит кард, ки аксари намояндагони ниҳодҳои гуногуни фикрӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии маҳдудаи миллӣ, бо он ки имконоти зиёди фаннию иттилоотӣ доранд, дар банди хурофоту таассуб гирифторанд ва дар рафъи мушкилот ва буҳронҳои бамиёномада на танҳо кумак намекунанд, балки дар бисёр маворид садди роҳи хирадгаройӣ ва фазилати ҷамъӣ, ки аз мабонии аслии низоми демократӣ ва мардумсолорӣ маҳсуб меёбанд, мешаванд. Албатта, иддае аз зиёиёни пешқадами мо аз мутолиоти фаровони адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ ва назариёти донишмандони минтақавию ҷаҳонӣ бархӯрдоранд, вале, ғолибан макони санҷишу эксперименти онҳо фазои берунӣ аст, на муҳити дохилӣ. Бинобар ин, татбиқи назариёти сиёсӣ, геосиёсӣ, мафкуравӣ, ҷомеашинохтӣ, равоншиносӣ, равонковӣ, фалсафӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо дар маҳдудаи маконию замонии миллӣ бояд сурат бигирад. Манзур ин аст, ки фазои татбиқи назариёти фавқи урупоиро метавон дар китобҳои устод Айнӣ, бахусус «Ёддоштҳо» пайдо кард ва масири ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва фарҳангии миллиро дуруст шинохт.

Шояд аксари зиёиён китоби «Ёддоштҳо»-ро хонда бошанд, вале инсон ҳар қадар солмандтар мешавад, ҳамон қадар таҷриба пайдо мекунад ва бо пайдо кардани таҷриба ва муҷаҳҳаз шудан бо дониши наву иттилооти тозаи илмию фаннӣ аз назари фикрӣ тағйири сифатӣ меёбад ва тағйироти сифатӣ биниши ӯро таҳкиму тавсеа мебахшад. Ин аст, ки ба матолиб бо дид ва нигоҳи тозатар, ки аз зиндагӣ, мушоҳида ва таҷриба бардошт кардааст, бархӯрд менамояд. Аз ин рӯ, мутолиаи бардавоми «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ба хонандаи закӣ ва муфаккир бардошти нав ба навро аз зиндагӣ, муҳит, фазо ва фоқеияти замону макони гузашта ато фармуда, қудрати гирифтани тасмимоти ҷиддиро дар баробари мушкилоти гуногун  як бар даҳ меафзояд. Набояд фаромӯш кард, ки Айнӣ ҳам баъди мутолиаи  «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш аз назари фикрӣ тағйир кард ва ба мушкилоти иҷтимоии замон вуҷудан пай бурд. «Аммо, вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ – бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, - навиштааст устод Айнӣ,-ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст»(инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод)»(ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо(чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.–С.548). Шинохти «аҳволи фалокатиштимол»-и Бухоро, ки бар пояи зулму истибдоди амирӣ ва сардамдорони он --- амир, қозӣ, муфтӣ, миршаб, амлокдор, мулло, имом ва амсоли онҳо бунёд ёфта буд, имрӯз ҳам дар симои созмону ҳаракатҳои террористию экстремистии динӣ-мазҳабӣ ҷомеаи мо ва умуман, ҷавомеи ҷаҳониро ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Бар мабнои ин, шинохти хасоиси ҷаҳл, таассуб ва хурофот, ки дар ҳар давру замоне аз худ асари беадолатӣ, беинзиботӣ, беназмӣ, беазмӣ, беиродагӣ, бегонасолорӣ, бешахсиятӣ ва билохира беҳувиятӣ мегузоранд, беш аз пеш дар китоби «Ёддоштҳо»-и Айнӣ ба таври равшану нишонрас  баён  ёфтаанд.

Мубориза бар зидди хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки хашинтарин навъи андешаи башарист,  хатти марказӣ ва меҳварии «Ёддоштҳо»-и устод Айниро ташкил медиҳад. Ин аст, ки мутолиаи бардавом ва ҷиддии асар барои тамоми табақоти иҷтимоӣ, бавижа элитаи сиёсӣ, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, масъулини сохторҳои фарҳангию маърифатӣ ва дар маҷмӯъ, интеллигенсияи миллӣ имкон медиҳад, ки фазо ва муҳити имрӯзӣ, ки, мутаассифона, тадриҷан ба сӯйи хурофоти асримиёнагӣ тамоюл пайдо карда истодааст, дуруст мушаххас гардад ва дар заминаи шинохт ва ташхиси авомили айнӣ ва зеҳнӣ(объективӣ ва субъективӣ)-и ҳаводиси замонию маконӣ роҳи минбаъдаи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, фикрӣ, сиёсӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  интихоб ва устуворона паймуда шавад.  

Нозим НУРЗОДА

 муҳаққиқ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№1 (9), 2018

Хондан 2359 маротиба