JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Августи 2018 06:23

Консепсияи табиатшиносӣ дар мамлакатҳои Шарқ (дар мисоли мутафаккирони тоҷику форс)

Муаллиф:

 Илму дониш зодаи табъу завқи қавму нажоди ҷудогона набуда, дар заминаи ҷустуҷӯҳои насл ба насли муҳаққиқони халқу миллатҳои мухталиф сурат гирифтааст ва ба ин маънӣ аз аввал тамоюли байналхалқӣ дошт. Ин нуктаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии мутафаккирони тоҷику форс ба таври хеле мухтасар шарҳу тафсир медиҳем.

Дастоварду кашфиёти илмии олимони тоҷику форс дар қарнҳои VIII - XV яке аз саҳифаҳои муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Дар тамаддуни асримиёнагии тоҷику форс, дар қатори илмҳои иҷтимоӣ илмҳои табиатшиносӣ низ ба авҷи тараққиёт расида буданд. Аллакай аз асри VIII оғоз карда илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ, аз қабили нуҷум (астрономия), табииёт (физика), кимиё (химия), ҳаётшиносӣ (биология), заминшиносӣ (геология), ҷуғрофиё (география) ва ғайра рӯ ба тараққӣ ниҳоданд.  

Муҳаммад ибни Мӯсо ал - Хоразмӣ (780-850) яке аз намояндагони машҳури табиатшиносии қурунвустоии тоҷику форс мебошад. Ӯ риёзидон, мунаҷҷим, географи шӯҳратёр буда, бо тахаллуси ал - Маъҷузӣ низ маълуму машҳур аст. Дар илми муосир Хоразмиро асосгузори риёзиёти Хилофати Араб ва системаи ҳисоби даҳӣ медонанд. Вай бештар дар Академияи илмии Бағдод «Байт-ул-ҳикма», яъне кохи хирад ба фаъолияти илмию эҷодӣ машғул шуда, яке аз мунаҷҷимони машҳури халифа ал - Маъмун (солҳои 813-833 хилофат дошт) ном мебарорад. Аз транскрипсияи лотинии номи ӯ (Алгоритмус) бошад, истилоҳи ҳозираи илмӣ - алгоритм ба вуҷуд омадааст, ки яке аз мафҳумҳои асосии математикаи ҳисоббарор ба шумор меравад. Хоразмӣ асосан тавассути ду асараш, «Китоб-ул-ҷамъ ва ат-тафриқ би-ҳисоб ил-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷабр ва л-муқобала» ҳамчун риёзидони машҳур ном бароварда, дар ин китобҳо асосҳои арифметика (ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим) ва решабарориро ҳаллу фасл намудааст. Системаи ҳисоби нӯҳрақама бошад, ба воситаи ин асарҳои ӯ дар алгебра роиҷ гардид ва ҳамон мафҳуми алгебра низ аз номи асарҳои ӯ «Китоб-ул-ҷабр ва л-муқобала» гирифта шудааст.

Абӯбакр Закариёи Розӣ (865-925) дар шаҳри Рай (ҷануби Теҳрони кунунӣ) таваллуд ёфтааст. Аз қайди муаллифи «Китоб-ул-мансурӣ» маълум мегардад, ки Розӣ ба илмҳои луғатшиносӣ, фалсафа, риёзӣ, география ва як муддат ба кимиёгарӣ машғул шудааст. Сипас, ба шаҳри Бағдод рафта, дар он ҷо ӯ ба таври ҷиддӣ бо тиб ва дигар улуми табиатшиносӣ машғул мешавад. Ӯро яке аз шогирдони наздики Ҳусайн ибни Исҳоқ мешуморанд, ки зери роҳбарии бевоситаи ин аллома бо тибби эронӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва инчунин бо тибби замона ошноӣ пайдо менамояд, ки аз шӯҳрати зиёди илмиаш ба ӯ унвони «табиби мористонӣ» (талафузи арабии «бемористон») - ро насиб медонанд. Мувофиқи нишондоди Муҳаммади Наҷмободӣ осори фалсафӣ - илмии Розӣ аз 270 асар иборат мебошад. Закариёи Розӣ бар замми мутафаккир ва олими тавоно буданаш боз ба бисёре аз масъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияти умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми ҳаёти инсонро низ мавриди тадқиқ қарор додааст. Абӯбакри Розӣ шаклҳои ҳастии ҳаюло - макон, замон, вақт, фазо ва ҳаракатро низ абадӣ мешуморид, зеро вай бештар ба масоили илмии табиатшиносӣ боварӣ дошт. Мувофиқи тадқиқоти бархе аз муҳаққиқону муаррихон Закариёи Розӣ аввалин нафарест, оид ба илми кимиё нахустин озмоишгоҳро таъсис додааст.

Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) яке аз олимон ва мутафаккирони барҷастаи илми табииёт мебошад, ки бештар дар соҳаҳои физика, астрономия, риёзӣ, география, геодезия, картография, иқлимшиносӣ ва фармакалогия асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудааст. Ӯ бори аввал дар бораи вазни хоси минералҳо, хусусияти пайдоиши минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, сабабҳои фаввора зада баромадани чашмаю обҳои артезианӣ, арзу тӯли географӣ, радиуси сайёраи Замин ва сарватҳои зеризаминӣ маълумотҳои дақиқи илмӣ додааст. Берунӣ дар яке аз асарҳои худ «Китоб-ут-тафҳн», ки дар бахши ҳандаса, шумор, география, физика ва астрономия навишта шудааст, оид ба якчанд асбобҳои худсохти астрономии замонаш маълумот додааст. Дар асари дигараш «Китоб-ул-ҷавоҳир» бошад, дар бораи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон - лаъли Бадахшон, лоҷвард, булӯри кӯҳӣ (дар Помир), конҳои тилло (дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Қаротегин, Шуғнон, Вахон), нуқра, симоб, мис, оҳан, фирӯза, зок, навшодир (дар қаторкӯҳи Зарафшон), флюорит (дар қаторкӯҳи Ҳисор), ангиштсанг, нафт ва мӯмиё (дар водии Фарғона) маълумоти фаровоне додааст. Ба андешаи Берунӣ сарчашмаи асосии муваффақияти илм танҳо дар асоси таҷрибаю мушоҳида ба даст меояд.

Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) аз шумори мутафаккирони умумибашариест, ки таърихи башар ҳамтои ӯро кам дидааст. Ибни Сино бо иҷозати амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур ба китобхонаи дарбор «Сивон-ул-ҳикма» роҳ ёфта, аз он хеле баҳра мебарад. Сино аз хурдсолияш ба омӯзиши илмҳои ҷудогона шурӯъ намуда, дар синни 17-солагӣ чун олими баркамол ба воя мерасад. Ба гуфтаи мутафаккири эронӣ Саид Нафисӣ Шайхурраис зиёда аз 456 асарҳои илмӣ эҷод намуда, беш аз 30 таълифоташро ба масоили мухталифи нуҷум ва дигар имлҳои табиатшиносӣ бахшидааст. Андешаҳои табиатшиносии ӯ бештар дар китобҳои «Китоб-уш-шифо», «Донишнома», «Китоб-ал-қонун-фӣ-т-тиб» ва ҳоказо зикр ёфтаанд. Ибни Сино дар асарҳояш доир ба тарзи пайдоиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъданҳо, ҳамчунин доир ба таъсир, хислат, усулҳои ғун кардан, нигоҳ доштан ва истеъмоли 811 навъ доруҳои набототӣ, ҳайвонотӣ ва маъданӣ маълумоти муфассал додааст. Ӯ ақидаи Арастуро дар бораи ҳаракати азалии ҷисмҳо таҳлил намуда, дар кори ба миён овардани қонуни бақои импулс хеле наздик омадааст. Ва дар «Қурозаи табииёт» ном асараш масъалаҳои зерини табиатшиносиро баён намудааст: сабабҳои ба вуҷуд омадани сӯзиш; аз шиша гузаштани шӯоъҳои Офтоб; тағйирёбии иқлим; ба вуҷуд омадани садо ва акси он; ба вуҷуд омадани зилзила; раъду барқ; борон; барф; жола; гирифти Офтобу Моҳтоб; дамидани субҳ; аз гармӣ васеъшавию аз хунукӣ фишурдашавии ҷисмҳо ва ғайра.

Умари Хайём (1048-1131) нобиғаи намоёни илму адаб ва фарҳану фалсафаи ҷаҳонист, ки дар нимаи дуюми асри XI ва аввали қарни XII умр ба сар бурдааст. Аз сабабе ки шуғли аҷдодии олим ҳунармандӣ (хаймадӯзӣ) буд, тахаллусаш низ «Хайём» марбут ба касби падарияш аст. Маълумоти ибтидоиро аз илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, табииёт ва нуҷум тавассути омӯзиши мустақил ба даст овард. Илмҳои сарфу навҳ, назарияи адабиёт, услубшинос ва ҳисоби ҳиндиро бошад, аз устодаш Абулҳасани Анборӣ омӯхтааст. Аз тарафи дигар, омӯзиши осори Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ ва олимони Юнону Ҳинд ба такмили дониш ва ҷаҳонбинии Хайём таъсири амиқ гузоштанд. Вай дар соли 1074 мушовири Маликшоҳи Салҷуқӣ интихоб гардида, дар шаҳри Исфаҳон калонтарин расадхонаи астрономии Шарқи наздикро бунёд менамояд. Маҳз дар ҳамин расадхона Хайём бевосита ба масоили табиатшиносӣ машғул шуда, оид ба ивазшавии шабу рӯз, тағйирёбии боду ҳаво, гардиши об дар табиат, гирифи Офтобу Моҳтоб ва дар бораи дигар ҳодисот тадқиқоти арзишманд анҷом дода, маълумоти нави илмиро пешниҳод кардааст. Хусусан, Хайём дар «Наврӯзнома»[1] ном асари худ тақвими илмие тартиб додааст (соли 1079), ки он бо саҳеҳию дақиқии худ аз дигар тақвимҳо фарқ мекунад ва ин тақвим дар давоми 4500 сол фақат як шабонарӯз тасҳеҳ металабад.  

Дар масъалаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ дастовардҳои олимони асримиёнагии тоҷику форс хеле назаррас аст. Аз ҷумла Абунасри Форобӣ (874-950) дар китоби «Китоб-ул-мусиқӣ-ал-Кабир» баъзе ҳодисаҳои физикӣ - паҳншавии садо ва қонуни паҳншавии мавҷҳои механикиро мавриди тадқиқ қарор додааст. Илова бар ин, усулҳои арифметикие, ки Форобӣ барои шарҳи бузургиҳои садо истифода намуда буд, баъдан заминаи ҳисобкуниҳои дифференсиалии Лейбнитс ва Нютон гардиданд. Олими дигари физик Аҳмад ибни Мусо дар асари худ «Системаҳои аҷоиб» нақшаи қариб 1000 асбобҳои гуногуни системаи идоракунии автоматидоштаро тасвир намудааст. Риёзидон Абулвафо Бузаҷонӣ (940-998) дар натиҷаи ҳисобкуниҳои дуру дарози астрономию географӣ, зиёда аз 100 ҷадвали дақиқи функсияҳои тригонометриро тартиб додааст, ки ин хизматҳояшро ба назар гирифта, баъдтар ӯро яке асосгузорони илми тригонометрия номиданд. Исмоил ал - Ҷазарӣ (1136-1206) бошад, дар асараш «Китоб-ул-ҳиял» афкореро баён намудааст, ки ба асосҳои кибернетика шабоҳат доранд.

Асосгузори оптикаи асримиёнагии Шарқ Ибни Ҳайсам (965-1039) дар асари худ «Китоби тасвирҳо» бисёре аз ҳодисоти оптикии рӯшноиро маънидод намудааст. Абуюсуф ал - Киндӣ (801-873) назарияи Евклидро дар бораи биниш танқид намуда, ин рӯйдодро чунин шарҳ додааст: «Ҳар як нуқтаи ҷисми мунир худ манбаи тобиш мегардад ва шӯоъҳои рӯшноӣ аз он ба ҳама тараф ростхатта паҳн мешаванд». Ин ҳодиса имрӯз дар илми физика (қисми оптика) бо номи принсипи Гюгенс маълум аст.

Намояндаи дигари илми қурунвусто Насириддини Тӯсӣ (1201-1274) дар ҳалли ҳодисаҳои ҳаракати сайёраҳо, шамол, раъду барқ, зилзила, инъикоси нур, субҳи козибу содиқ ва ғайра андешаҳои илмии дақиқеро пешниҳод намудааст. Табиати физикии атмосфераи Заминро бошад, Маҳмуди Шерозӣ (1236-1311) хеле дақиқ тасвир намудааст. Ба қавли ӯ, атмосфера аз омехтаи газҳои мухталиф, чангу гарди заминӣ иборат буда, даҳ қабатро ташкил медиҳад. Идеяи вазни молекулавии моддаҳо ва вобастагии байни зичии ҳавою суръати шамолро Абдурараҳмони Хозинӣ (900-971) дар асари худ «Мизонул-ҳикмат» нишон додааст. Мутафаккири дигар Ибни Шотир (1306-1375) модели ҳаракати Моҳу Офтобро пешниҳод намудааст, ки он ба модели гелиосентрикии Коперник хеле наздик мебошад.

Дар соҳаи география бошад, Ибни Идрисӣ (1100-1166) харитаи умумиҷаҳониеро тартиб дод, ки ба харитаҳои соҳавии муосир шабоҳати калон дорад. Инчунин харитаҳои тартибдодаи Ибни Батута (1304-1369) ва Авлиёи Чолобӣ (1611-1682), ки сафарҳои зиёди тадқиқотию географӣ намудаанд, аз ҷумлаи нахустхаритаҳои илмии геологию географӣ ба шумор мераванд.   

Ҳамин тариқ, доир ба хизматҳои мутафаккирони Шарқ дар соҳаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ суханони файласуфи маъруфи тоҷик Акбар Турсонро қайд кардан ба маврид аст: «Афкори илмию фалсафии асрҳои миёнаи Шарқ умуман дар давраи Эҳёи Аҷам махсусан ҳамчун зинаи қонунӣ ва зарурии таърихи фарҳангии одамизод барои ривоҷу равнақи ояндаи тамаддун заминаи мустаҳкамро фароҳам овардааст».

Қурбонов Н.Б.

[1] Баъзе муҳаққиқон и муосир ин асарро ба Хайём масуб медонанд (нигаред: А. Таботабоӣ. «Хайём ё хайёмӣ?». - Теҳрон, 1992. - саҳ.182)

Хондан 5103 маротиба