JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 30 Январи 2019 05:06

Нақши иттилоотонӣ дар саноатикунонӣ

Муаллиф:

  Мувофиқи маълумоти оморҳои расмӣ (Форбс, Интербранд ва ғ.) дар интиҳои даҳсолаи дуюми асри XXI дороӣ ва нуфузи ширкатҳои алоқаманд ба коркарди иттилоот нисбатан бештар рушд ёфтаанд. Масалан дар сомонаи маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Форбс – www.forbes.com барои соли 2018 рейтинги 100 брендҳои гаронбаҳотарини ҷаҳон оварда шудааст ва дар он 5 ҷойи аввалро ширкатҳои Apple, Google (Alphabet), Microsoft, Facebook ва Amazon ишғол менамоянд.

Дар ин қатор, мувофиқи оморҳои расмӣ, арзиши ширкати Apple беш аз 1 триллион доллари ИМА буда, самтҳои асосии фаъолияти он электроника ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Самти фаъолияти ширкати Google бошад, дар вақти таъсисёбии он (1998) эълон шудааст – «Ташкили иттилооти ҷаҳонӣ, таъмин намудани дастрас ва муфид будани он барои ҳама». Сармояи ширкати мазкур мувофиқи ахборотҳои расмӣ дар вақти таъсисёбӣ то 1 миллион доллари ИМА буда, ҳоло арзиши ширкат беш аз 860 миллиард доллари ИМА (2018) мебошад. Самти фаъолияти асосии ширкати Microsoft низ асосан зеҳнӣ буда, ба кор карда баромадани таъминоти барномавӣ нигаронида шудааст ва арзиши ширкати мазкур дар соли гузашта беш аз 850 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Арзиши шабакаи иҷтимоии Facebook бошад мувофиқи оморҳои расмӣ дар соли гузашта беш аз 500 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин қатор яке аз Интернет-хадамотҳои аввалин оид ба фурўши маҳсулотҳои талаботи оммавии Amazon дороии худро дар соли 2018 то ба 950 миллиард доллари ИМА расонидааст.

Албатта, маълумотҳои омории гуногун мавҷуд ҳастанд ва шояд иттилооти дар боло овардашуда дар ҳар яке аз онҳо то ин ё он андоза тағйир ёбад ё саҳеҳтару дақиқтар бошад. Вале бо вуҷуди он, хулосаи умумӣ ягона аст: ҳоло яке аз соҳаҳои фаъолияти инсон, ки самараи бештар дошта, муваффақтарин ба ҳисоб меравад, агар ба таври умумӣ баён намоем – коркарди иттилоот мебошад.

Аз 5 ширкати дар боло овардашуда фаъолияти ширкати Apple ғайр аз кор карда баромадани таъминоти барномавӣ (яъне фаъолияти пурра зеҳнӣ) ҳамчунин ба истеҳсоли таҷҳизотҳои гуногуни электронӣ (компютер, телефон ва ғ.) равона гардидааст. Тиҷорати ширкати Amazon бошад, гарчанде тариқи шабакаи Интернет амалӣ мегардад, моҳияти фаъолияти он на танҳо коркарди иттилоотро дар бар мегирад. Бинобар он, ба мақсади возеҳу равшан баррасӣ намудани самараи рушди сатҳи иттилоотонӣ ҳамчун меҳнати пурра зеҳнӣ, таҳлил намудани мазмуни муваффақияти 3 ширкати боқимонда муфид ба назар мерасад.

Барои муқоиса қайд кардан мумкин аст, ки арзиши ширкатҳои дар боло номбаршуда, ки асосан бо коркарди иттилоот машғул мебошанд – Google (соли таъсисёбӣ 1998), Microsoft (1975), Facebook (2004) аз дороии ширкатҳои бузурги автомобилӣ, аз қабили Toyota – ҷойи 9 (1937), Mercedes-Benz – ҷойи 13 (1926), BMW – ҷойи 20 (1916), Audi – ҷойи 37 (1909) зиёд мебошад (www.forbes.com).

Арзиши 3 ширкати иттилоотии интихобкардаамон мувофиқи маълумотҳои оморӣ, ҳамчунин аз сармояи як қатор ширкатҳои нафтию газии машҳур низ зиёд аст, аз ҷумла – Exxonmobil (ИМА, 1870), British Petroleum (Британияи Кабир, 1909), Royal Dutch Shell (Британияи Кабир-Ҳолланд, 1907), Chevron (ИМА, 1879), Total S.A. (Фаронса, 1924), Sinopec (Чин, 2000), PetroChina (Чин, 1999) ва ғ.

Маълумотҳои оморию таҳлилии дар боло овардашуда боз як маротиба нишон медиҳанд, ки соҳаи коркарди иттилоот ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти инсон табдил ёфтааст. Яъне ҳоло барои аз ҷиҳати иқтисодӣ муваффақ будан муҳим нест, ки соҳаи фаъолияти ин ё он самти иқтисодӣ ё ширкати мушаххас таърихи зиёда аз 100 сола дошта, ҳатман бо коркарду ба фурўш баровардани масалан, захираҳои барқарорнашавандаи табиӣ алоқаманд бошад. Зеро ба ҳама маълум аст, ки афзалияти нотакрори бозори иттилоотӣ нисбати бозори маҳсулотҳои моддӣ – ин имконияти нусхагирии бехароҷоти маҳсулот мебошад. Масалан, дар ширкатҳои автомобилӣ барои истеҳсолӣ ҳар як автомобил раванди истеҳсол ба пуррагӣ такрор меёбад (албатта, ғайр аз равандҳои лоиҳагирӣ ва истеҳсоли аввалин маҳсулоти намунавӣ), ҳам аз ҷиҳати хароҷоти моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати меҳнати такрорӣ, музди маош ва вақт. Дар ин маврид агар ширкати Microsoft-ро мисол орем, он маҳсулоти асосии худро (системаи оператсионӣ) дар теъдоди ягона таҳия намуда, баъдан метавонад фурўши онро фавран ва бидуни хароҷоти назарраси истеҳсоли нусхаҳо бо теъдоди номаҳдуд ба роҳ монад.

Дар интиҳои асри гузашта мафҳуми иттилоотониро бештар дар мавзўъҳои оддии гузариш аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ дучор шудан мумкин буд, ки албатта, ба қадри кофӣ асоснок ва диққатҷалбкунанда мебошанд. Аз ҷониби дигар, динамикаи босуръати ҳаёти имрўза ва чолишҳои ҷаҳони муосир водор менамоянд, ки ба ҳар як назария аз нуқтаи назари амалия ва инноватсионӣ назар намоем. Вобаста ба ин, мисол овардан мумкин аст, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои пуриқтидори Осиёи Шарқӣ – Чин, ба таври интенсивӣ раванди ҳамҷоякунии иттилоотонӣ ва саноатикунонӣ ба роҳ монда шудааст. Яъне бо мақсади баланд намудани рақобатпазирӣ дар соҳаи истеҳсолоти таҷҳизотҳо ва иқтисодиёт татбиқи имкониятҳои шабакавӣ (Интернет, Интранет) ва коркарди иттилоот бо методҳои инноватсионӣ (тафаккури сунъӣ, алгоритмҳои махсуси коркарди босуръати иттилооти калонҳаҷм) ба равандҳои истеҳсолӣ ва иқтисодӣ ба сатҳи аввал гузошта шудааст. Зеро раванди иттилоотонӣ ба амалишавии босуръати саноатикунонӣ ва модернкунонии равандҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Он самт ва принсипи асосии рушди саноат дар ҷаҳони имрўза, ки дар мисоли кишвари Чин оид ба он маълумоти умумӣ оварда шуд, албатта дар асоси моделҳои дақиқ ва инноватсионии ҳамаҷониба таҳлилу таҷрибашуда дар дигар кишварҳои пуриқтидор низ амалӣ шуда истодааст. Ба мутахассисони бурриши соҳаҳои иттилоотонӣ ва иқтисодӣ албатта маълум аст, ки ҳоло ишора ба ду дастоварди навбатии инсоният дар соҳаи иқтисодиёту истеҳсолот шуда истодааст, ки бевосита ба технологияҳои иттилоотӣ алоқаманд мебошанд:

  • Интернети саноатӣ (1999, Интернети таҷҳизотҳо);
  • Индустрияи 4.0 (2011).

Интернети саноатӣ. Чи тавре ки ба мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ маълум аст, соли 1999 Дурнамои шабакаҳои ҳисоббарори предметҳои физикӣ (яъне, умуман ашёҳо) кор карда баромада шуд, ки ҳамчун Интернети таҷҳизотҳо (Интернет вещей, Internet of Things – IoT) шинохта шудааст. Дар ин ҷо таҷҳизотҳое дар назар дошта шудаанд, ки бо технологияҳои алоқамандшавӣ бо ҳамдигар ё муҳити атроф муҷаҳҳаз мебошанд. Консепсияи мазкур бефосила мукаммал шуда истодааст ва тақрибан аз соли 2010 ҳамчун самти нави инноватсионӣ ва афзалиятноки соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳисобида мешавад. Агар ба таври оддӣ баён намоем, яке аз мисолҳои татбиқи имкониятҳои Интернети таҷҳизотҳоро дар системаи автоматишудаи идоракунии равандҳои ҳаёти ҳаррўза тасаввур намудан мумкин аст, ба мисоли идоракунии автоматии равандҳо дар «биноҳои бошуур» ё «смарт-биноҳо» (умные здания, Smart buildings). Ба таври абстрактӣ мазмуни Интернети таҷҳизотҳо дар Расми 1 оварда шудааст.

Расми 1. Интернети таҷҳизотҳо (avancesmarthome.com)

Яъне Интернети таҷҳизотҳоро ҳамчун системаи шабакаҳои компютерии муттаҳидшуда ва объектҳои физикии тавассути онҳо пайвастшуда фаҳмидан мумкин аст, ки бо сенсорҳои ҷамъоварикунандаи дорои системаҳои оператсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Бо ин роҳ алоқамандӣ ва мубодилаи иттилоот байни объектҳои физикӣ (яъне таҷҳизотҳо), назорат ва идоракунии онҳо дар реҷаи автоматӣ бе иштироки одам ё дар масофа аз ҷониби истифодабаранда имконпазир мегардад. Аз ҷумла, таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки алакай дар соли 2020 миқдори объектҳои физикии ба интернет пайвастшуда аз миқдори тамоми компьютерҳо ва дигар воситаҳои алоқаи телефонӣ зиёдтар мешавад.

Бо васеъ шудани имкониятҳои шабакаҳои беноқил, ҳисобкуниҳои автоматии маълумотҳои калонҳаҷм (тафаккури сунъӣ), рушди технологияҳои алоқаи байнимошинӣ, татбиқшавии васеи протоколи интернетии IPv6 ва протоколҳои соддашудаи шабакавӣ (масалан, MQTT), истеҳсоли компютерҳои хеле ҳам арзони якпалатагӣ (одноплатный компютер, SBC – Single-Board Computer) ва дигар дастовардҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ солҳои охир Интернети таҷҳизотҳо ба объектҳои саноатӣ низ бомуваффақият паҳн шуда истодааст. Рушд ёфтани системаҳои идоракунии автоматии равандҳои технологиро махсусан қайд намудан мумкин аст, ки ба пайдоиши яке аз шохаҳои муҳими (ё мафҳуми нисбатан умумии) Интернети таҷҳизотҳо – Интернети саноатӣ (индустриалӣ) овардааст.

Интернети саноатӣ (Интернети саноатии (индустриалии) таҷҳизотҳо, Индустриальный (промышленный) интернет вещей, IIoT – Industrial Internet of Things) маъмулан ҳамчун системаи бисёрсатҳӣ фаҳмида мешавад, ки сенсорҳои мукаммал ва контроллерҳои ба қисмҳо ва агрегатҳои объекти саноатӣ насбшуда, воситаҳои ирсол ва аёнсозии маълумоти ҷамъшуда, алгоритмҳои тавонои таҳлили маълумоти қабулшуда ва дигар ҷузъҳо ва таҷҳизотҳои зиёди иттилоотию рақамиро дар бар мегирад. Яъне, ба таври оддӣ баён намоем, агар Интернети таҷҳизотҳо тавассути шабакаҳои компютерӣ асосан объектҳои физикиро ба ҳам алоқаманд намояд, пас Интернети саноатӣ – тариқи шабакаҳои компютерӣ алоқаманд намудани объектҳои саноатӣ (истеҳсолӣ), автоматикунӣ ва идоракунии кулли фаълияти онҳоро ифода мекунад.

Гарчанде таъсирот ва самараи татбиқи Интернети саноатӣ дар миқёси тамоми кишвар ва берун аз он дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба таври васеъ паҳн шуда метавонад, сарчашмаи фаъолияти ин системаи универсалӣ бешубҳа аз корхонаҳо ва ташкилотҳои алоҳида оғоз меёбад. Яъне, барои дилхоҳ ташкилот, ки бо истеҳсолот ва ё интиқоли маҳсулоти физикӣ (моддӣ) алоқаманд аст, Интернети саноатӣ имконият медиҳад, ки сатҳи ба кулли нави фаъолияти самаранок ва моделҳои инноватсионии ба роҳ мондани равандҳои асосии идоракуни ва истеҳсолӣ таъмин карда шавад. Дар Расми 2 яке аз моделҳои абстрактии татбиқи имкониятҳои Интернети саноатӣ дар миқёси корхона оварда шудааст.

Расми 2. Интернети саноатӣ дар корхона (connectingindustry.com)

Бо баробари он, таҷрибаи ҷаҳони имрўза нишон медиҳад, ки бо татбиқи имкониятҳои Интернети саноатӣ пеш аз ҳама самараи назарраси иқтисодиро на танҳо дар корхонаҳои алоҳида, балки дар тамоми кишвар низ таъмин намудан мумкин аст. Моделҳои хизматрасонии иқтисодӣ ва иқтисодиёти истифодабарии ҳамҷоя, ки пас аз татбиқшавии Интернети саноатӣ ба вуҷуд меоянд ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат, афзуншавии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, беҳтар шудани шароити меҳнат ва тараққиёти сатҳи касбияти кормандону мутахассисон мусоидат менамояд. Нақшаи намунавии шабакаи Интернети саноатӣ дар миқёси кишвари алоҳида дар Расми 3 оварда шудааст.

Ҳамин тавр, ба ҳаёти имрўза татбиқ намудани Интернети саноатиро ҳамчун тағйиру мукаммалшавии равандҳои ташкилотӣ ва технологии истеҳсолот фаҳмидан мумкин аст, ки дар асоси принсипҳои иқтисодиёти рақамӣ (электронӣ) амал менамояд. Бо баробари он, қайд намудан зарур аст, ки самаранокии универсалии Интернети саноатӣ падидаи оддӣ нест ва албатта бо баланд шудани сатҳи мураккабии системаҳои электронӣ ва рақамии автоматикунонӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, раванди татбиқ намудани имкониятҳои Интернети саноатӣ низ мураккаб аст ва аз мутасаддиёни соҳа дар қатори малакаи ташкилотчигии анъанавӣ ҳамчунин дониши чуқури илмҳои бунёдӣ-иттилоотӣ, масъулиятшиносӣ ва касбияти кории сатҳи баландро дар ин самт талаб менамояд.

Расми 3. Интернети саноатӣ (tadviser.ru)

Вобаста ба ин, аз ҷониби ширкати Asea Brown Boveri Ltd (ABB, Швейтсария, Шведсия), ки фаъолияти он бо автоматизатсияи истеҳсолот, электроэнергетика ва робототехника алоқаманд аст ва бизнес-воҳиди Economist Intelligence Unit (EIU, Англия) пайваста рейтинги омодагии кишварҳо дар самти автоматикунонии таҳия карда мешавад. Соли 2018 аз ҷониби онҳо чунин маълумотнома вобаста ба «Омодагӣ ба автоматикунонии тафаккурӣ» таҳия шуд, ки як қисми он дар Расми 4 оварда шудааст. Қайд менамоем, ки моҳияти автоматикунонии тафаккурӣ (агар ба таври умумӣ баён намоем) – ҳамҷоягии идоракунӣ ва назорати автоматишуда бо таҳлили маълумотҳои ҳаҷми калон мебошад.

Маълумотномаи дар Расми 4 овардашуда, албатта, ҷузъӣ аст ва танҳо омодагии кишварҳоро ба татбиқи смарт-технологияҳо аз рўйи ҳисобҳои ширкатҳои ABB ва EIU инъикос менамояд. Масалан, руйхати мазкур ҳангоми таҳлили дигар хусусиятҳои иқтисодӣ ё татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ба куллӣ тағйир ёфта метавонад. Бо вуҷуди он, чӣ тавре, ки дар боло қайд шуд, татбиқи дуруст ва истифодабарии самараноки имкониятҳои Интернети саноатӣ ҳоло яке аз намудҳои фаъолияти ҷомеаи инсонӣ мебошад, ки бо потенсиали фавқулбаланд ва ҳамзамон сатҳи хеле баланди мураккабӣ фарқ мекунад. Масъулони соҳаи мазкур бояд дар уқёнуси мафҳумҳои технологияҳои иттилоотии имрўза, ки дорои динамикаи баланди тағйирёбӣ ва мукаммалшавӣ мебошад самтҳои ҷадид ва мубрамро саривақт дарк намоянд. Масалан, якчанд сол қабл ширкати дар боло кайдшудаи Amazon ва ё ширкати Netflix (ИМА, 1997), ки бо пешниҳоду истеҳсоли филмҳо дар асоси сели мултимедиа машғул аст, дар фаъолияти худ технологияи маълумотҳои калонҳаҷм (Big Data, 2000)-ро истифода бурда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин асос ширкатҳои дигар низ кўшиш намуданд, ки технологияи мазкурро дар бизнес-моделҳои худ истифода баранд, вале онҳо аз ин амал самараи хуб ба даст наоварданд.

Расми 4. Маълумотнома оид ба омодагии 25 давлат ба автоматикунонии тафаккурӣ (automationreadiness.eiu.com)

Гарчанде Интернети саноатӣ дар фарқият аз технологияи Big Data дар раванди татбиқнамоӣ ба истеҳсолот нисбатан имкониятҳои васеътарро пешниҳод менамояд, бо вуҷуди он, қабл аз оғози татбиқнамоии он таҳияи бизнес-нақшаҳои босифат ва таҳлили ҳамаҷонибаи онҳоро гузаронидан зарур аст. Дар ин таҳлилҳо бояд эҳтимолияти хавфҳои молиявӣ, фоизҳои муваффақият, нақшаҳои захиравӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошти рушди технологияҳо ва умуман, кулли натиҷаҳо ва ҳолатҳои эҳтимолӣ пешбинӣ гарданд. Танҳо дар ин сурат роҳ надодан ба хатогиҳои маъмули татбиқи Интернети саноатӣ ба равандҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ имконпазир мегардад.

Албатта, потенсиали бениҳоят калони иқтисодии технологияҳои нави иттилоотӣ ва натиҷаҳову самараҳои нав ба нави татбиқи онҳо дар ниҳоияти кор мебоист ба тағйироти сифатии ин ё он соҳа сабаб гардад. Ҳамин тавр, дар асоси технологияҳои Интернети таҷҳизотҳо ва Интернети саноатӣ дар ибтидои даҳсолаи дуюми асри ҷорӣ яке аз мафҳумҳои нави соҳаи саноат ба вуҷуд омад, ки ба мутахассисони соҳаҳои саноату иқтисодиёт хеле хуб маълум аст ва бо номи инқилоби чоруми индустриалӣ ва ё Индустрияи 4.0 шинохта шудааст ва (Расми 5).

Индустрияи 4.0. Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки Индустрияи 4.0 (дар қатори Интернети таҷҳизотҳо ва Интернети саноатӣ) идея ё кашфиёти мутлақо нав набуда, балки омили наву инновастионии муайян намудани хосиятҳои ҳама таҷҳизотҳои инсонӣ ва усулҳои нави истеҳсолу истифодабарии онҳо мебошад. Мазмуни асосии Индустрияи 4.0 – гузариш ба истеҳсоли пурра автоматишудаи рақамӣ мебошад, ки аз ҷониби системаҳои тафаккурӣ дар реҷаи вақти реалӣ идора мешавад ва бо муҳити атроф дар алоқаи бефосила (он-лайн) мебошад. Номи «Индустрия 4.0» соли 2011 бо ташаббуси соҳибкорон, сиёсатмадорон ва олимони Олмон ба вуҷуд омадааст, ки ҳамчун – воситаи баланд баровардани рақобатпазирии саноати коркардкунандаи Олмон тавассути муттаҳидкунии интенсивии системаҳои киберфизикӣ (CPS) ба равандҳои истеҳсолӣ муайян шудааст. Системаи киберфизикии қайдшуда (Кибер-физические системы, CPS – Cyber-Physical System) дурнамои иттилоотӣ-технологӣ мебошад, ки муттаҳиднамоии захираҳои ҳисобкуниро бо равандҳои физикӣ ифода мекунад. Мафҳуми мазкур дар раванди лоиҳаи Индустрияи 4.0 мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта, ба инқилоби чоруми индустриалӣ мансуб дониста мешавад. 

Албатта, масъалаи татбиқ намудани воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ба равандҳои истеҳсолӣ дар тамоми кишварҳои олам мавҷуд аст ва шояд чунин пешниҳод дар нақшаи аксарияти соҳибкорон, олимон ва сиёсатмадорони ҷаҳон низ мавҷуд буд. Бо вуҷуди он мафҳуми Индустрияи 4.0 расман дар Олмон ба вуҷуд омад ва ҳоло тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Илова ба ин, ибораи олмонии Industrie 4.0 номи яке аз 10 лоиҳаҳои Hi-Tech-стратегияи давлатии Олмон то соли 2020 мебошад, ки дурнамои Смарт-истеҳсолот (Smart Manufacturing)-ро дар асоси шабакаи глобалии Интернети таҷҳизотҳо ва хизматрасониҳо (амалан Интернети саноатӣ) шарҳ медиҳад.

Расми 5. Индустрияи 1.0 – 4.0 (btelligent.com)

Вобаста ба ин, дар ИМА низ бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқшавии Интернети саноатӣ ва амалӣ намудани идеяҳо ва навгониҳои Индустрияи 4.0 соли 2014 Консорсиуми ғайритиҷоратии Industrial Internet таъсис дод шуд ва ҳоло роҳбарии онро ширкатҳои бузурги саноатии кишвари мазкур – GE (General Electric, 1878), AT&T (1983), IBM (1911) ва Intel (1968) ба ўҳда гирифтаанд.

Ҳоло Индустрияи 4.0 самти ҷории автоматикунонӣ ва мубодилаи иттилоотро ифода менамояд, ки системаҳои киберфизикӣ, Интернети таҷҳизотҳо ва Интернети саноатиро дар бар мегирад ва сатҳи нави ташкили истеҳсолот ва идоракунии зинаҳои ба вуҷуд омадани арзишро дар кулли давраи ҳаётии маҳсулоти итсеҳсолшаванда ифода мекунад. Ташкилкунандаҳои ҷузъии Индустрияи 4.0 ҳамчунин робототехника, реалияти пуррашуда, истеҳсолоти аддитивӣ, кибер-амният, технологияи нусхаи рақамӣ, технологияи коркарди маълумотҳои калонҳаҷм (аз ҷумла, Big Data) ва дигар технологияҳои инноватсионию коркарди иттилоот низ мебошанд (Расми 6).

Расми 6. Индустрияи 4.0 (callaghaninnovation.govt.nz)

Албатта, дар як маводи мухтасари таҳлилӣ пурра муҳокима намудани мафҳумҳои такондиҳандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Бо вуҷуди он, дар интиҳо қайд намудан зарур аст, ки бо баробари афзалиятҳои бешумори раванди татбиқи технологияҳо ва самтҳои нави Интернети саноатӣ ва Индустрияи 4.0 дар таҷрибаи кишварҳои гуногун душвориҳо ва муаммоҳои хусусияти ҳам техникӣ ва ҳам иҷтимоӣ дошта қайд шудаанд, аз ҷумла:

  • пайвастан ба шабакаи умумӣ корхонаҳоро водор менамояд, ки автоматикунонии фаъолият ва мубодилаи маҳсулоту иттилоотро на танҳо дар шабакаи дохили корхона дар сатҳи баланд нигоҳ доранд, балки ба динамика, талабот ва тағйирёбиву мукаммалшавии дархостҳои берунӣ доимо (он-лайн) омода бошанд. Ҳалли ин масъала дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани шабакаи умумии байни корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро ҳадди ақал дар миқёси кишвар талаб мекунад, ки худ як масъалаи мураккаби техникӣ, идоравӣ ва молиявӣ низ мебошад;
  • иттилоотонии равандҳои иқтисодӣ бевосита бо масъалаи ҷамъоварӣ коркард ва нигоҳдории ҳаҷми бениҳоят калони маълумотҳо вобаста мебошад, ки худ як масъалаи техникии мураккаб ва гаронбаҳо аст. Азбаски чунин намуди имконият ва хизматрасонӣ ҳоло танҳо аз ҷониби миқдори хеле камшумори ширкатҳои алоҳида пешниҳод мешавад, пас масъалаи муҳимтарин – мўътамадӣ ва амнияти маълумотҳои ҷамъоваришуда ҳалталаб боқӣ мемонад;
  • муаммои ҷиддӣ дар ин масъала ҳамчунин ташкили шабакаҳои мўътамади мубодилаи иттилоот мебошад, зеро шабакаҳои рақамӣ аз давраҳои таъсисёбии худ (дар асри гузашта) доимо макони фаъолияти рахнагарон ва ҳуҷумҳои шабакавӣ мегарданд.

Ёдрас намудан зарур аст, ки дар маводи таҳлилии мазкур то ҳадди имкон «ҷиҳатҳои иттилоотии» мафҳумҳои баррасишаванда муҳокима шуда, баъзе мафҳумҳо ва маълумотҳои вобаста ба ташкилкунандаҳои иқтисодӣ танҳо ба хотири нигоҳ доштани алоқамандии мантиқии мавзўъ қайд шуданд. Албатта «ҷиҳатҳои иқтисодӣ»-и таҳлили касбии масъалаҳои татбиқи навгониҳои ҷаҳони муосир ба монанди Индустрия 4.0 ва ё Интернети саноатӣ дар равандҳои саноатикунонӣ, ҳамчунин бевосита аз мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва саноат вобаста мебошад.

Агар аз муқоисаҳо, навгониҳои глобалӣ ва таҳлилҳои фаъолияти ширкатҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои пурқудрат бевосита ба масъалаҳои иттилоотонӣ дар ҳаёти ҳаррўза баргардем, бо назардошти шароитҳои ҷорӣ ва воқеияти объективӣ баъзе паҳлўҳои оддитарин ва ҳалталаб равшан мегарданд (аз нуқтаи назари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ).

1). Масъалаи дар ҳар як муассиса ҳатмӣ будани фаъолияти сохтори махсус вобаста ба иттилоотонӣ. Зеро мувофиқи анаъанаҳои аз давраи Иттиҳоди шуравӣ боқӣ монда, дар ҳар як муассиса ҳамчун сохтори ҳатмӣ масалан – муҳосибот, шуъбаи кадр, қисми хоҷагидорӣ ва монанди инҳо фаъолият мебаранд. Аммо масъалаи таъсис ва таъмини фаъолияти сохторе, ки маҳз бо масъалаҳои иттилоотонӣ вобаста бошад, дар аксарияти муассисаҳо ё мавриди баррасӣ қарор надорад ё ба таври ихтиёрӣ вобаста ба талаботҳои оддитарини корӣ (таъмини кори таҷҳизотҳо ва шабакаҳои компютерӣ) дида баромада мешавад. Масъалаҳои мазкур дар муассисаҳое, ки фаъолияти онҳо ба пуррагӣ ва бевосита аз иттилоотонӣ вобаста мебошад, албатта дар сатҳи расмӣ ва зарурӣ ҳалли худро ёфтаанд. Дар ин қатор, масалан бонкҳо, ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи рақамӣ (мобилӣ ва ғ.), фурудгоҳҳо, муассисаҳои идоракунии давлатӣ, баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ва монанди инҳоро номбар кардан мумкин аст. Амалан бошад масъалаҳои иттилоотонӣ дар муассисаҳои зиёд ба таври стихиявӣ бо роҳи ба ин ё он корманд ё гуруҳи кормандон (дар баъзе ҳолатҳо ҳамчун кори ҷамъиятӣ) вогузор намудани масъалаҳои таъмини кори таҷҳизотҳо ва шабакаи компютерӣ то як андоза амалӣ мегардад. Ин дар он ҳолате аст, ки таъмини коршоямии таҷҳизотҳо ва шабакаи компютерӣ танҳо ҳиссаи хурдтарини мафҳуми аслии иттилоотониро ташкил медиҳад ва дар замони муосир танҳо бо ин сатҳи иттилоотонӣ қонеъ будан албатта кифоя нест.

2). Масъалаи аз ҷониби масъулони ташкилоту муассисаҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин ва дастгирӣ шудани ҷараёни иттилоотонӣ. Зеро новобаста аз назарияҳо ва зинаҳои иттилоотонии расмӣ мушоҳидаҳои ҳаёти ҳаррўза нишон медиҳанд, ки сатҳи иттилоотонии дуруст ва самараноки муассиса (ва дар ин асос ­– муваффақияти он) бевосита аз сатҳи диққати раёсати он ба иттилоотонӣ вобаста аст. Як намунаи мушаххас овардан мумкин аст, агар диққат диҳем ба рейтинги муассисаҳои таълимии олии касбӣ, ки илова ба ташкили босифати ҷараёни таълимӣ, маҳз аз ҳисоби иттилоотоонии сатҳи баланди равандҳои таълимӣ ва идоракунӣ муваффақ мебошанд.

Албатта, дар ин самт муаммоҳои дигар низ зиёданд, вале аксарияти онҳо ҳосилавӣ буда, танҳо пас аз дар сатҳи зарурӣ ҳал шудани масъалаҳои ибтидоӣ ва ба таври дуруст лоиҳагирии равандҳои омодагӣ ба иттилоотонии умумӣ – то ба оғози татбиқи имкониятҳои Интернети саноатӣ дақиқ ва мушаххас мешаванд.

Ҳамин тавр, ташкили равандҳои дурусти иттилоотонӣ яке аз масъалаҳои мураккаб ва ҷадид буда, аз масъулони соҳаҳо ва муассисаҳо илова ба сатҳи бунёдии донишу малакаи инноватсионии ташкили фаъолияти анъанавӣ, ҳамчунин ҳиссиёти дақиқи динамикаи ҷаҳони рақамии имрўза ва маърифати хеле баланди иттилоотӣ ва техникиро талаб мекунад. Зеро дар ҳолати дастгирӣ ва диққат додан ба рушди ҳамҷояи равандҳои иттилоотонӣ ва саноатикунонӣ онҳо ҳамдигарро ба таври самаранок пурра намуда, қабл аз ҳама, ба баланд шудани сатҳи илмӣ-техникӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

Фарҳод ШОКИРОВ

номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илми шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи

Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 2466 маротиба