JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.:Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сари кор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид. Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ,…
Панҷшанбе, 09 Ноябри 2017 10:22

Хиёнат

Муаллиф:
Гулрӯ рӯзи шанбе, субҳи барвақт аз хоб хеста, азми сафари Душанбе кард. Ӯ ният дошт, ки бо фарзандонаш маслиҳат намуда, аз бозор ҷиҳози тӯйи домодии ду писарашро бихарад. Дар ду тарафи шоҳроҳи «Кӯлоб – Душанбе» майсаву себарга дамида, гулҳои лоларо насими сабуксайру атрогини саҳаргоҳӣ ба рақс оварда буд. Ба назар чунин менамуд, ки табиат дар дашту даман қолинҳои рангорангро густурда, оғӯши пурмеҳрашро ба истиқболи меҳмонҳои деринтизораш боз карда бошад.
Панҷшанбе, 02 Ноябри 2017 05:26

Аллома Аҳмад Махдуми Дониш

Муаллиф:
Замони зиндагӣ ва фаъолияти илмию эҷодии Аҳмад Маҳдум ибни Мирносир ал- Ҳанафӣ ал- Сиддиқии Бухороӣ, машҳур ба Аҳмад Махдуми Дониш (1827- 1897) нависанда, шоир, таърихнавис, донишманд, мунаққиди беназир ва ростравон, ходими намоёни ҷамъиятӣ, дар яке марказҳои таърихию фарҳангии Осиёи Миёна- Бухоро ҷараён гирифтааст, Осори гаронқадри адабию таърихӣ, илмии ӯ дар таърихи афкори иҷтимоию сиёсӣ, бадеӣ ба сифати мероси камназири адабию таърихии ин садаи мардумони Осиёи Марказӣ пазируфта шудааст. Дар замони ӯ симоҳои баноми адабу фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ чун Абдуқодирхоҷа Савдо (1823-1973), Шамсиддин Шоҳин( 1866- 1895), Абай Кунанбой (1845-1904), Токтогул…
Душанбе, 16 Октябри 2017 10:55

Имтиёз

Муаллиф:
 Амини Зуҳур, ки бо қомати баланду каллаи калон, рӯи гирди кунҷитакдору лабони кӯтоҳи ғафс ва чашмони бумию шиками дам ғули ҳақиқиро мемонд, ғавғокунон аз роҳи калон гузашта, ба тангкӯча даромад. Дар даст химчаву санг дошт, бисёр хашмгин менамуд.