JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Аввалин астероидро 31 декабри соли 1801 олими итолиёвӣ Ҷузеппе Пиатси кашф намуд. Онро Серера ном ниҳоданд. Серера калонтарин астероид ба шумор меравад, ки андозааш ба 977 км баробар аст. Масофаи миёнаи байни Офтобу Серера ба 2,77 в.а. (1в.а. – 1 воҳиди астрономӣ = 150 млн. км) баробар аст. Ногуфта намонад, ки ҳоло Серераро ба гурӯҳи паканасайёраҳо дохил намудаанд. Истилоҳи астероид аз калимаи юнонии астро-«ситора» ва оид «монанд» гирифта шуда, маънояш «ситорамонанд» мебошад. Истилоҳи астероидро олими машҳури асри 18 Уилям Ҳершел ба илми ситорашиносӣ дохил кард. Азбаски ин ҷирмҳо ҳангоми бо телескоп мушоҳида кардан чун ситораҳо медурахшанд, бинобар ин онҳоро бо чунин истилоҳ номгузорӣ кардаанд.
Сарсухан Об дар ташаккул ва фаъолияти ҳаёти организмҳои зинда аз он ҷумла инсон нақши муҳиме мебозад. Бе мавҷудияти об ҳаёти организмҳои зиндаро тасаввур кардан номумкин аст. Мувофиқи маълумотҳои биологӣ 70%-и бадани одамро об ташкил медиҳад.
Душанбе, 13 Марти 2023 13:24

Асрори сайёраи Миррих

Муаллиф:
Сайёраи Миррих, ки онро гузаштагони мо Баҳром меномиданд, мунаҷҷимони қадим онро ҳамчун барангезендаи ҷангу қитол меҳисобиданд. Сайёра аз сабаби ранги сурх доштанаш ба шарафи Худои ҷанг Миррих ном гирифтааст. Ин сайёра аз қадимулайём диққати мунаҷҷимонро ба худ ҷалб карда буд, ва ҳоло низ ҷалб карда истодааст. Ин сайёра аз ҷиҳати физикӣ ба Замини мо хеле монандӣ дорад. Баъзеҳо онро замини оянда низ меноманд.