JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Моҳи декабри соли 2023 шумораи 8-уми маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” - (нашрияи Шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз чоп баромад.

Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони соҳа аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон аз ҷумла:  

   Вақте ки дар бораи Афғонистон ҳамчун як кишвари алоҳида бо паҳнои ҷуғрофиёӣ ва густараи таърихию ҳувиятию фарҳангӣ ҷустуҷӯву тафаҳҳус мекунем, қабл аз ҳама, фазою муҳити мағшуши ин қаламрави  ҷангзада, ки бар асари даргирию муноқишаҳою кашмакашҳои бардавом тобу тавон аз даст додааст, пеши назар меояд. Аз ин ҷост, ки шинохти таърихи Афғонистон ва дарки ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию мадании ин минтақаи барои мо тоҷикон азиз  дар авлавияти кори пажуҳишию омӯзишӣ қарор мегирад. Илова бар ин, омӯзиши мантиқии ҷараёни ҳаводис ва рухдодҳои садаи бистум, ки дар таърихи  Афғониситон бозтоб ёфтаанд, шинохти моро дар ростои ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дақиқтар мекунад ва домони тасаввуроту маълумоту иттилоотамонро тавсеаву густариш мебахшад.

   Дар чанд даҳсолаи охир раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод, махсусан молияву сармоягузорӣ, суръати баландеро касб карда, тамоми ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Дар воқеъ, ҳеҷ як кишваре наметавонад худро аз ин раванд канор гирифта, рушду пешрафти устувор дошта бошад. Сармоя, воситаҳои молиявӣ ва донишҳои нави технологӣ ҳамеша майл ба кишварҳое доштанд, ки дар онҳо муҳити мувофиқи сармоягузориву фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дошта бошад. Дар рақобат барои дастрас кардани сармоя ва технологияҳои нав давлатҳои муосир иштироки фаъол дошта, мекӯшанд, ки дар дохили худ як муҳити бартаре созанд ва бо ҷалби сармояву технологияҳо аз саросари ҷаҳон ватани худро обод ва аҳолии онро дорову хушбахт созанд.

  Офаридани ҷашну идҳо ва тавлиди ойину суннату маросими ҷашнӣ аз ибтикороти таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании мардуми мо  тули зиндагӣ будааст. Ба сухани дигар, тавлиди ҷашну идҳо ва созмон додани фазою муҳити идӣ ба хотири хушҳолию болидагии руҳию равонӣ ва кайфияти зиндагӣ як навъ саргармӣ-хоббии мардуми форсу тоҷик будааст. Дар баробари ҷашнҳои маъруфи миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, Ялдо низ аз зумраи ҷашнҳои матраҳи миллӣ-меҳанӣ маҳсуб меёбад. Чун дар арафаи ин ҷашни авлодӣ ва миллию меҳанӣ қарор дорем, чанд мулоҳизаи ҷашниро хидмати хонандагон арз мекунем:

Саҳифа аз 10 то 265

Китобҳо