JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар мақола образҳои мусбат ва манфии зан қайд карда мешавад. Устод Улуғзода дар романи «Восеъ» симои барҷастаи занҳоро низ хеле хуб офаридааст, ки онҳоро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард. Яке аз образҳои асосии роман Фотима буда, Фотима баландҳиммату бо виҷдон ва меҳрубон тасвир ёфтааст. Ҳамсари Восеъ Аноргул ва духтараш Гулизор низ дар роман ҳамчун ҷасуру диловар ва софдилу ростгӯ ба қалам дода шудаанд. Аз образҳои манфии занон махсусан ду нафар шоистаи зикр мебошанд: яке Марзия, ки нависанда ӯро «Зансурати морсифат» номидааст, дигаре Лутфия- «Зани мағрури хоргашта ва аламзада».
Панҷшанбе, 13 Июни 2019 09:22

Фирдавсӣ ва ойини ҷавонмардӣ

Муаллиф:
Ҳаким Абулқосим Мансур бинни Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ[1] шоири бузурги ҳамосасаро буда, яке аз шоирони машҳури ҷаҳону ситораи дурахшони осмони адаби форсӣ мебошад. Соли 934 дар деҳи Божи ноҳияи Табарони Тӯс, яъне ҳамон ҷо ки имрӯз оромгоҳи ӯст, дар хонаводае аз табақаи деҳқон чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Чунон ки медонем, деҳқонон як табақа аз моликон буданд, ки дар давраи Сосониён дар Эрон зиндагӣ мекарданд. Ба қавли Муҷтабо Минавӣ: «Деҳқон молики русто ё раиси шаҳрро гӯянд».[2] Деҳқонон табақаи фарҳангдӯсту бомаърифате буданд, ки расму ойин, одобу суннати волои Эрони бостонро ҳифз намуда…
Дар нимаҳои даҳаи сеюм ва чаҳоруми қарни XX мавзӯи нақсу мушкилоти алифбои кунунии форсӣ дубора дар матбуоти Эрон мавриди ҷаҳру баҳс қарор гирифт, ки дар он тарафдорони тағийри алифбо ва мухолифони сарсахти он баҳсҳои доманадореро ба роҳ андохтанд.
Сешанбе, 19 Марти 2019 06:42

Садриддин Айнӣ-устоди раҳнамо

Муаллиф:
 Муаллиф дар ин мақола раҳнамоии устод Айниро ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва профессор Расулхон Ҳодизода мавриди баррасӣ қарор додааст. Муаллиф баъди ба таври амид омӯхтани хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи он ҳарду, ба гуфтаю навиштаҳои онҳо такия карда ба чунин хулоса омадааст: Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Ҳодизода аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва баҳраҳо бардоштаанд.