JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Рӯзи 1 –2 – юуми феврали соли 2023 ба сайёраи мо Кометаи C/2022 E3(ZTF) аз масофаи наздиктарин мегузарад. Масофаи наздиктарини байни Замину ин комета ба 40 млн. км баробар мешавад. Дар ин наздикшавӣ дурахшонии комета ба 4,7 – 5,5 қадри ситорагӣ мерасад, ки бо чашми оддӣ диданаш имконпазир аст. Дарозии думаш бошад, ба 10 дараҷаи кунҷӣ мерасад. Имконияти дидани ин комета аз соати 3 –и шаб то баромадани Офтоб аст. Аммо шарти дидани ин комета ин берун аз шаҳр будан, осмони софу беғубор ва набудани Моҳ дар осмон аст. Мутаассифона аз сабаби номусоидии обу ҳаво дидани комета шояд ғайриимкон шавад. Ин комета дар нимкураи шимолии осмон буда, дар рӯзи зикр шуда дар байни ситораи қутбӣ (полярная звезда) ва бурҷи Хирси калон (Большая медведица) воқеъ мешавад.
Ба радифони сунъии Замин дастгоҳҳои кайҳоние дохил мешаванд, ки аз сатҳи Замин ба воситаи мушак (ракета) ба мадор бароварда мешаванд. Суръати якуми кайҳонӣ дар сатҳи Замин Суръатеро, ки барои бо мадори доиравӣ дар гирди сайёра давр задани ҷисм ба он бахшида мешавад, суръати якуми кайҳонӣ меноманд. Мадори радиф ҳамон вақт дар атрофи Замин доиравӣ мешавад, ки радиф дорои суръати якуми кайҳонӣ шавад. Агар радиф дорои суръати якуми кайхонӣ гардад он гоҳ ба сатҳи Замин наафтода бо мадори муайян дар атрофи Замин давр мезанад. Суръати якуми кайҳониро дар сатҳи дилхоҳ ҷирм бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд:
Ҷаҳони муосир зери хатарҳои зиёди табиӣ ва сунъӣ қарор дорад. Дар байни онҳо хавфи ба Замин афтидани ҷирмҳои осмонӣ, аниқтараш чирмҳои хурди Системаи офтобӣ мавҷуд аст. Ин ҷирмҳо одатан вобаста ба андоза ва хосиятҳояшон ба чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо ҷудо мешаванд. Параметри асосӣ, ки аз рӯи он ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ тасниф карда мешавад, андозаи онҳо аст. Ҳар як ҷирми хурди Системаи офтобӣ (чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо) дар вақти ҳаракати худ дар фазои коинот ба Замин наздик шуда, ба Замин афтода метавонанд.