JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 31 Майи 2018 06:51

Ибни Сино ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ - эҳёгарони ҳикмати миллӣ

Муаллиф:

   Дар олами андешаи ирфонӣ ва фалсафии миллӣ Ибни Сино ва Шайх Шаҳобуддини Суҳравардӣ ҷойгоҳи вижаеро моликанд ва ин ҳар ду ба сифати бузургтарин андешамандони ду буъди (соҳаи) андешаи башарӣ – ирфон ва фалсафа шинохта ва пазируфта шудаанд. Муҳаққиқоне, ки дар риштаи ирфон ва фалсафаи форсӣ-тоҷикӣ тахассус доранд (аз ҷумла Сайид Ҳусайни Наср, Ҳенри Корбен, Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ, Атоуллоҳи Тадайюн, Абдурафеъи Ҳақиқат, Зиёуддини Саҷҷодӣ ва дигарон) бар он таъкид намудаанд, ки дар орову афкори ин ду шахсияти дар илм мутаолӣ дар масоили фалсафие, ки ба эҳёи андеша ва тафаккури миллӣ иртибот доштанд,  ҳамрангӣ ва наздикӣ мушоҳида мешавад.  Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан, мо тасмим гирифтем, сараввал роҷеъ ба шахсияти ирфонӣ ва фалсафии Шаҳобуддини Суҳравардӣ  маъруф ба «Шайхи ишроқ» иҷмолан иттилоъ бидиҳем (дар сурате ки шахсияти Ибни Сино машҳур аст ва ҳоҷат ба шиносонидан надорад).

  Дар таърихи тасаввуф ва ирфони исломӣ мо бо се мутасаввиф, ки ҳар се  Суҳравардӣ ном доранд, дучор меоем. Нахуст, Абунаҷиб Наҷибуддини Суҳравардӣ аз машоихи соҳибном буда, дар Бағдод нашъунамо кард ва дорулмулке таъсис намуд, ки дар таърих ба номи «Дор-ул-мулки Наҷибия» шуҳрат доштааст. Соли вафоти ӯро 563-и ҳиҷрӣ(1126-и мелодӣ) тахмин намудаанд.[1] Дувум, Шайх Шаҳобуддин Абуҳифз Умар бинни Муҳаммад бинни Абдуллоҳ бинни Амӯя Бикрии Суҳравардӣ, ки муаллифи китоби машҳури «Авориф-ул-маориф» буда, Шайх Саъдӣ ӯро муршид(пир)-и хеш медонистааст ва ҳангоми таҳсил дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод ба хонаи ӯ мерафта, аз мавъизаҳояш баҳраманд мегаштааст. Севум, Шаҳобуддин бинни Яҳё Амираки Суҳравардӣ машҳур ба «Шайхи ишроқ» ё «Шайхи мақтул».[2]

 Тибқи иттилои манобеъ, Абулфутӯҳ Шаҳобуддин Яҳё бинни Ҳабаш бинни Амираки Суҳравардӣ соли 549 –и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1155-56 –и мелодӣ дар қарияи Суҳраварди Занҷон(наздики Теҳрони имрӯза) ба дунё омадааст ва таҳсилоти аввалияи худро назди Маҷдуддини Ҷилӣ дар Мароға ва таҳсилоти болотарро назди Зоҳируддини Қорӣ дар Исфаҳон ба поён расонидааст. Дар ин давра ӯ бо яке аз намояндагони барҷастаи илми каломи исломӣ Имом Фахруддини Розӣ ҳаммактаб буд.[3] Дар шаҳрҳои Бағдод ва Ҳалаб бо машоихи сӯфия ва донишмандон мусоҳиб шуд ва пиру муршидаш Маҷдуддини Ҷилӣ завқу ваҷду закои ӯро дида, Шаҳобуддинро ба кашфу шуҳуд хонд. Дар Ҳалаб бо Малик Зоҳир – подшоҳи он дӯстӣ пайдо кард. Бо уламои салатанати Малик Зоҳир ба мунозира мепардохт ва чун уламои он замон, хосса, уламои дарбор хеле мутаассиб буданд, ба тозиёнаи баҳси ин ҷавони донишманд тоб наоварда, дар пайи шикасти ӯ шуданд. Уламо ба Малик Зоҳир шикоят бурда, хоҳони қатли ӯ шуданд, вале шоҳ аввал розӣ нашуд. Сипас, уламо назди падари Зоҳир шикоят карданд, ки  ин мард(Шаҳобуддини Суҳравардӣ) дину дунёро бар шумо мешӯронад. Ва падари Малик Зоҳир Салоҳуддини Аюбӣ писарро маҷбур сохт, ки фатвои қатли Суҳравардиро содир намояд. Ҳамин тариқ, бар асари таассуби шадиди уламои Ҳалаб Шаҳобуддини Суҳравардӣ соли 587-и ҳиҷрӣ /1191-и мелодӣ/ ба қатл расонида шуд. Аз ин сабаб, ба «Шайхи мақтул» низ мулаққаб шудааст.

  Дар муддати умри кӯтоҳи худ Суҳравардӣ асарҳои зиёди ирфонӣ ва фалсафӣ эҷод кард. Теъдоди асарҳои ӯро муҳаққиқон 45-то гуфтаанд.[4] Расоили арабии ӯ «Маториҳот», «Ҳикмат-ул-ишроқ», «Тавориқ-ул-анвор», «Лавомеъ-ул-анвор», «Ан-нағамот-ус-самовия», «Рисолат-ул-ғурбату ғарбията» ва таълифоти форсии Шайхи ишроқ «Партавнома», «Ҳаёкил-ун-нур», «Алвоҳи имодӣ», «Рисолат-ут-тайр», «Овози пари Ҷабраил», «Ақли Сурх», «Сафири Симурғ», «Яздоншинохт», «Фӣ ҳақиқат-ул-ашё  ё Мунис-ул-ушшоқ», «Луғати мурон» ва ғайра дар рушду тавсеаи фалсафаи ирфону тасаввуф, билхусус, фалсафаи ишроқӣ(интуитивӣ), ки худ асосгузори ин ҷараёни фикрӣ дар асрҳои миёна маҳсуб мешуд, нақши муассир гузоштанд.

  «Шайхи ишроқ» унвон гирифтани Шаҳобуддини Суҳравардӣ бад-он хотир будааст, ки ӯ ҳикмати ишроқиро ба майдони маърифати исломӣ ворид сохт. Суҳравардӣ таъкид мекунад, ки ҳар кӣ аз фалсафаи арастуӣ, мантиқу риёзиёт ва тасаввуф  ба хубӣ огоҳӣ дорад ва аз таассубу гуноҳ дур аст, бо эҳсоси дарунӣ ҳақиқати ҳикмати ишроқиро пай мебарад[5]. Ӯ дар даврони исломӣ нахустин касе буд, ки бо шева ва тариқаи махсус, бо шуҳуди ботинӣ ҳикмати ишроқро ба майдон овард.     Ҳикмати ишроқӣ мушоҳидае виҷдонӣ ва муоинае ирфонӣ аст, ки ба василаи он ҳақиқати вуҷуд,  чунонки ҳаст,  падидор мегардад.[6] Ба таъбири содатар, ҳикмати ишроқ ҳикмати пешиниён – аҷдодони  мо мебошад, ки бар асари таҳоҷуму ҳамалоти аҷнабӣ аз байн рафта буд ва дар асрҳои миёна, бо ба вуҷуд омадани манбаъу заминаҳои иҷтимоию фикрӣ муҷаддадан ба майдони баҳсу андеша ворид гардид.

  Дар маркази ҳикмати аҷдодӣ нуру рӯшноӣ меистад. Тибқи таълимоти ишроқӣ, нур ва рӯшноӣ асос, бунёд, реша ва тору пуди ҳастиро ташкил мекунад. Ишроқ фалсафаҳои қабл аз зардуштӣ, зардуштӣ, монавӣ, юнониро дар худ таҷассум мекунад. Суҳравардӣ ба тамоми фалсафа ва андешаҳои дар замонаш роиҷбуда  эҳтиром дошт ва аслан, худро вориси ду суннати фикрӣ: эронӣ  ва юнонӣ медонист ва чунин андеша дошт, ки ҳамаи фарзонагони қадим шореҳи як ҳақиқати маънавианд. Ӯ фалсафа ва ҳикмати хусравонӣ ва паҳлавии Эрони бостонро, ки минбаъд дар ҳикмати юнонӣ нуфуз пайдо карда буд, ба ирфон ва ҳикмати исломӣ пайваст.[7] Акнун ба масъалаи муносиботи маънавӣ ва фикрии Ибни Сино ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ мутаваҷҷеҳ мешавем.

  Ибни Сино пайрави фалсафаи машшоӣ (ақлӣ, назарӣ) ё ба истилоҳ, арастуӣ буд ва ба қавли муҳаққиқон, Шайхурраис дар охири умр ба фалсафаи аҷдодӣ, яъне ба ҳикмати ишроқӣ (завқӣ-интуитивӣ) рӯ овард ва дар ин боб осори гаронбаҳое бо номи «Ҳикмат-ул-машриқийин» нигошт, ки қисмати ночизе аз он бо номи «Мантиқ-ул- машриқийин» боқӣ мондааст.[8] Дар рисолаи «Фӣ моҳияти ишқ»  Ибни Сино аз манобеи афлотунӣ, арастуӣ ва плотинӣ ёд ва дар партави андешаҳои онон хомафарсоӣ мекунад. Ибни Сино дар натиҷаи омӯзиш ва таҳқиқи муфассали ҳикмати Юнон ба натиҷае мерасад, ки сарчашмаи афкори юнонӣ ҳамон ҳикмати завқӣ ё ишроқист, ки ниёконаш онро ба вуҷуд овардаанд ва минбаъд дар ҳикмати юнонӣ тадовум пайдо кардааст.[9] Таъсири андешаҳои Афлотун ва Плотинро, ки Суҳравардӣ ононро идомадиҳандагони ҳикмати ишроқӣ медонист, метавон дар рисолаҳои «Ҳай бинни Яқзон», «Саломон ва Абсол», «Ат-тайр» ва қасидаи «Айния»-и Ибни Сино мушоҳида кард, ки ба гунаи рамзӣ нигориш ёфтаанд.[10]

  Шайхи ишроқ фалсафаи ниёгони худро, ки бар пояи андеша ва завқ  таҳия шуд буд, дар даврони исломӣ эҳё кард ва онро бар мабнои ҳикмати юнонӣ устувор сохт. Суҳравардӣ ба се ҳакими бостонӣ: Ҳермис, ки уламои исломӣ ӯро Идрис пайғамбар гуфтаанд, Зардушт ва Афлотун сахт эътиқод дошта, худро пайрави онон медонист. Ӯ Ҳермисро «Волид-ул-ҳукамо»(Падари ҳакимон), Зардуштро «Ҳакими  фозил» ва Афлотунро «Имом-ул-ҳикмат» (Пешвои ҳикмат) номида,  Афлотунро  «раиси ҳукамои ишроқӣ» ва Арастуро «Раиси ҳукамои машшоӣ» муаррифӣ кардааст.[11] Дар ҷаҳони андешаи фалсафии асрҳои миёна  ду ҷараёни овозадори фикрӣ: машшоӣ (Арасту) ва ишроқӣ (Афлотун) мутадовил буд. Шаҳобуддини Суҳравардӣ бунёдгузори фалсафаи ишроқӣ дар Шарқ ва Ибни Сино асосгузори фалсафаи машшоӣ дар ҷаҳони ислом маҳсуб меёбанд. Суҳравардӣ ба фалсафаи Ибни Сино ихлос дошт, то ҷое   иддаъо кардааст, ки кори фалсафаи ишроқии худро аз ҷойе шурӯъ намудааст, ки Ибни Сино фалсафаашро дар он ҷо ба поён расонидааст.[12] Ба таъбири дигар, Суҳравардӣ аз мақтаъгоҳи фалсафаи Ибни Сино андешаи ишроқиро оғоз кардааст. Зимнан, Ибни Сино, ҳикмати машшоии худро ҳикмати ом (омма) ва ҳикмати машриқӣ (ишроқӣ)-ро ҳикмати хавос (хосон) хондааст.[13]

  Чи навъе  ки дар боло тазаккур додем, Шайхи ишроқ ба осори Ибни Сино, хусусан асарҳои дар овохири умр  таълифнамудаи ӯ бештар ихлос ва алоқамандӣ доштааст. Аз рӯйи нақли Шаҳрзӯрӣ, Шайхи ишроқ «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро тарҷума кардааст.[14] Шаҳобуддини Суҳравардӣ дар ду рисолаи худ, ки яке бо номи «Ғурбату-л- ғарбия» ва дигаре «Рисолат-ут-тайр» маълуманд, ба расоили Ибни Сино ва ҳикмати машриқии ӯ истинод кардааст. Дар ин замина ӯ таъкид намудааст, ки баъди хондани қиссаҳои «Саломон ва Абсол», «Ҳай бинни Яқзон», «Ат-тайр» хостам баъзе навоқисе, ки дар қиссаҳои Ибни Сино, аз назари ишроқу шуҳуд вуҷуд дошт, ислоҳ намоям. Ба ин далел, ба тариқи рамз достони «Қиссат-ул-ғурбату-л ғарбия»-ро навиштам.[15] Шайхи ишроқ ба ин назар буд, ки дар қиссаҳои ирфонии Ибни Сино «Ат-тайр», «Саломон ва Абсол», «Ҳай бинни Яқзон» назариёте вуҷуд доранд, ки дур аз таъолими Арастуанд, яъне ин назарот ишроқианд. Ба қавли Ибни Сино, такомул ва висол ба марҳилаи ишроқ роҳест, ки аз он бозгашт нест ва ҳар кӣ ба Машриқ сафар кард, аз он олами анвор боз намегардад.[16]

  Дар «Ҳикмат-ул-машриқийин» Ибни Сино аз шеваи машшоӣ канорагирӣ мекунад ва таъкид месозад, ки асарҳои қаблиам барои омма таълиф шудаанд ва акнун ҳикмати машриқиро барои хоссагон менависам. Дар ин асар Ибни Сино ба фалсафаи бостонии эронӣ руҷӯъ мекунад ва бад-ин тариқа дар эҳёи ҳикмати миллӣ саҳм мегирад. Мутаассифона, аз ин осори гаронмояи Ибни Сино нукоти парешоне боқӣ мондааст. Ба ҳар сурат, Шайхи ишроқ дар ин ҷода  аз Ибни Сино таъсир пазируфтааст. Фарқи асосии назароти ишроқии Ибни Сино, ки  дар «Ҳикмат-ул-машриқийин» ба таври мармуз ифода ёфтаанд, аз орои Суҳравардӣ дар он аст, ки Шайхи ишроқ дар корбурди тамсилот ва ташбеҳот аз таъолими ҳукамои хусравонӣ (ҳакимони зардуштӣ дар давраи Сосониён) барои исботи назарияи «Нур ва зулмат»-и хеш матолибе ҷолиб овардааст.[17]

  Суҳравардӣ бар асари ихлосу иродатмандии  зиёде, ки ба ҳикмати машриқии Ибни Сино дошт,  дар  пайравии ӯ «Рисолат-ут-тайр»-и худро менависад ва дар он аз мароҳили маърифат ва шинохти ҳақиқат бо шеваи завқу ишроқ ва кашфу шуҳуд (интуитсия) қисса мекунад. Қиссаи «Ат-тайр»-и Ибни Сино ва «Рисолат-ут-тайр»-и Суҳравардӣ ба ҳам мушобеҳанд. Шабоҳат то дараҷаест, ки ҳадсу гумонҳоро дар мавриди аз забони арабӣ тарҷума кардани қиссаи мазкурро аз тарафи Шайхи ишроқ қавӣ месозад. Ба сухани дигар, чунин ба назар мерасад, ки Суҳравардӣ қиссаи «Ат-тайр»-и Ибни Синоро  аз арабӣ хеле олӣ тарҷума кардааст, вале муҳаққиқон моли Суҳравардӣ будани «Рисолат-ут-тайр»-ро яқин кардаанд.[18]  Худи Суҳравардӣ таъкид мекунад: «Ман осори Ибни Сино ва Форобиро хондаам ва «Рисолат-ут-тайр»- и ман аз рисолаҳои «Ат-тайр»-и Ибни Сино ва Имом Ғаззолӣ нашъат гирифтааст»[19].

  Ибни Сино тавассути қиссаҳои адабӣ-фалсафии «Ат-тайр», «Саломон ва Абсол», «Ҳай бинни Яқзон» ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ ба василаи насри бадеӣ-ирфонии ба форсӣ таълифнамудаи худ: «Партавнома», «Ҳаёкил-ун-нур», «Алвоҳи имодӣ», «Рисолат-ут-тайр», «Овози пари Ҷабраил», «Ақли Сурх», «Сафири Симурғ», «Яздоншинохт», «Фӣ ҳақиқат-ул-ашё ё Мунис-ул-ушшоқ», «Луғати мӯрон» шинохт ва маърифати олами моддӣ ва маънавиро ба тариқи рамзу тамсил ва ташбеҳоту истиорот таҷассум намудаанд. Онҳо роҳи раҳоиро аз нодонию ҷаҳолат дар доноӣ ва огоҳӣ дида, инсонро ба шинохти воқеият ва маърифати ҳақиқат аз тариқи паймудани марҳилаҳои диққату муроқибат ва донишу маърифат (сайру такомули ақлонӣ ва ишроқӣ) даъат намудаанд.[20]

  Ибни Сино дар намат(қисм)-и 9-уми китоби «Ишорот ват-танбеҳот» ба масъалаи ирфон ва орифон таваҷҷуҳ намуда, роҷеъ ба аҳволу мартабаи онҳо бо иштиёқмандӣ изҳори назар кардааст: «Орифонро мақомот ва дараҷоте аст, ки дар дори дунё бад-он махсус мебошанд ва дигарон аз он бебаҳраанд; ба зоҳир дар қолаби ҷисмонии тан қарор доранд, вале дарвоқеъ, онро андохта ва аз он муҷаррад шуда ва ба олами қудс боло рафтаанд. Эшонро асроре аст, ки аз дигарон пинҳон буда; низ умуре аз эшон зоҳир мешавад, ҳар кӣ онро идрок кунад, азим мешуморад»[21]. Бад-ин минвол, робита ва муносиботи маънавии Шайхи ишроқ Шаҳобуддини Суҳравардӣ бо Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар асрҳои миёна сурат гирифт ва натоиҷи дилхоҳ ба бор овард.

  Фалсафа ва ҳикмати хусравонӣ ва раванди омӯзишу пазириши фарҳанги аҷдодӣ (ишроқӣ) тавассути афкори Суҳравардӣ ва мактаби ирфонӣ-фалсафии ӯ – ишроқия ва минбаъд «суҳравардия» дар ҳавзаҳои мухталифи фикрии асрҳои миёна то хеле муддат идома пайдо кард.

  Натиҷаи матлаби иҷмолиро, ки ба мубтакирон ва идомабахшони фалсафаи миллӣ-аҷдодӣ дар асрҳои миёна -- Ибни Сино ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ ихтисос ёфтааст, метавон дар ин чанд нуқта хулоса ва ҷамъбаст кард:

1.Агар Ибни Сино поягузори мактаби машшоӣ(арастуӣ) дар даврони исломӣ муаррифӣ шуда бошад, Шаҳобуддини Суҳравардӣ бунёдгузори ҳикмати ишроқӣ(хусравонӣ-паҳлавӣ) дар Машриқзамин маҳсуб меёбад.

2.Ибни Сино дар авохири зиндагӣ ба фалсафаи аҷдодӣ-миллии худ, ки баъдтар таҳти истилоҳи «ҳикмати хусравонӣ» (ҳикмати ишроқӣ-машриқӣ)  дар қаламрави андешаи эронитаборон(форсу тоҷикон)  мавриди омӯзишу пазириш қарор гирифт, руҷӯъ кард, яъне ба асли фалсафаи миллӣ бозгашт. Суҳравардӣ бошад, ин нуктаро аз оғоз, ҳангоми таҳсил дар Мароға, Исфаҳон ва Шероз дарёфта буд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки дар ҳавзаҳои таълимӣ-тадрисӣ, фикрӣ ва илмии асримиёнагӣ мероси арзишманди ниёкон – ҳикмати паҳлавӣ ё хусравонӣ то дер замоне  мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода мешудааст.[22]

3. Ибни Сино ва ҳам Шаҳобуддини Суҳравардӣ аз ҷуръат ва ҷасорати беандоза бархӯрдор буданд. Махсусан, ҷуръату ҷасорати Шайхи ишроқ боиси истиқболи гарми ҳакимону мутасаввифони минбаъда гардид. Дар чандин ҷаласаи додгоҳи шаҳри Ҳалаб, ки ба хотири қатли Суҳравардӣ аз ҷониби уламои мутаассиб ташкил шуда буд, ӯ аз андеша ва бовари фалсафии хеш барнагашт ва дар ҳимояи ирфони фалсафӣ-ишроқӣ, то охир, бидуни тарсу ҳарос ҷаҳду талош варзид. Ин иқдом, ки бар мабнои ҷуръату ҷасорати иҷтимоӣ ва фикрии ҳакими ишроқӣ сурат гирифта буд, боиси он гардид, ки ӯ дар ҷаҳони андешаи ирфонӣ ва фалсафӣ ба сифати бузургтарин ҳаким ва орифи миллӣ шинохта ва пазируфта шавад.

4.Ибни Сино дар «Ҳикмат-ул-машриқийин», қиссаҳои адабӣ-фалсафии «Ат-тайр», «Ҳай бинни  Яқзон», «Саломон ва Абсол», «Қасидаи айния»  ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ  дар ҳамаи асарҳояш, ки миқдоран 47-то оморгирӣ шудаанд, ба баёни ҳикмати завқӣ-ишроқӣ(интуитивӣ) пардохтаанд. Ривояте то имрӯз дар ҳавзаҳои баҳсӣ побарҷост ба ин мазмун, ки вақте аз Суҳравардӣ мепурсанд:  Ту афзалӣ ё Ибни Сино?  Посух медиҳад: «Дар ҳикмати баҳсӣ (назарӣ -- Н.Н.)бо ӯ баробар ё болотар, валекин дар ҳикмати завқӣ(интуитивӣ -- Н.Н.) аз ӯ афзалам».[23] Муҳаққиқи асримиёнагии таърихи фалсафа Шаҳрзӯрӣ, ки дар шарҳи оро ва андешаи Суҳравардӣ таълифот анҷом додааст, дар ҳикмати завқӣ ва баҳсӣ хеле моҳир будани ӯро тасдиқ кардааст.[24]

5.Натиҷаи ҷаҳду талошҳои  устувор ва самимонаи ин ду абармарди майдони андешаи фалсафӣ ва ирфонӣ ба ин анҷомид, ки минбаъд ҷараёни фикрии тозае бо номи ҳикмати мутаъолия дар симои Садруддини Шерозӣ(мулаққаб ба Мулло Садро), Мирдомод, Баҳоуддини Омулӣ(машҳур ба Шайх Баҳоӣ)  ва дигарон  ба вуҷуд омад  ва кори ҳикмати ишроқӣ  тавсеа  ва идома ёфт.

6.Ибни Сино ва Суҳравардӣ бо эҳёи суннати фикрӣ --  ҳикмати завқӣ ё ишроқӣ(машриқӣ)  дар ҷомеаи ғафлатзада, хурофотӣ ва бегонашудаи асримиёнагӣ, ки дар фақри маънавӣ ба сар мебурд, ғояи тозаи фалсафии аҷдодиро, ки дар бедории ақвоми дар зери асорати аҷнабӣ  қарордошта нақши муассир дошт, роҳандозӣ намуданд. Ҳадафи ниҳоии инқилоби фикрӣ, илмӣ ва фарҳангие, ки ин ду донишманд анҷом доданд, дар бедор кардани андешаи  аҳли ҷомеаи хурофотмаоби форсӣ-тоҷикии асрҳои миёна зоҳир мегардид, вале ин ҳадаф то имрӯз ношинохта боқӣ мондааст. Умед аст, ки муҳаққиқони муосири таърихи фалсафаи тоҷик таҳқиқи ин масъалаи ҳассоси миллиро дар оянда ҷиддӣ пайгирӣ менамоянд ва аз ин тариқ мушаххасоти ҳикмати машриқӣ ва ишроқӣ, ки фарогирандаи ҳувияти фалсафии миллианд, ба аҳли илму дониш ва фарҳангиёни минтақа ва ҷаҳон пешкаш мегардад.    

 Нозим НУРЗОДА 

 муҳаққиқ

Адабиётҳо:

[1] Атоуллоҳи Тадайюн. Шайхи ишроқ – мадеҳасарои нур. Теҳрон, 1377. С.24

[2]Атоуллоҳи Тадайюн. Шайхи ишроқ – мадеҳасарои нур. Теҳрон, 1377. С.26

[3]Зиёуддини Саҷҷодӣ. Муқаддимае бар мабонии ирфон ва тасаввуф. Теҳрон, 1372. С.121

[4]Маҷмўаи осори форсии Шайхи ишроқ. Теҳрон, 1373. С. 19

[5]Осаф Осафӣ. Мабонии фалсафа. Теҳрон: Огоҳ, 1370. С. 251.

[6]Ниг.: доктор Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ. Шуоъ, андеша ва шуҳуд дар фалсафаи Суҳравардӣ. Теҳрон: Ҳикмат, 1364. С.23

[7]Зиёуддини Саҷҷодӣ. Муқаддимае бар мабонии ирфон ва тасаввуф. Теҳрон, 1372. С. 124

[8]Шаҳобуддин Яҳё Суҳравардӣ. Ҳикмат-ул-ишроқ. Теҳрон, 1355. С.274

[9]Доктор Сайид Ҳусайни Наср. Назари мутафаккирони исломӣ дар бораи табиат. Теҳрон, 1342. С. 346

[10]Доктор Сайид Нурулҳақ Ковиш. Маҷмўаи мақолот. Ҷилди якум. Душанбе, 2000. С. 289

[11]Доктор Ғуломҳусайн Иброҳими  Динонӣ. Шуоъ, андеша ва шуҳуд дар фалсафаи Суҳравардӣ. Теҳрон: Ҳикмат, 1364. С. 24

[12]Доктор Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ. Моҷарои фикри фалсафӣ дар ҷаҳони ислом.  Ҷилди дувум.  Теҳрон, 1377. С. 210

[13]Доктор Сайид Ҳусайни Наср. Назари мутафаккирони  Шарқ дар бораи табиат. Теҳрон, 1377. С. 277

[14]Шаҳобуддин Яҳё Суҳравардӣ. Маҷмўаи мусаннифоти Шайхи ишроқ. Ҷилди 3. Теҳрон, 1373. С. 47

[15]Доктор Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ. Шуоъ, андеша ва шуҳуд дар фалсафаи Суҳравардӣ. Теҳрон: Ҳикмат, 1364. С. 488

[16]Атоуллоҳи Тадайюн. Шайхи ишроқ – мадеҳасарои нур. Теҳрон, 1377. С.125

[17]Атоуллоҳи Тадайюн. Шайхи ишроқ – мадеҳасарои нур. Теҳрон, 1377. С.126

[18]Шаҳобуддин Яҳё Суҳравардӣ. Маҷмўаи мусаннифоти Шайхи ишроқ. Ҷилди 3. Теҳрон, 1373. С. 47

[19] Атоуллоҳи Тадайюн. Шайхи ишроқ – мадеҳасарои нур. Теҳрон, 1377. С.154

[20]Доктор Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ. Фарҳанги асотир ва ишороти достонӣ дар адабиёти форсӣ. Теҳрон, 1369. С. 510-511

[21]Ниг.: Доктор Сайид Иброҳими Дебоҷӣ. Ибни Сино ба ривояти Ашкарӣ ва Ардаконӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1363. С.63

[22]Атоуллоҳи Тадайюн. Шайхи ишроқ – мадеҳасарои нур. Теҳрон, 1377. С.157

[23]Абдурафеъи Ҳақиқат. Таърихи улум ва фалсафаи иронӣ. Теҳрон, 1372. С.613

[24]Абдурафеъи Ҳақиқат. Таърихи улум ва фалсафаи иронӣ. Теҳрон, 1372. С.613

Хондан 2575 маротиба