JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 04 Марти 2019 11:01

Бо иқтисодиёти индустриалӣ дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

Муаллиф:

 Дар кор масъалаҳои такмил додани ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ворид шудани вай ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тадқиқ мегарданд. Роҳҳои мувофиқан ба талабот ва принсипҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тараққӣ додани ҳамкории иқтисодии интегратсионии Тоҷикистон нишон дода мешаванд.

 Бо ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар назди мардуми кишвар вазифа меистад, ки мувофиқи талаботҳои ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасониро ташкил намоем. Бинобар ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 таъкид мешавад: «Бо дарназардошти ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд иқтисодиёти кишварамонро ба меъёрҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мутобиқ созем» [1].

 Тоҷикистони имрӯза истиқлолият ва соҳибихтиёриро соли 1991 дар натиҷаи пароканда шудани Иттифоқи Шӯравӣ ба даст овард. Дар барқарор кардани иқтисодиёт, фарҳанг ва бисёр дигар муваффақиятҳои Тоҷикистон саҳми арзандаи тамоми мардуми собиқ Иттифоқи Шӯравӣ бениҳоят калон аст. Як қисми онҳо ба мисли тоҷикон таҳҷоӣ буданд ва қисми дигарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳои Иттифоқ омада дар созандагиҳо иштирок карданд.

 Мувофиқи принсипҳои ҳамон вақт ҷойдошта бисёр масъалаҳо дар заминаи муносибатҳои интегратсионии умумииттифоқӣ ҳалли худро меёфтанд. Махсусан сохтан ва барпо намудани иншоотҳои азими истеҳсолию фарҳангӣ, аз қабили роҳҳои гуногуни нақлиётгард, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, маданию маърифатӣ, хизматрасонӣ, истгоҳҳои обии энергияи электрикӣ ва ғайраҳо. Аксар корхонаҳои азими истеҳсолию фарҳангии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ҳамкории бештар аз 40 миллату халқиятҳои гуногуни собиқ Иттифоқ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо имрӯз ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошанд. Аксари ин сохтмонҳо – объектҳои дӯстию бародарӣ ном гирифта буданд, ки дар ҳақиқат ба номашон сазоворанд.

 Дар натиҷаи амалӣ кардани муносибатҳои интегратсионӣ дар собиқ Иттифоқ дар байни ҷумҳуриҳо, шаҳру ноҳияҳо оиди масъалаҳои молиявӣ, кредитӣ, пулӣ, гирифтану дастрас кардани намудҳои гуногуни воситаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, техника, технология, ашёю масолеҳҳои ҳархелаи ба истеъмолоти истеҳсолӣ лозим буда, нуриҳои минералӣ, дорувориҳо ва дигар воситаҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда намешуданд, душвориҳо ҷой надоштанд. Таёр кардани мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Иттифоқ, даъват намудани онҳо ба Ҷумҳурӣ низ бе душворӣ ҳал мешуд. Қариб ҳамаи масъалаҳои берун аз Ҷумҳурӣ ҳал карда мешуда бе монеа ҳалли худро меёфтанд, чунки онҳо дар доираи Иттифоқ аз рӯи барномаи ягонаи умумииттифоқӣ амалӣ мегаштанд.

 Баъди пароканда шудани СССР бисёр ҷумҳуриҳо дар доираи созмонҳои гуногун, ба монанди Ҳамкории давлатҳои мустақил (СНГ), ЕврОсиё байни ҳамдигар ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар айни замон бояд қайд кард, ки пароканда шудани Иттифоқи Шӯравӣ барои бисёр ҷумҳуриҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон мушкилиҳои зиёдеро ба миён овард. Ҳамкориҳои иқтисодӣ канда шуданд, фаъолияти бисёр корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ қатъ гаштанд ва ё хеле суст шуданд ва умуман ҳамаи муносибатҳо дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриҳо душвор гаштанд.

  Чунин ҳолат ба дараҷаи тараққиёти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, сатҳу сифати зиндагии аъзоёни он таъсири манфии худро расонид. Баъди шикастани системаи куҳнаи ҳукмрони маъмурӣ-амрдиҳӣ системаи нави хоҷагидорӣ, ки ба муносибатҳои демократӣ ва методҳои иқтисодӣ асос ёфтааст, дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон бо душвориҳо татбиқи худро ёфта истодааст. Аксари аъзоёни ҷамъият ҳанӯз ҳам одати туфайлихӯрии худро напартофтаанд ва интизоранд, ки онҳоро давлат, ҳизбе ва ё ягон қувваи дигаре мехӯронад, мепӯшонад, нигоҳ медорад, дархостҳояшро таъмин мекунад.

  Ҳозир Тоҷикистон баъди соҳиби истиқлолият шудан бо истифодаи имкониятҳояш дар тараққиёти иқтисодиёт метавонад ба сафи мамлакатҳои навиндустриалӣ майл кунад. Вале агар имкониятҳояшро дуруст истифода карда натавонад, он гоҳ аз эҳтимол дур нест, ки дар қатори мамлакатҳои қафомонда монад. Ин масъалаи мураккаб дар Тоҷикистон танҳо ва танҳо бо дахолату дастгирии давлат ҳалли худро ёфта метавонад. Таҷрибаи ҳамаи мамлакатҳои тозаистиқлол ва кишварҳое, ки рӯ ба тараққӣ овардаанд инро исбот намудааст. Махсусан мамлакатҳое, ки баъди нимаи дуюми асри XX бо «муъҷизоти иқтисодии» худ оламро ба ҳайрат овардаанд, мисол шуда метавонанд. Дар ин ҷо пеш аз ҳама Япония, Германия, Ҷумҳурии Корея, Тайван, Сингапур, Гонконг, Хитойро қайд кардан лозим аст [2].

 Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ оварда дар сиёсати иқтисодии давлатии худ дар навбати аввал ба баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа додаанд. Масалан, дар Германия ба тараққиёти маълумотнокӣ ҳанӯз аз асри XVI сар карда диққати калон дода истодаанд. Дар ин вақт аз ҳисоби давлат гирифтани маълумоти ибтидоии ҳатмӣ ҷорӣ карда шуда буд. Инчунин системаи маълумоти техникиро низ хеле тараққӣ додаанд [3].

 Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) аз нимаи асри XIX сар карда гирифтани маълумоти умумии ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳозир бошад аз ҷиҳати ба тараққиёти илму маориф ҷудо кардани маблағгузорӣ ин мамлакат дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол менамояд.

  Дар Япония аз охирҳои асри XIX сар карда ба гирифтани маълумоти умумии ҳатмии аҳолӣ гузаштанд. Ҳукумати мамлакат аз ШМА ва Европа муаллимонро даъват мекарданд, ки японҳоро дар рӯҳияи идеяҳо, методҳо ва технологияи нав таълим диҳанд.

 Ҳанӯз дар соли 1925-ум аллакай 99,4 фоизи ҳамаи наврасони японӣ ба хондан ҷалб карда шуда буданд ва дар соли 1927-ум бештар аз 93 фоиз японҳо маълумотнок буданд. Ҳозир ҳам дар ин ҷо ба гирифтани маълумот, равнақи илм ва истифодаи он диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Аз рӯи маблағгузорӣ ба илму маориф Япония дар қатори мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол менамояд [4].

 Дар Тайван ва дигар мамлакатҳои навиндустриалӣ ҳар сол аз ҳисоби давлат ҳазорҳо ҷавонон ба хориҷа барои хондану касбомӯзӣ фиристода мешаванд. Аз онҳо баъди соҳиби маълумоту касб шудан фақад қариб 20 фоизашон ба ватанашон бармегарданду халос. Вале давлат барои боз ҳам ба маълумотгирӣ фиристодан маблағро дареғ намедорад. Таҷриба нишон дод, ки ҳамон қисми начандон зиёди маълумот гирифта баргашта омадагӣ бо натиҷаҳои фаъолияташон ҳамчун мутахассис ҳамаи хароҷотҳои сарф кардаи давлатро чандин баробар пӯшонда, боз ба ҷамъият фоидаи калон меоранд [5].

 Ҳамаи мамлакатҳои иқтисодиёташон тараққикарда (мутараққӣ) таҷрибаи пешқадами дигаронро меомӯзанд. Омӯхтану истифода кардани идея ва технологияи пешқадами нав аз замонҳои қадим оғоз шудааст. Вале ягон мамлакат таҷрибаю технологияи пешқадами дигаронро дар худ кӯркӯрона нусхабардорӣ намекунад.

 Сабаб дар он аст, ки ҳамаи ҳодисаю воқеаҳои иқтисодӣ (хоҷагидорӣ) характери объективӣ дошта, вобаста ба шароитҳои мушаххаси таърихию ҷуғрофӣ амалӣ мегарданд. Бинобар ин барои самаранок ҷорӣ кардан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадам ва маблағу ёрии хориҷӣ шароитҳои даркорӣ ва заминаҳои зарурӣ лозим аст, то ки хориҷиён барои ҳамкорӣ кардан ҳавасманд бошанд.

 Тоҷикистони имрӯза ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дохил шудааст ва дар назди мардуми кишвар вазифа меистад, ки натиҷаҳои иқтисодии Тоҷикистон на танҳо ба талаботҳои имрӯзаи бозори дохилӣ, балки ба талаботҳои бозори давлатҳои аъзоёни Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷавобгӯй бошанд. Бинобар ин дар вакти хозира Тоҷикистон ба ёрию дастгирии мамлакатҳои тараққикардаи технологӣ ва коркарди технологияи пешқадами ватанӣ эҳтиёҷи калон дорад. Барои амалӣ намудани ин масъалаҳо дар ин ҷо бояд шароиту имкониятҳои худи кишвар омӯхта ва роҳҳои самараноки ҳалли онҳо муайян карда шаванд.

 Дар давоми солҳои то истиқлолият мувофиқи сиёсати умумииттифоқии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат қувваҳои истеҳсолкунанда ҳам дар собиқ Иттифоқ ва ҳам дар сарзамини Тоҷикистон нобаробар ҷойгир шуда буданд. Дар натиҷа ҷумҳурӣ асосан ба кишвари аграрӣ-ашёӣ табдил ёфт. Имрӯз дар натиҷаи паст будани тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон аксар ноҳияҳо ва умуман худи кишвар ба манбаи ашёи хом табдил ёфтааст. Ашёи хом бошад нисбат ба маҳсулоти тайёри саноатӣ чандин баробар қимати паст дорад ва ба истеҳсолкунандааш даромади ночизе меорад. Аз ин ҷост, ки аксари мардуми Тоҷикистон ба соҳаҳои кишоварзӣ машғул буданд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбатан камбизоатанд. Масалан, маоши миёнаи коркунони хоҷагиҳои кишоварзӣ нисбат ба коркунони соҳаҳои саноатӣ тақрибан 4-5 баробар паст мебошад. Аз тарафи дигар, дар аксар соҳаҳои кишоварзӣ кор характери мавсимӣ дорад ва коркунон фаъолияти меҳнатӣ намекунанд. Ин бошад, албатта, коркунони соҳаро дар вақти кор набудан ба бекории маҷбурӣ меорад ва онҳо бе маош мемонанд. Аксари коркунони хоҷагиҳои кишоварзӣ ба ғайр аз иҷрои меҳнати дастӣ дар ин соҳа аз уҳдаи дигар кор баромада наметавонанд. Бинобар ин дар вақти набудани кори кишоварзӣ дигар манбаи даромад надоранд [6].

 Ҳамаи ин муносибатҳо дар кишвар зиддияти асосиро, яъне ба дараҷаи тараққиёт ва характери қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқ наомадани муносибатҳои истесолии дар ҷамъият ҳукмрон бударо боз ҳам тезу тунд намуданд, ки дигар зиддиятҳои ҷамъиятӣ низ авҷгирифтанд. Инҳо, албатта, сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои охири солҳои 80-м ва солҳои 90-ми асри 20-ми Тоҷикистон гаштанд. Вале афсӯс, ки имрӯз баҳонаҳоро хотиррасон карда, сабабҳоро ба ёд намеорем.

 Дар вақти ҳозира мардуми Тоҷикистони соҳибихтиёру мустақил дар ҷудоӣ аз ҳамдигар, дар танҳоӣ, бе алоқамандӣ бо дигар миллату халқиятҳои мамлакати худ ва дигар мамлакатҳои дунё ба мақсаде расида наметавонанд. Аҳолии ягон кишваре, мулке ва мамлакате нест, ки новобаста ба калонию хурдиаш фаъолияти хоҷагии вай кам ва ё зиёд бе алоқамандӣ бо дигарон ва умуман хоҷагии ҷаҳонӣ пеш рафта тавонад. Барои ҳамагон, ки мехоҳанд истеҳсолоти пешқадами ҳозиразамонро дошта бошанду маҳсулоти бозоргузар бароранд, дараҷа ва сифати баланди зиндагиро соҳиб шаванд ва онҳое, ки аллакай инро соҳиб шудаанд, истеҳсолотеро ба вуҷуд меоранд, ки ҳарчи бештар характери интернатсионалиро дорад, ташкили истеҳсолот аз рӯи натиҷаҳои тақсимоти байналмилалии меҳнат сурат мегирад. Бинобар ин зарурияти ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо масъалаҳои интегратсияи иқтисодиёти вай ба системаи иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад [7].

 Инкишоф ёфтани тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ногузир ба васеъ шудани ҷараёнҳои интегратсияи иқтисодӣ меорад. Ин маънои онро дорад, ки хоҷагиҳои тобеияташон гуногун ва ҳархела ҷойгир буда баҳри ба даст овардани манфиатҳои худ ва манфиатҳои умумӣ бо ҳам алоқаманд ва муттаҳид шуда ҳамкорӣ менамоянд.

 Одатан интегратсияи иқтисодӣ на танҳо маънои шаклҳои ҳамкории иқтисодии мамлакатҳои гуногунро дорад, балки ҳамкориҳои иқтисодиро дар байни миллияту халқиятҳо, гуруҳҳои гуногуни одамони як ва ё якчанд давлатҳо, кишвару маҳалҳоро низ дорад. Бинобар ин инкишоф ва такмил додани муносибатҳои интегратсионии иқтисодӣ аҳамияти муҳим дорад.

 Дар вақти ҳозира Тоҷикистсн мамлакати мустақилу соҳибихтиёр аст ва дар муносибатҳои интегратсияи иқтисодӣ бо чунин гуруҳи мамлакатҳо ва кишварҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ дошта метавонад. Пеш аз ҳама бо мамлакатҳои ҳамсояи дар Осиёи Марказӣ ҷойгирбуда (Қазоқистон, Қирғизистон Туркманистон ва Узбекистон). Дуюм, бо мамлакатҳое, ки пештар дар якҷоягӣ ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шӯравиро ташкил медоданд. Сеюм, муносибатҳо бо мамлакатҳои ҳамсояи аз ҳамаи ҷониби Тоҷикистон ҷойгирбуда. Чорум, бо мамлакатҳои ҳамзабон. Панҷум, бо мамлакатҳои исломӣ. Шашум, бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон.

 Инчунин барои дар шароити Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мувофиқан самаранок фаъолият кардани Тоҷикистон дар баробари муносибатҳои интегратсионии иқтисодии беруна дар дохили кишвар низ ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд ба талаботҳо ҷавобгӯй бошанд. Бинобар ин инкишоф ва такмил додани муносибатҳои интегратсионии иқтисодӣ дар байни минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои дохили худи мамлакат аҳамияти муҳим доранд.

 Ин гуруҳҳои мамлакатҳо ва минтақаҳоро дар навбати худ ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст: якум, мамлакатҳое, ки дар хориҷи сарзамини собиқ Иттифоқи Шӯравӣ мебошанд; дуюм, мамлакатҳои соҳибихтиёру мустақиле, ки пеш бо Тоҷикистон Иттифоқи Шӯравиро ташкил медоданд; сеюм, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои дохили худи Тоҷикистон.

 Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миллату халқиятҳои гуногун иборат мебошанд. Барои мувофиқи талаботҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо натиҷагирӣ кардан дар байни онҳо ва инчунин бо миллату халқиятҳои берун аз ҷумҳурӣ барои таъмини фаъолияти самаронок, ки талаботҳои тарафҳои дахлдорро қаноатманд намоянд, муносибатҳои интегратсияи иқтисодӣ ҳамаҷониба амал менамоянд. Ин муносибатҳо дар ду намуд ҷой дошта метавонанд: якум, интегратсияи иқтисодии байналмилалӣ (берунӣ) ва дуюм, интегратсияи иқтисодии дохилӣ (дохили ҷумҳуриявӣ).

 Дар шароити ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҳам интегратсияи иқтисодии берунӣ ва ҳам интегратсияи иқтисодии дохилӣ дар натиҷаи ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтани тақсимоти меҳнат бо назардошти принсипҳои фаъолияти ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба вуҷуд омада метавонанд. Интегратсияи иқтисодии берунӣ ба васеъ шудани тақсимоти байналмилалии меҳнат ва интегратсияи иқтисодии дохилӣ ба васеъ шудани тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар байни минтақаҳои иқтисодӣ - шаҳру ноҳияҳо ва умуман объектҳои дохили мамлакат алоқаманд мебошанд.

Иштироки Тоҷикистон дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, пеш аз ҳама, бо сабабҳои зерин ногузир аст: бо мақсади таъмин намудани мунтазамии тараққиёти иқтисодиёти миллӣ таносубҳои зарурии тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва системаи ҳамкориҳои вай бо дигарон ба ҳисоб гирифта мешаванд; бо мақсади ҳарчи пурра қонеъ гардонда тавонистани талаботҳои рӯзафзуни истеъмолкунандагон бо хараҷотҳои камтарин; таъмин намудани самаранокии баланди истеҳсолоти тезафзоянда; барои ҳарчи пурра ва мувофиқи мақсад истифода бурда тавонистани имкониятҳои табиӣ ва иқтисодии истеҳсолот; омехтани махсусгардонии байналмилалии истеҳсолот бо тараққиёти комплексии иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ; фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои бартараф намудани фарқияти тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва миллату халқиятҳои ҷумҳурӣ.

Бояд қайд кард, ки ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мақсаду маромҳои доштаро худ ба худ ҳал намекунад. Баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани мақсаду маромҳои дар боло зикр ёфта чораҳои зарурӣ дида мешаванд, то ки Тоҷикистон барои амалӣ гардондани онҳо шароитҳо дошта бошад. Тақсимоти меҳнат худ як шакли ташкили меҳнат ва истеҳсолот мебошад ва мувофиқи талаботҳои қонунҳои объективии иқтисодӣ амалӣ мегардад. Бинобар ин барои самаранок иштирок кардан дар тақсимоти байналмилалии меҳнат шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам овардан лозим аст.

Тоҷикистони имрӯза ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар муносибатҳои интегратсионии берунии худ принсипҳои тақсимоти байналмилалии меҳнат: интегратсияи иқтисодии байналмилалӣ ва интернатсионаликунонии истеҳсолотро ба ҳисоб мегирад. Дар натиҷаи иштирок кардан дар муносибатҳои интегратсияи иқтисодӣ бо давлатҳои мустақили соҳибихтиёри беруна ҷумҳурӣ метавонад ҳамчун фарқи байни арзиши интернатсионалӣ ва арзиши молҳои содирот ва воридот карда мешуда фоида гирад. Ин бошад сабаби асосии водоркунанда барои иштирок кардан дар муносибатҳои байналмилалии интегратсионӣ мебошад.

Дар вақти ҳозира Тоҷикистон имкониятҳои даркории табиӣ-иқтисодӣ ва меҳнатӣ дорад. Агар вай имкониятҳои худро истифода барад ва иштироки самараноки худро дар муносибатҳои интегратсионии иқтисодии берунӣ таъмин намояд, он гоҳ метавонад фоидаи муайяни иқтисодиро соҳиб шавад.

Дар айни замон дар натиҷаи инкишоф додани муносибатҳои интегратсионии байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо метавонад бо мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодӣ намояд. Дар натиҷа мардуми кишвар таҷрибаи пешқадам, техника, технология, идеяҳо ва методҳои нави дигаронро метавонанд аз худ намоянд, соҳиби касбу ҳунари нави ҳозиразамон гарданд. Барои мардуми Тоҷикистон манфиатҳои умумӣ ба вуҷуд меоянд, ки баҳри ба даст овардани вай наздикшавӣ дар байни худи онҳо ва бо мардуми давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бештар зич мегардад.

Дар муносибатҳои интегратсионии байналмилалии Тоҷикистон бо давлатҳои мустақилу соҳибихтиёре, ки дар якҷоягӣ аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошанд баъзе хусусиятҳои махсус ҷой дошта метавонанд. Масалан, дар бисёр соҳаҳои иқтисодӣ онҳо умумиятҳо доранд ва то дараҷаи муайяне дар байни онҳо муносибатҳои интегратсионии байналмилалии иқтисодӣ амал мекарданд. Акнун дар байни онҳо муносибатҳои интегратсионии байналмилалии иқтисодӣ метавонанд ранги нав бигиранд ва мувофиқи талаботҳо ва принсипҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо амалӣ гарданд. Бинобар ин дар байни онҳо муносибатҳои интегратсионии байналмилалии иқтисодӣ метавонанд характери ҳамдигарфаҳмӣ, нисбатан хеле камхароҷотиро гиранд.

Муносибатҳои интегратсионии байналмилалии иқтисодӣ дар байни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо таъсири чунин хусусиятҳо амалӣ шуда метавонанд.

Якум, хусусиятҳои таърихии расму одатҳои одамони давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гуногунанд. Чунин хислатҳо ба дараҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар соҳаҳои муайяни истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ таъсири худро мерасонанд. Масалан, дар баъзе мамлакатҳо одамон бо муносибатҳои молию пулӣ, муносибатҳои бозаргонӣ бо як маҳорати ба худ хос кор гирифта метавонанд. Ин, албатта, ба он алоқаманд аст, ки дар ин мамлакатҳо корхонаҳои истеҳсолии саноатию кишоварзии тараққикардаи сатҳи индустриалӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо бо воситаҳои техникӣ ва технологияи муосир, кадрҳои бо методҳои пешқадами коргузории ҳозиразамон шинос буда ва инфраструктураи тараққикарда таъминанд.

Дар баъзе мамлакатҳои дигар чунин муносибатҳо нестанд ё сустанд ва ё хеле дар дараҷаи паст қарор доранд, гарчанде баъзе намояндагони аҳолии ин мамлакатҳо ба туфайли сафар кардан ба дигар мамлакатҳои гуногуни тараққикардаи иқтисодиёти бозорӣ бо муносибатҳои молию пулӣ ошно гаштаанд ва ҳатто ба дараҷаи хуб зоҳир кардани маҳорати тиҷоратиро аз худ кардаанд. Сабаби асосии чунин ҳолати мардуми ин мамлакатҳо натиҷаи дараҷаи пасти тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда аст, ки мардум асосан бо муносибатҳои аграрии дар дараҷаи суст тараққикарда фаъолият доранд, яъне аксаран бо меҳнати дастӣ кор мекунанд. Бинобар ин дар шароити гуногунии ҳолати иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба вуҷуд овардани шароитҳои даркорӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои наздикшавии сатҳи тараққиёти иқтисодии онҳо душвор аст.

Дуюм, дар натиҷаи нобаробарии тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда дар давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо натиҷаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ низ дар онҳо нобаробаранд. Мамлакатҳои дорои қувваҳои истеҳсолкунандаи тараққикарда соҳиби технологияи пешқадами баланд мебошанд ва метавонанд маҳсулоти тайёри саноатӣ бароранд. Вале дигар мамлакатҳо аз чунин имкониятҳо маҳруманд, гарчанде онҳо шароитҳои табиию иқтисодӣ ва меҳнатиро доранд, яъне қувваи коргарӣ, ашёи хому масолеҳҳо барои истеҳсоли маҳсулоти тайёри саноатӣ мавҷуданд (ҳам сарватҳои табиӣ ва ҳам маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хом). Қувваҳои коргарӣ аз талаботҳои бо онҳо буда зиёданд, лекин аксарияти онҳоро танҳо ба корҳои оддии дастии кишоварзӣ ва хизматрасонӣ ҷалб намудан мумкин асту халос. Бинобар ин онҳо касбу ҳунари берун аз корхонаҳои кишоварзӣ ва хизматрасонӣ (асосан аробакашӣ, ронандагӣ) кор карда тавонистанро надоранд. Дар натиҷа қариб ҳамаи ин мамлакатҳо ба манбаи ашёи хоми нисбат ба маҳсулоти тайёри саноатӣ арзон буда табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар аксари чунин давлатҳо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фақат ба сифати манбаи ашёи хом ва қувваи кории арзон иштирок карда метавонанд.

 Барои тағйир додани ҳолати мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба талаботу шартҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо пешниҳоди дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 омада «...моро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯӣ кунем ва бо ин мақсад барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем» [8]. Дар роҳи ҳалли ин масъалаи муҳим бо мақсади самаранок инкишоф додани муносибатҳои интегратсионии иқтисодии Тоҷикистон дар шароити нави ба вуҷуд омада корҳои зеринро кардан лозим меояд.

Якум, дар заминаи корхонаҳои саноатӣ ва дигар хоҷагиҳои пешрафтаи индустриалӣ, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон мавҷуданд дар дигар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои чунин корхонаҳо набуда филиалҳои онҳо сохта шаванд. Инчунин дар асоси техника ва технологияи мамлакатҳои хориҷӣ ва ашёи хому қувваи коргарии ватанӣ корхонаҳои муштарак сохтан мумкин аст. Чунин иқдом имконият медиҳад, ки захираҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда шаванд ва ҳам дар одамон ба ҷои тафаккури деҳқонӣ тафаккурӣ индустриалиро ба вуҷуд овардан мумкин мешавад.

Дуюм, дар натиҷаи инкишоф додани ҳамкориҳои иқтисодии интегратсионии ҳам беруна ва ҳам дохила дар корхонаҳои индустриалии ба вуҷуд оварда шуда барои онҳо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ мутахассисони касбии муосирро тайёр кардан мумкин аст. Инро бо роҳҳои ба таҷрибаомӯзӣ фиристодан, ё мутахассисони тайёрро даъват намуда дар худи маҳалҳо омӯзонидан ҳал кардан мумкин аст.

 Ҳамин тариқ, пешравии ҳамкориҳои ицтисодии интегратсионӣ дар шароити ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо имконият медиҳад, ки ҳамкорон захираҳои моддию молиявӣ, техникию меҳнатӣ ва интеллектуалии худро ҳарчӣ бештар сафарбар намоянд, воситаҳои навтаринро барои баланд бардоштани самаранокии кор истифода баранд. Ҳалли бисёр масъалаҳо дар ибтидо вақти зиёдро талаб мекарданд, вале таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои тараққикардаи иқтисодии аъзоёни Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро истифода карда онҳоро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ амалӣ кардан мумкин аст. Таҷрибаи бойи дар нимаи дуюми асри 20 ин роҳро тай кардаи мамлакатҳои мутараққӣ (масалан, Германия, Япония, Ҷумҳурии Корея, Тайван, Гонконг, Сингапур, Хитой ва ғ.) мисол шуда матавонанд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ натиҷаҳои баландро соҳиб гаштанд.

 Абдуғаффор  Рауфӣ 

профессор., доктори илми иқтисод

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №1 (237).

Адабиёт

  1. Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014. // Ҷумҳурият. – 2014. – 24 апр.
  2. Мир на рубеже XXI века. – М.: Политиздат, 1990. - С. 123, 124 и др.
  3. Рауфӣ А. Бо ваҳдат ба бозор. / Зери таҳрири умумии д.и.и., проф. И.А. Асроров. – Душанбе: «Дониш», 2006. – С. 42.
  4. Ҳамон ҷо. – С. 43.
  5. 5. Ҳамон ҷо. – С. 43-44; Несбитт Д., Эбдурин П. Что нас ждет в 90-ые годы. Мегатенденция: Год 2000. – М.: Республика„1992. - С. 215, 216.
  6. Маводҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  7. Асроров И, Асророва З. Интеграция экономики Таджикистана в мировую экономическую систему: проблемы и пути их решения. / Ответственный редактор: к.э.н. Рауфи А. – Душанбе: «Дониш», 20006. – С. 92.
  8. Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014. // Ҷумҳурият. – 2014. – 24 апр. 

 

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Хондан 1665 маротиба