JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Астероидҳо ба ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дохил мешаванд. Астероидҳо миллиардҳо сол пеш ҳангоми ташаккулёбии Системаи офтобӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ин рӯ синну соли онҳо бо синну соли Офтоб қобили муқоиса аст. Хусусиятҳои динамикӣ ва манбаъҳои пайдоиши онҳо гуногунанд. Инро таркиби онҳо, сохтори дохилӣ ва ҳарорати бухоршавии моддаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин моддаи астероидҳо, шакли аввалаи худро ҳифз намудаанд ва маводи аввалин дараҷае мебошанд, ки Системаи офтобӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ ва минбаъдаи таҳаввул аз он ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, астероидҳо дар таҳқиқоти астрономӣ мавқеи бениҳоят муҳим доранд. Омӯзиши онҳо дар бораи шароит ва равандҳои пайдоиши Системаи офтобӣ маълумот медиҳанд. Мушоҳидаҳои оптикии заминии астероидҳо аҳмият ва муҳимияти худро нигоҳ доштаанд. Қутр ва шакли геометрӣ, сохт ва таркиби сатҳ, давр ва самти меҳвари гардиш ва параметрҳои дигар на барои ҳамаи астероидҳо муайян карда шудаанд. Ҳангоми баррасии астероидҳои эҳтимолан хатарнок ин вазифаҳо махсусан актуалӣ мешаванд. Барои ба даст овардани мадорҳои дақиқ, бузургии ситорагӣ, даври гардиш, қутр, нишондиҳандаи ранг ва ҳадди аққал таркиби тахмини минералогии ҷирмҳо то ҳадди имкон маҷмӯи маълумотҳои мушоҳидавӣ дар бораи ин гуна астероидҳо ниҳоят муҳим аст. Мушоҳида ва омӯзиши чунин астероидҳо яке аз масаълаҳое мебошад, ки баррасӣ шудааст.
Аз рӯзе, ки инсоният дар дунё арзи ҳастӣ кард, дар баробари инкишофи шуураш хост нисбат ба объектҳо ва мавҷудоти гирду атрофаш маълумот ба даст орад. Дар баробари тараққиёти илму техника, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии одамон рушд ва инкишоф ёфту, нисбат ба ҳодисаю воқеъаҳои олами ҳастӣ маълумотҳои ҷолибу диққатҷалбкунандаро ба даст овард. Диққати одамони замонҳои қадимро асосан ҷирмҳои осмонӣ ҷалб мекарданд. Онҳо ситораҳои равшанро дар осмон роҳнамо интихоб карда, ба воситаи ин ситораҳо дар баҳру биёбонҳо роҳ мерафтанд.
Кометаҳо ҷирмҳои аҷоиби кайҳонӣ буда, баъзан қариб тамоми осмони ситоразорро фаро мегиранд ва аз азал диққати инсониятро ба худ ҷалб кардаанд. Зеро онҳо дар назар баъзан мисли сари мӯйи дарози парешондоштаро мемонанд. Кометаҳо ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди осмонӣ дохил мешаванд, ки ба ин қатор ба ғайр аз онҳо астероидҳо, метеороид, болидҳо ва абру ғубори байнисайёравӣ низ шомиланд. Кометаҳо гарчанде аз рӯйи ҳаракати худ дар атрофи Офтоб ба астероид шабоҳат дошта бошанд ҳам, зоҳиран аз астероидҳо фарқ менамоянд. Агар астероидҳо шаъшааи Офтобро инъикос намоянд, кометаҳо ин шуоъро фаъолона дар ҳудудҳои ба худ хос тайф (спектр) паҳн мекунанд. Ҳарчанд қутри (диаметр) ҳастаи (ядро) онҳо аз як то даҳҳо километр зиёд нест, вале ин аҳвол имкон медиҳад, ки кометаҳоро бо чашми одӣ бубинем.