JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 26 Сентябри 2017 11:44

Ғамхар

Муаллиф:
Аз рӯи одат ҳар саҳар як бор бозорро давр мезад. Донистан мехост, ки оё растаҳои холӣ аз меваю сабзавот пур шудаанд ё не. Баъди он ки бинои як вақтҳо касногузару касмабини ҳукумат аз ҷониби дастаҳои мухталифи мусаллаҳ зуд–зуд аз даст ба даст мегузаштагӣ шуд, бозор ҳам камодаму камчиз гардид. Дар ҳар шаҳр чанд ҷои муҳим ҳаст, ки аз зиндаву подор будани зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. Вақте ки фурудгоҳу вокзал ва бозор камодам шуд, пайдост, ки зиндагӣ дар ҷои худ таваққуф кардааст ва ё рӯ ба завол ниҳодааст.
Панҷшанбе, 14 Сентябри 2017 11:53

Шарики умр

Муаллиф:
 Аз роҳи саҳрои хаёлаш яку якбора корвони шубҳаву ноумедӣ ва тасдиқу инкор гузашт ва дар ин миён ӯ худро мусофири роҳгумзада тасаввур карда, парешону безобита гашт. Ибоде, ки ҳар қадамашро дониста мемонд ва ҳама кораш аз рӯи нақша сурат мегирифт, дар лаҳзае ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонист. На хомӯширо пеша ва на рози ниҳонашро ошкор карда метавонист. Агар ишора мекард, гумонбарияш, ки нишонаи торикии имон аст, тасдиқ мегардид. Агар ишора намекард, пурсиш идома ёфта, аз гап гап мебаромад ва уқдаҳои нокушодаи ин асрорро нохуни тези баҳсҳо мекушод.
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст, Он шиносад, ки дилаш бедор аст. Рӯдакӣ Дар таърихи илму адаби ҷаҳонӣ адабиёти форсӣ- тоҷикӣ маҳз бо шеъри ҳикматӣ мақоми баланд касб кардааст. Шеъри ҳикматӣ-фалсафӣ реша, бунёд, поя ва асоси адабиёти форсӣ-тоҷикӣ буда, дар ҷаҳони фарҳанги башарӣ бевосита бо асли фалсафӣ доштанаш маъруфият пайдо кардааст.Асолати фалсафии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бузургтарин муваффақияти илму фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб шудааст, то ҷое ки донишманди шаҳир ва муаррихи варзидаи илм Ҷорҷ Сартон таъкид мекунад, ки илми ҷаҳонӣ ду комёбии бузург дорад: яке фалсафаи юнонӣ ва дигаре адабиёти форсӣ (1, 17). Ин…
Тарбият ва ахлоқ дар гузашта муҳимтарин унсури зиндагии инсонӣ шинохта шуда, аз рӯйи қавли донишмандон, ба сифати фалсафаи амалӣ дар танзими фарҳанг ва маънавиёти башарӣ нақши калидӣ дорад (ниг.: Мораль и нравственность. –Москва, 2001. –С.9.). Масоили ахлоқӣ дар ҳамаи давру замон мадди назари ниҳодҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва донишмандону адибони ҷаҳон қарор доштанд, зеро арзиши воқеии зиндагӣ дар ҳикмати амалӣ, ки ҷавҳари он ахлоқ аст, ифода меёбад. Беҳуда нест, ки файласуфи маъруфи олмонӣ Карл Ясперс ахлоқро татбиқи фалсафаи қавму миллат дар арсаи зиндагӣ арзёбӣ кардааст (ниг.: Нурзода Н. Руҷӯи Ҷамшед. –Душанбе: Истеъдод,…